Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2003, № 271 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2001 № 512 "Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи шартҳои Кредити дуюми Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ислоҳоти сохторӣ (КСП-2)" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

сархати аввали зербанди сеюми банди 19 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи шартҳои Кредити дуюми Бонки Умумиҷаҳонӣ барои ислоҳоти сохторӣ (КСП-2) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Нисбати ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон дар ҳолати сари вақт напардохтан қатъ намудани хизматрасонӣ".

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003 № 144 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд, бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ" тагйироти зерин ворид карда шаванд: номи қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар бораи Тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ";

аз муқаддима калимаҳои "ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд," хориҷ карда шаванд;

аз банди 1 калимаҳои "ва шахсоне, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда имтиёз доранд," хориҷ карда шаванд;

аз сархати якуми банди 2 калимаҳои "ва шахсони имтиёздор" хориҷ карда шаванд; сархати дуюми банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷудо карда мешаванд, таъмин намояд."

Ба Низомномаи бо ҳамин қарор тасдиқшуда тағйироти зерин ворид карда шаванд: номи Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тартиби таъин ва додани ҷубронпулӣ ба оилаҳои камбизоат бинобар баланд шудани нархи қувваи барқ ва гази табиӣ";

банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Тартиби мазкур шартҳои таъин ва тартиби додани ҷубронпулии ҳармоҳаи суроғавиро ба оилаҳои камбизоат барои пӯшонидани хароҷоти истифодабарии қувваи барқ ва гази табиӣ муайян мекунад."

банди 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии ҳармоҳаи суроғавиро он оилаҳое доранд, ки аз тарафи комиссияҳои дар назди мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) таъсисёфта ҳамчун оилаҳои камбизоат мутобиқи меъёри муқаррарнамудаи ин Тартиб муайян карда мешаванд.";

банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҷубронпулӣ танҳо аз рӯи ҷои зисти бақайдгирифта ба оилаҳои камбизоате, ки даромади умумии онҳо мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ аз музди миёнаи меҳнат дар маҳали ҷойгиршавӣ (шаҳр, ноҳия) паст мебошад, бо дарназардошти шумораи аъзоёни оила (шумораи кӯдакон), ҳамчунин низ ба оилаҳои камбизоат, ки аллакай дар дигар барномаҳои кӯмак иштирок намудаанд, таъин карда мешавад.";

банди 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҷубронпулӣ бо қарори комиссия ҳангоми мавҷуд будани варақа (квитансия) ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба пардохти қувваи барқ ва гази табиии дар семоҳаи гузашта истеъмолшуда ва дар ҳолати пардохти ҷубронпулӣ барои гази табиӣ бошад, инчунин ҳангоми мавҷуд будани ҳисобкунакҳои газӣ дода мешавад. Харидорӣ ва насби ҳисобкунакҳои газӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки барои ҷубронпулӣ пешбинӣ гардидаанд, сурат мегирад.";

аз банди 19 калимаҳои "ва шахсони имтиёздор" хориҷ карда шаванд;

дар банди 20 калимаи "онҳо" ба калимаҳои "ҳамин корхонаҳо" иваз карда шавад;

банди 21 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Пардохти маблағи ҷубронпулӣ тибқи хоҳиши сардори оилаи камбизоате, ки ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулии он дар асоси Протоколи қарори комиссия тасдиқ карда шудааст, ба таври нақдӣ ё ғайринақдӣ ба анҷом мерасад.

Инчунин барои пешбурди баҳисобгирии ҷубронпулии ба таври нақдӣ ҷудогардида, мақомоти молиявӣ дар маҳалҳо метавонанд тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва шӯъбаҳои он дар маҳалҳо барои ҳар як шахси ҷубронпулигаранда ҳисоби шахсӣ кушоянд.

Баҳисобгирии ҷубронпулии додашуда барои қувваи барқ ва гази табиӣ алоҳида бурда мешавад".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 9 июни соли 2003 № 271

ш. Душанбе