Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 ноябри соли 2000 № 467
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 102)
Низомномаи мазкур мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муҳоҷират" тартиби кӯчонидани хоҷагиҳоро аз минтақаҳои аз нигоҳи экологи хавфноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Минтақаи хавфноки экологи-ин худудест, ки дар он вазъи фавқулодда мавҷуд аст ё хавфи ба миён омадани он аз эҳтимол дур нест.
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барои аз минтақаи хавфноки экологи кӯчонидани хоҷагиҳо таҳдиди воқеии як ё якчанд намуди ҳолатҳои фавқулоддаи табии, техногени, ки хадамоти дахлдори махсус ваколатдоршудаи мақомоти давлати ба қайд гирифтаанд ва пешниҳодоти раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос шуда метавонад.
2. Хадамоти давлатии муҳочирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Хадамоти давлатии муҳоҷират) якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҳар сол рӯйхати дақиқкардашуда ва ҷадвали аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонидани хоҷагиҳоро тартиб дода, ҷиҳати тасдиқ ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба холатҳои фавқулодда пешниҳод мекунад.
3. Бо мақсади дастгирии давлатии унвонии ташаббус ва худфаъолияти муҳоҷирони экологи ва иштироки шахсии ҳар яки онҳо дар ҷо баҷокуни дар маҳали нави истиқомат:
дар асоси рӯйхати дақиқкардашуда ва ҷадвали кӯчонидани хоҷагиҳо аз минтақаҳои хавфноки экологи, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ намудааст, ба оилаҳои муҳоҷирони экологии кӯчонидашаванда дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии моддии якдафъаина расонида мешавад;
ба оилаҳои муҳоҷирони экологие, ки аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонида мешаванд. дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои имтиезноки дарозмуддат ҷудо карда мешаванд.
Пӯшонидани қарзҳо баъди сохтани хонаи истиқомати ба маблағи 50% аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви ва 50% аз ҳисоби маблағҳои оилаҳои кӯчонидашаванда сурат мегирад. Пӯшонидани қарз, баъд аз соли сеюм гирифта шуданаш дар ҷараёни 5 сол анҷом дода мешавад.
Барои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии ғайриқонуни сохташуда қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда намешаванд.
4. Хадамоти давлатии мухоҷират мувофиқи Низомномаи мазкур тавассути мақомоти тобеи худ, бо иштироки мушаххаси мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Хукуматҳо) ҷиҳати сараввал аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонидани оилаҳо тибқи навбат(яъне ҷадвали кӯчонидан) ва бо дарназардошти ҷалби пурраи аҳолии бекори қобили меҳнати оилаҳои кӯчонидашаванда ба истеҳсолоти ҷамъияти тадбирҳо меандешанд.
II.ТАРТИБИ ИНТИХОБ ВА БАРАСМИЯТДАРОРИИ ОИЛАҲО ҶИҲАТИ КӯЧОНИДАН
5. Мувофиқи ҷадвали тасимшудаи кӯчонидани хоҷагиҳои шахсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои хавфноки экологи Хадамоти давлатии муҳоҷират ки мақомоти тобеи оид ба интихобот, барасмиятдарори ва интиқоли оилаҳои кӯчонидашаванда дар маҳалҳо кор мебаранд.
6. Хадамоти давлатии муҳоҷират бо мувофиқаи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба кӯчонидани оилаҳо чорабиниҳои колшлекси таҳия намуда, ҳар як оиларо бо имтиезҳои амалкунанда шинос карда, вазифа ва масъулияти ҳар як оиларо ҳангоми кӯчонидан фаҳмонда медиҳанд. Дар минтақаҳои хавфноки экологи аз нав ҷойгиркунии оилаҳо, инчунин хешу ақрабои оилаҳои кӯчонидашуда манъ аст. Баъди ҷамъбасти кӯчонидан дар бораи аз байн бурдани иморатҳо ки ба мақомоти ҳокимяти маҳалли супоридани замин акт тартиб дода мешавад.
