Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2003, № 225 "Масъалаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.05.2004с. № 199 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 52 "Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 964 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 336 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

- дар банди 4 сархати шашум баъди калимаҳои "чорводории зотӣ" калимаҳои "ҳифзи растаниҳо, химикунонӣ ва мубориза бар зидди малах" илова карда шаванд;

- дар банди 5 сархати чордаҳум баъди калимаи "фитосанитарӣ" калимаи "химикунонӣ" илова карда шавад;

- сархати панҷуми банди 8 бо мазмуни зайл ифода карда шавад: "Роҳбарони идораҳои (шӯъбаҳои) кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мувофиқаи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд".

2. Дар системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла" таъсис дода шаванд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзиро дар ҳудуди воҳидҳо ва доираи маблағҳое, ки аз буҷети давлат барои нигоҳдории Стансияи ҷумҳуриявии муҳофизати растаниҳо ва Экспедитсияи аэрозолӣ ва зидди малах пешбинӣ карда шудаанд, анҷом диҳанд.

4. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома, сохтор, шумораи кормандони Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла"-ро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

5. Ба Номгӯи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, анҷом медиҳанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 336 тасдиқ шудааст, банди 21 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"21. Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ".

6. Дар банди 25 Номгӯи корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои тиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, анҷом медиҳанд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2001 № 336 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Пажӯҳишгоҳи давлатии лоиҳакашии "Тоҷикгипросельстрой" ба калимаҳои "Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 21 майи соли 2003 № 225

ш. Душанбе