Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак аз 1 августи соли 2008, № 377

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.01.2017 № 29 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2008 № 377

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак

I. Муқаррароти умумӣ

1. Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд Комиссия) мақоми доимоамалкунанда буда, сиёсати давлатиро ба хотири таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, инчунин, ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак бармеоянд, амалӣ менамояд.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз он ҷумла Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосӣ ба маънии зайл истифода мешаванд:

а) кӯдак - ба маънии бо моддаи 1 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак муайяншуда, яъне шахси то ба синни 18 нарасида, агар тибқи қонуне, ки нисбат ба ин кӯдак татбиқ мешавад, мавсуф то ин дам ба синни балоғат нарасида бошад;

б) ноболиғ - чун ҳаммаънои мафҳуми "кӯдак" ва бо моддаҳои 55 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне шахсе, ки ба синни 18-солагӣ нарасидааст;

в) кӯдакон - ба маънои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда ва ифодакунандаи мафҳуми "ноболиғ(он)".

4. Комиссия бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдаконе, ки ниёз ба ёрии давлатӣ доранд; ҳалли масъалаҳои басо душвори марбут ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак; расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, моддӣ ва ёрии дигар ба оилаҳое, ки соҳиби кӯдаканд, таъсис дода мешаванд.

5. Вазифаҳои асосии Комиссия инҳоянд:

а) хифзи ҳуқуқи конститутсионии кӯдак, расонидани кӯмак ба ӯ дар барқароркунии ҳуқуқи вайроншудааш, дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниаш дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт;

б) ташкили назорат ҷиҳати ба кӯдак фароҳам овардани шароитҳои муносиби нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои дигари иҷтимоӣ;

в) муҳайё сохтани шароитҳои муносиб баҳри инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдаконе, ки ниёз ба ҳимояи давлатӣ доранду дар оилаҳои вазъашон носолим ва мувоҷеҳ ба низову моҷаро тарбия мегиранд;

г) ҷойгиркунонии иҷтимоиву маишии кӯдаконе, ки вазъи зиндагиашон душвор аст;

д) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти манфиатдор оид ба иҷрои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак;

е) андешидани чораҳо ба хотири ҳифзи кӯдак аз тааррузи ҷисмонӣ, шаҳвонӣ, равонӣ ва шаклҳои дигари он, аз ҷалб намудани кӯдак ба амалу рафтори якдафъаинаи зиддиҷамъиятӣ аз қабили - истеъмоли воситаҳои нашъадор, маводи беақлкунанда ва (ё) мадҳушкунанда, машруботи спиртӣ, шуғл доштан ба оворагардӣ ё гадоӣ, ҳамчунин амалу рафтори дигаре, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони дигарро вайрон мекунаду мансубият ба ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ надорад;

ж) ширкат дар ташкили кор баҳри дарёфти ҳодисаҳои муносибати бераҳмона бо кӯдак, дарёфти кӯдакони беназорату бесаробон, падару модарон, васиён, парасторон, падару модарони угай (минбаъднамояндагони қонунӣ), ки вазифаашонро дар хусуси нигоҳубин, тарбия ва таълими кӯдак иҷро намекунанд ё ба ӯ таъсири манфӣ мерасонанд; бахисобгирии ин зумраи шахсон;

з) дарёфту таҳлили сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи вайронкунии қонунгузорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ҳамчунин сабабу шароитҳое, ки ба беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон мусоидат мекунад;

и) татбиқи чораҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳое, ки ба риояи шарту шароитҳои тарбия, таълим, нигоҳубини кӯдак, ҳамчунин ба муносибат бо кӯдак дар муассисаҳои низоми пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон алоқаманданд;

к) баррасии масъалаҳои душвору баҳсноке, ки ба риояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии кӯдак алоқамандӣ доранд;

л) баррасии мавод нисбати ноболиғоне, ки то синни фарорасии ҷавобгарӣ қонуншиканӣ содир кардаанд, инчунин баррасии парвандаҳо дар бораи рафторе, ки хилофи муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқӣ ё меъёрҳои ахлоқ аст, ва дар бораи амалиёти зиддиҷамъиятӣ;

н) вазифаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ намудаанд.

6. Фаъолияти Комиссия ба принсипҳои зерин асос меёбад:

а) таъмини беҳтари манфиатҳои кӯдак;

б) қонуният;

в) муносибати инсондӯстона бо кӯдак;

г) таьмини махфиёти маълумот:

д) дасттирии оила ва ҳамкорӣ бо он дар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои тибқи қонун ҳимояшавандаи кӯдак:

е) ҷавобгарии падару модарон (намояндагони қонунӣ), шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои тибқи қонун ҳимояшавандаи кӯдак.

7. Системаи Комиссия иборат аст аз:

а) Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак (минбаъд-Комиссияи миллӣ);

б) "Комиссияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе (минбаъд - Комиссияи вилоятӣ);

в) Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ).

8. Комиссияи миллиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, шумора ва ҳайати онро муайян мекунад.

Раисии Комиссияи миллиро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқарраршуда таъин мегардад, бар ӯҳда дорад.

Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ҳайати Комиссияи миллӣ бо пешниҳоди раиси он пешбарӣ шуда, аз ҷониби Комиссияи миллӣ тасдиқ мешаванд. Бо мақсади таъмини иштироки васеъи аҳли ҷомеъа дар кори Комиссияи миллӣ намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳайати он метавонанд мунтазам иваз шаванд.

Дар кори Комиссия бо ҳуқуқи овози машваратӣ метавонанд намояндагони мақомоти манфиатдор, инчунин Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалие, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак фаъолият мебаранд, иштирок намоянд.

Комиссияи миллӣ:

а) фаъолияти мақомот ва муассисаҳоро, ки иртибот ба таъмини иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дорад, ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;

б) фаъолияти комиссияҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро назорат менамояд, пеш мебарад ва ҳамоҳанг месозад, ба онҳо кӯмаки методӣ мерасонад, таҷрибаи корашонро ҷамъбаст ва паҳн мекунад;

в) дар таҳияи санадҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак, беҳдошти шароитҳои ҳаёт, тарбия, таълим, меҳнат ва истироҳати ӯ, пешгирии беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ширкат меварзад ва дар доираи салоҳияташ татбиқашонро назорат мекунад;

г) арзу шикоятҳои кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ ва нафарони дигарро вобаста ба халалдор ё маҳдуд шудани ҳуқуқ ва манфиятҳои қонунии кӯдак баррасӣ менамояд;

д) ҷиҳати мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, мусоидат менамояд;

е) бо тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ё ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин шартномаҳо бо тартиби муқарраршуда мусоидат менамояд;

ж) самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ - дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак арзёбӣ мекунад;

з) хулосаҳои машваратиро оид ба лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иртибот ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак доранд, баррасӣ ва таҳия менамояд;

и) ба паҳн намудани дониш оид ба меъёрҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мусоидат менамояд;

к) фаъолияти дастҷамъона ва ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъитӣ ва дигар муассисаҳои ғайридавлатӣ, Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад;

л) ба хотири истифода ва такмили минбаъдаи меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тадқиқот мегузаронад, маърӯзаву пешниҳод таҳия менамояд:

м) дар таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак иштирок менамояд;

н) таҳияи маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистоиро доир ба ҷараёни иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак таъмин менамояд;

о) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими ҳифзи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод манзур менамояд;

п) ваколатҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.

9. Комиссияи вилоятиро Раиси вилоят (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе) дар мувофиқа бо раиси Комиссияи миллӣ таъсис медиҳад ва шумораву ҳайати инфиродиашро муайян мекунад. Теъдоди ҳайати комиссияи вилоятӣ наметавонад камтар аз се нафар бошад.

Раисии Комиссияи вилоятиро муовини Раиси вилоят, ки аз ҷониби Раиси вилоят муайян карда мешавад, ба ӯҳда дорад. Комиссияи вилоятӣ:

а) фаъолияти мақомот ва муссисаҳои низоми ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак, аз ҷумла низоми пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро дар ҳудуди вилоят (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе) ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;

б) фаъолияти комиссияҳои ноҳиявиро (шаҳриро) назорат мекунад, пеш мебарад ва ҳамоҳанг месозад, таҷрибаи корашонро ҷамъбаст ва паҳн мекунад;

в) дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, ҳамчунин оид ба масъалаҳои пешгирии беназоратӣ, бесаробонӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон ширкат меварзад;

г) дар хамбастагӣ бо мақомоти дигари манфиатдор барномаи вилоятии пешгирии беназоратиро татбиқ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғонро назорат мекунад;

д) ваколатҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ мекунад.

10. Комиссияи ноҳиявиро (шаҳриро) Раиси ноҳия (шаҳр) дар мувофиқа бо раиси Комиссияи вилоятӣ таъсис медиҳад.

Теъдоди аъзои Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) наметавонад аз 3 нафар кам ва аз 12 нафар зиёд бошад.

Комиссияи ноҳиявӣ (шахрӣ):

а) назорат, муоина ва санҷиши шароитҳои нигоҳубин, тарбияву таълими кӯдакро, аз ҷумла дар ҷойи зист, ҳамчунин истифодаи меҳнати кӯдаконро дар ташкилотҳо новобаста аз шаклхои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон ташкил менамояд;

б) ба суд ба хотири ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак муроҷиат мекунад, ба суд маводҳоро нисбати падару модар, намояндагони қонунии кӯдак дар сурати аз ҷонибашон иҷро нашудан ва ё_иҷрои ғайри дилхоҳи ӯҳдадориҳояшон оид ба нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак мефиристад;

в) инҳоро баррасӣ менамояд:

пешниҳоди мақоми маорифро оид ба гузариши таълимгиранда ба шакли дигари таълим ва ё ба муассисаи дигари таълимӣ, дар хусуси муассисаи таълимиро тарк кардани ноболиғ, дар хусуси аз муассисаи таълимӣ хориҷ намудани таълимгиранда, - дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Дар сурати аз муассисаи таълимӣ хориҷ гардидани таълимгиранда барои идомаи таҳсил ва ё бо кор таъмин намудани ӯ чораҳо меандешад;

