Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 маи соли 1997, № 239 "Дар бораи лицензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 30.12.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.03.2002 с. № 92 беэътибор дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи лицензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001 с. № 591)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи тартиби лицензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Номгӯи канданиҳои фоиданоки маъмул ва Номгӯи канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷашон бо усулҳои заршӯй ва супоридани ихтиёрӣ иҷозат дода мешавад, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

Вазифаҳои мақоми иҷроияи лицензиядиҳанда барои истифодаи қаъри замин ба зиммаи Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд, ба ғайр аз истеҳсоли манбаҳои энергетикӣ (ҷустуҷӯ, кашф ва баистифодадиҳии конҳои ангиштсанг, нафт, газ, манбаҳои геотермалӣ ва ғайраҳо) дар мавзею майдонҳои кашфгардида (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2001 с. № 591).

2. Муқаррар карда шавад, ки лицензияҳоро барои истифодаи қаъри замин: барои объектҳои бузурги дорои аҳамияти муҳими давлатӣ ва объектҳо бо ширкати ашхоси ҳуқукӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иншооти дигар - муовини ӯ, ки соҳаро назорат мекунад, имзо менамоянд.

3. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи боҷҳоро барои барасмиятдарори ва додани лицензияҳо барои истифодаи қаъри замин, тартиби ситондан ва истифодабарии онҳоро муайян намояд.

4. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳо) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳангоми қабули қарор оид ба додани лицензияҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ҳамин Низомномаро ба таври қатъӣ дастури амал қарор дода, тартиби муқаррашудаи баҳисобгирӣ ва бақайдгирии дархостҳо (аризаҳо)-ро барои гирифтани лицензияҳо, ҳисобу китоби варақаҳои лицензия, баҳисобгирӣ ва ба қайдгирии лицензияҳои додашударо таъмин намоянд.

5. Ташкилоту корхонаҳо муассисаҳо ва шаҳрвандони аз қаъри замин истифодабаранда, аз ҷумла онҳое, ки минтақаҳои маъданро дар ихтиёр доранд ё бо тартиби дигар ҳуқуқи истифодабарии қаъри заминро гирифтаанд, дар мӯҳлати 6 моҳ мувофиқи талаботи Низомномаи мазкур лицензия гиранд.

6. Банди 1 замимаи №1 ба Низомномаи тартиби додани иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лицензиякардашаванда, ки бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 1992 № 325 тасдиқ шудааст;

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 1993 № 338 "Чорабиниҳо оид ба истихроҷи конҳои хурд ва зуҳуроти маъданӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 26 маи соли 1997 № 239

ш. Душанбе