Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо сабаби зарурати рӯзафзуни ташкили захираи сермаҳсул ва босамараи чӯбу тахта ва истифодаи оқилонаю эҳтиёткоронаи он Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи Ширкати тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и назди Кумитаи давлатии таъминоти моддию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширкати давлатии ҷумҳурии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес" таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Ширкати мутобиқи қарори мазкур таъсисшавандаи "Тоҷиклес" ташкилоти мустақили ҷумҳурӣ буда, дар фаъолияти худ бевосита тобеи Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
2. Ба Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки дар мӯҳлати як моҳ барои тасдиқи Ҳукумати чумҳурӣ лоиҳаи Оинномаи ширкат, инчунин доир ба беҳтар намудани истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои коркарди чӯби ҷумҳурӣ ва ба ҳайати Ширкат дохил намудани онҳо таклифҳо пешниҳод намояд.
3. Рафиқ Фозилов Ғайбуллоҷон Додобоевич директори генералии Ширкати давлатии тиҷоратию истеҳсолии "Тоҷиклес"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Эгамбердиев
аз 25 марти соли 1992, № 87
ш.Душанбе