пешниҳоди кордиҳандаро дар хусуси бекоркунии шартномаи меҳнатӣ бо корманди ноболиғ бо ташаббуси кордиҳанда (ба ҷуз ҳолатҳои барҳамхурии ташкилот). Дар сурати бекоркунии шартномаи меҳнатӣ бо корманди ноболиғ барои бо кор таъмин намудани ӯ чораҳо меандешад;

арзу шикояти кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ ва нафарони дигарро вобаста ба поймол шудан ва ё маҳдуд гардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак;

маводҳо ва парвандаҳоро нисбати:

- ноболиғе, ки кирдори барояш ҷавобгарии маъмурӣ пешбинишуда содир намудааст;

- ноболиғе, ки кирдори ба ҷамъият хавфноки бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо то расидан ба синни фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудааст;

- ноболиғе, ки кирдори зиддиҷамъиятӣ содир намудааст;

- падару модар, намояндагони қонунии кӯдак дар сурати ӯҳдадориҳояшонро аз хусуси нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак иҷро накардан ё иҷрои номатлуби онҳо;

- зумраи шахсони дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

г) маводу парвандаҳоро баррасӣ менамояд, чораҳои таъсиррасониро бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, татбиқ менамояд ва қарорҳои зеринро қабул менамояд:

дар бораи бо розигии падару модар, намояндагони қонунӣ, дар сурати ба синни 10 расидани кӯдак бошад, - бо розигии ӯ ба муассисаҳои барқарорсозии гуногун бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон равон кардани кӯдаке, ки таълиму рафтораш боиси нигаронист;

дар бораи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо кӯдаконе, ки машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маводи мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, аз муассисаҳои таълиму тарбиявии махсус баргаштаанд ё аз ҷойҳои маҳрум аз озодӣ озод шудаанд;

д) шаклҳои ҷойгиркунонӣ ва дастгирии кӯдаконеро, ки ниёз ба ёрии давлат доранд, муайян менамояд;

е) иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои марбут ва васояту парасториро аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси_оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

ж) ваколатҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешбинӣ намудаанд, татбиқ менамояд.

11. Ба ҳайати комиссияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) раиси Комиссия, мудири шӯъбаи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (муовини раиси Комиссия), мутахассисоне, ки таҷрибаи корӣ бо кӯдаконро доранд, вакилони мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шомиланд. Ба ҳайати комиссияҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ) намояндагони мақомоту муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳамчунин ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон шомил буда метавонанд. Барои баррасии парвандаи мушаххаси ҳар як кӯдак ба ҳайати Комиссия кормандони муассисаву ташкилотҳои марбутае, ки ба салоҳияташон кори бевосита бо кӯдакон мансуб аст, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд даъват шаванд.

II. Салоҳияти Комиссия

12. Комиссия ҳуқуқ дорад:

а) маълумоти барои корашон заруриро аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳамчунин аз ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият дархост кунанд ва ройгон гиранд;

б) шахсони мансабдор, мутахассисон ва шаҳрвандонро барои аз онҳо гирифтани маълумот ва баёнот вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда даъват намоянд;

в) ҷиҳати иштирок дар кор намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва ташкилотҳоро новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон, ҳамчунин шахсони манфиатдори дигарро ҷалб намоянд;

г) санҷиши оилаҳоро таъин ва гузаронанд, санадҳо таҳия намоянд, доир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мувофиқат доштани шароитҳои зиндагиву тарбияи ӯ хулосаҳо диҳанд;

д) мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилоту муассисаҳои воқеъ дар қаламрави тобеъро барои таҳияи пешниҳоду тавсияҳо ба хотири фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳаёту тарбияи кӯдакони ба ҳифзи давлатӣ ниёздошта, ҷойгиркунонии кӯдакони маҳрум аз сарпараст ҷалб намоянд;

е) санҷиши назоратии кори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳоро новобаста аз шаклҳои ташкилӣҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият аз рӯи масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак гузаронанд, ба хотири бартараф намудани камбудиву қонуншиканиҳои ошкоршуда пешниҳод ворид намоянд, ҷиҳати такмили кори мазкур таклифу тавсия диҳанд;

ж) қабули ноболиғон, падару модарашон, намояндагони қонунии онҳо ва шахсони дигарро ба роҳ монанд;

з) назди мақомоти марбутаи ваколатдор аз хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар сурати аз ҷонибашон иҷро накардани қарорҳо, таъиноти комиссияҳо ва наандешидани чораҳо баҳри иҷро намудани пешниҳодоти комиссияҳо масъала гузаронанд;

и) ба суд дархост манзур намоянд:

доир ба татбиқ нагаштани ҷазо, татбиқи ҷазои нисбатан сабук, доир ба шартан маҳкум намудан ва татбиқи чораҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда нисбати ноболиғе, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст;

