Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 январи соли 1997 № 50
тасдиқ шудааст
Тартиби гузаронидани аттестация, аккредитация ва лицензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Аттестация, аккредитация ва лицензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаҳои аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ва тартиби мазкур аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
2. Аттестация, аккредитация ва лицензиядиҳии мактабҳои типпи нав ба монанди лицейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, таълимгоҳҳои шахси, ширкатие, ки аҳамияти ҷумҳурияви доранд, мактабҳои ғайри давлати, мактабҳои миёнаи махсус ва олии ҷумҳури, аспирантура, докторантура, Донишкадаҳои такмили ихтисосу азнавтайёркунии кадрҳо аз тарафи Хадамоти аттестационии давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пулаки гузаронида мешавад.
3. Аттестация, аккредитация ва лицензиядиҳии муассисаҳои томактаби ва ҳамаи намудҳои мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагони, ғайр аз намудҳои мактабҳои фавқузикр, аз тарафи шӯъбаи маорифи вилояти, шаҳри ва ноҳияви бо назардошти ҳуҷҷатҳои расми ва маводи илмию методии тавсия кардаи Хадамоти аттестационии давлатии Вазорати маориф гузаронида мешавад. Бо мақсади муайян кардани сифати санҷиши Хадамоти аттестационии давлати метавонанд интихобан аз нав аттестацияи муассисаҳои таълимии аттестацияшударо гузаронад.
4. Аттестацияи муассисаҳои таълими дар асоси нақша давра ба давра дар давоми 5 сол як маротиба гузаронида мешавад. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-ҷадвали 5 сола ва 1 солаи аттестацияи муассисаҳои таьлимии ҷумҳуриро тасдиқ менамояд. Қисми нақшаҷадвали гузаронидани аттестацияи муассисаҳои таълимии дар тобеияти Вазорати маориф набударо Хадамоти аттестационии давлати бо Вазоратҳою идораҳои дахлдор мувофиқа мекунонад.
5. Барои гузаронидани аттестация ва ё лицензиядиҳи Хадамоти аттестационии давлатии Вазорати миорифи (Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои маорифи вилояти, шаҳри, ноҳияви комиссияи аттестациони ва ё эксперти ташкил медиҳанд, ки ба ҳайати он мутахассисони дастгоҳи (аппарати) Вазорати маориф, коркунони муассисаҳои илми, томактаби муаллимону олимон, кормандони мақомоти (органҳои) таълимию равишомӯзи, такмили ихтисосу аз нав тайёркунии кадрҳо, мутахассисони ташкилотҳои манфиатдоре, ки барои тайёр кардани кадрҳо фармоиш медиҳанд, намояндагони вазоратҳо ва идораҳои соҳави, намояндагони идораҳою шӯъбаҳои маориф, ҳокимиятҳо дохил мешаванд.
6. Комиссияи аттестациони оид ба самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии аттестацияшаванда - лицензиягиранда хулоса тайёр карда, ба Хадамоти аттестационии давлати, идораи маорифи вилояти, шаҳри, ноҳияви пешниҳод мекунад, ки вай дар навбати худ лоиҳаи фармон ва қарор омода месозад.
Дар лоиҳаи қарор ба фаъолияти муассисаҳои таълими чунин баҳо дода мешавад:
- агар муассисаи таълими вазифаҳои мувофиқи Низомнома ва талаботҳои стандарти таълимии давлатии ба зимааш гирифтаро қаноатбахш иҷро карда истода бошад, он аттестацияшуда;
- агар дар кори муассисаи таълими ҳангоми иҷрои вазифаҳояш камбудиҳо ошкор гардида бошад, ки онҳоро дар мӯҳлатҳои муайян (кӯтоҳ) бо роҳи анҷом додани татбирҳои амали, барҳам доданашон мумкин бошад аз аттестацияи аввалин (шартан) гузашта ва аз нав аттестацияшаванда;
- агар муассисаи таълими вазифаҳояшро дар бобати тайёр намудани таълимгирандагон мувофиқи стандарти таълимии давлатӣ ва Низомномааш иҷро накарда бошад, аз аттестация нагузашта дониста мешавад;
- оид ба барҳам додани муассисаи таълимӣ, аз нав ташкил кардани он, маҳдуд ва ё васеъ намудани фаъолияташон, таклифҳо пешкаш менамояд.
7. Лоиҳаи қарор дар бораи аттестацияи муассисаи таълимӣ ба муҳокимаи коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯроҳои идораи вилоятӣ ё шаҳрӣ ё ноҳиявии маориф, лоиҳаи фармон дар бораи додани лицензия мутаносибан ба Вазири маориф, сардори идора, мудири шӯъбаи маориф пешкаш карда мешавад.
8. Ба муассисаи таълимие, ки аз экспертиза, аттестация ва аккредитация мусбат гузаштааст, вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти он, лицензия ё сертификат дода мешавад, ки намунаашро Вазорати маориф тасдиқ кардааст. Ҳамчунон категорияи он (барои мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус) муайян карда хоҳад шуд.
9. Муассисаи таълимие, ки аз аттестация шартан гузаштааст, аз тарафи мақомоти бевосита ба он роҳбарикунанда сабабҳои миқдоран ва сифатан ба талабот мувофиқ накардани тайёрии умумӣ ва касбии таълимгирандагонро ҳаматарафа таҳлил намуда, якҷоя бо Вазорати маориф шаҳрӣ бартараф кардани нуқсонҳои мавҷуда тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ мегардонад ва баъд аз як сол аттестацияи такрори гузаронида мешавад.
10. Агар муассисаи таълимӣ аз аттестация гузашта ҳисобида нашавад, пас Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на зиёда аз се моҳ дар бораи тадбилдиҳӣ, тағйир додани номгӯи ихтисосҳо ё барҳам додани муассисаи таълимӣ вобаста ба хулосаи Хадамоти аттестационии давлати қарори дахлдор қабул мекунад ва ё ба таври муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.
11. Пардохти масрафи кори аттестационӣ ва лицензиядиҳӣ (ба ғайр аз мактабҳои ҳамагонии давлат6) муассисаҳои томактабӣ ва беруназмактабии давлатӣ) аз тарафи муассисаҳои таълимии арзёбишаванда то саршавии амалиёт ба амал бароварда мешавад. Вазоратҳо ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таълимӣ доранд, ҳангоми таҳрезии бюджет ин масрафро ба инобат мегиранд.