Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 феврали соли 1996,№98
тасдиқ карда шудааст
Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қоидаҳои умумӣ
1.1. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) воҳиди сохтори мустақили Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои кӯмаки ҳамаҷониба дар баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан дар ҷамъият, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани манфиатҳои онҳо, боло бурдани фаъолнокии меҳнатӣ ва ҷамъиятию сиёсии занон, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, идораи корҳои давлатию ҷамъиятӣ, ҷоннок намудани ҳаракати занон дар муборк ва баҳри сулҳ, ҳалли проблемаҳои оила, ҳифзи модару) кӯдак мусоидат мекунад.
Кумита дар фаъолияти худ ба Ҳукумати (Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
1.2. Кумита фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қарорҳои Маҷлиси Олии ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи мазкур пеш мебарад.
1.3. Кумита дар доираи салоҳияти худ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрӣ дар мавриди такмили қонунгузорӣ доир ба ҳифзи иҷтимоии зан ва оила таҳияву пешниҳод намуда, ҷиҳати иҷрои онҳо назоратро ба амал мебарорад.
2. Вазифаҳои Кумита
2.1. Иштирок дар мураттаб сохтан ва амалӣ намудани барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдошти вазъи ҳифзи оила, модар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2.2. Муайян намудани стратегияи илман асосноки рушди оила ва сиёсати демографӣ бо дарназардошти махсусияти минтақавӣ барои беҳтар кардани вазъи зан ва оила.
2.3. Ғамхорӣ дар бораи минбаъд беҳтар намудани ташкили меҳнат ва маишату истироҳати занон, муҳайё сохтани шароити зарурӣ барои тавъам намудани кори занон дар истеҳсолот бо иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, масъулияти оиладориву тарбияи фарзандон ва таҳкими оила.
2.4. Ҳифзи иҷтимоии занон, татбиқи ҳуқуқҳои онҳо ба меҳнат дар шароити иқтисоди бозоргон, дастгирӣ онҳо дар фаъодияти соҳибкорӣ ва тиҷорат, таълиму тарбияи касби ва такмили ихтисос.
2.5. Мусоидат ба кори беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба занону кӯдакон.
2.6. Хабардор намудани вазорату идоращо, ташкилоту муассисащо ва корхонаҳои дахлдор дар бораи тадбирҳо аз рӯи масъалаҳои мушкилоти оила, зан, ҳифзи модару кӯдак дар асоси дархости онҳо.
2.7. Ҷалби занон (дар идораи корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ).
3. Функцияҳои Кумита
Барои иҷрои вазифаҳои дар Низомномаи мазкур зикргардида Кумита корҳои зайлро анҷом медиҳад;
3.1. Дар омода сохтани пешниҳод ба мақомоти болоӣ дар бораИ тадбирҳо дар мавриди ҳифзи иҷтимоии занон ва оила дар асоси омӯзиши таъсири шароити иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи онҳо ширкат меварзад.
3.2. Дар мавриди нишондодҳои демографии тавсифкунандаи шароити иҷтимоию иқтисодии занон таҷлили комплексӣ гузаронда, дар ин асос барномаҳои байниидоравии беҳдошти вазъи демографӣ, ҳолати зан ва оиларо таҳия намуда, амалӣ шудани ин барномаҳоро ҳамоҳанг месозад.
3.3. Доир ба дарьёфту санҷидани муносибатҳои нав дар мавриди ҳалли проблемаҳои занон ва оила корро ташкил мекунад.
3.4. Имкониятҳои васоити ахбори умум ва нашрияҳоро барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, камолоти маънавӣ, муносибати бомасьулияти ҷавонон ҳангоми бастани аҳди никоҳ ва тарғиби сиёсати давлат байни занони ҷумҳурӣ истифода менамояд.
3.5. Ҳайати вакилони хориҷиро, ки ба омӯзиши проблемаҳои зан ва оила, ҳифзи модару кӯдак машғуланд, қабул мекунад.
3.6. Дар машваратҳои худ ҳангоми зарурат роҳбарони вазорату идораҳо, ҳукуматҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳои манфиатдори Ҷумҳуриро даъват менамояд.
