Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015 аз 1 августи соли 2008, № 376

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 376

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

ШИНОСНОМАИ Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ барои солҳои 2008-2015

+------------------+-------------------------------------------------ҷ
|Номи Барнома      |Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба  |
|                  |номи академик М.С.Осимӣ барои солҳои 2008-2015.  |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Асос барои        |                                                 |
|таҳияи Барнома    |Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои|
|                  |Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот      |
|                  |бахшида ба 50-солагии Донишгоҳи техникии         |
|                  |Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (банди 10),|
|                  |ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон      |
|                  |1 майи соли 2007 тасдиқ шудааст.                 |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Иҷрокунандагони   |Вазорати маориф ва илми                          |
|асосии Барнома    |Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати                    |
|                  |молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди       |
|                  |иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи |
|                  |техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.  |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Таҳиягарони       |Гурӯҳи кории                                     |
|Барнома           |Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон      |
|                  |ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик|
|                  |М.С.Осимӣ                                        |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Мӯҳлати           |                                                 |
|амалисозии Барнома|Солҳои 2008-2015.                                |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Мақсад ва         |                                                 |
|вазифахои Барнома |Мақсади Барнома - мустаҳкам намудани пояи моддиву|
|                  |техникӣ, истифодаи усулҳои наву замонавии таълим,|
|                  |таҳияи барномаҳои ҷавобгӯи талаботи стандарти    |
|                  |ҷаҳонӣ дар Донишгоҳ боло бардоштани маърифати    |
|                  |илмӣ-техникии ҷомеа. Барои расидан ба мақсадҳои  |
|                  |Барнома, ҳал кардани маҷмӯи масъалаҳое дар назар |
|                  |аст, ки ба такмил додан ва баланд бардоштани     |
|                  |самаранокӣ ва сифати тайёр намудани мутахассисони|
|                  |соҳаҳои энергетика ва саноат, сохтмон, нақлиёт ва|
|                  |коммуникатсия нигаронида шудаанд.                |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Самтҳои асосии    |                                                 |
|амалисозии Барнома|Такмили сохтори Донишгоҳ, ташкили донишкадаҳо    |
|                  |доир ба самтҳои асосии тайёркунии мутахассисон,  |
|                  |беҳтар намудани фаъолияти курсҳои тайёрӣ ва      |
|                  |барқарор намудани фаъолияти литсейи назди        |
|                  |Донишгоҳ, баланд бардоштани сатҳ ва самараи      |
|                  |корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба роҳ мондани фаъолияти  |
|                  |самараноки аспирантура ва докторантураи Донишгоҳ,|
|                  |истифодаи робитаҳо бо марказҳои илмию таълимии   |
|                  |хориҷӣ, васеъ истифода намудани васоити          |
|                  Жҳозиразамони техникӣ, беҳтар намудани шароити    |
|                  |моддию маишии устодону донишҷӯён, таҷҳизонидани  |
|                  |озмоишгоҳҳои таълимӣ бо асбобҳои ҳозиразамони    |
|                  |таълимӣ.                                         |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Натиҷаи ниҳоии    |                                                 |
|амалисозии Барнома|Дар ҷумҳурӣ системаи ягонаи таҳсилоти олии касбии|
|                  |техникӣ (кредитӣ) таъсис меёбад, ки ба бунёд     |
|                  |намудани заминаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва молиявии|
|                  |тайёр намудани кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои    |
|                  |гуногуни техника ва технологияи муосир, инчунин  |
|                  |ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати таьлим, тайёр|
|                  |намудани кадрҳои муҳандисӣ ва илмӣ-техникӣ       |
|                  |мусоидат мекунад.                                |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Таъмини молиявии  |                                                 |
|Барнома           |Маблағгузории Барнома аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва|
|                  |маблағҳои ғайрибуҷетии Донишгоҳ, дастгирии       |
|                  |сарпарастон, гранту лоиҳаҳои байналмилалӣ ва     |
|                  |дигар манбаъҳо амалӣ карда мешавад. Маблағи      |
|                  |умумии амалигардонии Барнома барои солҳои        |
|                  |2008-2015 - 58 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби   |
|                  |Буҷети давлатӣ - 32 млн, сомонӣ ва маблағҳои     |
|                  |махсус - 26 млн. сомониро ташкил менамояд.       |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+
|                  |                                                 |
|Назорати иҷрои    |                                                 |
|Барнома           |Назорати иҷрои чорабиниҳои Барнома ба зиммаи     |
|                  |шӯъбаҳои илм ва маориф ва молияи Дастгоҳи        |
|                  |иҷроияи Президенти ҶТ вогузор карда мешаванд.    |
|                  |                                                 |
+------------------+-------------------------------------------------+

Муқаддима

Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015 (минбаъд Барнома) дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бахшида ба 50-солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (17 апрели соли 2007) ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 ноябри соли 2006 № 484 таҳия гардидааст.

Таҳияи Барнома аз зарурати навсозиҳои куллӣ вобаста буда, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилоти касбӣ, ҳалли вазифаҳои стратегии дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вогузошгаро дар бар мегирад.

Ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50-солагии Донишгоҳ Президенти - Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бурду бохти ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти 50-солаи Донишгоҳро баррасӣ намуда, мақоми Донишгоҳро дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи техникаю технология, рушди фарҳанги техникии ҷумҳурӣ воқеъбинона нишон дода, аз ҷумла таъкид намуданд: "Барои он ки мавқеъ, саҳм ва рисолати Донишгоҳ дар густариши илму техника, технология ва тарбияи кадрҳо боз ҳам баланд гардад, бояд Барномаи рушди он қабул ва мавриди татбиқ қарор дода шавад".

Зарурати таҳияи Барнома аз он бармеояд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ яке аз марказҳои асосии тайёркунии кадрҳои муҳандисӣ ва рушди фарҳанги техникӣ дар ҷумҳурӣ буда, дар тӯли 50 соли фаъолияташ зиёда аз 45000 мутахассиси соҳибмаълумотро тарбия намудааст, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолона меҳнат карда истодаанд. Аз байни хатмкардагони Донишгоҳ олимони номдори ҷаҳонӣ, академикҳо, докторҳои илм, профессорон, ходимони сиёсию давлатӣ ва кормандони номии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расидаанд. Корҳои илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои таълимии устодони Донишгоҳ на танҳо дар муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳуриамон, балки берун аз он ҳам васеъ истифода бурда мешаванд.

Ҳоло дар ҳашт факултет ва филиали Хуҷандии Донишгоҳ зиёда аз 13 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар сохтори Донишгоҳ инчунин ду коллеҷ мавҷуданд, ки дар онҳо қариб 3000 донишҷӯ таҳсил менамоянд. Дар 50 кафедраи умумитаълимию тахассусии Донишгоҳ аз рӯйи 63 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд.

Ба мушкилиҳои давраи гузариш нигоҳ накарда, Донишгоҳ тавонист:

- ҳайати омӯзгоронро нигоҳ дошта, мутобиқи имкониятҳои иқтисодиёти барқароршавандаи кишвар заминаи моддию техникии таълимро то андозае мустаҳкам намояд;

- дар ҷараёни таълим технологияи нави замонавиро ҷорӣ намояд;

- тайёр намудани мутахассисонро оид ба ихтисосҳои нав ва барои ҷумҳурӣ зарур - телекоммуникатсия, технологияи кимиёвӣ, металлургия, менеҷмент, сохтмони зеризаминӣ, сохтмон ва хоҷагии шаҳрӣ, полиграфия ва ғайраҳоро, ки пештар дар хориҷи кишвар сурат мегирифт, ба роҳ монад;

- робитаҳояшро бо мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии хориҷи дуру наздик васеъ намуда, қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷиро дар Донишгоҳ барқарор созад.

- Ҳадафи асосии таҳия ва тасдиқи Барнома пеш аз ҳама, ба донишгоҳи худмухтори базавии соҳаҳои техникаю сохтмон, саноат, энергетика, нақлиёт ва алоқа дар ҷумҳурӣ табдил додани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ нигаронида шудааст.

Амалӣ намудани чорабиниҳои Барнома ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва кадрии Донишгоҳ, беҳтар намудани таҷҳизоти озмоишгоҳҳо ва ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим, дар ҳамин замина ба сатҳи баланд бардоштани мақоми Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ, рушди илму фарҳанги техникӣ ва зиёд намудани саҳми Донишгоҳ дар инкишофи иқтисодиёти созандаи мамлакат мусоидат менамояд.

1. Масъалаҳои ҳалталаби Донишгоҳ

Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) яке аз мактабҳои асосию ягонаи техникӣ дар ҷумҳурӣ буд, ки барои соҳаҳои гуногуни хоҷаги халқи мамлакат кадрҳои муҳандисӣ тайёр менамуд ва сифати баланди мутахассисони тайёрнамудаи он, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ берун аз он эътироф шуда буд. Донишгоҳ кӯшиш намуда истодааст, ки ин мақоми худро ҳоло ҳам нигоҳ дорад. Аммо якчанд масъалаҳои ҳалталабе ба миён омадааст, ки баррасӣ ва ҳаллу фасл накардани онҳо боиси аз даст додани мақоми пешбари Донишгоҳ, инчунин боиси заиф шудану аз байн рафтани он шуда метавонанд.

1.1. Проблемаҳои сохтор ва идораи Донишгоҳ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ давлатӣ буда, муассисаш Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ мутахассисонро барои вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, Агентии давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ ва ғайра тайёр менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Таҷрибаи мамлакатҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷомеа, ки дар он муносибатҳои бозоргонӣ бартарӣ дорад, амалӣ намудани сиёсати ягонаи таҳсилоти олии касбӣ ва муттаҳид намудану самаранок истифода намудани нерӯҳои мавҷуда ва дар ҳамин васила баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ нисбати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ (муассисаҳои таълимии муштарак, шахсӣ, давлатҳои дигарҳо) зарур аст.

1.2. Проблемаи кадрҳо ва ташкили раванди таълим

Ҳоло дар Донишгоҳ аз рӯи нақшаи таълим 686 воҳиди кории устодони кафедраҳои таълимӣ, пешбинӣ шудааст, аммо фақат 374 нафарашон кормандони доимии Донишгоҳ буда, дигарон ҳамкорони дохилию берунӣ мебошанд. Дар кафедраҳо устодон намерасанд, бинобар ин омӯзгорон аз якуним то ду сарборӣ иҷро менамоянд, ки ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳарчанд дар Донишгоҳ 138 нафар устодони унвондор - 19 нафар докторону 119 нафар номзадҳои илм кор кунанд ҳам, қисми зиёдашон (тақрибан 30 фоиз) дар синну соли нафақавӣ мебошанд. Устодони унвондор дар аксари кафедраҳо ниҳоят каманд, дар баъзе кафедраҳо танҳо як нафар устоди унвондор ҳаст, ки он ҳам мудири кафедра мебошад.

Донишгоҳ кӯшиш дорад, ки аз ҳисоби хатмкунандагони болаёқат сафи омӯзгоронро зиёд намояд, то қадри имкон барои онҳо шароит муҳайё созад, бо хобгоҳ таъмин кунад. Бо вуҷуди ин, аксари онҳо бо баҳонаи кам будани маош аз кор мераванд.

Дар ин самт Донишгоҳро зарур аст, ки роҳҳои гуногуни беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандонро ҷустуҷӯ намуда, тарзҳои самарабахши ташкили раванди таълим ва шаклҳои фардии ҳавасмандгардонии кормандонро ба роҳ монад.

Хоҳишмандони таҳсил дар аспирантура низ чандон зиёд нестанд, шӯроҳҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ аз рӯйи ихтисосҳои илмӣ-техникӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд нест ва масъалаи бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тайёр намудани мутахассисони унвондор, дар баъзе соҳаҳои илмҳои техникии муосир, зарурат дорад. Умуман, масъалаи тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ ва таъмини кафедраҳо бо устодони донишманд яке аз мушкилоти асосии ташкили раванди илму таълим дар Донишгоҳ буда, диққати ҳамарӯзаро талаб мекунад.

1.3. Вазъи биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва иншооти дигари Донишгоҳ

Раванди таълим дар 8 бинои таълимӣ, ки дар шаҳр парокандаанд, сурат мегирад. Ҳарчанд масоҳати таълимӣ барои ҳар донишҷӯ қариб 8 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ҷойгиршавии биноҳои таълимию вазъи онҳо ба ташкили хуби раванди таълим мусоидат намекунанд. Донишгоҳ тамоми имкониятҳояшро барои таъмиру ташкили хуби таълим мувофиқ намудани биноҳо равона намуда истодааст, аммо ҳатто бинои асосие, ки аз нуқтаи назари меъморию ҷойгиршавӣ ифодакунандаи симои донишгоҳ бошад, вуҷуд надорад.

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ то кадри имкон кӯшиш дорад, ки хобгоҳҳояшро нигоҳ дорад. Як бинои хобгоҳи Донишгоҳ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст. Дар 4 хобгоҳи дигар, ки бо қувваи худи Донишгоҳ таъмир шуданд, зиёда аз 500 нафар донишҷӯёну 100 нафар кормандони Донишгоҳ зиндагӣ мекунанд. Аксарияти хобгоҳҳои Донишгоҳ дар шаҳраки ҷавонони маҳаллаи 46 воқеъ мебошанд. Дар раванди амалӣ намудани Барнома бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷрояи маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар базаи ин хобгоҳҳо як шаҳраки намунавии истиқоматии донишҷӯёнро сохтан мумкин аст. Ин шаҳракро бо марказҳои фарҳангию маишӣ ҷиҳозонидаю бо манбаъҳои алтернативии энергия таъмин карда, барои зиёда аз 1500 -2000 донишҷӯ ҷои истироҳатгоҳи замонавӣ бунёд кардан мумкин аст.

Биноҳои таълимию хобгоҳҳои филиал ва коллеҷҳои Донишгоҳ низ ба таъмиру тармими ҷиддии пурра эхтиёҷ доранд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидану обод намудани ин маркази варзишию истироҳатӣ на танҳо барои донишқӯёну устодони Донишгоҳ, балки барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни мактабҳои олии дигар низ хизмат карда метавонад.

