Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 аз 1 августи соли 2008, № 367

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 367

тасдиқ шудааст

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009

1. Муқаррароти умумӣ

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 (минбаъд-Барнома) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Барнома намуд, ҳаҷм ва шартҳои фароҳам овардани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои зикргардида ройгон ва тибқи шартҳои ҳампардохт (ҳамиштироки аҳолӣ), мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии ноҳияҳо барои солҳои 2008-2009 аз буҷети давлатӣ, инчунин мавҷудияти захираҳои донорӣ барои татбиқи барномаҳои дахлдорро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Барнома гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморонро, ки дар Замимаи №1 ба сифати категорияҳои имтиёзнок барои гирифтани кӯмаки ройгони тпббию санитарӣ тибқи шартҳои муайяннамудаи Барнома ёдовар шудаанд, муайян менамояд.

Барнома метавонад аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, миблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, тавсеа дода шавад.

Шарти асосии расонидаии кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ва ҳампардохт (минбаъд - имтиёзнок) ба аҳолии ноҳияҳои зикргардида дар асоси Барнома роҳхати духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гииекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳали зист, хулосаи комиссияи духтурию назоратӣ мебошад.

Кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба шахсони дорои имтиёз (Номгӯи 1, Замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи Замимаи 2 Барнома фароҳам оварда мешавад.

Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (РВАД) анҷом дода мешавад.

2. Намудҳои кӯмаки тиббию санитарӣ

Барнома намудҳои зайли кӯмаки тиббию санитариро дар бар мегирад:

- кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;

- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити амбулаторӣ;

- таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити амбулаторӣ;

- кӯмаки тиббӣ дар шароити статсионарӣ;

- кӯмаки стоматологӣ;

- чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ.

2.1. Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ

Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаси гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти шаҳрвандон ё ашхоси атрофи он таҳдид мекунад ва ба бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, захмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд алоқаманд мебошанд, ройгон расонида мешавад.

2.2. Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар доираи он навъ ва ҳаҷмҳои зайли хизматрасонӣ ройгон анҷом дода мешавад:

А) Профилактика:

- машварат ва таблиғи тяҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;

- эмкунии кӯдакон дар доираи барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои профилактикӣ;

- машварати пинҳонӣ (анонимӣ) оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти инсон (ВИЧ), аломати норасоии масунияти инсон (СГТИД), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;

- назорати ҳолати саломатии кӯдакони то синни 5;

- муоинаи профилактикии давравии мактаббачагон;

- назорати диспансерии бемороне, ки ба қанд гирифта шудаанд, ба истиснои усулҳои иловагии лабораторӣ ва инструменталии таҳқиқ (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи Барнома барои дастрасии кӯмаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд);

- гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ оид ба камхунии норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон;

- дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва танзими оила.

Б) Ташхис:

а) азназаргузаронии бемор;

б) ташхиси заминавии лабораторӣ ва диагностикӣ:

- ташхиси умумии хуни гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯи 1 ва II Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси хун вобаста ба вараҷа (малярия);

- ташхиси умумии хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмисӣ (сирояте, ки тавассути хун интиқол меёбад);

- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи таҳшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯи 1 ва II Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- микроскопияи андудаи уретралӣ ва вагиналии занони ҳомила;

- ташхиси балғам (микроскопия);

- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб дар ҳолатҳои зарурӣ;

- электрокардиография дар ҳолатҳои зарурӣ;

В) Муолиҷа:

- расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;

- шикастабандӣ (иммобилизатсия);

- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили рагҳои варид, дохили мушак ва зери пӯст);

- амалиёти (хизматрасониҳои) тиббӣ (физиотеропия, массаж, дренажи ковокии плевралӣ, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, катетеризатсияи рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани флегмонҳо, варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароитҳои амбулаторӣ ва ғайра ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯи I ва II Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд.

