Оинномаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор аз 1 августи соли 2008, № 371

Санаи амалкуни: 03.08.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2014 № 132 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 371

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 338)

1. Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор (минбаъд Муассиса), мақомоти ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор амалӣ менамояд.

2. Муассиса дар номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба амал мебарорад.

2. Ваколатҳо

4. Ба Муассиса ваколатҳои зерин вогузор мегарданд:

- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба самтҳои асосӣ - муҳофизат ва ҳифзи ҷангал, барқароркунии ҷангал, ҷангалҳои муҳофизатӣ, тухмипарварӣ ва хоҷагии шикор;

- баланд бардоштани самаранокии соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор бо роҳи истифода аз тарзу усулҳои пешқадам ва дастовардҳои илм;

- таъсис ва роҳбарии фаъолияти нозирони ҷамъиятии (ғайриштатии) ҷангал ва шикор;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ вобаста намудани захираҳои ҷангал ва шикоргоҳҳо тавассути бастани шартномаҳо;

- ташкил ва инкишофи шикор барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд;

- истифодаи самаранок, муҳофизат, ҳифзи захираҳои ҷангал, барқароркунӣ, такрористеҳсолкунии ҷангалҳо, назорат ва танзими истифодаи объектҳои олами ҳайвонот ва наботот;

- инкишофи хоҷагии шикор ва истифодаи захираҳои шикорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида;

- инкишофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (парваришгоҳҳои табиӣ, ғайр аз мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ) ва нигоҳ доштани гуногунии биологӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;

- таҳияи санадҳои меъёрӣ барои хоҷагии ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- ташкили ҷамъоварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти худрӯй ва хӯрданибоби ҷангал, ашёи хоми доруворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал тибқи тартиби муқарраргардида;

- ташкили хоҷагиҳои ёрирасон дар назди хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- ҳаллу фасли масъалаҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии кормандони хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ, беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тобеъ;

- баҳисобгирии заминҳои фонди давлатии ҷангал, баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо ва таҳияи заминаи маълумотии хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

- назорати фаъолияти истифодабарандагони заминҳои фонди давлатии ҷангал.

3. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо

5. Муассиса ҳуқуқ дорад:

- дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи истифодабарии заминҳои фонди давлатии ҷангалро амалӣ намояд;

- иҷозатномаҳо барои фаъолият оид ба истифодаи захираҳои ҷангал ва шикор, барои буридани ҷангал ва роҳхатҳои шикори варзишӣ дар ҳудуди меъёрҳои муайяншудаи дахлдор ҳамчунин ҳуқуқи истифодаи маҳсулоти ҷангалро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал диҳад ва бекор намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои истфодаи ҷангал (дарави алаф, чаронидани чорво, ҷамъоварӣ ва тайёр кардани маҳсулоти растаниҳои худрӯи ҷангал) маблағ ситонад;

- ба мақомоти дахлдор таклифҳо нисбати таҳияи асноди меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи хоҷагиҳои ҷангал ва шикорро пешниҳод намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони муассисаҳои илмиро барои гузаронидани тадқиқот дар соҳаи ҷангалпарварӣ ва хоҷагиҳои шикор ҷалб намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида маводро оид ба қонунвайронкунии ҷангал, ситонидани ҷарима ва пешниҳоди даъво ба шахсони мансабдори корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият, аз ҷумла ба шаҳрвандон дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида аз эътибор соқиткунии воситаҳои асосии истеҳсолотро дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- санҷиши назоратии фаъолияти хоҷагиҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои тобеи Муассисаро оид ба масъалаҳои ҳисоби молиявӣ ва муҳосибӣ амалӣ намояд;

- ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумот аз ҳамаи хоҷагиҳои тобеи Муассиса сари вақт талаб кунад ва ба мақомоти болоӣ пешниҳод намояд;

- бо ҷамъбасти сол комиссияҳои балансии фаъолияти хоҷагиҳои тобеи Муассисаро гузаронад.

