Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 306
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)
Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд Барнома) бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.
Соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, навкунин намудҳои хушзоти моҳиҳо, ба иқлим мутобиқкунии намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои америкоӣ, лакамоҳии каналӣ), ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст.
Рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва амалӣ гардидани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоати барои солҳои 2007-2009 мавқеи аввалиндараҷа дорад.
1. Вазъи моҳипарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 хоҷагии парвариши моҳии хушзот ва 5 хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ҶСШК "Шукуфон"- шаҳри Қайроққум, ҶСШК "Моҳипарварии Панҷакент"-и шаҳри Панҷакент, ҶСШК "Хоҷагии парвариши моҳии хушзот"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶСШК "Гули сурх"-и ноҳияи Ҷиликул, хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҶДММ, "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангнр ва ҶДММ "Форел"-и шаҳри Вахдат фаъолият доранд.
Майдони умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёда аз 3000 гектарро ташкил дода, аз ҷумла дар майдони 1500 гектар парвариши моҳиҳои молӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар солҳои 90-ум майдони хоҷагиҳои моҳипаварӣ барои парвариши моҳиҳои молӣ 1280 гектарро ташкил дода, истеҳсоли моҳиҳои молӣ 3550 тонна ва маҳсулнокин миёна ба 30 сентиер аз 1 гектар баробар буд.
Дар ин солҳо талаботи физиологиро ба назар гирифта, барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти моҳӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба миқдори 6500 тонна моҳӣ харидорӣ менамуд.
Айни замон барои таъмини талаботи муқаррарии физиологии аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 14000 тонна маҳсулоти моҳӣ истеҳсол намудан лозим аст.
Ҳаҷми сайди моҳӣ солҳои 2005 265 тонна, 2006 214 тонна ва 2007 225,7 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба 10 фоизи иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои мавҷуда баробар аст.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои зиёд кардани истеҳсоли моҳиҳои молӣ ва таъминоти талаботи аҳолӣ, иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аз ҳисоби барқароркунии миқдори намудҳои хушсифати моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳи таъмирӣ, маводи зарурӣ барои таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарпарӣ ва моҳидории ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- зиёд намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ то 15000 гектар, инчунин истифодаи шароити иқлимию табиии майдонҳои обии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба 14000 тонна расонидани исгеҳсоли маҳсулоти моҳӣ;
- таъмини ҳифзи захираҳои генетикии намудҳои моҳиҳои хушзот бо мақсади такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ;
- самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ (обанборҳо, ҳавзҳо, ва дарёҳо) барои ташкили моҳидории саноатӣ.
Рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Бо мақсади зиёд кардани намудҳои нави моҳиҳо, барқарор намудани саршумори моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳои таъмирӣ, харидори намудани моҳичаҳо аз дигар ҷумҳуриҳо, ки дар муддатҳои муайян барои ташкили фонди генетикии моҳиҳои хушзот мусоидат менамояд, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нави ҳозиразамон оид ба моҳипарварӣ ва моҳидорӣ (таҷҳизоти нави инкубатсионӣ, гузаронидани хатҳои қафаси, беҳтар намудани технологияи хӯронидан ва дигарҳо) дар назар аст.
Фонди зикргардидаи генетикии моҳиҳои хушзот барои таъмини такрористеҳсолкунии хоҷагиҳои мавҷудаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, инчунин барои ба роҳ мондани парвариши моҳ дар кӯлҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва хоҷагиҳои нави моҳидорӣ мусоидат менамояд, ки ин бар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароит фароҳам месозад.
3. Раванди иҷрои Барнома
Барои иҷрои Барнома ва таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:
- барои ҳифз ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ ташкил намудани фонди давлатии моҳидорӣ аз ҳисоби воситаҳои зараре, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми вайрон кардани захираҳои моҳӣ мерасонанд;
- пешбинӣ намудани рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ дар акваторияҳои озоди майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ;
- андешиданн чораҳои мушаххас, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои мавҷуда ва ҳоҷагиҳои навтаъсис, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, бо насли моҳичаҳо;
- ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ, ннчунин чорабиниҳо оид ба корҳои селексионию хушзотгардонӣ, бо мақсади беҳтар намудани намудҳои генетикии моҳиҳо ва бунёди саршумори модарии моҳиҳои қиматбаҳо;
- ташкили ҳифзи моҳӣ дар ҷойҳои сайди саноатии он дар акваторияҳои майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар;
- ҷалби васеи сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблаггузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои иитиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2009-2013 ҳар сол 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.
