Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 1997 № 315
тасдиқ карда шудааст
Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (минбаъд - Академияи илмҳои кишоварзӣ) - маркази асосии байниидоравии ҳамоҳангсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди таҳқиқоти буньёдӣ ва муҳимтарини амалӣ оид ба проблемаҳои комплекси агросаноатӣ ва татбиқи натиҷаҳои онҳо дар истеҳсолот мебошад. Академияи илмҳои кишоварзӣ аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаеро, ки ба рушди илми соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоди комплекси агросаноатӣ саҳми бузург гузошаанд, муттаҳид месозад ва мақоми идораи ҷумҳуриявиро дар назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
2. Академияи илмҳои кишоварзӣ дар робитаи зич бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олӣ, вазорату идораҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, мавзӯъҳои таҳқиқоти бунъёдӣ ва муҳимтарини амлиро ҳамоҳанг ва бо онҳо мувофиқа менамояд.
3. Академияи илмҳои кишоварзӣ кори худро тибқи вазифаҳои умумӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад. Он ҳар сол аз фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад.
4. Вазифаҳои асосии Академияи илмҳои кишоварзӣ иборатанд аз:
- мусоидат ба рушди таҳқиқоти буньёдӣ ва муҳимтарини амалӣ, ки ба тезонидани пешрафти илмию техникӣ дар комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ равона карда шудаанд, мусоидат ба истифодаи пурсамари дастовардҳои илм, техника, технологияи навтарин ва таҷрибаи пешқадам;
- кор карда баромадани системаҳои илман асоснок кардашудаи пешбурди кишоварзӣ;
- ба вуҷуд овардани навъҳо ва пайвандҳои (дурагаҳо, гибридҳои) зироатҳо, зотҳо, ҷинсҳо (типҳо), тарафҳо, пайвандиҳо ва кроссҳои чорво, паррандаҳо ва кирмаки абрешим бо истифодаи усулҳои биотехнология, инженерияи генӣ ва ҳуҷайравӣ, воситаҳои нави ташхис, профилактика ва терапияи чорво, технологияи сарфакунандаи захираҳо ва қувваи барк, усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулоти зироатӣ ва чорводорӣ, коркард ва нигоҳдории онҳо;
- кор карда баромадани технологияи сарфакунандаи об ҳангоми объёрии зироатҳо;
- кор карда баромадани асосҳои тухмипарварӣ, иваз ва нав кардани навъҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмиҳо ва маводи кӯчатшавандаи яккачин тавассути институтҳои илмию таҳқиқотӣ;
- кор карда баромадани асосҳои илмии хӯрокдиҳии чорво, такмили меъёрҳои хӯрокдиҳӣ ва технологияи нигоҳдории чорво;
- такмили усулҳои кори селекционию зотпарварӣ, беҳтар намудани сифати таркиби зоти чорво ва афзоиши рама;
- ба вуҷуд овардани системаи ҳифзи растаниҳо ва чорво аз касалиҳо ва зараррасонандаҳо дар асоси дастовардҳои илм ва техникаи муосир;
- кор карда баромадани системае, ки ҳифзи ҷумҳуриро аз эпизоотияҳо таъмин мекунад, ҳосил кардани маҳсулоти чорвои аз назари санитарӣ аълосифат, ҳифзи аҳолӣ аз касалиҳое, ки барои одам ва ҳайвонот умумӣ мебошанд.
- кор карда баромадани асосҳои истифодаи оқилона, аз ҷиҳати экологӣ асосноккардашудаи табиат, боло бурдани ҳосилнокии хок, мубориза бо фарсоиш (эрозия) ва барҳам додани шӯрии хок, оқилона корам кардан ва барқарор сохтани ҳосилхезии замин;
- кор карда баромадан ва такмили усулҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи нуриҳои маъданӣ ва табиӣ барои зироатҳо ва кам кардани таъсири зарарноки онҳо ба муҳити зист;
- ба вуҷуд овардани системаи мошинҳо барои механиконӣ ва автоматиконии комплексии соҳаи кишоварзӣ, таҳияи усулҳои истифодаи пурсамари техника;
- гузаронидани таҳқиқот оид ба проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот, такмили механизми иқтисодии хоҷагидорӣ дар системаи комплекси агросаноатӣ, ҳамчунин шаклҳои пешрафтаи кооперация ва интеграцияи истеҳсолоти кишоварзӣ ва саноатӣ, таъмини муносибатҳои мутақобили баробар миёни комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои ҳоҷагии халқ, рушди иқтисоди гуногунзина, такмили шаклҳои моликият ва хоҷагидорӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ;
- баррасии проблемаҳои арзьёбии иқтисодии иқтидорҳои захиравӣ;
- тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ (докторҳо ва номзадҳои илм);
- омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати истифодаи босуръати онҳо дар рушди истеҳсолот;
- таъмини шароити зарурии кори ва маишии олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ барои фаъолияти пурсамари илмии онҳо.
