Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
I. Муқаррароти умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 492)
1. Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Хадамот дар нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
4. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва ташкилотҳои дигар анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳои Хадамот
5. Ваколатҳои асосии Хадамот инҳо мебошанд:
- анҷом додани назорат ва танзими фаъолият дар соҳаҳои фитосанитарӣ ва карантини растанӣ;
- гузаронидани назорати карантинӣ, ташхиси лаборатории маҳсулоти растанӣ ва дигар маводи воридотӣ ва содиротӣ, аз ҷумла растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки дар дохили бағоҷ, муросилоти почта ва борҳои дастии мусофирон ворид ё содир карда мешаванд;
- ташкили солимгардонӣ ва безарарсозии карантинии маҳсулоти растанӣ ва дигар мавод, инчунин воситаҳои нақлиётие, ки аз дигар давлатҳо ва аз минтақаҳои таҳти карантин эълоншудаи ҷумҳурӣ ворид мегарданд;
- сари вақт ошкор намудани зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегона, гузаронидани таҳқиқи назоратии киштзорҳо, ҷангалзорҳо ва ғайра, ҷойҳои нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанӣ;
- муқаррар намудани ҳудуди карантинӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- гузаронидани санҷиши фаъолияти парваришгоҳҳои карантинӣ, қитъаҳои навъсанҷӣ, гармхонаҳое, ки ташхиси ҳолати карантинии тухмӣ ва растаниҳои аз давлатҳои дигар, инчунин минтақаҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳти карантин эълонгардида воридшавандаро анҷом медиҳанд;
- аз нав дида баромадан ва тасдиқ намудани Номгӯи зараррасонҳои карантинӣ, барангезандаҳои касалиҳои карантинии растанӣ, алафҳои бегонаи карантинӣ, ки нисбати онҳо чорабиниҳои давлатӣ оид ба карантини растанӣ муқаррар ва татбиқ карда мешаванд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор нашр намудани Номгӯи объектҳои биологие, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани онҳо манъ мебошад;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо интишор намудани фармону қарорҳои якҷоя;
- таҳия ва тасдиқ намудани қоидаҳои карантини дохилӣ ва берунии растанӣ;
- назорати киштзорҳо ва ниҳолзорҳо дар парваришгоҳҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои парвариши гулҳои ороишӣ бо мақсади таъмини истеҳсоли тухмӣ ва кӯчати озод аз зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинӣ;
- ҷорӣ намудани назорати доимии риояи бечунучарои маҳдудиятҳо ва гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо ва инчунин шаҳрвандон;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани конференсия, семинару намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо;
- бо тартиби муқарраршуда гузаронидани озмунҳо (тендерҳо) ва бастани қарордодҳо оид ба хариди мол ва хизматрасониҳо;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар асоси шартнома ҷалб намудани мутахассисон барои гузаронидани чорабиниҳо:
- дар ҳолати зарурӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ харидорӣ намудани фумигантҳо ва дигар пестисидҳо;
- таъсис додани дастаҳои махсуси фумигатсионӣ, дастаҳои сайёри бо техника, дастгоҳҳо ва воситаҳои ҳифзи растанӣ ҷиҳозонидашуда оид ба рафъ ва пешгирии паҳншавии зараррасонҳои карантинӣ, касалиҳои растанӣ ва алафҳои бегонаи карантинӣ;
- интихоб ва роҳбарӣ намудан ба фаъолияти мутахассисоне, ки ба мамлакатҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқарраргардида барои анҷом додани санҷиши карантинии ҳаҷми калони борҳои карантинии воридотӣ фиристонида мешаванд;
- дар доираи маблағҳои пешбинигардида ташкил ва гузаронидани курсҳои махсус барои кормандон. Хадамот таҳқиқу санҷишҳоро дар ҷойҳо ва оид ба молу маводи зерин мегузаронад:
- минтақаи секилометраи ҳамҳудуди сарҳади давлатӣ;
- минтақаҳои ҳамҳудуди дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо, бандарҳо, фурудгоҳҳо, роҳҳои оҳан, вокзалҳо, роҳҳои мошингард;
- ҳамаи мошинҳо, таҷҳизот ва техникаи кишоварзӣ;
- тухмӣ, растаниҳо ва дигар маҳсулоти растанӣ, ки аз хориҷа ворид ё ба хориҷа содир карда мешаванд;
- ҳама намуди нақлиёт (ҳавопаймоҳо, вагонҳо, контейнерҳо, мошинҳо, автобусҳо ва ғайра), ки аз хориҷа ворид мегардад ё аз ҷумҳурӣ хориҷ мешавад, инчунин аз қаламрави ҷумҳурӣ ба тариқи транзит мегузарад;
- ҳама намуди воситаҳои бастабандӣ, зарфҳо, ки аз растанӣ ё аз пӯсту пашм тайёр карда шудаанду ба ҷумҳурӣ ворид ва ё аз ҷумҳурӣ содир мешаванд;
- тамоми намуди бағоҷ, зарф, борҷома, борхалтаи дастии мусофирон, ки ба хориҷа содир ва ё аз хориҷа ворид карда мешаванд;
- ҳама намуди муросилоти почтавӣ, ки растанӣ, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти чарму пашм доранд.
