Қоидаҳои гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2008, № 400

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 марти соли 2013, № 89 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 августи соли 2008 № 400

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои мазкури гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 18(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" таҳия гардидааст.

2. Озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (минбаъд озмун) бо омода гаштани иттилооти геологӣ нисбат ба объектҳои иҷозатномадодашаванда ва ворид гаштани дархост ба қитьаҳои муайяни сарватҳои зеризаминӣ эълон карда мешавад.

Объектҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба озмун баъд аз мувофиқакунонӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешаванд.

3. Озмун аз ҷониби Комиссияи озмунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар ҳайати мувофиқи замимаи 1 (минбаъд - Комиссия) гузаронида мешавад:

Додани эълон оид ба гузаронидани озмун (банди 6 Қоидаҳои мазкур), баррасии аризаҳо барои иштирок дар озмун (банди 7) ва қабули бастаи ҳуҷҷатҳо (банди 8) аз тарафи мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳии дар банди 3 боби 59 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият зикргардида амалӣ карда мешавад.

Озмун барои канданиҳои фоиданоки маъмул мутобиқи Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

4. Комиссия дар асоси даъват амал карда, бо мақсади гузаронидани озмун ва муайян намудани ғолиб барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ таъсис дода мешаванд.

5. Дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, новобаста аз шакли моликияташон, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ иштирок карда метавонанд.

6. Эълон дар бораи гузаронидани озмун дар воситаҳои ахбори омма ва Интернет - сайтҳо чоп гардида, бояд дорои иттилооти зерин бошад:

- маҳалли ҷойгиршавӣ, шумораи захираҳои кашфгардида (тибқи тартиби муқарраргардида) ё захираҳои пешгӯишуда дар объектҳои озмунӣ ё дарёфти ояндаи онҳо дар қаъри замин;

- мӯҳлат ва маҳали додани ариза барои иштирок дар озмун ва пешниҳоди барномаи озмунӣ;

- шартҳои озмун (барои ҳар як объект дар алоҳидагӣ).

Мақомоти иҷозатномадиҳанда дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз то оғози озмун ҳуқуқ дорад аз гузаронидани он даст кашад.

7. Озмун дар асоси аризаҳое, ки ба мақомоти дахлдор дода мешаванд (банди 3 Қоидаҳои мазкур) гузаронида мешавад ва бояд дорои иттилооти зерин бошад:

- номи қитъаи ба озмун пешниҳодшудаи сарватҳои зеризаминӣ;

- маълумот дар бораи аризадиҳанда - ном, суроғаи ҳуқуқӣ, телефон, факс, мансубияти давлатӣ (барои шахси ҳуқуқӣ), шаҳрвандӣ (барои соҳибкори инфиродӣ);

- ҳолати молиявии аризадиҳанда ва мавҷудияти воситаҳои техникӣ;

- маълумот дар бораи роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ.

Аризаҳо баъд аз пардохти ҳаққи баррасии онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Баъди санҷиши маълумоти пешниҳоднамудаи иштирокчиёни озмун онҳо ба таври хаттӣ дар бораи иҷозат барои иштирок дар озмун ё ба тариқи асоснокшуда рад шуданашон хабардор карда мешаванд. Натиҷаи муҳокимаи номзадҳои озмун ва маълумот дар бораи онҳо пӯшида аст.

Баъди бақайдгирии аризаҳо ба иштирокчии озмун иттилооти геологӣ (маълумот дар бораи омӯзиши геологии объект) барои тартиб додани бизнес-план, баъд аз супоридани маблағ бо тартиби муқарраршуда, пешниҳод карда мешавад.

8. Баъди қабули аризаҳо номзадҳо бастаи ҳуҷҷатҳоро дар шакли мӯҳркардашуда ва бо имзои довталаб ва котиби комиссия тасдиқ шударо пешниҳод мекунанд, ки бояд инҳоро дошта бошанд:

- ариза барои иштирок дар озмун;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи қайд дар мақомоти андоз;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатнома барои баррасӣ шудани аризаи довталаби иҷозатнома;

- ҳуҷҷат оид ба фоизҳои пешниҳодшавандаи пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

- маълумот дар бораи имкониятҳои молиявӣ;

- маълумот дар бораи имкониятҳои кадрӣ;

- маълумот дар бораи имкониятҳои техникӣ ва технологӣ;

- маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои техникию иқтисодӣ дар панҷ соли охир;

- маълумот дар бораи омӯзиши геологӣ;

- бизнес-план, ки бояд маълумоти зеринро дошта бошад:

- қонсепсияи таҳқиқоти геологӣ ва ҳаҷмҳои солонаи маблағгузории корҳои ҷустуҷӯӣ ё иктишофиро (барои омӯзиши геологӣ);

- ҳисоби техникию иқтисодӣ оид ба маблағгузорӣ, хароҷоти истифодабарӣ, даромад ва фоидаи ба даст меомада, фоиданокии лоиҳаи кӯҳӣ ва ҳамчунин мӯҳлатҳои самтгирӣ ва мураттабии азхудкунии объектҳои иҷозатномадодашаванда (барои азхудкунии саноатӣ).

