Низомномаи кумитаҳои маҳаллии замин аз 4 феврали соли 1999, № 31

Санаи амалкуни: 19.04.2001

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 феврали соли 1999 № 31

тасдиқ шудааст

Низомномаи кумитаҳои маҳаллии замин

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 19.04.2001с. № 189)

1. Кумитаҳои маҳаллии замин мақоми иҷроия буда, фаъолияти онҳо барои дар маҳалҳо ба таври фаврӣ ва боадолатона ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин равона карда шудааст.

Кумитаҳои маҳаалли замин ба кумитаҳои замини вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва деҳавӣ (дар сатҳи ҷамоатҳо) тақсим шуда, дар фаъолияти худ фармону иишондодҳои Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури амал қарор медиҳад.

3. Ҳайати кумитаи деҳавии замин аз 6 нафар одамони интихобгардида, аз ҷумла аҳли ҷамоат, раиси кумитаи деҳавии замин ва раиси ҷамоат иборат мебошад.

4. Кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии замин аз 7-9 нафар иборат буда, дар он шаш нафар аз ҳайати кумитаи деҳавии замин ва боқимонда, аз ҳисоби мутахассисони танзими замин таъкид карда мешаванд.

5. Ҳайати кумитаи вилоятии завдин аз 4 то 6 нафар иборат буда, аз ҳисоби мутахассисони муҳандиси танзими замин таъин карда мешаванд.

6. Ба кумитаи вилоятии (шаҳрӣ, ноҳиявии) замин раис сарварӣ мекунад, ки он аз тарафи Раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъин карда мешавад.

Раисони кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявии замин, бояд ҳатман ихтисоси муҳандиси танзими замин дошта бошад.

Раисони кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ҳар моҳ дар назди мақоми марказӣ - Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медиҳанд.

7. Мақоми марказии роҳбарӣ ба фаъолияти кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии замин Кумитаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

8. Вазифаҳои асосии кумитаҳои вилоятии замин аз инҳо иборатанд: амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, нигоҳдорию барқароркунии ҳосилнокии хок ва беҳтар намудани муҳити табиӣ; ба амал баровардани назорати давлатӣ ба кори истифодабарӣ ва ҳифзи заминҳо, риояи қонунгузориҳо доир ба замин; ташкили иҷрои корҳои пашбурди кадастри давлатии замин, мониторинги замин ва гузаронидани танзими замин; ташкили бонки маълумотҳо дар бораи заминҳои вилоят; иштирок дар тайёр намудани чорабиниҳо доир ба омилҳои ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи оқилонаи заминҳо ва ривоҷи тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ дар замин.

9. Вазифаҳои асосии кумитаҳои шаҳрӣ ва ноҳиявии замин чунинанд:

Амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо, нигоҳдорию барқароркунии ҳосилноки хок ва беҳтар намудани муҳити табиӣ;

муайян намудани номзадҳо барои гирифтани қитъаҳои замин;

додани қитъаҳои замин ба ашхоси воқеӣ ва юридикӣ;

ҳимояи ҳуқуқи заминистифодабарандагон;

баррасӣ намудани парвандаҳо оиди вайронкунии қонунгузориҳо доир ба замин;

ҷорӣ намудани назорати давлатӣ ба истифодабарӣ ва ҳифзи заминҳо, риояи талаботи қонунгузории замин;

муайян кардани ҳиссаи қитъаи замин барои кормандони заминистифодабарандагони калон;

баррасӣ намудани баҳсу мунозираҳо доир ба замин, ки дар ҷараёни муносибатҳо оид ба замин пайдо шудаанд;

пешбурди кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

иҷрои корҳои заминсозӣ;

ташкили бонки ягонаи маълумотҳо оид ба миқдор ва вазъи заминҳо;

пешниҳод намудани мавод оид ба вайронкунии қонунгузории замин ба баррасии мақомоти тафтишотӣ;

эътироф намудани ҳуқуқ ба замин.

10. Кумитаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии замин ҳуқуқ доранд, ки:

аз заминистифодабарандагон, сарфи назар аз шакли моликият ва тааллуқияти идориашдон, дар бораи иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба замин, истифодаи пурра, оқилона ва самараноки захираҳои замин маълумот талаб намоянд;

мувофиқи тартиби муқарраршуда дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони дар вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба замин гунаҳкор ба мақомоти дахлдор таклиф пешниҳод кунанд;

аз заминистифодабарандагон маълумотҳои марбут ба истифодаи захираҳои замин, натиҷаҳои ҷорию ҷамъбастии корҳои оид, ба беҳтаркунии заминҳо, рекултиватсияи онҳо, азхудкунӣ ва ба истифода додани заминҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани ислоҳоти замин ва умуман маҷмӯи корҳои танзими замин заруриро талаб намоянд;

дар мавридҳои мувофиқи таъинот истифода набурдани заминҳо, бо усулҳое, ки боиси пастшавии ҳосилноки заминҳо ва бадшавии вазъи экологӣ мегарданд, ғайриоқилона истифода бурдани заминҳо ва дигар ҳолатҳое, ки талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя карда намешавад, ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор оид ба пурра ё қисман мусодира кардани заминҳо таклиф пешниҳод кунанд;

заминҳои заминистифодабарандагонро ҷиҳати иҷрои ҳатмии талаботи қонунгузории замин бемамоният тафтиш ва назорат кунанд.

11. Кумитаҳои вилоятии замин барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда дар асоси банди 7 ҳамин Низомнома пурра масъул мебошанд.

12. Аъзои кумитаҳои вилоятии замин ва аъзои таъиншудаи кумитаҳои шаҳрию ноҳиявии замин фаъолияти худро аз ҳисоби буҷети давлат ва маблағҳое, ки аз ҳисоби пардохти замин ворид мешаванд, амалӣ мегардонад.

13. Кумитаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии замин шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси мустақил, суратҳисоб ва ҳисобҳои дигар, мӯҳри дорои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошанд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистои

аз 4 феврали соли 1999 № 31

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият.

2. Саридораи бозрасии давлатии замин.

3. Идораи оид, ба азнавташкилдиҳии корхонаҳои кишоварзӣ.

4. Идораи кадастри давлатии замин, мониторинг ва баҳисобгирии давлатии замин ва заминсозӣ.

5. Идораи баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳои заминсозӣ.

6. Шӯъбаи баҳодиҳии иқтисодии заминҳо ва пардохтҳо.

7. Шӯъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ.

8. Шӯъбаи ҳуқуқ,

9. Шӯъбаи кадрҳо.

10. Идораи корҳо.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистои

аз 4 феврали соли 1999 № 31

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии захираҳаи замини мамлакат

1. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Кумитаи вилоятии захираҳои замин ва заминсозӣ.

3. Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии минтақаи Кӯлоб,

4. Кумитаҳои шаҳраки захираҳои замин ва заминсозӣ.

5. Кумитаҳои ноҳиявии захираҳои замин ва заминсозӣ.

6. Кумитаҳои захираҳои замин ва заминсозии деҳот.

7. Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Тоҷикгипрозем" бо филиалҳо ва экспедитсияҳояш.

8. Корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия "Фазо".

9. Корхонаи давлатии ҳисоби хоҷагии "Центр-земля".

10. Автобаза.

11. Идораи таъминоти коргарӣ.