5. Барои иҷрои вазифаҳои зикршуда Академияи илмҳои кишоварзӣ якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- самтҳои асосии стратегии пешрафти илмию техникиро дар сектори кишоварзӣ муайян мекунад, концепцияҳои илмӣ ва дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси агросаноатиро таҳия менамояд;
- барномаҳои ҷумҳуриявии илмию техникиро оид ба ҳалли проблемаҳои муҳимтарини соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодии инфраструктураи ҳифзи маҳсулоти комплекси агросаноатӣ таҳия ва иҷрои онҳоро ташкил мекунад;
- нақшаҳои ҳамкории илмию техникиро бо кишварҳои хориҷӣ оид ба проблемаҳои комплекси агросаноатӣ таҳия ва татбиқ месозад;
- шабакаи ташкилотҳои илмӣ ва хизматрасонии илмро ташаккул медиҳад;
- ба тартиботи муқараршуда масъалаҳои ташкил ва барҳамдиҳии пажуҳишгоҳҳо, муассисаҳои илмӣ-истеҳсолӣ, иттиҳодияҳо ва филиалҳоро ҳал мекунад; ҷузъи структуравии пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои муовинаткунандаро мустақилона бакуллӣ тағир медиҳад;
- тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ, аз ҷумла таҷрибаомӯзии онҳоро дар хориҷа, ташкил мекунад;
- ҷиҳати баррасии проблемаҳои илми кишоварзӣ ва истеҳсолот конференцияҳои илмӣ, симпозиумҳо ва маҷлисҳо доир менамояд;
- ба тарғиби дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам ва татбиқи онҳо ба истеҳсолоти кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат мекунад;
- бо академияҳои илмҳои кишварҳои хориҷаи наздик ва дур, ҷамъиятҳои илмӣ ва илмию техникӣ, шӯроҳои проблемавӣ, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва ташкилотҳои дигар робитаҳои илмӣ барқарор месозад;
- робитаҳои илмиро бо муассисаҳои илмии кишоварзии хориҷӣ инкишоф медиҳад, дар конгрессҳо, конференцияҳо ва маҷлисҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ ширкат менамояд, ба ташкилотҳои илмии байналхалқӣ шомил мешавад;
- корҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва маҷаллаи илмию истеҳсолиро нашр мекунад;
- лоиҳаҳои нақшаҳои маблағгузорӣ, таъмини моддию техникӣ ва сармоягузориҳоеро, ки ба рушди таҳқиқоти илмӣ дар системаи комплекси агросаноатӣ равона карда шудаанд, бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд;
6. Академияи илмҳои кишоварзӣ дар тобеияти бевоситаи худ институтҳои илмию таҳқикотӣ ва филиалҳои онҳо, станцияҳои таҷрибавӣ, пунктҳои ёрирасон, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ ва шабакаи ҳоҷагиҳои таҷрибавӣ, тухмипарварӣ, парвариши навъҳои зироат, зотпарварӣ ва ғайра дорад.
7. Маблағгузории як қисми таҳқиқоти илмии амалӣ оид ба проблемаҳои комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби шартномаҳои мустақим бо сохторҳои истеҳсолӣ анҷом дода мешавад.
8. Академияи илмҳои кишоварзӣ ташкилоти мустақил мебошад ва дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро дастури амал қарор медиҳад.
9. Ба аъзои Раёсат, кормандони дастгоҳи Академияи илмҳои кишоварзӣ, институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва ҳамаи бахшҳои илмии он шароити пардохти музди меҳнат, хизматрасонии тиббӣ ва дигар навъҳои хизматрасоние, ки барои категорияҳои дахлдори кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.
10. Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳуқуқи шахси юридикиро дорад.
II. Ҳайати Академияи илмҳои кишоварзӣ
11. Ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзӣ аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастае дохил мешаванд, ки дар муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ кор мекунанд.
