Низомномаи тартиби фурӯши металлҳои қимматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 1997, № 88

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.05.2006с. № 215 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 феврали соли 1997 № 88 тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби фурӯши металлҳои қимматбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дар асоси ин Низомнома мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 1996 № 439 "Дар бораи ҳавасмандгардонии рушди истеҳсоли металлу сангҳои қиматбаҳо" тартиби зайли фурӯши металлҳои қиматбаҳо муқаррар карда мешавад:

2. Металлҳои софшудаи қиматбаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, баъд аз коркард, навъбанди ва арзъёбии онҳо аз ҷониби истеҳсолкунандаашон дар доираи квотаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти нархҳои дар Ассоциацияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ташаккулёфта, бо асъори қобили табдили озод ба фурӯш расонида мешаванд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории металлҳои қиматбаҳо дар шакли тиллои аффинажшуда ва нуқра, ки Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст, бо аз ҳисоб баровардани суғуртаи фрахт, пардохти комиссиони ва дигар навъи пардохтҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

4. Ҳар сол, то 15 декабри соли равон, Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-ҷадвали истеҳсоли металлҳои қиматбаҳоро барои соли ояндаи тақвими, бо тақсимоти ҳармоҳа пешниҳод мекунад.

5. Ҳар сол, на дертар аз 15 январ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми металлҳои қиматбаҳои мехаридаашонро бо тақсимоти ҳармоҳа муайян мекунанд.

6. Ҳангоми зарурат, на дертар аз таърихи 5 ҳар моҳи оянда Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-ҷадвали таҳвил ва харидории металлҳои қиматбаҳо, инчунин квотаҳои иловагиро барои фурӯши онҳо дақиқ намуда, онро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа мерасонанд.

7. Содироти металлҳои қиматбаҳо аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот, бо мувофиқаи Кумитаи металлҳои қиматбаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи квотаҳои муайяншуда ва иловаги анҷом дода мешавад.

8. Пардохти арзиши металлҳои қиматбаҳо, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидори мешавад, дар давоми 5 рӯзи кори, аз мӯҳлате, ки дар нақша-ҷадвали дақиқгардида муайян шудааст, ба ҳисобномаи корхонаи истеҳсолкунандаи металлҳои қиматбаҳо гузаронида мешавад.

9. Ҳангоми даст кашидан аз хариди металлҳои қиматбаҳо ва ё саривақт насупоридани маблағи арзиши онҳо корхонаҳои истеҳсолкунанда ҳақ доранд, миқдори ба он баробарро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш расонанд.

10. Муқаррар карда шавад, ки фаро расидани ҳолатҳои форс-мажор, инчунин аз ҷониби заводи аффинажии шаҳри Чкаловск даст кашидан аз коркард ба таъхир андохтани коркарди такрории хӯлаи Доре, таҳшини тилло ё пайвастагиҳои дорои нуқра ба мӯҳлати беш аз як моҳ нисбат ба нақша, ки бо ташкилотҳои молрасон ба мувофиқа расонида шудааст, ҳамчунин барои гирифтани иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фурӯши он дар хориҷ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мебошад.