Г) Кӯмаки тиббию санитарӣ ба шахсони ба хизмати ҳарбӣ даъватшаванда:

Шаҳодатномадиҳии тиббӣ ба шахсони ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ даъватшаванда, чорабиниҳои ташхисӣ ва барқарорсозии муолиҷавӣ бо роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ ҳангоми маблағгузории иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ба таври ройгон фароҳам оварда мешавад.

2.3. Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ

Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ аз ҷумла ташхиси лабораторию диагностикӣ, аз ҷониби марказҳои тандурустӣ ва дигар муассисаҳои ғайрибистарикунонбӣ ба шаҳрвандони ки дар Номгӯи 1 ва II Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (вобаста аз бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз духгурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ройгон расонида мешавад.

Ба дигар шахсоне, ки ба имтиёз ҳуқуқ надоранд, ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз духтурони оилавӣ, трапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ азназаргузаронии беморон, таъмини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намуди муолича ройгон анҷом дода мешавад. Ба чунин ашхос ҳангоми мавҷудияти роҳхат дигар намуд ва ҳаҷми кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароитҳои амбулаторӣ дар асоси ҳампардохт анҷом дода мешавад.

Ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои зикргардида мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароитҳо барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи ташхисҳои лабораторӣ ва диагноститкӣ машваратҳои зарурӣ ва намудҳои гуногуни ташхис метавонад дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шавад ва ҳисоби байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад.

Шаҳрвандоне, ки аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат надоранд, арзиши кӯмаки махсусгардонидашуда, аз ҷумла арзиши муоинаи лабораториро мутобиқи Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кӯмаки санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009, ки Вазорати тандурустӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудааст, пардохт менамоянд.

2.4. Таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар сатҳи амбулаторӣ

Таъминоти шаҳрвандони ноҳияҳои таҷрибавӣ бо доруворӣ ва ваксинаҳо тибқи Барнома дар асоси Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона бо тартиби зайл анҷом дода мешавад.

А) Расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ

Ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ ройгон дода мешавад.

Б) Тадбирҳои лабораторию диагностикӣ

Ҳангоми расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ, ҷудо намудани доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббие, ки барои андешидани тадбирҳои лабораторию диагностикӣ заруранд, барои аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо тибқи Барнома (Замимаи

1) фароҳам оварда мешавад.

В) Таъминот бо доруворӣ

Мизоҷоне, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд, бо доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ ройгон таъмин карда мешаванд.

Гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯи 1 Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар тӯли як сол як маротиба ройгон ё тибқи шароитҳои имтиёзнок дар доираи маблағе, ки аз нишондиҳандаи барои ҳисоб зиёд намебошад, вобаста ба бемориҳои асосӣ бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд.

Мизоҷони гирифтори бемориҳои дорои хусусияти иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ бо воситаҳои доруворӣ ва ашёи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва кӯмаки башардӯстона дар ҳаҷми дар Ҷадвали 1 зикргардида ройгон таъмин карда мешаванд:

Ҷадвали 1

Таъминот бо доруворӣ мутобиқи Барнома

+---------------------+------------------------+---------------------ҷ
|Номгӯи бемориҳо      |   Номгӯи доруворӣ      |      миқдор         |
|                     |   ва ашёи таъиноти     |      (барои 1 бемор |
|                     |   тиббӣ                |      дар як сол)    |
|                     |                        |                     |
+---------------------+------------------------+---------------------+
|Диабети қанд вобаста |                        | мутобиқи протокол ё |
|ба инсулин           |Инсулин, сӯзандору      | нақшаи муолиҷа      |

|Диабети қанд, ки ба  |                        |                     |
|инсулин вобаста      | Глибенкламид 5 мг,     | то 400 ҳаб          |
|намебошад            | № 120                  |                     |