12. Олимони барҷастаи хориҷие, ки ба илми кишоварзии ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, ба ҳайси аъзои хориҷии Академияи илмҳои кишоварзӣ интихоб карда мешаванд.
13. Теъдоди умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ муайян мекунад.
14. Олимони бузург ба ҳайси аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, чун қоида, аз ҷумлаи аъзои вобаста ва докторҳои илм, ки илмро бо таҳқиқоти буньёдӣ ғани гардондаанд, дар тадқиқи проблемаҳои марбут ба таъмини илмии рушди комплекси агросаноатӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд.
Аъзои Академияи умумииттифоқии ордени Лениндори илмҳои ҳоҷагии қишлоқ (ВАСХНИЛ - ҳоло аъзои Академияи илмҳои кишоварзии Россия) ҳамзамон аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошанд ва тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои аъзои Академияи илмҳои кишоварзиро доранд.
15. Аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ, чун қоида, аз ҷумлаи докторҳои илм, ки дар таъмини илмии рушди комплекси агросаноатӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ фаъолона ширкат намудаанд, интихоб карда мешаванд.
Интихоби аъзои пайваста ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ мутобиқи ҳамин Оиннома ва Низомномаи интихобот ба Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ қабул карда шудаанд, гузаронида мешавад.
16. Аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ барои тамоми умри онҳо интихоб карда мешаванд.
III. Тартиби интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ
17. Интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ҷойҳои холӣ мувофиқи ихтисосҳое, ки Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ муқаррар кардааст, таъин мегардад ва на дертар аз як бор дар ду сол гузаронида мешавад. Ҳангоми эълони ҷойҳои холӣ ба ҳайати Академия номгуи ихтисосҳо мувофиқи қарори Раёсати Академия муайян карда мешавад.
18. Хабари Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ оид ба таъини интихоби аъзои пайваста ва аъзои вобаста на дертар аз ду моҳ қабл аз гузаронидани интихобот дар матбуоти ҷумҳуриявӣ нашр карда мешавад.
Баъди нашри хабар оид ба гузаронидани интихобот тағьир додани номгӯи ихтисосҳо, аз нав тақсим кардани онҳо ва шумораи ҷойҳои холӣ мувофиқи ҳар як ихтисос мумкин нест.
19. Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, мактабҳои олӣ, бахшҳои илмии институтҳои таҳқиқотӣ, кафедраҳои мактабҳои олӣ, аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳақ доранд, ки дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи нашри эълон ба Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ номзадҳоро ба узвияти пайваста ва узвияти вобаста мувофиқи ихтисосҳои дар эълон зикршуда бо далелҳои дахлдор ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
Пешбарии номзадҳо аз тарафи ташкилоту муассисаҳо дар маҷлисҳои шӯроҳои илмӣ ва илмию техникӣ, коллегияҳо ё раёсатҳо ба тариқи овоздиҳии пӯшида анҷом дода мешавад. Номзадҳое, ки зиёда аз 50 фоизи овозҳо ба тарафдории онҳо дода шудааст, пешбаришуда ба ҳисоб мераванд.
Исмҳои номзадҳо ба узвияти пайваста (академик) ва узвияти вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи нашри эълон бо асосҳои дахлдор ба таври хаттӣ ба Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ хабар дода мешаванд. Исмҳои номзадҳое, ки ба узвияти пайваста (академик) ва узвияти вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ба қайд гирифта шудаанд, на дертар аз 15 рӯз қабл аз интихобот дар матбуоти ҷумҳурӣ эълон карда мешаванд.
20. Барои баррасии маводи воридшуда оид ба номзадҳои пешбаришуда ба узвияти пайваста (академик) ва узвияти вобаста Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ комиссияи экспертӣ ташкил медиҳад.
21. Комиссияи экспертӣ маводро оид ба ҳар як номзад баррасӣ мекунад, дар бораи онҳо хулоса таҳия менамояд ва аз ҷумлаи онҳо бехтаринашонро барои интихоб ба узвияти пайваста (академикҳо) ва узвияти вобаста бо ихтисосҳои эълоншуда тавсия медиҳад.
Комиссияи экспертӣ дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ дар бораи мавҷудияти ҷойҳои холӣ бо ихтисосҳое, ки мувофиқи онҳо интихоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад, хабар медиҳад ва хулосаи комиссияи экспертиро доир ба ҳар як номзад қироат мекунад.