1.4. Ҳолати пояи моддию техникӣ ва таҷҳизоти озмоишгоҳии Донишгоҳ

Истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти озмоишӣ хусусияти хоси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад. Ҳарчанд таҷҳизотҳо фарсуда шуда бошанд ҳам, чӣ кафедраҳои умумитаълимӣ ва чӣ кафедраҳои тахассусӣ бо таҷҳизотҳои озмоишӣ таъминанд. Донишгоҳ дорои зиёда аз 300 компютерҳо буда, аз шабакаи Интернет васеъ истифода мекунад, лекин дар Донишгоҳ мақсад фақат аз компютер доштану омӯхтан иборат набуда, балки барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ истифода намудани онҳо, донистани сохти техникӣ ва вазифаҳои функсионалии асбобу дастгоҳҳои гуногун низ мебошад. Албатта, бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин намудани озмоишгоҳҳои ҳамаи кафедраҳо айни ҳол ғайриимкон аст. Барои ташкил намудани базаи техникии ҳозиразамон Донишгоҳ аз кӯмаки вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатию байналмилалӣ ва дигар манбаъҳои имконпазир истифода менамояд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани ёрии яккаратаи мақсаднок дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.

1.5. Ҳолати табъу нашр ва таъминот бо китобҳои дарсӣ

Китобхонаи Донишгоҳ зиёда аз ним миллион теъдоди китобҳоро дар бар мегирад. Аммо нарасидани китобҳои дарсӣ, махсусан, барои баъзе ихтисосҳои навтаъсис, масъалаи мубрами рӯз шудааст. Донишгоҳ кӯшиш дорад, ки воситаҳои гуногуни таълимро чӣ дар шакли чопӣ ва чӣ дар шакли электронӣ дастрас намуда, ба донишҷӯён пешкаш намояд, истифодаи Интернет дастрас бошад, устодон китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ таҳия намоянд. Бо вуҷуди ин, масъалаи таъмини китобҳои дарсӣ, махсусан, бо забони давлатӣ ҳалли худро наёфтааст.

Шӯъбаи табъу нашри Донишгоҳ чӣ аз нуқтаи назари имкониятҳои техникӣ ва чӣ аз рӯйи номгӯй ва сифати хизматҳояш ҷавобгӯи талаботи рӯз нест. Агар танҳо бо китобҳои навиштаи устодон ва бо нашри китобҳои дохили ҷумҳуриявӣ таъмин намудани донишҷӯён маҳдуд шавем, оқибат ба паст шудани сатҳ ва сифати таълим сабаб мешавад.

Дастрас намудану истифода кардани китобҳои дар марказҳои пешрафтаи илмию таълимии хориҷа, махсусан, дар Россия чопшуда ва бастани шартномаҳои байнидавлатӣ маблағи калонро талаб менамояд. Таъсиси китобхонаи электронии ҳозиразамон, ки барои сохтанаш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо намудааст, иқдоми калонест дар роҳи ҳалли масъала.

2. Мақсади асосии Барнома

- мустаҳкам намудани пояи моддиву техникӣ истифодаи усулҳои наву замонавии таълим, таҳияи баономаҳои ҷавобгӯи талаботи стандарти ҷаҳонӣ дар Донишгоҳ;

- барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи энергетика, саноат, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия замина гузоштан;

- боло бардоштани маърифати илмӣ-техникии ҷомеа;

- тарғиб намудани зарурати донистану истифода намудани технологияи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мебошад.

3. Вазифаҳои Барнома

- ташкил намудани системаи ягонаю мақсадноки давлатии таҳсилоти олии касбии техникӣ дар ҷумҳурӣ ва идоракунии мактабҳои таҳсилоти олии техникӣ;

- фароҳам овардани шароити мувофиқи раванди таълим дар Донишгоҳ, таъмири биноҳои таълимию хобгоҳҳои Донишгоҳ, ба итмом расонидани сохтмони факултети сохтмону меъморӣ ва биноҳои таълимӣ дар маркази Донишгоҳ ва шаҳраки политехникум;

- таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои таълимӣ, омӯзонидани технологияи ҳозиразамон ба донишҷӯён;

- такмили сохтори Донишгоҳ - ташкили донишкадаҳо доир ба самтҳои асосии тайёркунии мутахассисон, ба роҳ мондани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, магистратура ва бозомӯзии баъд аз муассисаи таҳсилоти олии таълимӣ, беҳтар намудани курсҳои тайёрӣ ва барқарор намудани фаъолияти литсейи назди Донишгоҳ;

- баланд бардоштани сатҳ ва самаранокии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳо, ба роҳ мондани иҷрои корҳои илмӣ-амалӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ дар асоси шартномаҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ;

- беҳтар намудани фаъолияти Донишгоҳ дар самти тайёркунии мутахассисони унвонҳои илмӣ дошта, ҷустуҷӯи роҳҳои бештар ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки аспирантура ва докторантураи Донишгоҳ, истифодаи робитаҳо бо марказҳои илмию таълимии хориҷӣ ба мақсади тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои нави илму техника;

