Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1999 № 31
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон) мақоми давлатии идоракунии татбиқкунандаи сиёсати давлат дар соҳаи муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин мебошад.
2. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо бевосита ва ба воситаи мақомоти маҳаллии худ ба амал мебарорад.
Мақомоти маҳаллии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мақомоти идоракуни захираҳои замин ва дар ҷамоатҳо кумитаҳои замини деҳотро дар бар мегиранд.
Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистои, кумитаҳои замини вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва деҳот, инчунин ташкилоту корхонаҳои тобеи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ба ҳам тобеи ягона ва сохтори ба ҳамдигар алоқамандро ташкил медиҳанд.
3. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иҷрои санадҳои қонунгузорӣ дар бораи заминро ташкил намуда, таҷрибаи амалӣ гардидани онҳоро муқаррар мекунад, ба кори дар амал татбиқ шудани онҳо пайваста назорат карда, оид ба такмил додани санадҳои қонунгузорӣ дар бораи замин таклифҳо таҳия менамояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда онҳоро ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
4. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар алоқамандӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ба амал мебарорад.
5. Вазифаҳои асосии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
1) татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи муносибатҳо оид ба замин ва ислоҳоти он;
2) ҷорӣ намудани назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи захираҳои замин;
3) ҷорӣ намудани кадастри давлатии замин, мониторинги заминҳо ва ба роҳ мондани заминсозӣ;
4) таҳия ва дар амал татбиқ намудани барнамаҳои давлатии вобаста ба танзими муносибатҳо оид ба замин, гузаронидани ислоҳоти замин, истифодабарии оқилона ва муҳофизати заминҳо;
5) такмил додани усулҳои иқтисодӣ ва дигар усулҳои идоракунии захираҳои замин, фароҳам овардани шароит барои тараққиёти баробари шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар замин;
6) иштирок дар ташкил ва кори системаи ягонаи давлатии бақайдгирии заминистифодабарӣ;
7) тайёр кардани санадҳои қонунтузорӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин;
8) ташкили иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои замин.
6. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда:
1) дар ташаккул додан ва татбиқи сиёсати давлатии танзими муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин иштирок менамояд;
2) бо иштироки мақомоти давлатии манфиатдори ҳокимияти иҷроия оид ба идоракунии захираҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин пешниҳодҳо таҳия мекунад;
3) кори заминсозӣ, мониторинги замини кадастри давлатии замин, назорати давлатӣ ба истифодабарӣ ва муҳофизати заминро ба роҳ мемонад;
4) мувофиқи тартиби муқарраршуда дар бораи пардохтҳои меъёрӣ барои замин, андозаи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қонунгузории замин ва нархи меъёрии қитъаҳои замин таклифҳо таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод мекунад, инчунин ба ҷараёни ворид гардидани маблағҳо аз пардохти замин ва истифодабарии ин маблағҳо назорат мебарад;
5) оид ба масъалаҳои бекор кардани қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ки хилофи қонунгузорӣ,оид ба замин мебошанд, инчунин оид ба парвандаҳо дар бораи ҷуброни зарар ва талафёбии маҳсулоти кишоварзию ҷангал ва ситонидани ҷарима барои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба замин ба суд муроҷиат мекунад;
6) ҷиҳати дар мӯҳлати муқарраршуда бартараф намудани қонуншиканиҳо оид ба замин супоришҳои барои иҷро ҳатмӣ медиҳад;
7) нақшаи қитъаҳои замин ва нусхаи кадастри давлатии заминро медиҳад;
8) сохтмони саноатӣ, шаҳрвандӣ ва дигар сохтмонҳо, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, истифодабарии объектҳо, гузаронидани корҳои агрохимиявӣ, мелиоративии ҷангал, ҷустуҷӯи геологӣ, геодезӣ ва дигар корҳоро боз медорад, агар ,онҳо бо роҳи вайрон кардани қонунгузори оид ба замин анҷом дода шуда бошанд;