Маҷлиси умумӣ, агар дар он на камтар аз 2\3 ҳиссаи тамоми аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ хозир бошанд, ҳуқуқ дорад, ки интихобот гузаронад.
22. Интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ ба тариқи овоздиҳии пӯшида гузаронида мешавад.
Дар Маҷлиси умумӣ ҳангоми интихоби аъзои пайваста (академикҳо) аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳуқуқи овози ҳалкунандаро, доранд. Ҳангоми интихоби номзадҳо ба узвияти вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар Маҷлиси умумӣ аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳуқуқи овози ҳалкунандаро доранд.
Ҳангоми интихоби аъзои пайваста (академикҳо) ашхосе интихобшуда ба ҳисоб мераванд, ки на камтар аз 2/3 овозҳои ҳайати аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои кишоварзиро мувофиқи рӯйхат ва ҳангоми интихоби аъзои вобаста - ашхосе, ки на камтар аз 2/3 ҳиссаи овозҳои аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзиро гирифта бошанд.
Протоколи комиссияи ҳисобот оид ба интихоби аъзои пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар Маҷлиси умумӣ ҳангоми ҳузур доштани на камтар аз 2/3 ҳиссаи ҳайати аъзои пайваста мувофиқи рӯйхат ва оид ба интихоби аъзои вобаста - ҳангоми мавҷуд будани на камтар аз 2/3 ҳиссаи ҳайати аъзои пайваста ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқ карда мешавад. Натиҷаҳои интихобот дар матбуоти ҷумҳуриявӣ нашр карда мешаванд.
IV. ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ
23. ӯҳдадории асосии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ иборат аз ин аст, ки ӯ илмро бо дастовардҳои нав ва кашфиёт ба тариқи таҳқиқоти илмии шахсии худ ғанӣ гардонад, дар ташкил ва роҳбарии таҳқиқоти проблемаҳои муҳимтарин дар соҳаи таъмини илмии рушди комплекси агросаноатӣ, тарбияи кадрҳо ва дар кори Маҷлиси умумӣ ва Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолона ширкат намояд.
Аъзои пайваста ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ӯҳдадоранд, ки ба татбики дастовардхои илм ва техника дар истеҳсолоти агросаноатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд, дар бобати тарбия ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ кори доимиро анҷом диҳанд.
24. Аъзои пайваста ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳақ доранд қаблан Раёсати Академияи илмҳои кишоварзиро ба таври хаттӣ иттилоъ дода, ба баррасии Раёсат ва Маҷлиси умумӣ масъалаҳои илмӣ ва илмию ташкилиро пешниҳод намоянд. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ба шароите, ки ҷиҳати пешбурди шахсии корҳои илмии бо қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ба зиммаи онҳо гузошташуда зарур аст, ҳақ доранд.
25. Ҳар як узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ мувофиқи ихтисоси худ узви яке аз шӯроҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошад.
26. Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳар сол ба Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд.
Ҳисобот ва маърӯзаҳои илмии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ вақт ба вақт дар маҷлисҳои Раёсат шунида мешаванд.
Аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ на камтар аз як бор дар панҷ сол ба Раёсат дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи рушди соҳаи илме, ки онҳо ҳамон соҳаро намояндагӣ мекунанд, пешниҳодот ва тавсияҳои худро манзур мекунанд.
27. Ба аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ барои унвон маош муқаррар карда мешавад.
28. Ба аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар рафтаанд, маоши унвон пардохта намешавад ва ҷойҳои онҳо холӣ эълон мегардад.
29. Ҳангоми ба синни 75 расидани аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати интихоби аъзои нави Академия ҷойҳои нави холӣ ҷудо карда мешаванд.
Барои аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки ба синни зикршуда расидаанд, тамоми ҳуқуқи узви Академия, аз ҷумла маоши унвон нигоҳ дошта мешавад.
30. Ҳангоми ба синни 65 расидан он аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки аъзои Раёсати Академия мебошанд ё вазифаҳои мазкурро на камтар аз ду давра ишғол кардаанд, бо қарори Раёсат метавонанд ба вазифаи мушовири Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ бо ҳуқуқи овози машваратӣ таъин карда шаванд.
V. Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ
31. Мақоми олии Академияи илмҳои кишоварзӣ Маҷлиси умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста мебошад.
32. Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ:
- хориҷ карда шуд
- масъалаҳои рушд ва ҳамоҳангсозии таҳқиқотро дар илми кишоварзии ҷумҳурӣ баррасӣ мекунад, самтҳои асосии таҳқикоти буньёдӣ ва муҳимтарини амалиро, ки бо таъмини илмии комплекси агросаноатӣ вобастаанд, муайян менамояд;
- ҳисоботи солонаро доир ба фаъолияти Раёсат ва муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ мешунавад ва масъалаҳои асосии илмию ташкилиро ҳаллу фасл мекунад;
- ҳисоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобаста, ҳисоботи муассисаҳои илмию таҳқиқотиеро, ки дар тобеияти Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошанд, мешунавад;
- аъзои пайваста (академикҳо), аъзои вобаста, Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ, ноиби президент ва саркотиби илмиро интихоб мекунад
33. Ҳаққи овози ҳалкунандаро дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ доранд.
34. Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳамон вақт ҳаққи қабули қарорро дорад, ки дар он на камтар аз 2/3 ҳиссаи ҳайати аъзои пайваста ва аъзои вобаста мувофиқи рӯйхат ҳузур дошта бошанд.
Қарор дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мувофиқи ҳамин Оиннома барои қабули қарор на камтар аз 2/3 ҳиссаи овозҳо тақозо мешавад, бо аксарияти оддии овозҳои аъзои ҳузурдошта қабул мегардад.
35. Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ аз ҷониби Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ба андозаи зарурат, аммо на камтар аз як бор дар як сол даъват карда мешавад. Маҷлиси солонаи Академияи илмҳои кишоварзӣ, чун қоида, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ даъват карда мешавад.
VI. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ
36. Дар фосилаи байни Маҷлисҳои умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ мақоми роҳбарикунандаи он мебошад, ки дар ҳайати Президент, ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат бо теъдоди аз тарафи Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ муайяншаванда ташкил дода мешавад.
Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқ карда мешавад
Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзиро Маҷлиси умумии Академия аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ интихоб мекунад
Саркотиби илмии Раёсатро Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо) ё аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ интихоб мекунад.
Аъзои боқимондаи Раёсати Академияро Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ аз ҷумлаи аъзои пайваста (академикҳо)-и он интихоб мекунад.
37. Интихоботи ноиби президент, саркотиби илмӣ ва дигар аъзои Раёсат ба тариқи овоздиҳии пӯшида бо аксарияти оддии овозҳои аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар як вақт як бор дар панҷ сол гузаронида мешавад
Ҳангоми интихоби Раёсат принципи таҷдиди мунтазами ҳайати он ва ворисият риоя карда мешавад.
Ҳангоми қар як интихоботи нав Раёсат ба Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба фаъолияти худ дар тӯли панҷ соли гузашта ҳисобот пешниҳод мекунад.
38. Тақсимоти вазифаҳо дар байни Президент, ноиби президент, саркотиби илмии Раёсат ва дигар аъзои Раёсат аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ анҷом дода мешавад.
39. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзиро таъмин месозад ва дар фосилаи байни Маҷлисҳои умумӣ ба тамоми фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзӣ роҳбарӣ мекунад.
Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ дар фаъолияти худ ба Маҷлиси умумии Академия тобеъ аст. Раёсат ба Маҷлиси умумӣ доир ба қарорҳои муҳимтарини дар давраи байни маҷлисҳои умумӣ қабулкардаи худ ҳисобот медиҳад.
40. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ
- Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзиро даъват мекунад;
- самтҳои афзалиятнокро дар илм муайян мекунад, банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарияти илмию методӣ ба таҳқиқот, тақсимот ва тамаркузи нерӯҳои илмӣ ва маблағҳоро барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории соҳаҳои дахлдори комплекси агросаноатӣ таъмин менамояд;
- роҳбарии илмӣ ва илмию ташкилиро аз болои муассисаҳои илмию тахқиқотӣ ва ташкилотҳои тобеи Академияи илмҳои кишоварзӣ анҷом медиҳад;
- иҷрои нақшаҳои корҳои илмию таҳқиқотиро дар институтҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ назорат мекунад;
- самтҳои асосии фаъолият ва тахассуси муассисаҳои илмию таҳқиқотии муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзиро муайян менамояд;
- ҳисоботи аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзиро доир ба фаъолияти илмии онҳо ва ҳисоботи роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотиро дар бораи корҳои илмӣ ва тарбияи кадрҳо, ҳамчунин ҳисоботи роҳбарони барномаҳои илмию техникиро мешунавад;
- оид ба проблемаҳои муҳимтарини таъмини илмии комплекси агросаноатӣ шӯроҳо ва комиссияҳо таъсис медиҳад ва ҳайати онҳоро тасдиқ мекунад;
- дар бобати таъмин намудани истифодаи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар хоҷагии халқ тадбирҳо меандешад;
- шурои илмию нашаротӣ ташкил медиҳад, аз болои фаъолияти нашаротӣ назорат мекунад;
- барои корҳои бузурги илмӣ, кашфиёти илмӣ, ихтироот ва ғайра ҷоизаҳо медиҳад;
- мувофиқи номенклатурае, ки аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ муқаррар мегардад, таъинотро ба вазифаҳои дахлдор тасдиқ мекунад;
- доир ба ташкили шӯроҳои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳо пешниҳод манзур менамояд;
- оинномаҳои муассисаҳои илмию таҳқикотӣ ва иттиҳодияҳои илмию истеҳсолиеро, ки ба сохтори Академияи илмҳои кишоварзӣ дохиланд, тасдиқ мекунад;
- ҳисоботи солонаро оид ба фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзӣ ба баррасӣ ва тасдиқи Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ пешниҳод мекунад;
- интихоби директорони муассисаҳои илмию таҳқиқотиро бо тартиби муқарраршуда таъмин менамояд;
- дар хусуси тағйири сохтор ё барҳам додани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, филиалҳо, хоҷагиҳо ва станцияҳои таҷрибавӣ ва озмоишӣ қарор қабул мекунад.
- маводи конференцияҳои илмӣ, маҷмӯаҳои корҳои илмӣ, монографияҳо, тавсияҳо ва дастурҳои методиро интишор медиҳад;
- ҳайати шӯроҳои илмии институтҳои илмию таҳқиқотиро тасдиқ мекунад;
- бо академияҳои илмҳои кишоварзии кишварҳои хориҷаи наздик ва дур робитаҳои илмӣ барқарор менамояд;
- назоратро аз болои риояи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзӣ таъмин мекунад;
- лоиҳаи нақшаҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ ва сармоягузориҳоеро, ки ба рушди муассисаҳои илмӣ равона карда шудаанд, ташаккул медиҳад ва ба мақомоти дастурдиҳанда пешниход менамояд;
- ҳисобот ва балансҳои маҷмӯии муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳоро баррасӣ ва тасдиқ мекунад, ҳисобот ва балансҳои маҷмӯии Академияи илмҳои кишоварзиро таҳия менамояд;
- дар хусуси ҷудо кардани маблағҳои буҷет барои иҷрои корҳо оид ба таҳқиқоти афзалиятноки буньёдӣ ва муҳимтарини амалӣ пешниҳодҳо манзур месозад;
- бо мақсади тавсеаи корҳои озмоишӣ аз рӯи самтҳои ояндадори буньёдӣ ва амалӣ, беҳбуди тарбияи кадрҳои илмӣ, таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар назди Раёсат аз ҳисоби маблағҳое, ки хоҷагиҳои озмоишӣ ва базавӣ аз даромадҳои худ ҷудо мекунанд, фонди рушди илмро таъсис медиҳад.
41. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ дастгоҳи хизматӣ дорад, ки дар асоси низомномаи аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқшуда амал мекунад.
VII. Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ
42. Институтҳои илмию таҳқиқотӣ воҳидҳои асосии системаи Академияи илмҳои кишоварзӣ мебошанд.
Институти илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзиро директори институт роҳбарӣ мекунад.
Директорони институтҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ дар Маҷлиси умумии Академия аз ҷумлаи олимони шинохташуда ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб ва аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ба мӯҳлати панҷ сол тасдиқ карда мешаванд.
Агар интихоби директор дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ анҷом дода нашавад, он гоҳ Раёсат дар бораи таъини директори институт ба мӯҳлати то Маҷлиси умумии оянда қарор қабул мекунад.
Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳақ дорад, ки директори институтро пеш аз мӯҳлат аз вазифаи ишғолкардааш озод намояд.
43. Институтҳои илмию таҳкиқотӣ ва дигар бахшҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ дар асоси Оинномаи институти илмию таҳқиқотии Академия, ки дар Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқ карда мешавад, амал мекунанд.