- баланд бардоштани фаъолияти табъу нашр, таҳияи китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ ва дигар воситаҳои тарғиби илму дониш барои ҷавонон; - дарёфт ва истифода намудани роҳҳои ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ (лоиҳаю грантҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, бонкҳо ва давлатҳо иҷрои шартномаҳои дутарафаву бисёртарафа ва ғайра) барои ҳалли масъалаҳои илмӣ-таълимӣ ва иҷтимоию иқтисодии Донишгоҳ;

- беҳтар намудани шароити моддию маишии устодону донишҷӯён, ҳамаҷониба омӯхтану истифода намудани имкониятҳои баланд намудани музди меҳнати устодон ва беҳтар намудани шароити манзилии онҳо, таъмир ва ба истифода додани комплекси хобгоҳҳо барои донишҷӯён, бунёди бугоҳҳои варзишӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ, баргардонидану обод намудан ва ба манфиати устодону донишҷӯён истифода намудани маркази варзишию истироҳатии Донишгоҳ;

- дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусӣ ва ё ҷудо намудани як корхонаи муштарак барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён.

4. Буҷети Барнома

Маблағгузории буҷети Барнома дар доираи маблағҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва маблағҳои ғайрибуҷетии Донишгоҳ, дастгирии сарпарастон, гранту лоиҳаҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳо амалӣ карда мешавад.

Маблағи умумии амалигардонии Барнома барои солҳои 2008-2015 58 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ - 32 млн. сомонӣ ва маблағҳои махсус - 26 млн. сомониро ташкил менамояд.

5. Мӯҳлати амалӣ сохтани Барнома

Мӯҳлати амалӣ сохтани Барнома ду давраи 4 соларо дар бар мегирад. Дар давраи аввал чорабиниҳо бахшида ба такмили сохтор, мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳои таълимӣ, ба итмом расонидани сохтмони бинои факултети сохтмон ва меъморӣ баланд бардоштани мақоми кафедраҳо ба маркази корҳои илмӣ ва амалӣ табдил додани онҳо, таҳия ва татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, баргардонидану обод намудани маркази варзишию истироҳатӣ дар дараи Варзоб амалӣ карда мешаванд.

Давраи дуюм сохтани комплексҳои таҷҳизонидашудаи таълимӣ, маҷмӯаи манзилии донишҷӯён, марказҳои илмӣ-истеҳсолӣ, барпо намудани системаи мукаммали илмӣ-таълимӣ, гузаштан ба шаклҳои наву самараноки таълим, муҳайё намудани шароити мусоид барои тарбияи мутахассисони соҳибкасби дорои тасаввуроти васеи илмӣ, васеъ намудани робитаи кафедра бо корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, боло бардоштани музди меҳнати кормандон ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии онҳоро дар бар мегирад.

6. Натиҷаҳои иҷрои Барнома

- ташкили системаи ягонаи таҳсилоти олии касбии техникӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мактабҳои олии техникӣ, танзими тайёркунии мутахассисон ва аз байн бурдани такроршавии нолозими ихтишсҳо;

- бунёд намудани заминаи моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва молиявии тайёркунии кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаҳои гуногуни техника ва технологияи муосир дар ҷумҳурӣ;

- баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, тайёр намудани кадрҳои муҳандисӣ, илмӣ-техникӣ, ки ҷаҳонбинии васеи илмӣ ва малакаҳои хуби ташкилӣ-истеҳсолӣ дошта бошанд;

- мустаҳакам намудани алоқаи Донишгоҳ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалб намудани устодону донишҷӯён ба корҳои илмӣ-техникӣ ва лоиҳакашию конструкторӣ, таъмин намудани ҳалли мушкилотҳои техникии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба воситаи мутахассисони миллӣ;

- таҳким бахшидани алоқаи Донишгоҳ бо марказҳои пешрафтаи илмию таълимии ҷаҳони муосир, истифода намудани таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ, дар раванди тайёркунии кадрҳо дар Донишгоҳ.

7. Нақшаи чорабиниҳо доир ба амали намудани Барнома

7.1. Такмили сохтор ва идораи Донишгоҳ

*** Чадвал оварда намешавад

Одобрена

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 1.08.2008г. №376

Программа развития Таджикского технического университета имени академика     М.С. Осими на 2008-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

ВВЕДЕНИЕ

Программа развития Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими на 2008 - 2015 годы (в дальнейшем Программа) составлена на основе Плана мероприятий по выполнению указаний и поручений Президента Республики Таджикистан на встрече, посвященной 50-летию Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими (17 апреля 2007 года) и постановления Правительства Республики Таджикистан "О концепции развития профессионального образования в Республике Таджикистан" от 1 ноября 2006 года № 484.

