Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 385 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 № 205"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 № 205

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 № 205 "Дар бораи тасдиқи Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 қарор хориҷ карда шавад;

- дар банди 4 қарор калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Дар Тартиби озод намудан аз андозҳо ва додани дигар имтиёзот, баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, иамояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шуданд:

- дар банди 7, 14 ва 25 калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 38 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"38. Шахсони мансабдори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя гардидани принсипи мутақобилият ҳангоми ба намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ додани ҳуқуқи озод будан аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои андозӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, масъул мебошанд."

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 385

ш. Душанбе