7. Анкета-аризаҳои оилаҳое (замимаи № 1), ки бо шартҳои кӯчонидаи мувофиқанд, якҷоя бо ҳуҷҷатҳои зарури ба Хадамоти давлатии муҳоҷират ирсол мегарданд. Хадамоти давлатии муҳоҷират бо ҳамроҳии вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати муайян кардани мувофиқати оилаҳо бо шартҳои интихоб пурраги ва дуруст пур кардани ҳуҷҷатҳоро тафтиш менамоянд, бо мақсади роҳ надодан ба кӯчонидани такрори онҳоро бо маълумоти баҳисобгирии оилаҳои каблан аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонидашуда муқоиса менамоянд ва шаҳодатномаи муҳоҷири экологи навишта (замимаи № 2) онро барои имзо ба роҳбарияти Хадамоти давлатии муҳоҷират пешниҳод менамоянд. Шаҳодатномаи муҳоҷири экологи танҳо ба номи сардори оила навишта мешавад ва тибқи рӯйхат ба мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳои (Ҳукуматҳои) ҷойи истиқомат ва муҳоҷирати минбаъдаи муҳоҷирон ирсол мегардад.
Ҳамзамон, бо шаҳодатномаи муҳоҷири экологи мувофиқи банди 3 Низомномаи мазкур барои пардохти кӯмаки модди ва қарзи имтиёзнок ведомости тақсимкуни фиристода мешавад.
III. ТАРТИБИ КӯЧОНИДАНИ АҲОЛӢ АЗ НАТИҶАҲОИ ХАВФНОКИ ЭКОЛОГӢ
8. Кӯчонидани аҳоли аз минтақаҳои хавфноки экологи ба ҷойҳои бехатар, пеш аз ҳама дар хоҷагиҳое гузаронида мешавад, ки дар он ҷо ба қувваи кории иловаги эҳтиёҷ эҳсос мегардад ва барои зиндаги шароитҳои истеҳсоли ва манзилию маиши муҳайё аст.
9. Мақоми ваколатдори Хадамотии давлатии мухоҷират (вилояти, ноҳияви) баъди барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарури масъалаи кӯчонидани ҳар як оиларо бо раиси вилоят ва шаҳру ноҳияи маҳали муҳоҷират ба мувофиқа мерасонад.
IV. ТАРТИБИ ПАРДОХТИ КӯМАКИ ЯКДАФЪАИНАИ МОДДЙӢВА ҚАРЗҲОИ ДАРОЗМУДДАТИ ИМТИЁЗНОК БА ОИЛАҲОИ АЗ МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОКИ ЭКОЛОГИӢКӯЧОНИДАШАВАНДА
10. Ба оилаҳои барои кӯчонидан аз минтақаҳои хавфноки зкологии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда ва барои ин ҳуҷҷатҳои дахлдорро гирифтаанд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки яқдафъаинаи модди ва қарзи имтиёзнок дода мешавад.
11. Кумаки якдафъаинаи модди ва қарзи имтиезнок ба сардорони оилаҳо тавассути филиалҳо ва пунктҳои ваколатдори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" мувофиқи рӯйхати Хадамоти давлатии муҳоҷират дода мешавад. Барои пардохти кӯмаки якдафъаинаи модди ва қарзи имтиёзнок ба оилаҳои муҳоҷир, ведомостҳои тақсимкуни дар 4 нусха (замимаи № 3)* тартиб дода шуда, дар онҳо маълумоти шиносномаи сардори оилаи муҳоҷир, рақами шаҳодатномаи муҳоҷири экологи, ҳайати оила ва ҳаҷми маблаги кӯмаки модди зикр мегардад. Пардохти маблағи пули 10 рӯз пеш аз интиқоли муҳоҷирон анҷом дода мешавад.
12. Ведомостҳои тақсимкуни бо имзои ашхоси аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонидашаванда, ки ҳамчун тасдиқи пардохти қарзи имтиёэнок ва кӯмаки якдафъаинаи модди мебошанд, ба шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" фиристода мешаванд.
13. Дар сурати барои гирифтани кӯмаки якдафъаинаи модди ва қарзи имтиёзнок шахсан омада натавонистани сардори оила, тибқи эътимодномаи сардори оила пардохт ба аъзои дигари оила анҷом дода мешавад.
V. ОМОДАСОЗИӢВА АЗ МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОКИ ЭКОЛОГӢ БА ҶОЙҲОИ НАВИ БЕХАТАРИ ИСТИҚОМАТИ ИНТИҚОЛИ ОИЛАҲОИ МУҲОҶИРОН
14. Оилаҳое, ки аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонида мешаванд, бояд барои интиқол пешаки омода бошанд.