9) ба ташкилотҳои дахлдор оид ба қатъ намудани маблағгузории (қарздиҳии) сохтмон ва истифодабарии объектҳо, гузаронидани дигар корҳое, ки бо роҳи вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба замин анҷом дода мешаванд, супоришҳои барои иҷро ҳатмӣ медиҳад;
10) экспертизаи барномаҳои инвеститсионӣ, лоиҳаҳои истифодабарию ҳифзи заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии хокро мегузаронад;
11) шахсони дар вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба замин гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад;
12) оид ба харидан ва механизмҳои танзими муносибатҳои замин ва гузаронидани ислоҳоти замин таклифҳо таҳия менамояд;
13) такмил додани методика ва иҷрои корҳои оид ба баҳо додани заминҳоро таъмин мекунад;
14) дар доираи салоҳияти худаш ҳуҷҷатҳои меъёрию теехникии оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва нархгузориро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
15) дар иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, тадқиқоти илмӣ ва дигар корҳои вобаста бо гузаронидани ислоҳоти замин, заминсозӣ, бурдани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин ба сифати фармоишгари давлатӣ баромад мекунад;
16) системаи ахбори барои амалӣ гардондани маҷмӯи корҳои вобаста ба гузаронидани ислоҳоти замин, бурдани кадастри давлатии замин, мониторинги замин, заминсозӣ ва дигар корҳои оид ба таъмин ва намудани истифода ва муҳофизати оқилонаи заминҳо заруриро ташкил менамояд;
17) бо муассисаю ташкилотҳои илмӣ, фирмаҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои гузаронидани ислоҳоти замин ва дигар пробломаҳои вобаста ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи замин ҳамкорӣ мекунад;
18) иҷрои корҳои заминсозӣ, тадқиқоти аэрофотосуратгири, аэрофотогеодезӣ, геодезӣ ва дигар тадқиқотҳоро барои бурдани кадастри давлатии замин, заминсозӣ, мониторинги замин ва дигар корҳои марбут ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин ҳамоҳанг месозад;
19) маълумотҳоро гирд оварда, нигоҳдории ҳуҷҷатҳои нақшавию Картографиро дар шакли растрӣ ва рақамӣ барои бурдани кадастри давлатии замин, заминсозӣ ва мониоринги замин таъмин менамояд;
20) ба истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки ҳамчун ҷуброни талафи маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва пардохти замин гирифта мешаванд, назорат мебарад;
21) тибқи ваколатҳои пешбининамудаи Қонун вазифаҳои оид, ба идоракунии амволи мутааллиқи соҳаи идоракунии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад;
22) дар тайёр кардани пешниҳодот оид ба консервятсия кардани заминҳои олуда ва деградатсия шуда иштирок мекунад;
23) иҷрои корҳои оид ба инвентаризатсияи ҳамаи категорияҳои заминҳо, ошкор намудани заминҳои мавриди истифода қарор доданашуда ва таъсис додани фонди махсуси заминро барои азнавтақсимкунии минбаъдаи он ташкил менамояд;
24) бо роҳи дар маҳал муқаррар кардани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва сарҳади заминистифодабарӣ бо роҳи танзими техникии он марзкашии заминҳоро ташкил мекунад;
25) нашри харитаҳои мавзӯӣ, атласҳо вазъ ва истифодабарии заминҳоро ба роҳ мемонад;
26) барномаю нақшаҳои оид ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кадрҳоро барои сохторҳои идоракунӣ, истеҳсолӣ, илмӣ ва дигар сохторҳои тобеаш таҳИЯ ва татбиқ мекунад;
27) нархи корҳои тадқиқотӣ, аэрофотосуратгирӣ, кадастрӣ ва дигар корҳои заминсозии вобаста ба омӯзиш, ташкили истифодабарӣ ва муҳофизати заминро, ки аз ҳисоби буҷет иҷро карда мешававд, тасдиқ менамояд;
28) ҳангоми ба амал баровардани заминсозӣ ва бурдани кадастри замин дар таркиби фаъолияти лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ таъминоти метрологӣ, сертификатсия ва литсензиякунонии фаъолияти геодезию картографиро ташкил /менамояд;
29) тибқи тартиби муқарраршуда оид ба масъалаҳои марбут ба танзими давлатии муносибатҳои замин дастуруламал ва нишондодҳо интишор менамояд;
30) ташкилоту корхонаҳои ба системаи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшавандаро таъсис медиҳад, аз нав ташкил мекунад ва барҳам медиҳад;
