Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 367 "Дар бораи тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади танзими расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ дар муассисаҳои давлатии системаи тандурустӣ ва беҳтарсозии дастрасии он ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои ҳампардохти хароҷоти кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолиро, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад ва воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.

3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рашт, Шаҳринав ва Варзоб дар ҳамкорӣ бо кӯмакрасонон:

- аз 1 августи соли 2008 татбиқи барномаи бо қарори мазкур тасдиқшударо дар ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт ва шаҳри Турсунзода давом диҳанд;

- аз 1 январи соли 2009 татбиқи барномаи бо қарори мазкур тасдиқшударо дар шаҳрҳои Норак, Сарбанд ва Турсунзода, ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, Шаҳринав ва Варзоб таъмин намоянд.

4. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Рашт, Шаҳринав ва Варзоб маблағгузории соҳаи тандурустиро дар доираи маблағҳои умумии пешбинишуда таъмин намоянд.

5. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи барномаи бо қарори мазкур тасдиқшударо дар ноҳияҳои таҷрибавӣ таъмин намояд;

- дар бораи натиҷаҳои татбиқи барномаи бо қарори мазкур тасдиқшуда дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се моҳ маълумот манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 367

ш. Душанбе