аз хусуси пеш аз мӯҳлат ҷавоб додани ноболиғ аз муассисаи таълимӣ-тарбиявии махсус;

к) аз шахсони мансабдори колонияи тарбиявӣ тағйир додани шарту шароитҳои татбиқи ҷазоро нисбати ноболиғ ва истифодаи чораҳои ба Кодекси иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи ҳавасмандкунониро дархост намоянд;

л) чораҳои таъсиррасонии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо нисбате ноболиғе, ки рафтори хилофи қонун кардааст, татбиқ намоянд;

м) чораҳои таъсиррасонии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо нисбати падару модар, намояндагони қонунии кӯдак, шахсони дигар барои вайрон кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ татбиқ намоянд;

н) ҳуқукҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меьёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Аъзои Комиссия бо супориши Комиссия ҳуқуқ дорад бо тартиби муқарраршуда ба муассисаву ташкилотҳои низоми ҳимояву ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак, низоми пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон барои санҷиши шарту шароитҳои нигоҳубин, тарбия ва таълим кӯдак ташриф оваранд.

13. Комиссия якҷоя бо мақомоту муассисаҳои манфиатдори дигар кӯдаконро дарёфт ва ба қайд мегиранд, аз хусуси ҷойгиркуниашон ва ба онҳо муҳайё сохтани шароитҳои мусоиди тарбияву таълим қарор мебароранд ва қарорҳои қабулкардаашонро нисбати инҳо назорат мекунанд:

а) кӯдакони ятиму бепарастор;

б) кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки ниёз ба ғамхории давлат доранд;

в) кӯдаконе, ки дар оилаҳои шомил ба гурӯҳи таваккалии иҷтимоӣ истиқомат мекунанд;

г) кӯдакони беназорату бесаробон, ҳамчунин кӯдаконе, ки муассисаҳои таълимиро тарк кардаанд ва кор намекунанд;

д) кӯдакони дигаре, ки ниёз ба кӯмаки давлат доранд.

Тартиби бақайдгириву пешниҳоди маълумот нисбати кӯдакони дарёфтшуда ва эҳтиёҷ ба ҷойгиркунонӣ доштаро Комиссияи миллӣ муқаррар менамояд.

Аз рӯи натиҷаҳои баррасии мавод ва парвандаҳо нисбати кӯдак Комиссия чораҳои таъсиррасонии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо татбиқ менамоянд.

14. Дар сурати ӯҳдадориҳояшонро доир ба нигоҳубин, тарбия, таълим, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон иҷро накардан ва ё ба таври лозима иҷро накардани падару модарон, намояндагони қонунӣ Комиссия нисбаташон чораҳои таъсиррасониеро татбиқ мекунанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Ҳангоми дар ҳаракатҳои (беҳаракатии) падару модар, намояндагони қонунии кӯдак, шахсони дигар зимни баррасии мавод ошкор гаштани таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба тобеияти Комиссия мансубнабуда ё аломатҳои ҷиноӣ Комиссия маводро ба мақомоти прокуратура ва мақомоти дигар барои ҳалли масъала дар бораи оғоз кардани парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони зикршуда равон мекунад.

III. Тартиби баррасии маводу парвандаҳо аз ҷониби Комиссия

15. Комиссия маводу парвандаҳоро баррасӣ менамояд:

а) бо аризаи кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ ва шахсони дигар;

б) бо ташаббуси худашон;

в) бо пешниҳодоти мақомоту муассисаҳои низоми пешгирӣ ва ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ҳамчунин мақомоту муассисаҳои дигаре, ки фаъолияташон ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак иртибот дорад;

г) бо қарорҳои мақомоти корҳои дохила, прокуратура нисбати ноболиғе, ки то синни фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ кирдори ба ҷамъият хавфнок содир кардааст;

д) парвандаҳои ҷиноятии қатьшуда ва мавод оид ба даст кашидаи аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ноболиғон, ки аз мақомоти корҳои дохила ё мақомоти прокуратура барои баррасии имконияти истифодаи чораҳои таъсири тарбиявӣ нисбати ноболиғони зикршуда ё дархост овардан аз додгоҳ ба хотири ҷойгиркунони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ-тарбиявии махсус мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.

16. Маводу парвандаҳое, ки барои баррасии Комиссия ворид шудаанд, бо мақсади таъмини ҳалли саривақтиву дурусти онҳо қаблан аз ҷониби шӯъбаҳои ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ омӯхта мешаванд.

Тартиби омодагӣ ба баррасии парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Зимни омӯзиши пешакии маводи воридшуда инҳо муайян карда мешаванд:

а) тобеияти баррасии маводи ба Комиссия воридшуда;

б) доираи шахсоне, ки бояд ба ҷаласаи Комиссия талаб ва ё даъват шаванд;

в) зарурияти анҷом додани санҷиши иловагии маводи воридшуда ва ҳолатҳое, ки барои баррасии дурусту саривақтиашон аҳамият доранд, дархост иамудани маводи иловагӣ;

г) мақсаднок будани чораҳои дигаре, ки барои баррасии дурусту саривақтии мавод аҳамият доранд.