Бастаи ҳуҷҷатҳо ба мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳии сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди ба анҷом расидани қабули аризаҳо барои объектҳои омӯзиши геологӣ ва дар мӯҳлати на дертар аз 60 рӯз барои объектҳои азхудкунии саноатӣ пешниҳод карда мешаванд.

Мақомоти иҷроияи иҷозатномадиҳӣ дар мӯҳлати як ҳафта баъди ба итмом расидани қабули бастаи ҳуҷҷатҳо, дар мувофиқа бо Раиси комиссия дар бораи макон ва замони гузаронидани ҷаласаи комиссия қарор қабул мекунанд ва бастаи ҳуҷҷатҳоро ба котиби комиссия месупоранд.

9. Ҷаласаҳои комиссияи озмун пӯшида мебошанд. Дар ҷаласаи комиссия котиб ба раис бастаи ҳуҷҷатҳои довталабонро дар шакли мӯҳркардашуда месупорад. Раис бо иштироки аъзои комиссия бастаи ҳуҷҷатҳоро мекушояд. Баъди кушодани баста комиссия ба мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дар банди 8 Қоидаи мазкур нишондодашуда боварӣ ҳосил мекунад. Набудани яке аз ҳуҷҷатҳои дар банди 8 зикргардида асос барои хориҷ шудан аз озмун ба ҳисоб меравад.

10. Ғолиби озмун бо истифода аз меъёрҳои зерин муайян мегардад:

- сатҳи илмию техникии барномаҳои омӯзиши геологӣ ва истифодаи (истихроҷи пурраи канданиҳои фоиданок) қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ;

- низоми иқтисодии бо ҳуҷҷатҳои молиявию иқтисодӣ тасдиқкардашуда (тасдиқи бонкҳои сармоягузор ё бонкҳо, сармоягузорони инфиродӣшарикон, ҳисобот ва ғайра);

- дастовардҳои истеҳсолӣ ҳангоми иҷроиши корҳои дар дархост нишон додашуда (агар ин корҳо нагузаронида шуда бошанд ва корҳо ба тариқи пудратӣ иҷро мешуда бошанд, маълумот дар бораи ташкилоти пудратӣ пешниҳод мегардад);

- таъминоти лабораторӣ ва базаи истеҳсолӣ, ки имконияти амалисозии мусоиди ҳалли вазифаҳои геологӣ (техникӣ) (агар инҳо набошанд ва корҳо ба тариқи пудратӣ иҷро гарданд, маълумот дар бораи ташкилоти пудратӣ пешниҳод мегардад);

- ҳайати иҷрокунандагон вобаста ба таҷрибаи корӣ, таҳсилот, иштирок дар лоиҳаҳои қаблан амалишуда, вобаста ба таҷрибаи ташкилии чунин шакли кор (агар инҳо набошанд, пас метавонанд ташкилотҳои пудратиро ҷалб намоянд - дар ҳолатҳои омӯзиши геологӣ);

- нақшаи тақвимии кори асоснокгардида, мӯҳлатҳои иҷрои корҳо марҳила ба марҳила (бо нишондоди маблағгузориҳо);

- пешниҳоди нисбатан мусоид оид ба амнияти экологӣ ва талаботи ҳифзи муҳити зист, ҳифзи меҳнат ва бехтарии пешбурди корҳо;

- пешниҳод оид ба пардохт барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;

- кафолат ва саҳмгузорӣ оид ба тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои маҳаллӣ, ҷалби на камтар аз 80 фоизи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои рушди инфраструктураи истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар доираи корҳои минтақавӣ;

- баҳисобгирии манфиатҳои амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шартҳои озмун мумкин аст дигар шартҳои иловагии меъёрҳоро барои муайян намудани ғолиб пешбинӣ намояд.

11. Қарор дар бораи ғолиби озмун дар ҷаласаи комиссия аз тарафи аъзои он дар натиҷаи овоздиҳӣ қабул карда мешавад. Комиссия салоҳиятдор ҳисобида мешавад, агар дар ҷаласаи он на кам аз се ду ҳиссаи аъзои комиссия ширкат намоянд. Овоздиҳӣ дар озмун барои муайян намудани ғолиб пинҳонӣ буда, бо воситаи пур кардани варақаҳои овоздиҳӣ (замимаи 2) гузаронида мешавад. Эълон намудани натиҷаҳои овоздиҳӣ дар натиҷаи ҳисоби овозҳои дар варақаҳои овоздиҳӣ пешниҳодгашта дар ҷаласаи комиссия гузаронида мешавад. Ғолиби озмун бо тарафдории на кам аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои комиссия , ки дар ҷаласа иштирок доранд, муайян карда мешавад.

