Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 1996,
№ 164 тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳо роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ
Низомномаи мазкур тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофиро муайян мекунад.
I. Номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва таълимгоҳҳо
1. Номгузорӣ барои пос доштани хотири ходимони машҳуртарини давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, қаҳрамонони меҳнат, ходимони илму фарҳанг аз рӯи илтимосномаҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандон сурат мегирад.
2. Номҳои ходимони давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, ходимони илму фарҳанг, муҳофизони Ватан ҳангоми дар ҳаёт буданашон ба корхонаҳо, ташкилоту муассиаҳо, таълимгоҳҳо дода намешаванд.
3. Номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои тобеи ҷумҳурӣ, мактабҳои олӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ сурат мегирад.
4. Номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои тобеи маҳаллӣ, колхозҳо ва дигар ташкилотҳои кооперативӣ, мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбии техникӣ, мактабҳои миёнаи махсус дар вилоятҳо аз тарафи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилолтҳо, дар шаҳри Душанбе аз тарафи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва дар ноҳияҳо, шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ аз тарафи маҷлисҳои вакилони халқи ин ноҳияву шаҳрҳо сурат мегирад.
5. Барои баррасии масъалаҳои номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ мутобиқан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
- протоколи маҷлиси умумии коллективи меҳнатии корхона, муассиса, ташкилот, колхоз, кооператив, дигар иттиҳодияи шаҳрвандон, маҷлиси умумии коллективи омӯзгорон, донишҷӯён, талабагони мактабҳои олиии миёнаи махсус, омӯзишгоҳи касбию техникӣ, мактаби маълумоти умумӣ ;
- мактуби ташреҳӣ бо далелҳои зарурати номгузорӣ ва дигар кардани номи корхона, муассиса, ташкилот, таълимгоҳ;
- илтимосномаи бо мақомоти дахлдори болоӣ мувофиқатшуда дар бораи номгузорӣ ва дигар кардани ном;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор (дар сурати ба маҷлиси вакилони халқи болои ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо).
II. Номгузорӣ ва дигар кардани станцияҳои роҳи оҳан ва истгоҳҳои мусофирон, аэропортҳо, муассисаҳои почтаю телеграфи соҳаи алоҳа
6. Ба станцияҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои мусофирон ва аэропортҳо, чун қоида, номи маҳалҳои аҳолинишине дода мешанад, ки ин объектҳои нақлиётӣ дар он ҷо воқеъ гардиданд, дар айни замон ба объектҳои нақлиёти роҳи оҳал, автомобилӣ ва ҳавоӣ, ки дар як маҳал воқеъ шудаанд, номи якхела дода мешавад. Оиди ин масъала мақомоти ҷумҳурӣ, ки ба соҳаи нақлиёт роҳбарӣ мекунанд, қарор қабул менамоянд.
7. Ба станцияю аэропортҳо ба муносибати ҷашнҳои воқеаҳои таърихӣ, ходимони машҳуртарини давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гузашта мешаванд.
Дар ин маврид номгузорӣ, аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор ва мақомоти ҷумҳурӣ, ки ба соҳаи нақлиёт роҳбарӣ мекунанд, сурат мегирад.
8. Номгузорӣ ва дигар кардани номи дуроҳаҳоим роҳи оҳан, маҳалҳои пешгузар, постҳои роҳ ва блокпостҳо, ҳангоме, ки дар онҳо рақамҳои тартибӣ ва рақамҳои километри дахлдори роҳи оҳан сабт нашудааст аз тарафи Роҳи Оҳани Тоҷикистон бо мувофиқаи Саридораи геодезия ва картографияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Штаби марказии Қувваҳои Мусаллаҳ, Вазорати амният, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони воҳидҳои маъмурие, ки ин объектҳо дар ҳудудашон воқеъ гардидаанд, ба амал бароварда мешавад.