5. Талаботи соҳаи моҳипарварӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2009-2013
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------ҷ
| № |Номгӯи воситаҳои |воҳиди |миқдор |нархи як |нархи умумӣ |
|т/р|асосӣ ва гардишӣ |ченак | |воҳид |(ҳазор сомонӣ |
| | | | |(сомонӣ) | |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|1 |Хариди моҳичаҳои | | | | |
| |карп, алафхӯр ва | | | | |
| |намудҳои нави | | | | |
| |моҳиҳо аз дигар | | | | |
| |ҷумҳуриҳо (Хитой, | | | | |
| |Туркия, Россия ва |млн. | | | |
| ЖҚирғизистон) |адад | 70 | 7000 | 490,0 |

|2 |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |моҳипарварӣ |маҷмӯъ | 4 | 80000 | 320,0 |

|3 |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |лабораторӣ ва | | | | |
| |инкубатсионӣ | | 4 | 160000 | 640,0 |
| |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |сайди моҳӣ |маҷмӯъ | 10 | 5000 | 50,0 |

| |Ҷамъ: | | | | 1500,0 |

6. Дурнамои ҳаҷми истеҳсол ва сайди моҳии молӣ дар давраи солҳои 2014-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)
(тонна)
+---+-------------------------------------------+--------------------ҷ
| № | Номгӯи хоҷагиҳо | Солҳо |
| | +----------+---------+
| | | 2014 | 2015 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|1 |ҶСК "Парваришгоҳи моҳии хушзот"-и ноҳияи | | |
| |Абдураҳмони Ҷомӣ | 320 | 350 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|2 |ҶСК "Гули Сурх"-и ноҳияи Ҷиликӯл | 170 | 180 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|3 |Хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир | | |
| |Сайид Алии Ҳамадонӣ | 280 | 300 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|4 |ҶДММ "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангир | 75 | 80 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|5 |ҶСК "Суғд моҳӣ"-и шаҳри Қайроққум | 150 | 160 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|6 |ҶСК "Моҳипарвари Панҷакент"-и шаҳри | | |
| |Панҷакент | 65 | 91 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|7 |Хоҷагии давлатии "Норак Бойғозӣ"*и шаҳри | | |
| |Норак | 15 | 20 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|8 |ҶДММ "Форел"-и шаҳри Ваҳдат | 8 | 10 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|9 |Аз ҳисоби захираҳои табиӣ, хоҷагиҳои | | |
| |ҷангал ва Парки миллӣ | 100 | 120 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|10 |Хоҷагиҳои деҳқонии, (фермерии) моҳипарварии| | |
| |ҷумҳурӣ | 600 | 640 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
|11 |Аҳолӣ | 100 | 120 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
| |Ҳамагӣ | 1883 | 2071 |
+---+-------------------------------------------+----------+---------+
7. Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.07.2014 № 421)
+---+--------------------------+---------+---------------------------ҷ
| № | | | |
|т/т| Номгӯи чорабиниҳо | Мӯҳлат | Мутасаддиён |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|1. |Ташкили хоҷагиҳои деҳқонии| |Мақомоти иҷроияи |
| |(фермерии) моҳипарварӣ дар| 2014 |маҳаллии ҳокимияти |
| |ВМКБ, вилоятҳои Суғду | 2015 |давлатии вилоятҳо |
| |Хатлон ва ноҳияҳои тобеи | |ва шаҳру ноҳияҳо, |
| |ҷумҳурӣ | |Кумитаи давлатии |
| | | |идораи замин ва |
| | | |геодезии Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати кишоварзии |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|2. |Ба ҳисоботҳои оморӣ пурра | 2014 |Агентии омори назди |
| |ворид намудани | 2015 |Президенти Ҷумҳурии |
| |нишондиҳандаҳои соҳаи | |Тоҷикистон, - |
| |моҳипарварӣ | |мақомоти иҷроияи |
| | | |маҳаллии ҳокимияти |
| | | |давлатии вилоятҳо |
| | | |ва шаҳру ноҳияҳо |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|3. |Таҳия ва пешниҳоди | 2014 |Вазорати кишоварзии |
| |лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид | 2015 |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |ба - рушди соҳаи | |Вазорати рушди |
| |моҳипарварӣ | |иқтисодӣ ва савдои |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Кумитаи давлатии |
