Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият мухолифат надоранд, амал мекунанд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008 № 445)
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаи замимагардидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад .
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 17 январи соли 1997 № 50 аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 феврали соли 2003 № 54
ш. Душанбе
Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият мухолифат надоранд, амал мекунанд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Қоидаи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.