Подготовка Программы зависит от коренной перестройки и включает задачу повышения качества профессионального образования, решения стратегических задач, поставленных перед Таджикским техническим университетом имени академика М.С. Осими.

В своем выступлении на торжественном собрании, посвященном 50-летию Университета, Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон анализировал достижения и недостатки Университета за 50 лет его существования, определил статус Университета в подготовке технических и технологических специалистов, и объективно отметил вклад Университета в развитии технической мысли в республике, и, в частности, отметил: "Для того чтобы повысить статус, вклад и миссию Университета в развитии техники и технологии и воспитанию кадров, необходимо разработать и принять Программу развития и реализовать ее на практике".

Необходимость разработки Программы вытекает из того, что Таджикский технический университет имени академика М.С. Осими являясь одним из основных центров подготовки инженерных кадров и развития технической культуры общества, в течение 50 лет своего существования он подготовил более 45000 высококвалифицированных специалистов, которые активно работают в различных областях народного хозяйства республики и за ее пределами. Из числа выпускников Университета выросли ученые с мировыми именами, академики, доктора наук, профессора, политические, общественные и государственные деятели, а также известные работники различных отраслей народного хозяйства. Научные работы, учебники и учебные пособия преподавателей Университета используются не только в научно-учебных учреждениях республики, но и за ее пределами.

В настоящее время на восьми факультетах и Худжандском филиале Университета обучаются более 13 тысячи студентов. В структуру Университета также входят два колледжа, в которых обучаются около 3000 студентов. На более 50 общеобразовательных и профилирующих кафедрах Университета по 63 специальностям осуществляется подготовка специалистов.

Несмотря на трудности переходного периода Университету удалось:

- сохранить преподавательский состав, в соответствии с возрождением экономики страны до некоторой степени укрепить материально- техническую базу обучения;

- внедрить в учебный процесс новые современные технологии;

- реализовать подготовку специалистов по новым и необходимым для республики специальностям - телекоммуникация, химическая технология, металлургия, менеджмент, подземное строительство, городское строительство и хозяйство, полиграфия и другие, по которым подготовка ранее осуществлялась за пределами страны;

- расширить связи с ведущими высшими учебными заведениями и научными центрами ближнего и дальнего зарубежья, восстановить и усовершенствовать прием и обучение иностранных граждан в Университете.

Главной целью подготовки и утверждения Программы, прежде всего, является преобразование Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими в автономный базовый университет республики по подготовке специалистов областей техники и строительства, промышленности, энергетики, транспорта и коммуникации.

Реализация мероприятий Программы приведет к укреплению материально-технической и кадровой базы Университета, улучшению лабораторных оборудований, приближению учебного процесса к соответствующим международным требованиям, которая благоприятствует повышению уровня подготовки инженерных специалистов, развитию науки и технической культуры, увеличению вклада Университета в развитие экономики страны.

1. Проблемы Университета, требующие решения

Таджикский политехнический институт (ныне Таджикский технический университет имени академика М.С. Осими) был одним из единственных и основных высших технических учебных заведений, который готовил инженерные кадры для народного хозяйства республики, и высокое качество которых нашло признание как внутри страны, так и за рубежом. В настоящее время университет принимает меры по сохранению этого статуса. Однако в последнее время появились несколько проблем, требующих решения, а несвоевременное рассмотрение и решение могут стать ведущей причиной ослабления его статуса, и, в конечном счете, ликвидации Университета.

1.1. Проблемы структуры и управления Университета

Таджикский технический университет имени академика М.С. Осими является государственным, и, хотя его учредителем является Министерство образования и науки Республики Таджикистан, Университет готовит специалистов для министерств энергетики и промышленности, транспорта и коммуникации, Государственного агентства по строительству и архитектуре и др. (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Опыт соседних государств показывает, что на данном этапе развития общества, где преобладают рыночные отношения, необходима реализация единой политики высшего профессионального образования, объединение и эффективное использование имеющихся кадровых потенциалов, и на этой основе укрепление конкурентоспособности государственных учреждений высшего профессионального образования по отношению к негосударственным (совместные образовательные учреждения, частное, других государств и др.).

1.2. Проблемы кадров и организация учебного процесса

В настоящее время, в соответствии с учебным планом предусмотрено 686 штатных единиц преподавателей кафедр, но из них только 374 человек являются постоянными преподавателями университета, а другие являются внутренними или внешними совместителями.

На кафедрах не хватает преподавателей, и им приходится работать до полутора ставки, что оказывает отрицательное влияние на качество обучения.

Хотя в Университете работают 138 преподавателей с учеными степенями и званиями (19 докторов и 119 кандидатов наук), часть из них (около 30 процентов) являются преподавателями пенсионного возраста. На кафедрах очень малое число преподавателей - с учеными степенями, а на некоторых кафедрах - один преподаватель с ученой степенью, который занимает должность заведующего кафедрой.

