Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри с. 2003 № 539
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳади давлатӣ дар назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарор аз 2.11.2007с. № 554)
1. Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳади давлатӣ дар назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Комиссия) мақоми ҳамоҳангсоз мебошад, ки ба таври муваққатӣ бо мақсади ба тартиб даровардани сарҳади давлатӣ, маҳдуд намудани ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таҳия ва қабули қарорҳои зарурӣ оид ба масъалаҳои назорати сарҳадӣ ва муҳоҷират, бо ҷалби экспертҳои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират фаъолият намуда, барои роҳбарӣ ва машварат ҳангоми баррасии масъалаҳои муҳоҷират масъулият дорад
2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд, инчунин ин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
3. Вазифаи асосии Комиссия мусоидат дар таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират мебошад.
4. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои асосии худ ба зиммаи Комиссия функсияҳои зерин дода мешаванд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти идораҳои ҳокимияти давлатӣ оид ба танзими масалаҳои идораи сарҳади давлатӣ;
- ташкили корҳо ҷиҳати таъмини мубодилаи итгилоот байни вазоратҳо оид ба масалаҳои идораи сарҳад;
- ба нақша гирифтан ва муайян намудани тадбирҳо оид ба татбиқи лоиҳаи таҷрибавии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар сатҳи байниидоравӣ муҳокимаи масъалаҳои беҳтарсозии сохтор, тақсими ваколатҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳад ва муҳоҷират;
- назорати иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Комиссия.
5. Ҳуқуқҳои Комиссия:
- тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳодҳо оид ба танзими сарҳади давлатӣ ва маҳдуд намудани ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ;
- аз мақомоти дахлдори давлатӣ гирифтани пешниҳодҳо оид ба лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодшаванда ва қарорҳои ба масъалаҳои муҳоҷират тааллуқдошта;
- бо мақомоти дахлдори давлатӣ мувофиқа намудани ташаббусҳои марбут ба тафтишоти сарҳадии шиносномаҳо, раводидҳо, ҳуҷҷатҳои миллии тасдиқкунандаи шахсият, аз ҷумла технологияҳои дахлдор;
- дар маҷлисҳои худ шунидани ҳисоботи мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаи идора намудани сарҳади давлатӣ ва аз роҳбарони мақомоти давлатӣ талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
- таъсис додани гурӯҳҳои корӣ, комиссияҳои экспертӣ барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти сарҳади давлатӣ;
- таҳияи лоиҳаи меморандуми ҳусни тафоҳум дар масъалаҳои идораи сарҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба кори Комиссия ҷалб намудани кормандони мақомоти дахлдор.
6. Ҳайати Комиссияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
7. Раиси Комиссия:
- фаъолияти комиссияро роҳбарӣ менамояд;
- вазифаҳоро байни тобеони худ тақсим менамояд ва дараҷаи масъулияти онҳоро барои иҷрои кор дар соҳаи супурдашуда муқаррар мекунад;
- санадҳои ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳоро имзо мекунад, тафтиши иҷрои онҳоро ташкил менамояд;
- бо мувофиқаи аъзои Комиссия рӯзномаи маҷлиси Комиссияро муайян мекунад;
- Комиссияро дар муносибатҳо бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи бехатарии сарҳад фаъолият анҷом медиҳанд, намояндагӣ мекунад.
8. Котиби масъули Комиссия:
- бо қарори Комиссия таъин карда мешавад;
- ба кори котиботи Комиссия роҳбарӣ менамояд;
- барои иҷрои қарорҳои Комиссия бевосита назорат мебарад;
- бо мақомоти дахлдори дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунад.
9. Коргузорӣ, таҳияи маводи маҷлисҳои Комиссия, ташкили фаъолияти гурӯҳҳои кориро Котибот анҷом медиҳад, ки вазифаҳои он ба зиммаи Котиби масъули Комиссия гузошта мешавад.
10. Комиссия кори худро мувофиқи дастур ва нақшаҳое, ки он тасдиқ мекунад, ба роҳ мемонад.
11. Комиссия дар ҳолате қарор қабул мекунад, ки агар дар маҷлисҳои он на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд.
Қарорҳо оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияти он қарор доранд, бо аксарияти оддии овозҳои аъзои иштирокдоштаи Комиссия қабул карда мешаванд.
Қарорҳои Комиссия ба мақомоти манфиатдор дар шакли нусхаҳо аз протоколҳои маҷлис расонида мешаванд.
Тавсияҳои Комиссия, ки ба ҳалли босалоҳияти масъалаҳои вобаста ба проблемаҳои назорати муҳоҷират ва наздисарҳадӣ мусоидат мекунанд, бояд ҳатман аз тарафи мақомоти давлатӣ баррасӣ гарданд. Лоиҳаи қарор аз рӯи ин тавсияҳо бояд на дертар аз як моҳ пешниҳод гардад.
12. Комиссия ба Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳа оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳад ҳамкорӣ ва мусоидат менамояд.
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 554
Ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба танзими масъалаҳои идораи сарҳади давлатӣ дар назди Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Комиссия: -муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон -Сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сархадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини Раиси Комиссия: -муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аъзои Комиссия:
- муовини аввали Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;