Вобаста ба натиҷаҳои омӯзиши пешакии маводу парвандаҳо аз ҷониби раиси Комиссия мумкин аст қарорҳои зерин қабул карда шаванд:

а) дар бораи таъин кардани баррасии парванда бо огоҳонидани шахсони манфиатдор доир ба замону макони баргузории ҷаласаи Комиссия;

б) дар бораи ба мақомоте, ки маводро равон кардааст баргардонидани онҳо, агар мавод ба тобеияти Комиссия мансуб набошад ва ё гузаронидани санҷиши иловагиро талаб намояд;

в) дар бораи гузаронидани санҷиш, муоина дар иртибот ба маводи воридшуда ва ё додани супориши гузаронидани онҳо аз ҷониби мутахассисони марбута;

г) дар бораи баррасии дархости кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ марбут ба моҳияти масъалаҳое, ки дар ҷаласаи Комиссия мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд;

д) дар бораи муроҷиат кардан ба суд ба хотири ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак.

Аз хусуси замону макони баргузории ҷаласаи Комиссия кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, прокурор ва шахсони дигаре, ки иштирокашон дар ҷаласа ҳатмӣ дониста мешавад, хабар дода мешаванд.

Маводи барои баррасӣ омодагардида барои шиносшавӣ ба кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, ҳимоятгар, намояндаи ташкилоти ҷамъиятие, ки кӯдак дар он узвият дорад, ҳатман пешниҳод карда мешаванд.

Маводу парвандаҳои қабулгардида аз ҷониби Комиссия дар мӯҳлати 15 рӯз аз рӯи воридшавиашон баррасӣ мешаванд.

Мӯҳлати зикршуда бо қарори асосноки Комиссия дар сурати воридшавии дархост аз ҷониби яке аз иштирокчиёни баррасии мавод, парвандаҳо ва (ё) зарурияти дарёфти ҳолатҳои иловагии кор, ҳамчунин дар сурати саркашӣ кардани кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ аз ҳозир шудан ба ҷаласаи Комиссия, агар баррасии мавод, парванда бе иштироки онҳо ғайриимкон бошад, метавонад тамдид гардад.

17. Тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи миллӣ тавассути дастуре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян мегардад.

Тартиби гузаронидани ҷаласаҳои комиссияҳои вилоятӣ тавассути дастуре, ки Комиссияи миллӣ тасдиқ менамояд, муайян мегардад.

18. Ҷаласаҳои Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз рӯи зарурият, вале на кам аз як маротиба дар се моҳ доир мегарданд ва дар сурати ҳузури на кам аз нисфи аъзои ҳайати Комиссия эътибор доранд. Ҷаласаи Комиссияро раиси он ва ё муовини раис мегузаронад.

Дар ҷаласаи Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) иштироки кӯдаке, ки нисбаташ парванда ва мавод баррасӣ мешаванд, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ дар сурати зарурияти - омӯзгор, инчунин шахсони дигар бо раводиди Комиссия ҳатмист.

Кӯдаке, ки нисбаташ мавод баррасӣ мешаванд, зимни баррасии ҳолатҳое, ки муҳокимаашон эҳтимолияти ба кӯдак расонидани таъсири манфиро дорад, метавонад аз ҷаласаи Комиссия берун карда шавад.

Ҳимоятгари кӯдак, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ, барои иштирок дар кори Комиссияи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз лаҳзаи омода намудани мавод ба ҷаласа роҳ дода мешаванд.

Мавод, парвандаҳо нисбати кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, ба истиснои мавод дар бораи аз ҷониби ноболиғ содир гардидани кирдори ба ҷамъият хавфнок то расиданаш ба синни фарорасии ҷавобгарии ҷиноятӣ, метавонанд дар ғоибии онҳо баррасӣ шававд, ба шарте ки огоҳонидани саривақтии замону макони баргузории ҷаласаи Комиссия ва ворид нагаштани дархост дар бораи ба таъхир мондани баррасӣ ҷой дошта бошад.

Тартиби баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

19. Кӯдаке, ки тарбиятгирандаи муассисаи кӯдакона аст, барои таъмини иштирокаш дар ҷаласаи Комиссия метавонад то баррасии парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти назорати маъмурияти муассисаи мазкур қарор дода шавад.

Роҳбари муассисаи кӯдакона назди Комиссия аз хусуси таъмини ҳузури кӯдак дар ҷаласаи Комиссия ӯҳдадории хаттӣ мегирад.

Ҳангоми бе сабабҳои узрнок ба ҷаласаи Комиссия ҳозир нашудан кӯдаке, ки нисбаташ парванда баррасӣ мешавад, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, шахсони дигар аз рӯи парвандаи мазкур аз ҷониби мақомоти корҳои дохила бо асосҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷборан ҳозир карда мешаванд.

