Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 385 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, № 7, мод. 490; с.2003, № 12, мод.685; с.2004, № 5, мод.347; с.2006, № 3, мод.143; с.2007, № 7, мод.651; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008, № 369) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 2 моддаи 27 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад: "пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд:".

2. Дар моддаи 46:

- аз сархати дуюм калимаҳои "ва судҳои поёнӣ" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати панҷум пас аз калимаи "эътироз" калимаҳои "ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда" илова карда шаванд.

3. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 48 калимаҳои "судҳои иқтисодӣ" ба калимаҳои "Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Сархати дуюми моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд;".

5. Қисми сеюми моддаи 52 хориҷ карда шавад.

6. Дар сархати якуми моддаи 55 пас аз калимаи "эътирозҳо" калимақои "ва аризаи дигар шахсони бо қонунгузорӣ пешбинишуда" илова карда шаванд.

7. Дар қисми якуми моддаи 59 калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 60:

- дар қисми якум калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаи "ташкил" ба калимаи "роҳбарӣ" иваз карда шавад;

- қисми сеюм дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар мавриди набудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ӯро ба истиснои салоҳияти ӯ оид ба даъват намудани Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисӣ намудан дар он, муовини якум ва дар вақти набудани муовини якум яке аз муовиноии Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад.".

9. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 92 пас аз калимаҳои "зинаи якум" калимаҳои "марҳилаи апеллятсионӣ," илова карда шаванд.

10. Дар қисми якуми моддаи 93:

- дар сархати дуюм калимаҳои "Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ" иваз карда шаванд;

- сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"марҳилаи аппелятсиониро ташкил ва ҳайати онро муайян менамоянд, ба он раисӣ мекунанд. Ҳангоми дар марҳилаи якум баррасии парвандаи махкур иштирок доштани раис, ба марҳилаи аппелятсионии баррасии ин парванда, яке аз судяҳои ҳайати марҳилаи аппелятсионӣ раисӣ мекунад;".

11. Моддаи 93 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 93 (1) Марҳилаи аппелятсионии судҳои иқтисодӣ барои тафтиши қонунӣ ва асоснок будани ҳалномаҳои судҳои иқтисодии марҳилаи якум, ки эътибори қонунӣ пайдо накардаанд, дар Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе марҳилаи апеллятсионӣ ташкил карда мешаванд.".

12. Дар қисми якуми моддаи 94 калимаи "кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи суди иқтисодӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

18 июни соли 2008 № 385