Бо муҳоҷирон дар ҷои корашон пардохти пурраи музди меҳнат анҷом дода мешавад.
15. Хадамоти давлатии муҳоҷират ва мақомоти тобеи он дар маҳалҳо пеш аз интиқоли муҳоҷирон ба маҳали муҳоҷират:
ба саривақт ҳисоббаробаркунии ташкилот, корхона ва хоҷагиҳо бо муҳоҷирон назорат мекунанд;
ҷиҳати пешниҳоди дархост ба миқдори зарурии нақлиёт, теъдоди амволеро, ки муҳоҷирон бо худ мебаранд, муайян мекунанд.
Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои маҳалҳои кӯчонидашаванда ва маҳалҳои муҳоҷират якҷоя бо мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират вазифадоранд бо худ доштани ҳуҷҷатҳои зерини муҳоҷиронро тафтиш намоянд: шаҳодатномаи муҳоҷири экологи, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сана ва ҷои таваллуд, дафтарчаҳои меҳнати бо сабти озодшави аз ҷои кори охирин, билетҳои ҳарби бо сабти аз қайди харби баромадан (барои шаҳрвандони дорои ӯҳдадории ҳарби), шаҳодатнома оид ба тахия ва коркарди байтории ҳайвоноти интиқолшаванда, ҳангоми кӯчонидан ба минтақаҳои дорои низоми махсус-рухсатнома барои воридшави ба ин минтақаҳо ва дигар ҳучҷатҳое, ки барои ташкили мӯътадили сафар ба ҷойҳои нави зист заруранд.
16. Интиқоли оилаҳои муҳоҷирон аз минтақаҳои хавфноки экологи мувофиқи дархости Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳури барои чорабиниҳои сиёсати муҳоҷират пешбинигардида маблағгузори мегардад.
VI. ТАШКИЛИ ҚАБУЛИ МУҲОҶИРОН ДАР МАҲАЛИ МУҲОҶИРАТ
17. Мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират вохӯрии муҳоҷиронро бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллии муҳоҷират, инчуннн роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ташкил мекунанд. Мақомоти Хадамоти давлатии муҳоҷират мувофиқи рӯйхати дақиқкардашуда ва ҷадвали кӯчонидан, ки аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ шудааст. Вазифадоранд муҳоҷиронро қабул намуда, омадани онҳоро ба Мақомоти хадамоти муҳоҷират ва раисони вилоятҳо ва шахру нохияҳои маҳали кӯчбанди тасдиқ кунанд.
VII. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИ ОИД БА КӯЧОНИДАН АЗ МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОКИ ЭКОЛОГӢ
18. Хадамоти давлатии муҳочират ва мақомоти он дар маҳалҳо мувофиқи намунаи муқарраргардидаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии зайлро анҷом медихад:
рӯйхатҳои дақиқкардашудаи воридгардидаи хоҷагиҳои аз минтақаҳои хавфноки экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон кучонидатаванда ва анкета-аризаҳои онҳо барои кучонидан мувофики намунаи муқарраршуда;
кӯчонидани навбатии оилаҳо мутобиқи ҷадвали тасдиқгардидаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда;
оилаҳои муҳоҷирони экологии аз маҳали кӯчонидашаванда фиристодашуда ва оилаҳои ба маҳали муҳоҷират расида.
19. Хадамоти давлатии муҳоҷират тавассути мақомоти маҳаллии худ ҳар моҳ рӯйхати фардии оилаҳои кӯчонидашударо тибқи алфавит ҳам дар ҷойҳои кӯчонидашаванда ва ҳам дар ҷоиҳои муҳоҷират тартиб медиҳанд.
20. Ҳисобот оид ба ҷараёни кӯчонидани оилаҳо аз минтақаҳои хавфноки экологи, фиристодан, қабул, бароҳмонии фаъолияти хоҷагидори ва рафтани онҳо дар ним сол як маротиба тартиб дода мешавад. Оид ба ҷамъбасти сол мақомоти хадамоти муҳоҷирати вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Хадамоти давлатии муҳоҷират ҳисобот пешниҳод мекунанд.
21. Хадамоти давлатии муҳоҷират дар бораи оилаҳои аз минтақаҳои хавфноки экологи кӯчонидашаванда ба Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҳисоботи нимсола ва солона пешниҳод мекунад (замимаи № 4).
* Замимаҳо оварда намешаванд.