Бе сабабҳои узрнок ба ҷаласаи Комиссия ҳозир нашудани шоҳидон, намояндагони мақомоту муассисаҳое, ки тарбия ё таълими кӯдакро ба ӯҳда доранд, корфармоён, шахсони дигаре, ки ҳузурашон ҳатмӣ дониста шудааст, бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузориӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

20. Қарорҳои комиссияҳо аз рӯи натиҷаи баррасии мавод, парвандаҳои мушаххас нисбати кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ ва шахсони дигар, инчунин аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳоди муассисаҳои таълимӣ, муроҷиату дархости ташкилотҳои дигар новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият қабул карда мешаванд.

Пешниҳодоти комиссияҳо ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият бо мақсади бартараф намудани сабабу шароитҳои поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак, инчунин беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои онҳо манзур мегардад.

Қарору пешниҳодоти Комиссия бо аксарияти овозҳои аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок доранд, қабул мегарданд. Дар сурати баробарии овозҳо овози раиси Комиссия ҳалкунанда аст.

Қарору пешниҳодоти Комиссия бояд ба таври хаттӣ баён гардида, асоснок карда шаванд.

Мазмуни қарори Комиссияро зимни баррасии парвандаҳо оид ба қонунвайронкуниҳои маъмурӣ Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ муайян мекунад.

Дар қарор оид ба татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ, оид ба ҷойгиркунонии кӯдак ё андешидани чораҳои дигари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак бояд инҳо дарҷ гарданд:

а) номгӯи Комиссия;

б) санаи баррасии мавод, парванда;

в) маълумот аз хусуси шахсе, ки нисбаташ мавод, парванда баррасӣ мегардад;

г) ҳолатҳое, ки зимни баррасии мавод, парванда муқаррар карда шуданд;

д) далелҳое, ки дар асоси онҳо қарор қабул карда шудааст;

е) санади ҳуқуқие, ки ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкунӣ пешбинӣ менамояд ё ҳуқуқҳои кӯдакро кафолат медиҳад;

ж) қарори аз рӯи мавод, парванда қабулшуда;

з) чораҳои кӯмаки иҷтимоӣ ба кӯдак ва тарзи расонидани он, ки Комиссия пешниҳод мекунад.

Қарорҳову пешниҳодоти Комиссия аз ҷониби раис ва мудири шӯъба оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба имзо мерасанд ва дарҳол дар интиҳои баррасии парванда қироат мешаванд.

Нусхаи қарори Комиссия ё иқтибос аз он бо нмзо ба шахсони манфиатдор супорида мешавад ва ё дар мӯҳлати серӯза аз рӯзи қабули он ба мақомоту муассисаҳои марбута фиристода мешаванд.

Иҷрои қарору пешниҳодоти комиссияҳо барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, инчунин шаҳрвандон ҳатмист.

Ҳангоми гирифтани қарор ё пешниҳодоти Комиссия мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, инчунин шаҳрвандоне, ки қарор ё пешниҳодот ба онҳо тааллуқ дорад, вазифадоранд дар мӯҳлати даҳрӯза ба Комиссияе, ки қарор ё пешниҳодотро равон кардааст, аз хусуси чораҳои барои иҷроиши он андешидашуда маълумот диҳанд.

Иҷро накардани қарор ё пешниҳодоти Комиссия, наандешидани чораҳо ба хотири бартараф намудани поймолкуниҳои ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак, ки дар қарор ё пешниҳодоти Комиссия дарҷ гардидаанд, ҳамчунин бе баррасӣ мондани санадҳои ҳуқуқии зикршуда боиси татбиқи ҷавобгарие, ки қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, мегардад.

21. Зимни баррасии мавод, парвандаҳое, ки бо поймол шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдак алоқаманданд, Комиссия вазифадор аст, ки ҳолатҳои вайронкуниҳои зикршударо омӯзад, сабабу шароитҳои онҳоро муайян намояд ва чораҳоеро, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро таъмин менамоянд, андешад.

Зимни баррасии мавод нисбати кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, шахсони дигар Комиссия баёноти кӯдак, падару модараш, намояндагони қонунии ӯ, ҷабрдида, шоҳидон, ҳимоятгар, дар ҳолати зарурӣ бошад - хулосаи прокурор, ақидаи намояндаи ташкилоти ҷамъиятиро мешунавад ва пас аз баррасии ҳамаҷонибаи ҳолатҳо яке аз қарорҳои мазкурро қабул мекунад:

а) дар бораи татбиқи чораҳои таъсиррасоние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

б) дар бораи қатъ кардани баррасӣ;

в) дар бораи ба таъхир мондани баррасӣ ва гузаронидани санҷиши иловагӣ;

г) дар бораи супоридани мавод ба мақомоти прокуратура, суд, мақомоти дигар аз рӯи тобеият;

д) дар бораи имконияти истифодаи чораҳои таъсиррасонии тарбиявӣ ё дархост овардан аз суд ҷиҳати ҷойгиркунии кӯдак дар муассисаи таълимӣ-тарбиявии махсус тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

22. Протоколи ҷаласаи Комиссия дар ҳар як ҷаласа тартиб дода мешавад.