31) бо роҳбарони ташкилотҳои тобеаш қарордод мебандад;
32) ҳуҷҷатҳоро дар бораи мувофиқаи пешакии маҳали ҷойгиронии объектҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои замин баррасӣ намуда, тайёр мекунад;
33) мукаммал гардидани системаи баҳисобгирӣ, ҳисобот ва омори давлатиро дар соҳаи заминоозӣ таъмин менамояд;
34) дар доираи маблағҳои ҷудо кардашаванда кумитаҳои замини вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ташкилоту муассисаҳои ба системаи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшавандаро маблағгузорӣ карда, аз ҷиҳати моддию техникӣ таъмин менамояд;
35) кори оид ба муҳофизати (меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии кормандонро ба роҳ мемонад;
36) иҷрои вазифаҳои тайёрии сафарбаркунни кормандонро дар доираи ваколатҳояш таъмин менамояд:
37) дар доираи салоҳияташ татбиқи сиёсати давлатро нисбати нигоҳ доштани сирри давлат ва назорат ба таъмин намудани он дар кумитаҳои замини вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои тобеи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
38) тибқи тартиби муқарраршуда фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилоту корхонаҳо ва (муассисаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии тобеашро тафтиш мекунад;
39) дигар вазифаҳоро, ки аз вазифаҳои ба зиммаи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда бармеоянд, иҷро менамояд.
7. Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ ҳуқуқ дорад, ки:
1) аз мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон ҳуҷҷату маводҳои барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда заруриро бепул талаб карда гирад;
2) оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои қонунгузорӣ оид ба замин, ки ошкор шудаанд, супоришҳои барои иҷро дар мӯҳлати муқарраршуда ҳатмӣ диҳад, иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатиро оид ба идоракунӣ ва ихтиёрдории заминҳо то вақти дар мақомоти дахлдор (суд, суди иқтисодӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия) баррасӣ гардидани масъала дар бораи бекор кардан ё беэтьтибор донистани онҳо боз дорад;
3) ба ташкилотҳои маблағгузор дар бораи қатъ намудани маблағгузории (қарздиҳии) сохтмон ва истифодабарии объектҳо ва иҷрои дигар корҳое, (ки бо вайрон кардани қонунгузории замин ба амал бароварда мешаванд, супоришҳои барои иҷро ҳатмӣ диҳад;
4) оид ба масъалаҳои бекор кардани санадҳои мақамоти ҳокимияти иҷроия, ки хилофи қонунгузорӣ оид ба замин мебошанд, инчунин дар бораи парвандаҳо оид ба ҷуброни зарар ва талафи маҳсулоти кишоварзӣ ба суд муроҷиат намояд;
5) мутобиқи салоҳияти Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои меъёрӣ нашр намояд ва супоришҳо диҳад, ки онҳо барои иҷро аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва заминистифодабарандагон ҳатмӣ мебошанд;
6) дар корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар объектҳои ҳарбию мудофиавӣ, мақомоти корҳои дохила ва амният риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба заминро тафтиш кунад, протоколҳо тартиб диҳад, мувофиқи тартиби муқарраршуда парвандаҳоро дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ баррасӣ намояд ва ҷазои маъмурӣ диҳад;
7) мутобиқи салоҳияти Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассисони мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ташкилоту идораҳоро (бо мувофиқаи роҳбарони онҳо) барои баррасии масъалаҳои истифодабарии Фонди замини мамлакат ҷалб намояд;
8) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо супориши он дар ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳамчунин дар вақти ба имзо расонидани шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кунад;
9) мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис даъват намояд;
10) тибқи қонун роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва тобеашро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;
11) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун кумитаҳои замини вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро ташкил кунад, аз нав таъсис ва барҳам диҳад, инчунин низомномаи (низомномаҳои умумии) онҳоро тасдиқ кунад;
12) оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои тобеашро ташкил кунад;
13) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои тобеаш қарордод ба имзо расонад ва онҳоро бекор кунад;
14) дар таъсис додани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияташон ба мусоидат намудан ба кори гузаронидани ислоҳоти замин равона шудааст, иштирок кунад;
15) аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ хариди корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, илмию техникӣ ва дигар корҳои марбут ба гузаронидани ислоҳоти замин, муҳофизат ва истифодаи оқилонаи захираҳои замин, инчунин молу хизматҳоро дар системаи Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конкурс, музояда ва фурӯш ташкил мекунад ва мегузаронад.
8. Ба Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Раис роҳбарӣ менамояд, ки вай аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад. Раис дар як вақт саринспектори давлатӣ оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раис се муовин, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси кумитаи замин таъин менамояд. Муовинони раис дар як вақт муовинони саринспектори давлатӣ оид ба ҳифзи заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
9. Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) ба фаъолияти Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад;
2) ба кори ҳайати мушовара (коллегия) роҳбарӣ менамояд;
3) дар доираи салоҳияташ фармону амрҳо нашр мекунад;
4) дар доираи шумораи муқаррарнамудаи кормандон, ,фонди музди меҳнат ва маблағтузориҳо, инчунин низомнома дар бораи воҳидҳои дастгоҳи марказӣ сохтор, ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистоиро тасдиқ менамояд;
5) мувофиқи тартиби муқарраршуда кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вазифа таъин ва озод мекунад;
6) ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва дараҷаи масъулияти муовинонаш ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
7) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун роҳбарони (муовинони роҳбарони) кумитаҳои замини вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
8) роҳбарони (муовинони роҳбарони) ташкилотҳои тобеашро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад, бо ин роҳбарон (муовинони роҳбарон) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнати мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва бекор мекунад.
10. Дар Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раис (раиси ҳайати мушовара) ва муовини Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рӯи вазифа), инчунин дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Кумита, мақомоти ҳудудӣ ва ташкилотҳои тобеаш ҳайати мушовара ташкил карда мешавад.
Шумора ва ҳайати шахсии аъзои ҳайати мушовараро (ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
11. Дар маҷлисҳои ҳайати мушовара масъалаҳои асосии марбут ба доираи фаъолияти Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Қарордодҳои коллегия дар шакли протоколу қарорҳо таҳия шуда, чун қоида, бо фармонҳои Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. .
12. Дар Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлил ва баррасии проблемаҳои илмию техникӣ дар соҳаҳои муқарраршудаи идоракунӣ ва қабул намудаии қарорҳои асоснок оид ба онҳо шӯрои илмию техникӣ таъсис дода мешавад, ки ба он Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.
Ҳайати шахсии ин шӯро ва Низомномаи онро Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Дар Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мақомоти машваратиро таъсис додан мумкин аст. Ҳайати ин мақамот ва Низомномаи онҳоро Раиси Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
13. Хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷет, ки барои идоракунии давлатӣ пешбинӣ шудаанд ва аз маблағҳои пардохти замин маблағгузорӣ мешавад.
Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дар муассисаҳои бонкӣ баланси мустақил, ҳисобномаҳои буҷетӣ, дигар ҳи-собномаҳо ва мӯҳр дорад, ки дар он нишони давлатӣ тасвир ёфта, номаш навишта шудааст.