Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 377 "Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.01.2017 № 29 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ бобати дастгирии оилаву кӯдак ва ислоҳоти низоми идоракунии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои инкишофи маънавиву ҷисмонии кӯдакону наврасоне, ки дар вазъи хавфнок ва ё ногувори иҷтимоӣ қарор доранд, инчунин ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи кӯдак бармеояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Комиссияи кор бо ноболиғон барҳам дода шуда, вазифа ва салоҳияти он ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак вогузор карда шавад.

2. Низомнома дар бораи Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4 июни соли 1996 № 234 "Дар бораи Комиссияи кор бо ноболиғони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423 "Дар бораи таъсиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007 № 657 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2001 № 423".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 377

ш. Душанбе