| | | |сармоягузорӣ ва |
| | | |идораи амволи |
| | | |давлатии Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|4. |Нигоҳ доштан ва зиёд | 2014 |Вазорати кишоварзии |
| |намудани навъҳои нави | 2015 |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| |моҳиҳо | |Академияи илмҳои |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистои |
| | | |ва Академияи илмҳои |
| | | |кишоварзии Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|5. |Ташкили моҳидории саноатӣ | 2014 |Вазорати кишоварзии |
| |дар ҷумҳурӣ | 2015 |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Вазорати саноат ва |
| | | |технологияҳои нави |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Академияи илмҳои |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|6. |Ҳифзи захираҳои моҳӣ дар | 2014 |Кумитаи ҳифзи |
| |обанборҳои ҷумҳурӣ | 2015 |муҳити зисти назди |
| | | |Ҳукумати Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон, |
| | | |Академияи илмҳои |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
|7. |Тайёр намудани | 2014 |Донишгоҳи аграрии |
| |мутахассисони соҳаи | 2015 |Тоҷикистон ба номи |
| |моҳипарварӣ | |Шириншоҳ Шоҳтемур, |
| | | |Вазорати кишоварзии |
| | | |Ҷумҳурии Тоҷикистон |
+---+--------------------------+---------+---------------------------+
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 306
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 (минбаъд Барнома) бо мақсади нигоҳ доштан, зиёд кардани саршумор, маҳсулнокии моҳиҳо, такмил додани сифатҳои генетикии моҳиҳо ва ба ин васила таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таҳия гардидааст.
Соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, Барномаи таҳиягардида ба барқароркунии иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои моҳипарварии мавҷуда, навкунин намудҳои хушзоти моҳиҳо, ба иқлим мутобиқкунии намудҳои қаблан нестшуда (бестер, гулмоҳии рангоранг, амури сиёҳ, пешонағафси рангоранг, буффалои америкоӣ, лакамоҳии каналӣ), ташкили хоҷагиҳои парвариши моҳии хушзот, тавлидгоҳҳои парваришӣ ва хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ новобаста аз шакли моликият равона карда шудааст.
Рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар таъмини бехатарии озуқавории мамлакат ва амалӣ гардидани Барномаи паст кардани сатҳи камбизоати барои солҳои 2007-2009 мавқеи аввалиндараҷа дорад.
1. Вазъи моҳипарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Дар айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 хоҷагии парвариши моҳии хушзот ва 5 хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла ҶСШК "Шукуфон"- шаҳри Қайроққум, ҶСШК "Моҳипарварии Панҷакент"-и шаҳри Панҷакент, ҶСШК "Хоҷагии парвариши моҳии хушзот"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҶСШК "Гули сурх"-и ноҳияи Ҷиликул, хоҷагии давлатии "Чубек"-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҶДММ, "Фирӯз-1"-и ноҳияи Қумсангнр ва ҶДММ "Форел"-и шаҳри Вахдат фаъолият доранд.
Майдони умумии хоҷагиҳои моҳипарварӣ зиёда аз 3000 гектарро ташкил дода, аз ҷумла дар майдони 1500 гектар парвариши моҳиҳои молӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар солҳои 90-ум майдони хоҷагиҳои моҳипаварӣ барои парвариши моҳиҳои молӣ 1280 гектарро ташкил дода, истеҳсоли моҳиҳои молӣ 3550 тонна ва маҳсулнокин миёна ба 30 сентиер аз 1 гектар баробар буд.
Дар ин солҳо талаботи физиологиро ба назар гирифта, барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти моҳӣ, ҷумҳурӣ ҳар сол ба миқдори 6500 тонна моҳӣ харидорӣ менамуд.
Айни замон барои таъмини талаботи муқаррарии физиологии аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 14000 тонна маҳсулоти моҳӣ истеҳсол намудан лозим аст.
Ҳаҷми сайди моҳӣ солҳои 2005 265 тонна, 2006 214 тонна ва 2007 225,7 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба 10 фоизи иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои мавҷуда баробар аст.