Барасмиятдарории натиҷаҳои озмун аз ҷониби котиби комиссия бо воситаи тартиб додани Протоколи маҷлиси Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли замимаи 3 амалӣ карда мешавад. Протоколро ҳамаи аъзои комисияи дар ҷаласа иштирок карда ва раиси он имзо мекунанд.

12. Ҳангоми пешниҳоди барномаҳои баробарарзиш аз ҷониби довталабон ғолиб он иштирокчие ҳисобида мешавад, ки пардохти зиёдтарро барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва маблағи бештари хароҷотро барои ҳалли проблемаҳои экологӣ, иҷтимоӣ, таҳсилотӣ ва тиббии минтақа пешниҳод намудааст.

13. Дар ҳолатҳое, ки агар ба озмун як дархост пешниҳод шуда бошад, пас озмун барпонашуда ҳисобида мешавад ва иҷозатнома ба дархосткунанда тариқи гуфтушуниди мустақим дода мешавад.

14. Қарори комиссияи озмун барои қабули фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба ғолиби озмун ҷиҳати додани иҷозатнома барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба ҳисоб меравад.

15. Баъди қарори мусбии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолиби озмун ба мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иҷозатнома дода мешавад.

16. Иштирокчиёни озмун оид ба натиҷаҳои он дар муддати 15 рӯз хабардор карда мешаванд ва варақаи пуркардашудаи иҷозатнома ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо пешниҳод карда мешавад.

Замимаи 1

ба Қоидаҳои гузаронидани озмун

барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои

зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Комиссияи озмунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

Раиси комиссия - Муовини аввали (муовини) Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа)

Муовини раиси комиссия - Мудири Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби комиссия - Сармутахассиси Шӯъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои комиссия:

Мудири Шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини аввали Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Замимаи 2

ба Қоидаҳои гузаронидани озмун барои

ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варақаи овоздиҳи

+-+------------------------------------+-----------------------------ҷ
|№|Номгӯи қитъаи (блоки)               |     Номгӯи иштирокчии       |
| |қаъри замин, намуди ҳуқуқи          |     озмун - ғолиб           |
| |истифодаи сарватҳои зеризаминӣ,     |                             |
| |намуди кандании фоиданок            |                             |
| |                                    |                             |
+-+------------------------------------+-----------------------------+
|1|                                    |                             |

|2|                                    |                             |

|3|                                    |                             |

|4|                                    |                             |

|5|                                    |                             |

________________________ __________________________________________

       (имзо, сана)        (Ном ва насаби аъзои комиссияи озмуни)

Аъзои комиссия шахсан номгӯи иштирокчии озмунро дар сутуни номгӯи иштирокчии озмун - ғолиб, номи дархосткардаро, ки ба ӯ овози худро медиҳад, менависад.

Замимаи 3

ба Қоидаҳои гузаронидани озмун

барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои

зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Протоколи №__

маҷлиси Комиссияи озмун барои ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе "___"____________200 сол

Иштирок карданд: ______________________________________________________________________

                         Ном, насаб ва вазифаи аъзои Комиссия

______________________________________________________________________

Рӯзномаи маҷлис:

Муайян намудани ғолиби озмун барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз рӯи масъалаи якӯм баромад карданд:

Дар асоси баррасӣ, муҳокима ва натиҷаҳои овоздиҳии аъзои комиссия (варақаҳои овоздиҳӣ замима мегарданд) барои объектҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки ба озмун гузошта шудаанд,

Комиссия қарор қабул кард:

1. Ғолиби озмун барои гирифтани ҳуқуқи исгифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои:

1)_______________________________________________________________

                          номи объект

                 номи ғолиб, миқдори овозҳо

2)_______________________________________________________________ номи объект

3)_______________________________________________________________

2. Барои объектҳои зерин озмун баргузор нагардида дониста шавад:

1) ______________________________________________________________________

                              номи обьект

2) ______________________________________________________________________

                                  асосҳо

3. Объектҳои зерин аз озмун хориҷ карда шаванд:

4. Барои объектои зерин такроран озмун эълон карда шавад:

5. Мақоми иҷроияи иҷозатномадиҳанда дар нашрияи расмӣ натиҷаи озмунро ба чоп расонад.

Раиси комиссия ________________________

Аъзои комиссия ________________________ ________________________ ________________________