Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 309
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 435, аз 31.08.2012 № 469, аз 2.04.2015 № 206)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хазинаи сарватҳои давлатӣ) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, супоришҳо ва дастурҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
II. Вазифаҳои асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ
2. Вазифаҳои асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ аз инҳо иборатанд:
- иштирок дар раванди ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Фонди давлатӣ), аз ҷумла Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва таъмини амнияти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои онҳо;
- ташаккули нақшаи пурра намудан ва фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти дорои онҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалгардонии хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, пурра намудан ва фурӯши ин сарватҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, барои Фонди давлатӣ ҷамъоварӣ намудани металлҳои қиматбаҳо дар шакли шикастапораҳо ва партовҳо;
- барои Фонди давлатӣ харид намудани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо тайёркардашуда, аз ҷумла харидорӣ ва баҳодиҳии металлҳои қиматбаҳои холискорикардашудаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда (аз қаъри замин истихроҷ кардашуда, аз ашёи хом такроран гирифташуда, бардошташуда ва ёфташуда) инчунин сангҳои қиматбаҳо, минералҳои худрӯй, металлҳои қиматбаҳо, сарватҳо аз аҳолӣ, инчунин металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар истифодаи истеъмолкунандагон қарордошта ва қабули ганҷҳои мусодирашуда;
- ба навъҳо ҷудокунӣ, коркард, ташхис ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ, тармими маснуот аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳое, ки дар Фонди давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд ё барои пурра кардани Фонди мазкур харида мешаванд;
- сохтани маснуоти таҷрибавӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, суфта намудани сангҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ, ки дар Фонди давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- барои Фонди давлатӣ харид намудани маснуоти аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо тайёркардашуда, инчунин маснуоте, ки дар таркибашон миқдори ками металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
- ташкили ҳамлу нақли сарватҳои дар Фонди давлатӣ ва дар хазинаҳои (анборҳои) давлатӣ мавҷуда;
- баҳисобгирии муҳосибии сарватҳои Фонди давлатӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия намудани нархҳои ҳисоббаробаркунӣ, фурӯш ва дигар намуди нархҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- иштирок дар ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ ва гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ ва дигар корҳо, ки ба истифодаи самаранок ва сарфаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо равона карда мешаванд;
- омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи гурӯҳбандӣ, банавъҷудокунӣ, коркард ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо;
- гузаронидани ҷудокунии пешакии металлҳои қиматбаҳо, ки бо шакли шикастапора, маснуоти техникӣ ва дигар маснуоту ҷузъҳои дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо дошта ворид мегарданд;
- аз рӯи шартномаҳо гузаронидани корҳои суфтакорӣ ва заргарӣ, инчунин иҷрои фармоишҳои давлатӣ бо пардохти музди иловагӣ ба иҷрокунандагон;
- омӯхтани вазъи бозорҳои берунӣ ва дохилии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва муомилот бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани он ба мақоми болоӣ;
- таъмини бехатарии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик";
3. Хазинаи сарватҳои давлатӣ, инчунин дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ менамояд, иҷро мекунад.
III. Ҳуқуқҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ
4. Хазинаи сарватҳои давлатӣ бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, ҳуқуқ дорад:
- барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Низомномаи Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбахои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз).
Кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз бехатарии Фонди давлатӣ ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик", ҳамлу нақли сарватҳоро дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он (дар сурати ба намоиш баровардан) таъмин менамоянд, дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи бурдани фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ, гузаронидани тафтишоти хизматӣ аз рӯи ҳолатҳои вайронкунии тартиботи хизматӣ аз ҷониби кормандони Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" дошта, аз натиҷаҳои он ба роҳбарияти Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор медиҳанд. Дар сурати ошкор намудани қонуншиканиҳое, ки тибқи онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, мавод бо тартиби муқарраргардида, ба мақомоти дахлдор барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд.
- кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳо, дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқи гирифта гаштан, нигоҳдорӣ ва истифодаи яроқи оташфишонро доранд;
- кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз ва муовини директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифз дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мегарданд. Кормандони сохтори ҳарбикунонидашудаи ҳифзи Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини директори Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифз ба кор қабул карда мешаванд. Ба кор қабул кардани онҳо тибқи талаботи Низомнома "Дар бораи Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" сурат мегирад .
- ба кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифта гаштан ва истифодаи яроқи оташфишон ва воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад.
Музди меҳнати кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ баробар карда мешавад.
Кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва хифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ҳуқуқи пӯшидани сару либоси хизматиро доранд .
5. Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
- дастурамалҳо оиди кор бо сарватҳои Фонди давлатиро таҳия ва тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намоишҳои сарватҳои Фонди давлатиро ташкил ва мегузаронад, дар шабакаи Интернет сайти Фонди давлатиро бо ҷойгиркунии расм ва буклетҳои рекламавӣ, ки барои фурӯш бароварда мешаванд, таъсис дода маводи чопӣ ва рекламавиро дар мавзӯъҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ барои нашр омода месозад;
- таъсис додани шӯроҳо ва комиссияҳои машваратӣ ва ташхисӣ барои ташхис ва баҳодиҳии сарватҳои аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Фонди давлатӣ харидашуда, бо ҷалби олимон, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тибқи тартиби муқарраргардида;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомномаҳо дар бораи комиссияҳои ташхисӣ;
- ба Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод намудани рӯйхати мутахассисоне, ки ба хориҷи кишвар ба сафарҳои хизматӣ ё такмили ихтисос фиристода мешаванд;
- дар асоси шартномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасонидани оид ба нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо истеҳсолшуда ва дигар сарватҳои ба онҳо тааллуқдошта;
- ба Хазинаи сарватҳои давлатӣ бурда расонидани металлҳои қиматбаҳои ҳолискардашуда, аз Фонди давлатӣ ба корхонаҳои коркард ва ҳолискунӣ бурда расонидани металлҳои қиматбаҳои носарра, бурда расонидани сарватҳо байни объектҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва бурда расонидани сарватҳое, ки аз рӯи фондҳо ҷудо карда шудаанд ба корхонаю ташкилотҳо;
- ташкили ҳамлу нақли сарватҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳо аз рӯи дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки барои кор бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома (литсензия) доранд;
- хизматрасонии маълумоту ахбордиҳӣ дар асоси шартнома ба шахсони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ, таъмини амният, нигоҳдорӣ,ташхис ва ғайра;
- аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ қабул намудани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, ки аз тарафи онҳо ба давлат ҳамнун тӯҳфа дода мешаванд;
- бастани шартномаҳо барои хариди таҷҳизот, мошинҳо ва дигар маводи қиматнок, ки барои амалӣ намудани фаъолият зарур мебошанд;
- то гузаронидани ҳолискорӣ ба таҳвилкунандагон баргардонидани маҳсулоти бесифати аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёркардашуда ва маснуоти онҳо, инчунин сарватҳои дар асоси қарорҳои мақомоти судӣ ва тафтишотӣ ё саҳван қабулкардашуда (барои нигоҳдории муваққатӣ қабул кардашуда);
- барои пурра намудани Фонди давлатӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ харидорӣ намудани сангҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои нодир, маснуоти заргарии баландсанъати аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, аз ҷумла қимати таърихӣ дошта ва ё антиқа, металлҳои қиматбаҳои ҳолискардашуда, тиллои таҳшин, металлҳои қиматбаҳои худрӯй, шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ва маишӣ, ҷузъиёти техникӣ, зарфҳои кимиёвӣ, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо доранд;
- ташкили нуқтаҳои харид барои қабули металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама намуд ва ҳолат;
- ба нуқтаҳои хариди металлҳои киматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барои ташхиси пешакӣ ва нархгузорӣ сафарбар намудани ташхисгарон (геммолог ва суфтагар), инчунин ташхис ва нархгузории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз нуқтаҳои харид ба Фонди давлатӣ воридшуда (мувофиқи нархномаҳои тасдиқшудаи амалкунанда);
- иштирок дар таҳия намудани нархномаҳои харид ва дигар нархҳои сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, стандартҳо, шартҳои техникии сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва маснуоти онҳо;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо истеҳсолшуда ва ҳангоми фурӯши онҳо дар бозори берунӣ;
IV. Ташкили фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатӣ
6. Хазинаи сарватҳои давлатиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;
7. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ, сармуҳосиб ва хазинадори масъули сарватҳо дар доираи вазифаҳои кории худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти пурраи моддӣ ва хизматӣ доранд.
8. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар доираи салоҳияти худ:
- фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатиро роҳбарӣ менамояд;
- барои иҷрои вазифаҳои дар назди Хазинаи сарватҳои давлатӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;
- дараҷаи масъулияти муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хазинаи сарватҳои давлатиро дар соҳаҳои кории ба зиммаашон гузошташуда муайян менамояд;
- кормандони Хазинаи сарватҳои давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, ваколатҳояшонро байни онҳо тақсим менамояд;
- сохтор ва басти вазифаҳои Хазинаи сарватҳои давлатиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Хазинаро дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ мекунад
- тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатиро пешниҳод менамояд;
- аз номи Хазинаи сарватҳои давлатӣ бе ваколатнома амал намуда, онро дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳамкорӣ бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ намояндагӣ мекунад. Ваколатномаҳо дода, фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хазинаи сарватҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;
- дар доираи салоҳияти худ аз ҳуқуқи идоракунии амвол ва маблағҳои (ба ғайр аз сарватҳо) Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо соҳибмулк истифода мебарад. Ҳуқуқи имзои ҳуҷҷатҳои молиявиро дорад;
- дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мувозинаи Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои беэътимод ва мӯҳлаташон гузашта, камомад ва талафи молу маводи арзишнок, таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда ва корношоямро (ба ғайр аз сарватҳо) аз эътибор соқит менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша, барнома ва лоиҳаҳои ба фаъолияти асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ алоқамандро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Хазинаи сарватҳои давлатӣ, қоида, тартиб ва дастурамалҳои комиссияҳои ташхисӣ ва комиссияҳои дигарро оид ба кор бо сарватҳо тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, тағйиру иловаҳоро ба Низомномаи Хазинаи сарватҳои давлатӣ пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба салоҳияташ вогузор кардааст, ҳал менамояд.
9. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ як муовини аввал ва муовин оид ба бехатарӣ ва ҳифз дорад.
Муовини аввали директорро бо пешниҳоди директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
Муовини директор оид ба бехатарӣ ва ҳифзро дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ ваколатҳоро байни муовинони директор тақсим менамояд.
10. Маблағгузории Хазинаи сарватҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузориҳо, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.
11. Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳру штампҳо, бланкҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
12. Суроғаи ҳуқуқии Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Академикҳо Раҷабовҳо, 5.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 309
тасдиқ шудааст
Сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати иқтисод ва муҳосибот
Раёсати кор бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва баҳисобгирии Фонди давлатӣ
Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯъбаи назорати Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шӯъбаи таҳлил ва ташхиси металлҳои қиматбаҳо
Шӯъбаи таҳлил ва ташхиси сангҳои қиматбаҳо
Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус
Шӯъба оид ба намоишгоҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 309
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 435)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Хазинаи сарватҳои давлатӣ) дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, супоришҳо ва дастурҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
II. Вазифаҳои асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ
2. Вазифаҳои асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ аз инҳо иборатанд:
- иштирок дар раванди ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Фонди давлатӣ), аз ҷумла Фонди алмоси Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва таъмини амнияти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои онҳо;
- ташаккули нақшаи пурра намудан ва фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва маҳсулоти дорои онҳо, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амалгардонии хариду фурӯши металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо шахсони ҳуқукӣ ва воқеӣ, пурра намудан ва фурӯши ин сарватҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ, барои Фонди давлатӣ ҷамъоварӣ намудани металлҳои қиматбаҳо дар шакли шикастапораҳо ва партовҳо;
- барои Фонди давлатӣ харид намудани металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти аз онҳо тайёркардашуда, аз ҷумла харидорӣ ва баҳодиҳии металлