Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАРОР
Дар бораи таъсиси Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи шӯъбаи ҷумҳурии тоҷикистонии Фонди нафақаи ИҶШС Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти дахлдор дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъсис карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи мустақили молиявию банкӣ мебошад. Маблағҳои Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ дохил намешаванд.
3. Муқаррар карда шавад, ки сохтор, шумора ва сметаи хароҷот, аз ҷумла фонди музди меҳнати мақомоти иҷроияи Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои онро Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
4. Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи низомномаи Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
5. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати нарасидани маблағи суғурта барои пардохти нафақаҳо ва ёрдампулӣ барои нигоҳибини кӯдакони то синни 1,5-сола, ба Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳоро аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ диҳад.
6. Қарори Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Совети иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон аз 19 декабри с.1990 №268 "Карори Совети Вазирони ИҶШС ва Совети Марказии Умумииттифоқии Иттифокҳои Касаба" аз 15 августи с. 1990 № 818 "Дар бораи ташкили Фонди нафақаи ИҶШС" аз эътибор соқит дониста шавад.
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Маҳкамбаев
аз 4 феврали соли 1992, № 31
ш.Душанбе