6. Муассиса ӯҳдадор аст:

- бо тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи барқароркунии ҷангал, истифодаи ҷангал, муҳофизати ҷангал, ҳамчунин ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот ва наботот, ки таҳти салоҳияти Муассиса қарор доранд, таҳия намояд;

- фаъолияти хоҷагиҳои ҷангал, ниҳолпарварӣ парваришгоҳҳои давлатии ҷангал, ҳамчунин дигар муассиса ва корхонаҳои сохторро танзим намояд;

- ҷангалро аз буришҳои ғайриқонунӣ, шикори ғайриқонунии ҳайвоноту паррандагон ва дигар намудҳои қонунвайронкуниҳои ҷангал, ҳашароти зараррасон, касалиҳои ҷангал ва сӯхтор ҳифз намояд;

- миқдори ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандаҳоро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб гирад;

- назорати бехатарии сӯхторро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал амалӣ созад;

- чорабиниҳои барқароркунии ҷангалҳо, ҷангалҳои муҳофизатӣ, корҳои хоҷагии ҷангал ва зиддисӯхтор, буришҳои санитарии ҷангалро мутобиқи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;

- меъёрҳои ҷамъоварӣ ва тайёр кардани маҳсулоти ҷангалро муайян карда, вазифаҳои хоҷагиҳои ҷангалро оид ба иҷрои нақшаҳо ва қарордодҳо муқаррар намояд;

- дар доираи салоҳиятҳои худ ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хоҷагиҳои ҷангал ва шикор амалӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида грантҳо ва дигар кӯмакҳои ташкилотҳои байналмилалиро баҳри инкишофи хоҷагиҳои ҷангал ва шикор ҷалб намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи ҷангал ва шикор ба имзо расонад ва иҷроиши онҳоро таъмин намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар гузаронидани чорабиниҳои чумҳуриявӣ иштирок намуда, саҳм гузорад.

4. Ташкили фаъолияти Муассиса

7. Муассисаро Директор, роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

8. Муовинони Директори Муассиса аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Директори Муассиса ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.

9. Кормандони Муассиса мувофиқи тартиби муқарраргардида аз тарафи Директори Муассиса ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.

10. Директорони хоҷагиҳои ҷангали вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварии дар номгӯи ташкилотҳои системаи Муассиса буда, бо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Директори Муассиса ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.

11. Шумораи ниҳоии кормандони Муассиса аз 32 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) иборат мебошад. Кормандони ҳайати хизматрасони идора дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

12. Маблағгузории Муассиса аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

13. Директори Муассиса:

- барои фаъолияти Муассиса масъулияти шахсӣ дорад;

- ӯҳдадориҳои касбии кормандонро тақсим мекунад, низомнома ва оинномаи шӯъбаҳо ва хоҷагиҳои Муассисаро тасдиқ менамояд;

- нисбати кормандон чораҳои ҳавасмандкунӣ ва интизомӣ меандешад;

- роҳбарии умумиро оид ба ташкили шикори ховагии шикор дар фонди давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад. ӯ ҳамзамон муовини Сарнозири давлатӣ, муовинони ӯ нозири калони давлатӣ дар фонди давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

- истифодаи самаранок ва хушсифати воситаҳои асосӣ, инчунин воситаҳои гардони истеҳсолотро дар корхонаҳои тобеъ назорат мекунад.

- кормандони ҳайати хизматрасони техникӣ ва мутахассисонро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи ҳаҷми кор ба кор ҷалб менамояд.

14. Дар Муассиса барои ҳалли коллективонаи масълаҳои мавҷуда метавонад Шӯрои машваратӣ таъсис дода шавад.

15. Муассиса шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгӯи худ, бланкҳо, мӯҳрҳо ва штампҳои дахлдор, дорои баланси мустақил мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонӣ карда мешавад.

16. Суроғаи ҳуқуқии Муассиса: шаҳри Душанбе, кӯчаи Бӯстон 3 мебошад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 371

тасдиқ шудааст

Номгӯи хоҷагиҳои системаи Муассисаи давлати хоҷагии ҷангал ва шикор

Хоҷагиҳои ғайритиҷоратӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Мусоеви ноҳияи Ғончӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Панҷ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритус

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Холови ноҳияи Хуросон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Маматалиеви ноҳияи Қубодиён

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Носири Хусрав

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали минтақаи Кӯлоб

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мӯъминобод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шӯрообод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Сари-Хосори ноҳияи Балҷувон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ванҷ

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Нуробод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Ромити шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ваҳдат

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Норак

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Худойназарови ноҳияи Варзоб

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳринав

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Л.Каримови шаҳри Роғун

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тавилдара

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҷиргатол

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали "Қаратоғ"-и шаҳри Турсунзода

Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Тоҷикобод

Минтақаи ҷангалпарварии "Эсанбой"-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор

Минтақаи таҷрибавию истеҳсолии "Навобод"-и Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор

Муассисаи давлатии Парваришгоҳи "Баҳри Норак" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2013 № 338)

Хоҷагиҳои тиҷоратӣ

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Рашт

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии шаҳри Ваҳдат

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Восеъ

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Қубодиён

Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Зафаробод