6. Кормандони Хадамот ҳуқуқҳои зайл доранд:
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бемонеа ворид шудан ба ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, анборҳо, элеваторҳо, вагонҳои мусофирбар ва боркаш, ҳавопаймоҳо, ба ҳудуди намоишгоҳҳо, боғҳои ботаникӣ, пажӯҳишгоҳҳо, стансияҳои таҷрибавӣ, хоҷагиҳо, бозорҳо, корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин ба корхонаҳое, ки ба захиракунӣ, коркард ва фурӯши тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, новобаста аз шакли моликияташон, машғул мебошанд ва қитъаҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон;
- тартиб додани протоколҳо, санадҳо, амрномаҳо оид ба вайронкунии қоидаҳои карантини растанӣ нисбати вайронкунандагони қонуну қоидаҳо;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ситонидани зиёне, ки онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои карантини растанӣ расонидаанд;
- муайян намудани манбаъ ва минтақаи бо объектҳои карантинӣ олудашуда бо мақсади эълон намудани карантин;
- пешниҳод намудани дархост ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи эълон ё бардоштани минтақаи карантинӣ дар хоҷагиҳо, ҳудуд ё қисми ҳудуди корхонаҳо, муассисаҳо ё ташкилот, маҳалҳои аҳолинишин ё ноҳияҳо;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ боздошт ё мусодира намудани тухмӣ, растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз минтақаи карантин эълонгардида бе сертификати карантинӣ бароварда шудаанд;
- додани иҷозатномаи воридоти карантинӣ барои воридоти маҳсулоти таҳти карантин қарордошта;
- додани сертификатҳои фитосанитарӣ барои содироти маҳсулоти таҳти карантин ва дар қаламрави ҷумҳурӣ - сертификатҳои карантинӣ;
- дар сурати ба миён омадани таҳдиди воридшавию паҳншавии объектҳои карантинӣ аз давлатҳои ҳамсоя, бо мувофиқа бо мақомоти сарҳадот ва гумрук, ҷорӣ намудани тартиботи иловагии маҳдудкунии воридоти маҳсулоти таҳти карантин;
- додани иҷозат барои воридот ё содироти маҳсулоти таҳти карантин тавассути нуқтаҳои сарҳадӣ, гумруки почтамтҳо ва ғайра пас аз санҷиши карантин, дар сурати мавҷуд будани сертификатҳои фитосанитарию карантинӣ ё гузоштани мӯҳр дар ҳуҷҷатҳои воридотӣ ё содиротӣ;
- ҳангоми ошкор намудани объектҳои карантинӣ дар маҳсулоти воридотӣ, онро ҳатман безарар (фумигатсия) карда, бо мақсади ошкор намудани олудагии ниҳонӣ ва солимгардонии маҳсулоти мазкур онро ба парваришгоҳҳои интродуксионӣ - карантинӣ фиристонанд ё дар ҳолати зарурӣ ба коркарди техникӣ равона намоянд;
- аз ташкилотҳо ва шахсони алоҳидаи содиркунанда талаб намоянд, ки на дертар аз 30 рӯз то мӯҳлати интиқоли маҳсулоти таҳти карантинӣ хабари расмӣ диҳанд ва на дертар аз 15 рӯз то бор карда фиристодан, маҳсулотро барои санҷиш пешниҳод намоянд;
- бо мақсади сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои карантинӣ аз роҳбарони хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, ҷудо намудани кормандони ваколатдорро талаб намоянд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз маъмурияти истгоҳҳои роҳи оҳан, саристгоҳҳои (вокзалҳои) автобусҳо, фурудгоҳҳо, бандарҳои дарёӣ, почтамтҳо, хоҷагиҳо, муассисаҳо ва ғайра аз ҳисоби соҳибони бор ҷудо кардани воситаҳои нақлиёт, анбор, бинои хизматӣ, маводи ёрирасон ва коргарони ёрирасонро талаб намоянд.