|Бемории сил          | Тибқи Барномаи ДОТС    | мутобиқи нақшаи     |
|                     |                        | стандартии муолиҷа  |
+---------------------+------------------------+-----------------Р---+
|                     |                        |                     |
|Маҷзубият            | Галоперидол 5 мг, № 50 | вобаста ба          |
|(Шизофрения)         | Флюфеназин 10 мг, № 100| ҳолати беморӣ       |

|Оташаки модарзодӣ    | Бензилпенитсиллин 150  |                     |
|                     | ҳазор воҳид/кг ҳар 4   |                     |
|                     | соат 14 рӯз            | 14 фл               |
|                     |                        |                     |
|                     | Прокаин-пенитсиллин 50 |                     |
|                     | ҳазор воҳид/кг 1       |                     |
|                     | маротиба 14 рӯз        | 14 фл               |
+---------------------+--------------Р---------+---------------------+
|                     |                        |                     |
|Бемории мубтали      | Дар давраи             | мутобиқи            |
|сирояти ВИЧ          | СПИД                   | протокол            |
|СПИД                 |                        |                     |

|Диарея ва            | Мутобиқи Барномаи      | мутобиқи            |
|бемориҳои шадиди     | ҳамбастагии            | протокол            |
|сироятии             | бемориҳои кӯдакона     |                     |
|респираторӣ          | дар кӯдакони то 5      |                     |
|                     | сола                   |                     |

Воситаҳои дорувории дар боло зигргардида метавонанд мутобиқи ретсепте, ки аз ҷониби духтури оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ додааст ё дар доираи барномаҳои дахлдоре, ки донорҳо дастгирӣ мекунанд, ройгон тақсим карда шавад.

2.5. Иммунопрофилактика

Иммунопрофилактака аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона анҷом дода мешавад:

- иммунопрофилактикаи кӯдакон бо ваксина дар доираи барномаи васеи эмкунӣ, мутобиқи тақвими эмкуниҳои профилактикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва кӯмаки башардӯстона ройгон гузаронида мешавад.

2.6. Кӯмаки тиббии статсионарӣ

А) Кӯмаки фаврии статсионарӣ

Ба ҳамаи сокинони ноҳияҳои таҷрибавӣ ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, ки ба статсионарҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд ва дар ин ноҳияҳо барномаи мазкур татбиқ мегардад, кӯмаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ройгон расонида мешавад (мувофиқи номгӯи муваққатии ҳолатҳое, ки ба ҳаёти беморон хатар дорад, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ тасдиқ гардидааст.

Баъди расонидани кӯмаки фаврӣ, аз ҷумла дахолати фаврӣ, ба субот омадани нишондиҳандаҳои гемодинамикӣ ва нафаскашӣ беморон тибқи шартҳои расонидани кӯмаки нақшавии статсионарӣ ба мисли онҳое, ки роҳхат доранд, таҳти хизматрасонӣ қарор мегиранд ё барои муолиҷа дар шароитҳои амбулаторӣ гузаронида мешаванд.

Б) Кӯмаки нақшавии статсионарӣ

Кӯмаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба шаҳрвандоне, ки дар Номгӯи 1 Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд вобаста ба бемориҳои асосӣ ва ба мизоҷоне, ки дар Номгӯи II Замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, ройгон расонида мешавад.

Дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар Номгӯи 1 Замимаи 1 оид ба бемориҳои асосӣ зикр нагардидаанд ва мизоҷоне, қи дар Номгӯи II Замимаи 1 Барнома номбар нашудаанд, вале аз духтурони оилавӣ терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат доранд, мутобиқи усули ҳампардохти таҳти хизматрасонӣ қарор мегиранд. Ҳаҷми ҳампардохт дар Қоидаи ҳампардохти хароҷоти кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар соли 2008 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад, бо фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст, муайян гардидааст.

Шахсоне, ки аз духтурони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ роҳхат надоранд, арзиши хизматрасонии тиббиро дар асоси Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидааст, мепардозанд.

Ҳангоми зарурати бистарикунонӣ бемор қаблан дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешавад.