3.7. Қабули шаҳрвандон.
3.8. Мактубу ариза ва пешниҳодҳои шаҳрвандонро, ки марбути салоҳияти он ҳастанд, сари вақт ва босифат, баррасӣ менамояд.
3.9. Кумита дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намуда, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад.
3.10. Бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу созмонҳои дар платформаи дигаргунсозиҳои демократӣ дар ҷумҳурӣ қарор доранду манфиатҳои занонро ҳимоя менамоянд, инчунин бо мақомоти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҳамкорӣ мекунад.
4. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои Кумита
Бо тартиби муқаррарнамудаи қонугузории Тоҷикистон ва мувофиқи вазифаҳое, ки аз Низомномаи мазкур бармеоянд, ба Кумита ҳуқуқҳои зайл дода мешавад:
4.1. Аз ташкилоту корхонаҳои дахлдор маводҳоеро, ки шароитҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии фаъолтяти ҳаётӣ ва амал намудани оила, дараҷаи ҳифз ва ҳолати саломатии кӯдакону занонро ошкор мекунанд, талаб намояд.
4.2. Ба вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои марбути салоҳияти Кумита фармонҳои муштарак нашр намояд.
4.3. Бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз рӯи масъалаҳои беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоию маишӣ ва меҳнатии занони коргар ва кӯдакон ҳамкорӣ кунад.
4.4. Бо ассоциацияҳои гуногуни занон, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ чорабиниҳои муштарак гузаронида, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг созед.
4.5. Барои таҳия ва амалан ҳал намудани проблемаҳои бо вазифаҳои Кумита вобаста тадбирҳо андешад.
4.6. Дар назди Кумита ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ доир ба сайёҳати тиҷоратӣ ва оилавӣ, маркази матбуот ва нашрия таъсис диҳад.
4.7. Доир ба проблемаҳои беҳтар намудани вазъи занону кӯдакон конфронсу семинарҳо доир намуда, дар кори конгрессу анҷуманҳо, конфронсҳо, симпозиумҳо, аз ҷумла байналхалқӣ аз рӯи масъалаҳои марбути салоҳияти Кумита ширкат варзад.
5. Роҳбарияти Кумита
5.1. Кумитаро раис сарварӣ менамояд, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
5.2. Раиси Кумита роҳбарии фаъолияти Кумитаро дар асоси яккасардорӣ ба амал бароварда, ҷиҳати иҷрои тамоми вазифаҳои ба ҳиммати Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
5.3. Раиси Кумита ҳуқуқ дорад:
- кормандони дастгоҳи Кумитаро ба кор қабул ва озод намояд, вазифаҳоро байни кормандони дастгоҳи Кумита тақсим кунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг сохта назорат намояд;
- дар доираи салоҳияти худ фармону фармоишҳо ва дастуруламал нашр намояд;
- роҳбарии фаъолияти Кумитаро ба амал барорад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаро дар тамоми вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо чи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи берун аз ҳудудҳои он намояндагӣ кунад.
5.4. Раиси Кумита ҷонишин дорад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.
Масъулият ва вазифаҳои ҷоншинро раиси Кумита муайян мекунад.
6. Муносибат ва алоқаҳо
6.1. Дар назди Кумита дар асосҳои ҷамъиятӣ, аз ҳисоби занони фаъол-намояндагони вазорату идора, ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои Кумита таъсис дода мешавад.
Низомномаи Шӯрои Кумитаи кор бо занон ва оила ва ҳайати он аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
7. Амвол ва маблағҳои пулии Кумита
7.1. Амволи Кумита аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ташаккул меёбад.
7.2. Кумита ашхоси ҳуқуқӣ буда, суратҳисоби худро дар банк, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номгӯи худ бо забони давлатӣ дорад.
7.3. Низомномаи Кумита, сохтор, шумораи кормандон, фонди музди меҳнати кормандони дастгоҳи Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
8. Тартиби аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Кумита
8.1. Аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муққарраргардида сурат мегирад.