Университет принимает меры по увеличению количества преподавателей за счет талантливых выпускников, создает для них все возможные условия, обеспечивает их общежитием. Несмотря на это, большинство из них из-за низкой заработной платы уходят с работы.

В этом направлении Университету необходимо изыскать различные пути улучшения благосостояния работников и организации учебного процесса с методом индивидуального премирования работников.

Мало желающих обучаться в аспирантуре. В республике отсутствуют диссертационные советы по защите кандидатских и докторских диссертаций по научно-техническим специальностям. Поэтому необходима поддержка Правительства Республики в деле подготовки специалистов с учеными степенями по наукам современной техники за рубежом. В общем задача подготовки специалистов имеющие ученные степень на кафедрах является серьезной трудностью научно-учебного процесса и требует каждодневного внимания и заботы.

1.3. Состояние учебных корпусов, общежитий и других сооружений Университета

Учебный процесс реализуется в 8 учебных корпусах, разбросанных по городу. Хотя на каждого студента приходится 8 квадратных метров учебной площади, расположение учебных корпусов и их состояние не благоприятствуют хорошей организации учебного процесса. Университет использует все возможности для ремонта и приведения их в должное состояние для хорошей организации учебного процесса, но даже главный корпус Университета с точки зрения расположения и архитектуры не отвечает требованиям, соответствующим облику университета.

Таджикский технический университет имени академика М.С.Осими по мере возможности направляет усилия на сохранение своих студенческих общежитий. Одно здание общежития Университета постановлением Правительства Республики Таджикистан передано Комитету государственной национальной безопасности Республики Таджикистан. В четырех остальных общежитиях, отремонтированных собственными силами Университета, проживают более 500 студентов и около 100 преподавателей. Большинство общежитий Университета находится в Молодежном городке 46-го микрорайона. В процессе реализации Программы развития при поддержке Правительства Республики Таджикистан и местного исполнительного органа государственной власти города Душанбе на базе этих общежитий можно создать образцовый студенческий городок. Оснащая культурно-бытовыми и альтернативными источниками энергии, этот городок можно преобразовать в современный городок для проживания и отдыха 1500 -2000 студентов.

Обеспечив оборудованными культурно-бытовыми центрами, альтернативными источниками энергии, этот городок можно преобразовать в современный городок для проживания и отдыха 1500 - 2000 студентов.

Здания общежитий филиала и колледжей Университета также нуждаются в капитальном ремонте.

Возвращение незаконно занятой территории спортивнооздоровительного центра, для чего необходимо решение Правительства Республики Таджикистан, и его благоустройство послужит не только местом для отдыха студентов и преподавателей университета, но и для проведения различных мероприятий с другими вузами.

1.4. Состояние материально-технической и экспериментальной базы Университета

Широкое использование технических средств и экспериментального оборудования является особенностью Таджикского технического университета имени академика М.С. Осими. Несмотря на то, что часть экспериментального оборудования является устаревшей, как общеобразовательные, так и профилирующие кафедры обеспечены ими. Университет имеет свыше 300 компьютеров, широко используется сеть Интернета. Но задача заключается только в наличии и изучении компьютеров, а в их широком использовании в учебном процессе, для научно-исследовательских и проектных работ, чтобы с их помощью можно было изучать также технические устройства, функциональные назначения различных приборов и станков. Конечно, невозможно сразу оснастить лаборатории всех кафедр современными оборудованиями. Для оснащения лабораторий современными оборудованиями Университет использует помощь министерств и организаций, государственных и международных учреждений, а также других источников. Поэтому было бы полезным выделение разовых средств со стороны Правительства Республики Таджикистан для создания начальной технической базы современных лабораторий.

1.5. Состояние издательской деятельности и обеспечения учебниками

Библиотека Университета имеет более полумиллиона книг. Однако нехватка учебников, особенно для вновь открытых специальностей, стала повседневной проблемой. Университет направляет усилия на приобретение рутинных средств обучения, как в печатной форме, так и в виде электронной версии и доводит их до сведения студентов. Кроме этого Университет создает условия для использования Интернета, а также для составления учебников и учебных пособий преподавателями. Несмотря на это, вопрос обеспечения учебниками, особенно на государственном языке, не решен.

Издательский отдел Университета, как с точки зрения технических возможностей, так и по номенклатуре и качеству обслуживания не отвечает требованиям дня. Если ограничиться только учебниками и учебными пособиями, созданными преподавателями Университета или книгами, изданными внутри республики, то это станет причиной снижения уровня и качества обучения.

Приобретение и использование книг, изданных в ведущих учебно-научных центрах иностранных государств, особенно в России, требую заключения .межгосударственных соглашений и значительных средств. Создание современной электронной библиотеки, для организации которой Правительство Республики Таджикистан выделило 500 000 сомони, является весомым вкладом в решении этой проблемы.