VIII. Филиалҳо, хоҷагиҳои озмоишӣ ва таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзӣ
44. Филиалҳо, хоҷагиҳои озмоишӣ, станцияҳои таҷрибавии минтақавӣ, совхозҳо, пунктҳои ёрирасон барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ базаи асосӣ мебошад. Хоҷагиҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ - корхонаҳои кишоварзие мебошанд, ки дар асоси ҳисоби хоҷагӣ, бо қувваи аҳли меҳнати худ мутобиқи мақсад ва вазифаҳои муассисаҳои илмӣ ва таҳти роҳбарии онҳо фаъолияти озмоишӣ ва истеҳсолию хоҷагиро анҷом медиҳанд.
Нақшаҳои дурнамоӣ ва истеҳсолию молиявии хоҷагиҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ, совхозҳо ба мувофиқаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ расонида ва аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқ карда мешаванд.
Хоҷагиҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ баланси мустақил доранд, ашхоси ҳуқуқӣ мебошанд ва фаъолияти истеҳсолию озмоишии худро тибқи барномаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва нақшаҳои татбиқи дастовардҳои илм анҷом медиҳанд.
Директорони филиалхо, станцияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳои озмоишӣ ва таҷрибавӣ, заводҳо бо пешниҳоди роҳбарони ИИИ ва ИИТ аз тарафи Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ба вазифа таъин карда мешаванд. Номзадҳо ба директории совхозҳо ва заводҳо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳақ дорад, ки директорони филиалҳо, станцияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳои таҷрибавию озмоишӣ, пунктҳои ёрирасон, совхозҳо ва заводҳоро бо пешниҳоди директорони институтҳо аз вазифа озод намояд.
IХ. Асосҳои иқтисодии фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзӣ
45. Асосҳои иқтисодии фаъолияти илмӣ ва илмию истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва сохторҳои ташкилию истеҳсолии он, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ аз шаклҳои нави маблағгузорӣ ва хоҷагидорӣ иборатанд.
46. Фондҳои асосӣ ва дигар воситаҳои истеҳсолии институтҳои илмию таҳқиқотӣ, филиалҳои онҳо, станцияҳои таҷрибавӣ, пунктҳои ёрирасон ва хоҷагиҳои озмоишӣ бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайридавлатӣ ва хусусӣ гардонида намешаванд.
47. Дар назди институти илмию таҳқиқотӣ ва бахшҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзӣ метавонанд бо тартиби муқарраршуда корхонаҳо, бюроҳои тарроҳӣ, технологӣ ва лоиҳакашӣ, марказҳои ҳисоббарорӣ, муассисаҳои илмию таҳқикотӣ, устохонаҳои озмоишӣ, цехҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои хурд ва муштарак ташкил карда шаванд.
Манбаи асосии маблағгузории Академияи илмҳои кишоварзӣ - буҷети ҷумҳурӣ мебошад. Манбаъҳои иловагӣ маблағҳои аз фондҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ; маблағҳои аз шартномаҳо ва қарордодҳои бо фармоишгарон басташуда воридшаванда; маблағҷудокуниҳо аз фоидаи филиалҳо, хоҷагиҳои озмоишӣ, станцияҳо, пунктҳои ёрирасон ва совхозҳо; маблағҷудокуниҳо аз даромадҳои корхонаҳои истеҳсолӣ, хурд ва муштарак, муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ, даромадҳо аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ғайра мебошанд.
48. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ бароварди (смета) хароҷоти Академияро тасдиқ мекунад, мутобиқи самтҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ маблағҳоеро, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо мекунад, дар байни муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ тақсим менамояд, аз тарафи муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ дуруст харҷ шудани маблағҳоро барои корҳои илмию таҳқиқотӣ назорат мекунад.
49. Институтҳои илмию таҳқикотӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетии Академияи илмҳои кишоварзӣ, мувофиқи Оинномаҳои худ, фаъолияти хоҷагидории худро мустақилона анҷом медиҳанд.
50. Муассисаҳои ҳисоби хоҷагии Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории худро аз ҳисоби маблағҳо ва даромадҳои худӣ анҷом медиҳанд.
51. Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар навъи фаъолияти иқтисодиро мустақилона, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
52. Раёсат, ташкилоту муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки муассис ва иштирокчии ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар иттиҳодияҳои хоҷагидорӣ бошанд. Онҳо субъектҳое мебошанд, ки даромадҳои аз фаъолияти мазкур ва аз фурӯши натиҷаҳои корҳои илмӣ, маводи илмию техникӣ ва хизматрасониҳои рекламавию тиҷоратӣ воридшавандаро соҳибӣ ва истифода мекунанд.