III. Ташкили фаъолияти Хадамот
7. Хадамотро Сардор роҳбарӣ менамояд, ки бо пешниҳоди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардори Хадамот барои гузаронидани назорати давлатӣ ва риоя намудани қоидаҳои муқарраргардидаи фитосанитарӣ ва карантини растанӣ масъул мебошад.
Муовини Сардори Хадамот бо пешниҳоди Сардор аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардори Хадамот аз рӯи вазифа ҳамзамон Сарнозири давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Муовини Сардори Хадамот ҳамзамон муовини Сарнозири давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мудирони бахшҳои Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи вазифа мутобиқан сарнозирони давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд ().
8. Сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтори Хадамот аз ҷониби Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
9. Вазифаҳои Сардори Хадамот аз инҳо иборатанд:
- амалисозии роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамот;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ба кор ҷалб намудани мутахассисон дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус;
- тасдиқ намудани низомномаҳои воҳидҳои сохтории Хадамот, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар асноди хизматии Хадамот;
- тасдиқ намудани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти бахшҳои сохтории Хадамот;
- манзури пешниҳодот ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули маблағгузории буҷетии Хадамот;
- бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани кормандони арзандаи Хадамот барои мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, мӯҳру штампҳо, бланкҳои дахлдор, ҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва махсус мебошад.
11. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот:
734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шарқ, гузаргоҳи 2, бинои 10.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Роҳбарият
Шӯъбаи назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ()
Шӯъбаи иқтисод ва муҳосибот
Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Дастгоҳи марказӣ
Бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ()
Бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ()
Бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар вилояти Суғд ()
Бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар вилояти Хатлон ()
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фитосаннтарӣ ва карантини растанӣ
Лабораторияи ҷумҳуриявии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва дохилии фитосанитарию карантини растанӣ дар бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, почтамтҳо, роҳҳои мошингард, терминалҳо ва стансияҳои боркаш

Сардорони шӯъбаҳои Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи вазифа мутобиқан сарнозирони давлатии фитосанитарӣ ва карантини растании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
8. Сардорон ва кормандони воҳидҳои сохтори Хадамот аз ҷониби Сардори Хадамот ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
9. Вазифаҳои Сардори Хадамот аз инҳо иборатанд:
- амалисозии роҳбарии фаврӣ ба фаъолияти Хадамот;
- ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони Хадамот;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ба кор ҷалб намудани мутахассисон дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус;
- тасдиқ намудани низомномаҳои воҳидҳои сохтории Хадамот, дастурамалҳо, қоидаҳо ва дигар асноди хизматии Хадамот;
- тасдиқ намудани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти бахшҳои сохтории Хадамот;
- манзури пешниҳодот ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули маблағгузории буҷетии Хадамот;
- бо тартиби муқарраргардида пешниҳод кардани кормандони арзандаи Хадамот барои мукофотонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
10. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ, мӯҳру штампҳо, бланкҳои дахлдор, ҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва махсус мебошад.
11. Маҳали ҷойгиршавии Хадамот:
734002, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шарқ, гузаргоҳи 2, бинои 10.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Роҳбарият
Раёсати назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Шӯъбаи иқтисод ва муҳосибот
Бахши ҳуқуқ ва кадрҳо
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2008 № 372
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ
Дастгоҳи марказӣ
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар вилояти Суғд
Шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар вилояти Хатлон