Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 372 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ"

Санаи амалкуни: 14.09.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2017 № 595 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 492)

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ 24 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Дастгоҳи марказӣ 14 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.09.2012 № 492).

3. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

4. Ба Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ иҷозат дода шавад, ки 1 муовини сардор дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 2 адад муқаррар карда шавад.

5. Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини назорати фитосанитарӣ, масъалаи ҷудо кардани қитъаҳои заминро ба Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ тибқи тартиби муқарраршуда баррасӣ ва ҳал намояд.

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 №176 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 августи соли 2008 № 372

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ

Мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ 28 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Дастгоҳи марказӣ 16 воҳид муқаррар карда шавад.