Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ассотсиатсияҳо, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият ва намуди фаъолият аз 1 июли соли 2008:
- музди меҳнати моҳонаро на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида ба андозаи 60 сомонӣ ҳисоб кунанд;
- нафақаи ҳадди ақалро аз рӯи синну сол бо дарназардошти собиқаи кории умумие, ки барои ҳисоби нафақаи пурра зарур аст, ба андозаи 60 сомонӣ дар як моҳ ҳисоб кунанд.
2. Аз 1 июли соли 2008:
- нақшаи музди меҳнати вазифавии хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, суд, прокуратура ва маош барои рутбаи ҳарбӣ (махсус) мувофиқи замимаҳои №№ 1-43 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480 муқаррар карда шавад;
- пардохти иловапулии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба нафақаи собиқаи хизмат ҳуқуқ доранд ва хизматро давом дода истодаанд, манъ карда шавад (на брои нашр);
- маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 70 фоиз ва дигар муассиаҳои соҳаи тандурустӣ 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии кормандони соҳаи илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 50 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавӣ ва ставкаҳои тарифии кормандони дигар муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд (ба ғайр аз дар сархатҳои якум, дуюм, сеюми банди 2 ва сархати якуми банди 3 қарори мазкур зикргардида) ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- нафақаҳои меҳнатии нафақахӯрон дар ҳаҷми 40 фоизи нафақаи ҳадди ақали муқарраргардида зиёд карда шавад;
- андозаи ҳадди ниҳоии нафақа ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад;
- ҳисоб намудани музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд (ба ғайр аз нафақа), бо дарназардошти андозаи музди меҳнат, ки аз 1 июли соли 2008 муқаррар карда мешавад, мувофиқи Қоидаҳои ҳисобкунии бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007 № 313 тасдиқшуда анҷомдиҳанд.
3. Аз 1 сентябри соли 2008:
- маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз зиёд карда шавад;
- маоши вазифавии мудирони муассисаҳои томактабӣ мувофиқан аз шумораи тарбиягирандагон ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда шавад;
- маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи шумораи хонандагон баробар карда шавад;
- маоши вазифавии директорони муассисаҳои беруназмактабӣ ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шумораи хонандагонашон то 400 нафар баробар карда шавад;
- музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва мактабинтернатҳо, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот баробар карда шавад;
- андозаи амалкунандаи стипендияҳои Президентӣ, стипендияи аспирантҳо ва стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз курсантҳои Донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) 40 фоиз зиёд карда шаванд.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи такмили нақшаи таълимӣ масьалаи музди меҳнати, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбиро баррасӣ намуда, то 1 октябри соли 2008 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;
- аз 1 сентябри соли 2008 меъёри ҳафтаинаи сарбории таълимиии муаллимони синфҳои аз 1 то 4-ро 20 соат, синфҳои аз 5 то 11-ро 18 соат ва меъёри ҳафтаинаи сарбории таълимии муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро тасдиқ намояд.
5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикисгон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2008:
- маоши вазифавии кормандони техникию ёрирасони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва ибтидоии касбиро дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақал ва на зиёда аз андозаи маоши вазифавии муаллими синфҳои болоӣ бо таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таҳия ва тасдиқ намоянд;
- дар мувофиқа бо дигар вазорату кумитаҳое, ки дар тобеъияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, нақшаи нави музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва маблағҳои махсуси ин муассисаҳо таҳия ва тасдиқ намоянд.
6. Шӯъбаҳои ҳуқуқ, мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии ТОҷИКИСТОН, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар мӯҳлати як моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикисгон, ки танзими тартиби пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро барои хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоиро муқаррар менамоянд, пешниҳод манзур намоянд.
7. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тартиби муайян ва пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои илм, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, нақлиёт ва дигар муассисаҳо ва ташкилотҳоеро, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, мувофиқи тартиби муқарраргардида, бо дарназардошти маблағҳои мукофотпулиҳо ва кӯмакпулиҳои яквақтаина, дар доираи фонди музди меҳнати тасдиқшуда таҳия ва тасдиқ намоянд.
8. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори мазкур маблағгузории талаботи иловагии пардохти музди меҳнати ташкилотҳои буҷетиро аз ҳисоби маблағҳое, ки дар Буҷети ҷумҳуриявии соли 2008 барои ислоҳоти музди меҳнат пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд.
10. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавассути воситаҳои ахбори умум шарҳу тавзеҳ додани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480 тадбирҳои амалӣ андешанд.
11. Амали муқаррароти қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон аз 10 ноябри соли 1995 № 675 "Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф", аз 25 декабри соли 1997 № 550 "Дар бораи пардохтҳои иловагӣ ва изофа ба меъёрҳои тарифии амалкунанда ва маоши кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва банди 51 "Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 № 122 тасдиқ шудааст барои кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ аз 1 сентябри соли 2008 қатъ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 июни соли 2008 № 292
ш. Душанбе