2. Зарурияти қабули Барнома
Барнома барои зиёд кардани истеҳсоли моҳиҳои молӣ ва таъминоти талаботи аҳолӣ, иҷрои Барномаи озуқавории мамлакат аз ҳисоби барқароркунии миқдори намудҳои хушсифати моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳи таъмирӣ, маводи зарурӣ барои таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарпарӣ ва моҳидории ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Барнома иҷрои вазифаҳои зеринро дар бар мегирад:
- зиёд намудани майдони хоҷагиҳои моҳипарварӣ то 15000 гектар, инчунин истифодаи шароити иқлимию табиии майдонҳои обии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ба 14000 тонна расонидани исгеҳсоли маҳсулоти моҳӣ;
- таъмини ҳифзи захираҳои генетикии намудҳои моҳиҳои хушзот бо мақсади такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ;
- самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ (обанборҳо, ҳавзҳо, ва дарёҳо) барои ташкили моҳидории саноатӣ.
Рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ барои истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Бо мақсади зиёд кардани намудҳои нави моҳиҳо, барқарор намудани саршумори моҳиҳои зотӣ ва гурӯҳҳои таъмирӣ, харидори намудани моҳичаҳо аз дигар ҷумҳуриҳо, ки дар муддатҳои муайян барои ташкили фонди генетикии моҳиҳои хушзот мусоидат менамояд, инчунин ҷорӣ намудани технологияи нави ҳозиразамон оид ба моҳипарварӣ ва моҳидорӣ (таҷҳизоти нави инкубатсионӣ, гузаронидани хатҳои қафаси, беҳтар намудани технологияи хӯронидан ва дигарҳо) дар назар аст.
Фонди зикргардидаи генетикии моҳиҳои хушзот барои таъмини такрористеҳсолкунии хоҷагиҳои мавҷудаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, инчунин барои ба роҳ мондани парвариши моҳ дар кӯлҳо, обанборҳо, ҳавзҳо ва хоҷагиҳои нави моҳидорӣ мусоидат менамояд, ки ин бар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтисодиёти ҷумҳурӣ шароит фароҳам месозад.
3. Раванди иҷрои Барнома
Барои иҷрои Барнома ва таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ ҳалли масъалаҳои зерин заруранд:
- барои ҳифз ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ ташкил намудани фонди давлатии моҳидорӣ аз ҳисоби воситаҳои зараре, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳангоми вайрон кардани захираҳои моҳӣ мерасонанд;
- пешбинӣ намудани рушди моҳипарварӣ ва моҳидорӣ дар акваторияҳои озоди майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), ноҳияҳо ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ;
- андешиданн чораҳои мушаххас, ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои мавҷуда ва ҳоҷагиҳои навтаъсис, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, бо насли моҳичаҳо;
- ташкили хоҷагиҳои зотпарварӣ, ннчунин чорабиниҳо оид ба корҳои селексионию хушзотгардонӣ, бо мақсади беҳтар намудани намудҳои генетикии моҳиҳо ва бунёди саршумори модарии моҳиҳои қиматбаҳо;
- ташкили ҳифзи моҳӣ дар ҷойҳои сайди саноатии он дар акваторияҳои майдонҳои обии вилоятҳо (аз ҷумла дар ВМКБ), шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар;
- ҷалби васеи сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаи моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва пешбинӣ намудани қарзҳои имтиёзнок.
4. Сарчашмаҳои маблағгузории Барнома
Маблаггузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, қарзҳои иитиёзноки бонкӣ, ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои дар амал татбиқ намудани Барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар давраи солҳои 2009-2013 ҳар сол 300 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Иҷрои дигар нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳои Барнома дарҷ гардидаанд, аз ҳисоби қарзҳои бонкӣ ва грантҳо таъмин карда мешавад.