Дар протоколи ҷаласаи Комиссия зимни баррасии мавод инҳо дарҷ мегарданд:

а) замону макони баргузории ҷаласаи Комиссия;

б) номгӯ ва ҳайати Комиссия:

в) мазмуни маводи баррасишаванда;

г) насаб, ном, номӣ падар ва маълумоти тарҷумаи ҳол шахсони дигаре, ки нисбаташон мавод баррасӣ мешаванд;

д) маълумоти дар бораи ба ҷаласа ҳозир шудани шахсон, фаҳмонида додани ҳуқуқу вазифаҳои онҳо;

е) баёноти шахсони дар ҷаласа иштироккунанда;

ж) мазмуни дархостҳои дар ҷаласа арзшуда ва натиҷаҳои баррасиашон;

з) маълумот аз хусуси қироати қарори қабулшуда;

и) маълумот аз хусуси фаҳмондадиҳии мӯҳлату тартиби шикоятовардан аз болои қарори қабулгашта.

Протоколи ҷаласаи Комиссия аз ҷониби раис ва мудири шӯъба оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (муовини раиси Комиссия) ба имзо мерасад.

Аз рӯи қарори Комиссия ба Комиссияи болоӣ дар мӯҳлати 10 - рӯза аз рӯзи қабул шудани он шикоят кардан мумкин аст. Шикоят кардан дар мӯҳлати мазкур иҷрои қарорро боз медорад.

Тартиб ва мӯҳлатҳои шикоятоварӣ аз рӯи қарорҳои Комиссия ба судро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар менамояд.

IV. Таъиини фаъолияти Комиссия

23. Раиси Комиссия:

а) кори Комиссияро ташкил мекунад;

б) ҷаласаҳои Комиссияро мегузаронад;

в) ба аъзои Комиссия супоришҳо медиҳад;

г) дар ҷаласаҳои Комиссия раисӣ мекунад.

Муовини раиси Комиссия:

а) вазифаҳои раиси Комиссияро бо супориши ӯ иҷро мекунад;

б) вазифаҳои раиси Комиссияро ҳангоми набудани ӯ иҷро мекунад.

24. Кори ҷорӣ ва назорати иҷроиши қарорҳои комиссияҳоро инҳо амалӣ мекунанд:

а) Котиботи Комиссияи миллӣ (минбаъд - Котибот);

б) шӯъба оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - шӯъба).

25. Котибот (шӯъба):

а) баргузории ҷаласаҳои Комиссия, сабти протоколиву таъмини дигари ҷаласаҳои мазкурро таъмин менамояд;

б) назорати иҷрои қарорҳои Комиссия ва супоришҳои раиси онро ташкил ва таъмин менамояд;

в) маводи таҳлиливу маълумотии заруриро омода месозад;

г) лоиҳаи санадҳои ҳуқуқӣ, ҳуҷҷату маводеро, ки ба Комиссия ворид шудааст, таҳлил ва ба онҳо хулосаву пешниҳодоти марбутаро омода месозад;

д) дар ташкили чорабиниҳое, ки мутобиқан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир мекунанд, иштирок мекунад;

е) таҳияи лоиҳаҳои нақшаҳои дурнамову ҷории Комиссияро ташкил мекунад;

ж) аз хусуси фаъолияти Комиссия ва мақомоти дигар мансуб ба масоили салоҳияти хеш, ҳамчунин оид ба қарорҳои қабулкардаи онҳо ва натиҷаҳои иҷроишашон, аз он ҷумла барои васоити ахбори умум ҳисобот, гузориш ва маводи маълумотӣ тайёр мекунад;

з) муроҷиату дархостҳоеро, ки ба унвони Комиссия ворид шудаанд, таҳлил ва ба онҳо хулоса омода мекунад; дар иртибот ба онҳо лоиҳаи супоришҳои раиси Комиссияро тайёр мекунад; муроҷиатҳои воридшударо барои баррасиву чораҷӯӣ ба мақомоти марбута ирсол медорад;

и) оид ба натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои хизматӣ ва муроҷиати шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон маводи маълумотиву таҳлилӣ омода мекунад;

к) бо иштироки роҳбарону мутахассисон буда, мақомоту ташкилотҳо дар иртибот ба масъалаҳои дар салоҳияташ машварат мегузаронад;

л) ҷиҳати татбиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии марбут ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак аз болои фаъолияти мақомоту ташкилотҳо, шахсони мансабдору шаҳрвандон назорат мебарад; доир ба андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои мазкур пешниҳод таҳия ва манзур менамояд;

м) ташаббусҳоро, аз ҷумла ташаббусҳои инфиродиву ҷамъиятиро бобати такмили шаклу воситаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, татбиқи шаклу усулҳои самараноки кор бо кӯдакон ва ба манфиати кӯдакон, минҷумла бобати татбиқи технологияҳои муосири расонидани кӯмак ба кӯдаконе, ки ниёз ба ғамхориву нигоҳубини хоса доранд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ба хотири амалӣ шуданашон чораҳо меандешад;