В) Кӯмак ҳангоми таваллуд

Ба заноне, ки дар қайд ва назорати мунтазами муассисаи вобастаи тиббӣ мебошанд, кӯмаки статсионарии вобаста ба таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар ҳолатҳои дигар кӯмаки тиббии статсионарӣ мувофиқи Қоидаи ҳампардохти хароҷоти кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар соли 2008 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад, сурат мегирад.

Г) Таъминот бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи статсионарӣ

Таъминоти мизоҷон бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи статсионарӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо тибқи Барнома аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, ҳампардохт ва кӯмаки башардӯстона анҷом дода мешавад.

Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва ҳампардохти аҳолӣ, бо риояи қонунгузорӣ оид ба харидорӣ ба даст меоранд.

Хариди доруворие, ки, ба рӯйхати РВАД дохил нашудаанд, мутобиқи рӯйхати иловагие, ки муассисаи тандурустӣ муайян менамояд, иҷозат дода мешавад.

Дар сурате, ки агар хароҷоти воқеи барои бо доруворӣ намудани мизоҷон аз арзиши ҳисоби миёнаи муолиҷа барои ҳар ҳолат муолиҷа баландтар бошад, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳисоби маблағи мизоҷон пардохт намудани хароҷоти иловагӣ барои хариди доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда, сарфи назар аз ҳуқуқи ӯ ба имтиёз, қарор қабул кунад.

2.7. Кӯмаки стоматологӣ

Намудҳои зайли кӯмаки стоматологӣ расонида мешаванд:

- азназаргузаронии профилактикии даҳони кӯдакон ва занони ҳомила ду маротиба дар як сол;

- санатсияи даҳон барои кӯдакони аз 2 то 7 сола ва занони ҳомиладоре, ки ба қайд гирифта шудаанд;

- кӯмаки стоматологии таъҷилӣ;

- кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологии музднок, мутобиқи Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ дар давраи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани аҳолии ба кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2009 тибқи тартиби муқарраргардида расонида мешавад.

2.8. Чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ

Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.

3. Мониторинг ва арзёбии татбиқи Барнома

Мониторинги татбиқи Барнома дар асоси индикаторҳое, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, аз ҷумла тавассути тадқиқот гузаронида мешавад.

Замимаи 1

ба Барномаи кафолатҳои

давлатӣ оид ба таъмини кӯмаки

тиббию санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои

таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои

солҳои 2008-2009

Номгӯи I

Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд:

- иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

- Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ;

- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;

- шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онҳо;

- маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;

- гурӯҳҳои I ва II-и маъюбон аз даврони кӯдакӣ;

- кӯдакони маъюби то 16 сола;

- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаи кӯдакони оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки бепарастории волидайн мондаанд;

- кӯдакони то 1 сола;

- маъюбони гурӯҳҳои I ва II, дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;

- шаҳрвандони синни 80 ва болотар аз он;

- шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд;

Номгӯи II

Категорияи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):

- беморони гирифтори сактаи шадиди дил (дар ду ҳафтаи аввал);

- беморони мубталои саратон дар стадияи терминалӣ;

- беморони мубталои гемофилия;

- беморони мубталои махав;

- шахсони бо беморои робитадошта ва имконпазирии мубталоӣ ба бемории ҳорӣ (вобаста ба нишондиҳандаҳо);

- беморони мубталои гулӯзиндонак (дифтерия);

Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ дар минтақаҳо Фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби ҳамин Фонд расонида мешавад.