5. Талаботи соҳаи моҳипарварӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои харидорӣ намудани воситаҳои асосӣ ва гардишӣ дар давраи солҳои 2009-2013
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------ҷ
| № |Номгӯи воситаҳои |воҳиди |миқдор |нархи як |нархи умумӣ |
|т/р|асосӣ ва гардишӣ |ченак | |воҳид |(ҳазор сомонӣ |
| | | | |(сомонӣ) | |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|1 |Хариди моҳичаҳои | | | | |
| |карп, алафхӯр ва | | | | |
| |намудҳои нави | | | | |
| |моҳиҳо аз дигар | | | | |
| |ҷумҳуриҳо (Хитой, | | | | |
| |Туркия, Россия ва |млн. | | | |
| ЖҚирғизистон) |адад | 70 | 7000 | 490,0 |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
|2 |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |моҳипарварӣ |маҷмӯъ | 4 | 80000 | 320,0 |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
| | | | | | |
|3 |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |лабораторӣ ва | | | | |
| |инкубатсионӣ | | 4 | 160000 | 640,0 |
| |Хариди таҷҳизоти | | | | |
| |сайди моҳӣ |маҷмӯъ | 10 | 5000 | 50,0 |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
| | | | | | |
| |Ҷамъ: | | | | 1500,0 |
| | | | | | |
+---+-------------------+--------+--------+-----------+--------------+
6. Дурнамои ҳаҷми истеҳсол ва сайди моҳии молӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015
+-+---------------+----+------+--------------------------------------ҷ
|№|Номгӯи хоҷагиҳо|Май |Воҳиди| солҳо |
|т| |дон,|ченак +-----+----+-----+-----+-----+----+----+
|р| |га | |2009 |2010|2011 |2012 |2013 |2014|2015|
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
|1|ҶСШК "Хоҷагии | | | | | | | | | |
| |парвариши моҳии| | | | | | | | | |
| |хушзоти"-и | | | | | | | | | |
| |ноҳияи | | | | | | | | | |
| |Абдураҳмони | | | | | | | | | |
| |Ҷомӣ |894 |тонн |100 |150 | 210 |300 |45 0 |600 | 650|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|2|ҶСШК "Гули | | | | | | | | | |
| |сурх"-и ноҳияи | | | | | | | | | |
| |Ҷиликӯл |760 |тонн |45 |60 | 90 |120 |200 |300 | 400|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|3|Хоҷагии | | | | | | | | | |
| |давлатии | | | | | | | | | |
| |"Чубек"-и | | | | | | | | | |
| |ноҳияи Мир | | | | | | | | | |
| |Сайид Алии | | | | | | | | | |
| |Ҳамадонӣ |761 |тонн |60 |90 | 120 |200 |300 |350 | 374|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|4|ҶДММ "Фирӯз-1" | | | | | | | | | |
| |ноҳияи | | | | | | | | | |
| ЖҚумсангир |377 |тонн |20 |30 | 60 |90 |120 |150 | 200|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|5|ҶСШК "Шукуфон" | | | | | | | | | |
| |шаҳри | | | | | | | | | |
| ЖҚайроқкум | | | | | | | | | |
| |(ва обанбор) |86,6|тонн |180 |190 | 200 |220 |240 |260 | 270|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|6| ҶСШК "Моҳи- | | | | | | | | | |
| | парварии | | | | | | | | | |
| | Панҷакент"-и | | | | | | | | | |
| | шаҳри | | | | | | | | | |
| | Панҷакент |156 |тонн | 35 |45 | 60 |90 |110 |130 | 150|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|7| Хоҷагии | | | | | | | | | |
| | давлатии | | | | | | | | | |
| | моҳипарварии | | | | | | | | | |
| | Бойғозии, | | | | | | | | | |
| | шаҳри Норак | | | | | | | | | |
| | (ва обанбор) | |тонн | 10 |7 | 15 |20 |25 | 30 | 35|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|8| ҶДММ "Форел"-и| | | | | | | | | |
| | шаҳри Ваҳдат |18 |тонн | 4 |6 | 8 |10 |12 | 14 | 16|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
|9| Хоҷагиҳои | | | | | | | | | |
| | деҳқонӣ | | | | | | | | | |
| | (фермерӣ)-и | | | | | | | | | |
| | моҳипарварии | | | | | | | | | |
| | ҷумҳурӣ |400 |тонн | 50 |100 | 150 |200 |250 | 300| 400|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
| | | | | | | | | | | |
| | Ҳамагӣ: |34 | | | | | | | | |
| | |52,6|- | 504 | 686| 918 |1255 |1712 |2139|2500|
| | | | | | | | | | | |
+-+---------------+----+------+-----+----+-----+-----+-----+----+----+
7. Нақшаи чорабиниҳо амалигардонии Барнома
+---+------------------------+--Т------+-----------------------------ҷ
| № | |мӯҳлати | Мутасаддиён |
|т/р| Номгӯи чорабиниҳо |иҷро, | |