н) низоми зудрасро нисбат ба ходисаҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдак ва оид ба барқарорсозии ҳуқуқи мазкур татбиқ ва амали онро таъмин менамояд; фаъолияти марбутаро бобати саривақт ошкор намудани ҳодисаҳои муносибати бераҳмона бо кӯдакон, шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва шаклҳои дигари истисмори онҳо ва фаъолияти марбут ба андешидани чораҳо бобати решакан кардани ҳодисаҳои мазкурро ташкил, ҳамоҳанг ва назорат мекунад;

о) роҳбарии ташкиливу методиро аз болои фаъолияти мақомоти соҳавӣ, тахассусӣ ва ҳудудиро дар бахши ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба ӯҳда дорад;

п) ҷиҳати такмили низоми ягонаи идоракунии давлатии соҳаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак пешниҳод таҳия мекунад;

р) фаъолияти марбут ба ҳуқукэҷодкуниро бахшида ба масоили ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ташкил ва ҳамоҳанг месозад;

с) қабули шахсии шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳоро аз ҷониби раиси Комиссия ташкил менамояд;

т) мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро ҳал мекунад ва ӯҳдадориҳои дигарро ба зимма дорад.

Котибот:

а) фаъолияти вазоратҳо, мақомоти дигари ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба хотири татбиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва санадҳои дигари аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшудаи ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон онҳоро дар назар доранд, ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад;

б) ба Комиссияи миллӣ маърӯзаҳои миллиро бобати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ки барои баррасӣ ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак пешниҳод мегарданд, барои тасдиқ омодаву пешкаш менамояд.

Шӯъба:

а) мутобиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба ҳалли масъалаҳои васоят ва парасторӣ амалӣ менамояд;

б) корро бобати дарёфту баҳисобгирии кӯдаконе, ки эҳтиёҷ ба ҳимоя доранд ва бобати расонидани кӯмаки инфиродӣ ба онҳо ташкил ва ба роҳ мемонад;

в) фаъолияти ҳамаи мақомоту муассисаҳо марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳамоҳанг месозад, аз он ҷумла ташкили корро бобати расонидани кӯмак ба оилаву кӯдакон таъмин менамояд, фаъолияти паноҳгоҳҳои иҷтимоӣ, марказҳои барқарорсозии иҷтимоӣ, марказу хадамоти кӯмаки тиббӣ-иҷтимоӣ, равонӣ-педагогӣ ва кӯмаки дигарро ҳамоҳанг месозад;

г) дар ташкили кор бобати тайёр кардану тақвият додани малакаи касбии кадрҳо барои кор дар муассисаҳои кӯмаки иҷтимоӣ ба оилаву кӯдакон ширкат меварзад;

д) барои ташаккули хадамоту муассисаҳои ғайридавлатие, ки хизматрасониҳои тиббӣ-иҷтимоӣ, равонӣ-педагогӣ ва дигарро ба оилаву кӯдакон анҷом медиҳанд, мусоидат мекунад;

е) корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғибро миёни ҷомеа, дар мақомоту ташкилотҳо дар робита ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ташкил ва ба роҳ мемонад.

Котибот (шӯъба) мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои дигарро низ ба хотири иҷрои вазифаҳояш бар ӯҳда дорад.

26. Котибот (шӯъба) ҳуқуқ дорад:

а) ҳисобот, маълумот, ҳамчунин маводу ҳуҷҷатҳои дигареро, ки мансуби салоҳияташ ҳастанду барои пешбурди фаъолияташ заруранд, аз мақомот ва ташкилотҳо новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва щаклҳои моликияташон дархост намояд ва гирад;

б) ба мақомоти марбутаи ҳокимияту идоракунӣ бобати риояи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак супориш диҳад;

в) роҳбарону кормандони дигари мақомот ва ташкилотҳоро новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон барои ҳалли масъалаҳои мансуб ба салоҳияташ даъват намояд;

г) фаъолияти мақомот ва ташкилотҳоро новобаста аз шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон аз рӯи масъалаҳои риояи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак санҷад;

д) ҳуҷҷатҳоеро, ки унвонии Комиссия ворид шудаанд, баррасӣ намояд, инчунин дар мувофиқа бо раиси Комиссия онҳоро мутобиқи таъиноташон ба аъзои Комиссия, ҳамчунин ба роҳбарони мақомоту ташкилотҳо вобаста ба салоҳияташон барои баррасиву чораҷӯӣ ирсол намояд;

е) бо тартиби муқарраршуда аз шахсони мансабдор ва шаҳрвандон оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдак баёнот талаб намояд ва гирад;

ж) падару модаронро зимни баррасии масъалаҳои марбут ба таъмини шароитҳои муносиби тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ даъват кунад;

з) оилаҳоро муоина намояд, санадҳо тартиб диҳад, доир ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак мувофиқат доштани шароитҳои зисту тарбияи ӯ хулосаҳо диҳад;

и) мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои дигареро низ дошта бошад, ки барои ҳалли вазифаҳо ва иҷрои ӯхдадориҳои Котибот (шӯъба) заруранд.

27. Таъминоти моддиву техникии фаъолияти комиссияҳоро мутобиқан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ӯҳда доранд.