Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 321 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 608"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 608

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 608 "Дар бораи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 қарор рақамҳои "11" ба рақамҳои "18" иваз карда шаванд;

- дар банди 3 қарор калимаҳои "1 муовини Раис" ба калимаҳои "2 муовин, аз ҷумла як муовини аввал ва муовини Раис" иваз карда шаванд;

- дар банди 4 қарор рақами "2" ба рақами "4" иваз карда шавад.

Дар Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар сархати сеюми банди 7 калимаи "муовин" ба калимаҳои "2 муовин, аз ҷумла як муовини аввал ва муовини Раис" иваз карда шаванд;

- дар сархати якӯми банди 8 калимаҳои "вазифаи муовини" ба калимаҳои "вазифаҳои муовинони" иваз карда шаванд.

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Роҳбарият

Шӯъбаи ташкилию ҳуқуқӣ

Шӯъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши молия ва ҳисобдорӣ

Бахши иттилоотию таҳлилӣ

Бахши умумӣ".

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бинои алоҳида таъмин намояд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006 № 271 "Масъалаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2008 № 321

ш. Душанбе