Замимаи 2

ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ

оид ба таъмини кӯмаки тиббию

санитарӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои

таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2008-2009

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи гурӯҳи шаҳрвандонро дар Номгӯи 1 Замимаи 1 Барномаи зикргардида ба имтиёзи ройгон гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ тасдиқ менамояд

+--+-------------------------------+---------------------------------ҷ
|  |        Гурӯҳҳои аҳолӣ         |       Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  |
|  |                               |           ҳуқуқ ва имтиёзҳо     |
+--+-------------------------------+---------------------------------+
|1 |Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги  |Шаҳодатномаи иштирокчӣ ё маъюби  |
|  |Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба   |Ҷанги Бузурги Ватанӣ,шаҳодатномаи|
|  |онҳо баробаркардашуда          |нафақа                           |

|2 ЖҚаҳрамонони Ҷумҳурии           |Шаҳодатномаи Қаҳрамонони Ҷумҳурии|
|  |Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ,   |Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва се|
|  |меҳнати сотсиалистӣ ва шахсоне,|дараҷаи Ордени Шараф             |
|  |ки бо се дараҷаи Ордени Шараф, |                                 |
|  |мукофотонида шудаанд           |                                 |

|3 |Ҷанговарони интернатсионалист, | Шаҳодатномаи ҷанговари          |
|  |собиқадорони амалиёти ҷангӣ    | интернатсионалист, собиқадори   |
|  |дар ҳудуди дигар давлатҳо      | амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар |
|  |                               | давлатҳо ва шаҳодатномаи нафақа |

|4 |Шахсоне, ки дар натиҷаи        | Шаҳодатномаи иштирокчӣ ё маъюби |
|  |садамаи Нерӯгоҳи атомии        | барҳам додани садама дар        |
|  |барқии Чернобил зарар дидаанд  | Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил |
|  |                               | ва нафақагирӣ                   |

|5 |Маъюбоне, ки ҳангомн адои      | Шаҳодатномаи маъюби             |
|  |хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё  | хизмати ҳарбӣ ва нафақа         |
|  |осеб бардоштаанд               |                                 |

|6 |Маъюбон аз кӯдакӣ, гурӯҳҳои    | Шаҳодатномаи маъюбӣ             |
|  |I ва II                        | ва нафақагирӣ                   |

|7 |Кӯдакони маъюби то 16 сола     | Шаҳодатномаи маъюбӣ             |
|  |                               | ва таваллуд                     |

|8 |Кӯдакони ятим, ки дар хонаи    | Роҳхати хонаи давлатии          |
|  |давлатии кӯдакон, хонаи        | кӯдакон, Хонаи кӯдакони         |
|  |кӯдакони оилавӣ (оилаҳои       | оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда     |
|  |қабулнамуда), интернатҳо барои | Интернатҳо барои кӯдакони ятим  |
|  |кӯдакони ятим қарор доранд,    |                                 |
|  |кӯдаконе, ки бе парастории     |                                 |
|  |падару модар мондаанд          |                                 |

|9 |Кудакони то 1 сола             | Шаҳодатномаи таваллуд           |
|  |                               |                                 |
+--+-------------------------------+---------------------------------|
|  |                               |                                 |
|10|Маъюбони гурӯҳҳои 1 ва II      | Шаҳодатномаи маъюбии            |
|  |дар натиҷаи осеббардории       | гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи    |
|  |меҳнатӣ, бемориҳои касбй ё     | осеббардории меҳнатӣ            |
|  |бемориҳои умумӣ                | бемориҳои касбӣ ё умумӣ         |

|11|Нафақахӯрони синнаиюн 80 ва    | Шаҳодатномаи нафақа             |
|  |болотар аз он                  | ва шиноснома                    |

|12|Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои    | Роҳхати Хонаҳои                 |
|  |пиронсолон ва интернатҳо       | пиронсолон интернатҳо           |
|  |зиндагӣ мекунанд               | барои пиронсолон                |

Таъмини ройгони гурӯҳҳои шаҳрвандон бо доруворӣ (вобаста ба бемориҳои асосӣ), ки дар Номгӯи II Барномаи кафолатҳои давлатӣ зикр гардидаанд, мутобиқи рӯйхати бемороне, ки дар асоси бақайдгирии диспансерӣ ва ретсепти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию маҳали зист таҳия гардидааст, анҷом дода мешавад.