9. Ба муссисаҳои почтаю телеграфӣ соҳаи алоқа номи маҳалҳои аҳолинишини мавқеи ҷойгиршавиашон дода шуда, дар ин хусус қарори дахлдори Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
III. Номгузорӣ ва дигар кардони номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ
10. Объектҳои физикию ҷуғрофии зайл бояд номгузорӣ шаванд:
кӯҳҳо, дараҳо, пирьяхҳо, ҳамвориҳо, водиҳо ва дигар мавзеъҳои рельефи хушкӣ, дарьёҳо, кӯлҳо ва обанборҳои сатҳӣ;
минтақаҳои табии таърихӣ;
комплексҳои геоморфологӣ, умуммиятҳои сохторию геологӣ ва ландшафтӣ;
соҳаҳои паҳншавии намудҳо, шаклҳо ё дигар гурӯҳҳои токсономии растаниҳо ва ҳайвонот (ареалҳо).
Ба объектҳои физикию ҷуғрофӣ маъмулан номҳое дода мешаванд, ки шакл, сохт, андоза, мавқеъи ҷойгиршавӣ ва дигар нишонаҳои хоси онҳоро ифода кунанд.
11. Ба объектҳои физикию ҷуғрофӣ номи кашшофони нахустини онҳо, ба муносибати ҷашнвораҳои воқеаҳои тальрихӣ, ба шарафи ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ номгузорӣ шуда, инчунин номи ходимони машҳуртарини давлатӣ аз ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илму фарҳанг ба онҳо дода мешавад.
Номи ходимони машҳуртарини давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизони Ватан, ходимони илму фарҳанг фақат баъд аз вафот бо мақсади абади гардонидани хотираи онҳо гузошта мешавад.
Гузоштани номҳое, ки пештар ба объектҳои физикию ҷуғрофии шабеҳи воқеи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, манъ аст.
12. Ба объектҳои хурд гузоштани номи ҳудудҳои миқьёсан калон раво нест (масалан, номи давлату вилоятҳо ва шаҳрҳоро барои номгузории қуллаҳои ҷудогонаи кӯҳҳо истифода бурдан мумкин нест ва ғайра).
13. Дар бораи номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, чун қоида, бо илтимоснома муроҷиат менамоянд.
Илтимоснома ба Саридораи геодезия ва картографияи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистои пешниҳод карда машавад.
14. Номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ бо пешниҳоди Комиссияи байниидоравии оид ба номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию чуғрофӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
15. Ҳангоми номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ масъала бояд бо Академияи илмҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати амнияти, Штаби марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шавад.
16. Номи объектҳои физикию ҷуғрофиро танҳо дар ҳолатҳои мустасно ва мувофиқи қоидаҳои барои номгузории ии объектҳо муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур дигар кардан мумкин аст.
17. Транскрипцияи ягонаи номҳои объектҳои физикию ҷуғрофӣ бо дастуруламалу қоидаҳо оид ба транскрипцияи номҳои ҷуғрофӣ ва луғатмаълумотномаҳои номҳом ҷуғрофӣ, ки бо пешниҳоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, таъмин мегардад.
18. Саридораи геодезия ва картографияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон картотекаи номҳои объектҳои физикию ҷуғрофиро ташкил мекунад.
19. Пешниҳодот дар бораи номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ, ки ба Ҳукукати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд, бояд маълумотҳои зайлро дар бар гиранд:
- нишондодҳои навъи объект (кӯҳ, қулла, дара, дарьё, кӯл, обанбор ва ғайра);
- ҷои аниқ воқеъшавии объект (нишонаҳои зарурӣ, дар ҳолати имконпазир - координатҳо);
- номи мавҷудаи объект, агар он бошад;
- мактуби ташреҳӣ бо далелҳои зарурати номгузорӣ ва дигар кардани номи объекти физикию ҷуғрофӣ;
- нақшаю тарҳи ҳудудҳое, ки дар онҳо ин объектҳо воқеъ гардидаанд;
- нишондод ба объектҳои наздики объекти номгузоришаванда, ки дар қаламрави воҳиди маъмурию ҳудудӣ воқеъ аст, дар навбати аввал, ноҳия ва вилоят;
- хулосаи Комиссияи байниидоравии оид ба номгузорӣ ва дигар кардани номи объектҳои физикию ҷуғрофӣ.