2. Основная цель Программы

- укрепление материально-технической базы, использование современных методов обучения, подготовка учебных программ в соответствии с требованиям мировых стандартов в университете;

- создание основ для подготовки высококвалифицированных специалистов в области энергетики, промышленности, строительства, транспорта, коммуникации;

- повышение научно-технической культуры общества;

- пропаганда необходимости изучения и применения современной технологии, необходимой для различных отраслей народного хозяйства республики.

3. Задачи Программы

- организация единой государственной системы высшего профессионального технического образования в республике, совершенствование структуры и управления высших профессиональных технических учебных заведений;

- создание соответствующих условий учебного процесса в Университете, ремонт учебных корпусов и общежитий Университета, завершение строительства здания факультета строительства, и архитектуры.- начало строительства возле главного корпуса Университета и в городке политехникума:

- оснащение учебных лабораторий, обучение студентов современные технологиям;

- совершенствование структуры университета - организация отраслевых институтов для подготовки специалистов по основным направлением, организация института второго образования, организация магистратуры и переподготовки после дипломного образования, улучшен не работы подготовительных курсов и восстановление лицея при университете;

- повышение уровня и эффективности научно-исследовательских работ на кафедрах, организация выполнения научно-практических и проектно-конструкторских работ на основе договоров с промышленными предприятиями, преобразование кафедр из финансируемой структуры в структуру, приносящую финансовые средства;

- улучшение деятельности университета в направлении подготовки специалистов с учеными степенями, изыскание путей привлечения талантливой молодежи к научной и педагогической деятельности, повышение эффективности деятельности аспирантуры и докторантуры университета, использование связей с зарубежными научно-учебными центрами с целью подготовки высококвалифицированных специалистов по новым отраслям науки и техник.

- совершенствование издательской деятельности, создание учебников и учебных пособий и других средств пропаганды науки и знаний для молодежи;

- изыскание и реализация путей привлечения внебюджетных средств (проекты и гранты международных организаций, банков, государств, выполнение двусторонних и многосторонних договоров и др.) для решения научно-учебных и социально-экономических проблем университета;

- улучшение материально-бытовых условий преподавателей и студентов, всестороннее изучение возможностей повышения заработной платы преподавателям и улучшение их жилищных условий, ремонт и сдача в эксплуатацию комплекса общежитий для студентов, создание лагерей спорта, оздоровления и отдыха, возвращение незаконно занятой части территории Спортивно-оздоровительного центра университета, его благоустройство и эксплуатация для преподавателей и студентов;

- на уровне Правительства Республики Таджикистан решение вопроса прохождения производственной практики студентов в государственных и частных промышленных предприятиях или выделение совместного предприятия для производственной практики студентов.

4. Бюджет Программы

Финансирование Программы осуществляется в рамках средств "Государственная программа профессионального образования Республики Таджикистан на 2008-2015 годы" за счет Государственного бюджета и внебюджетных средств Университета, поддержки спонсоров, грантов, международных проектов и других источников.

Общая стоимость реализации Программы на 2008-2015 годы составляет 58 млн. сомони, в том числе за счет Государственного бюджета 32 млн. сомони и спецсредств - 26 млн, сомони.

5. Срок реализации Программы

Срок реализации Программы состоит из двух этапов по 4 года.

На первом этапе реализуются мероприятия, связанные с совершенствованием структуры материально-технической базы учебных лабораторий, завершением строительства здания факультета Строительства и архитектуры, повышением роли и места кафедр и их преобразованием в центры научных и практических работ, созданием и реализацией новых учебных планов, ремонтом и благоустройством спортивно-оздоровительного центра в Варзобском ущелье.

Второй этап включает в себя строительство оснащенных учебных комплексов, жилого комплекса для студентов и научно-исследовательских центров, создания завершенной научно-учебной системы, перехода на новые эффективные формы обучения, создания благоприятных условий для воспитания высококвалифицированных специалистов с глубоким научным мировоззрением, расширения связей кафедр с промышленными предприятиями республики, повышения заработной платы сотрудников и улучшение их бытовых условий.

6. Результаты реализации Программы

- организация единой системы высшего профессионального технического образования в республике, согласование деятельности всех высших технических учебных заведений; упорядочение подготовки специалистов и ликвидация дублирования специальностей;

- создание материально-технической, кадровой и финансовой основы подготовки высококвалифицированных кадров различных отраслей современой техники и технологии в республике;

- повышение уровня и качества обучения, подготовки инженерных и научнотехнических кадров, имеющих широкое научное мировоззрение и организационнопроизводственные навыки;

- укрепление связей Университета с производственными предприятиями, привлечение преподавателей и студентов к научно-исследовательским и проектноконструкторским работам, решение технических проблем экономики республики сипами национальных специалистов;

- развитие связей Университета с ведущими научно-учебными центрами современного мира, использование передовой мировой практики в процессе подготовки специалистов в Университете.