53. Фаъолияти хоҷагидории муассисаҳои илмию таҳқиқотиро системаи меъёрҳои иқтисодие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, муайян менамояд.
Х. Робитаҳои байналхалқии Академияи илмҳои кишоварзӣ
54. Академияи илмҳои кишоварзӣ дар фаъолияти худ шаклу усулҳои дар таҷрибаи байналхалқӣ қабулшудаи мубодилаи илмиро истифода мекунад: барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ ташкилотҳо, корхонаҳо ва фирмаҳои манфиатдори хориҷиро ҷалб мекунад, якҷоя бо онҳо ҷиҳати ҳалли проблемаҳои илмӣ ва техникӣ бо тартиби муқарраршуда корхонаҳои муштарак, марказҳои илмӣ ва таълимӣ ташкил менамояд.
55. Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати анҷом додани робитаҳои байналхалқии илмӣ мустақилона қарор қабул мекунад ва дар мавридҳои зарурӣ:
- дар бораи бастани созишномаҳо, шартномаҳо ва дигар асноди марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисьерҷониба бо ташкилотҳои хориҷӣ;
- дар хусуси дохил шудан ба ташкилотҳои байналхалқӣ;
- оид ба меъёрҳои ҷудо кардани маблағҳо ба олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки ба кишварҳои хориҷӣ ба сафари хизматӣ мераванд;
- доир ба ҳаҷмҳои хароҷот барои тамоми навъҳои хизматрасонӣ ва андозаҳои музд ба олимони хориҷие, ки Академияи илмҳои кишоварзӣ онҳоро ҷиҳати корҳои илмӣ ва дигар мақсадҳо қабул мекунад, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ таклифҳо пешниҳод мекунад.
ХI. Ҳуқуқи хосаи Академияи илмҳои кишоварзӣ
56. Академияи илмҳои кишоварзӣ ҳуқуқ дорад, ки:
- бо тартиби муқарраршуда оид ба масъалаҳои фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд;
- сохтор ва штатҳои дастгоҳи идора, институтҳо, ташкилоту корхонаҳои тобеи Академияи илмҳои кишоварзиро дар ҳудуди маблағҳои барои таъминоти дастгоҳи идорӣ муқаррарнамудаи Академияи илмҳои кишоварзӣ тасдиқ кунад;
- маош ва маблағи моҳонаи (бо мутобиқати ташкилотҳои иттифоқи касаба) корнунони муассисаҳои АИКТ-ро дар ҳудуди маблағи ҳарсолаи ҷудокардашуда муқаррар мекунад;
- Оиннома ва Низомномаҳои муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои тобеи худро тасдиқ намояд;
- бо тартиби муқарраршуда бо муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар мубодилаи маводи нашаротиро анҷом диҳад;
- мутобиқи қонунгузории ҷорӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба суроғаи худ китобҳо, нақшаҳо, намунаҳои тухмӣ ва растаниҳо, олоту абзор, машинаҳо ва дигар маводеро, ки барои корҳои илмию таҳқиқотӣ заруранд, гирад;
- дар давоми мӯҳлатҳои муайянкардаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастнависҳои олимон, маводи бойгонии Раёсат, муассисаҳои Академияи илмҳои кишоварзӣ ва дигар аснодеро, ки барои таърихи илми кишоварзӣ дорои аҳамият мебошанд, нигоҳдорӣ намояд.
57. Раёсати Академияи илмҳои кишоварзӣ, институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар муассисаҳои бо онҳо баробар, ҳамчунин корхонаҳои ҳисоби хоҷагӣ дар муассисаҳои бонк суратҳисобҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи муассисаи дахлдор ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ доранд.
Фасли ХII хориҷ карда шуд
ХII. Тартиби қабул ва тағйир додани Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзӣ
58. Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзӣ дар Маҷлиси умумии Академия бо 2/3 ҳиссаи овози умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмхои кишоварзӣ ба тариқи овоздиҳии кушода қабул карда мешавад.
59. Ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзӣ бо қарори Маҷлиси умумии Академияи илмҳои кишоварзӣ, ки бо 2/3 ҳиссаи овози умумии аъзои пайваста (академикҳо) ва аъзои вобастаи Академияи илмҳои кишоварзӣ ба тариқи овоздиҳии кушода қабул шудааст, анҷом дода мешавад.