| | |солҳо | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|1 |Ташкили хоҷагин давлатии| |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |тавлид ва парвариши | |Тоҷикистон, Агентии заинсозӣ,|
| |моҳичаҳо дар заминаи | |геодезӣ ва харитасозии назди |
| |обанбори Норак |2009-2010|Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| | | |мақомоти иҷроияи маҳалли |
| | | Жҳокимияти давлатӣ |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|2 |Барқарор намудани | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |фаъолияти хоҷагии | |Тоҷикистон, Академияи илмҳои |
| |давлатии моҳипарварии | |кишоварзии Тоҷикистон, |
| |Бойғозӣ |2009-2011|мақомоти иҷроияи маҳаллии |
| | | Жҳокимияти давлатӣ |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|3 |Баҳисобгирии | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |нишондиҳандаҳои соҳаи | |Тоҷикистон, Кумитаи давлатии |
| |моҳипарварӣ | доимо |омори Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|4 |Ташкили парваришгоҳи | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |моҳии хушзот дар ноҳияи | |Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ|
| |Зафаробод |2009-2011|геодезӣ ва харитасозии назди |
| | | |Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| | | |мақомоти иҷроияи маҳаллии |
| | | Жҳокимияти давлатӣ |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|5 |Ташкили хоҷагиҳои | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |деҳқонӣ (фермерӣ) ва | |Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ|
| |саҳомии моҳипарварӣ дар | |геодезӣ ва харитасозии назди |
| |ВМБК, вилоятҳои Хатлон, | |Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| |Суғд ва ноҳияҳои тобеи | |мақомоти иҷроияи маҳаллии |
| |ҷумҳурӣ |2009-2015Жҳокимияти давлатӣ |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|6 |Ташкили низоми пурраи | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |хоҷагии моҳипарварии | |Тоҷикистон,Агентни заминсозӣ,|
| |ҶДММ "Фирӯз-1" дар | |геодезӣ ва харитасозии назди |
| |ноҳияи Қумсангир |2009-2011|Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| | | |мақомоти иҷроияи маҳаллии |
| | | Жҳокимияти давлатӣ |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|7 |Таҳия ва пешниҳоди | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |лоихаҳои инвеститсионӣ | |Тоҷикистон, Кумитаи давлатии |
| |оид ба рушди соҳаи | |сармоягузорӣ ва идораи амволи|
| |моҳипарварӣ ва ҷорӣ | |давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,|
| |намудани технологияи | |Бонки миллии Тоҷикистон |
| Жҳозиразамон |2009-2015| |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|8 |Таҳия ва тасдиқи | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ | |Тоҷикистон, Вазорати адлияи |
| |оид ба моҳипарварӣ |2009-2011|Ҷумҳурии Тоҷикистон, |
| | | |Институти зоология ва |
| | | |паразитологияи Академияи |
| | | |илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|9 |Нигоҳ доштан ва зиёд | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |намудани навъҳои нави | |Тоҷикистон,Институти зоология|
| |моҳиҳо |2009-2015|ва паразитологияи Академияи |
| | | |илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|10 |Ташкили моҳидории | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |саноатӣ дар ҷумҳурӣ |2010-2015|Тоҷикистон,Институти зоология|
| | | |ва паразитологияи Академияи |
| | | |илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|11 |Ташкили ҳифзи захираҳои | |Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии |
| |моҳӣ дар обанборҳои | |Тоҷикистон, Вазорати молияи |
| |ҷумҳурӣ | доимо |Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати|
| | | |адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
| | | | |
+---+------------------------+---------+-----------------------------+
|12 |Тайёр намудани | |Вазорати рушди иқтисод |
| |мутахассисони моҳипарвар| |ва савдои Ҷумҳурии |
| |-ихтиологҳо дар | |Тоҷикистон, Вазорати |
| |Донишгоҳи аграрии | |молияи Ҷумҳурии |
| |Тоҷикистон |2009-2015|Тоҷикистон, Вазорати |
| | | |маорифи Ҷумҳурии |
| | | |Тоҷикистон, Вазорати |
| | | |кишоварзии Ҷумҳурии |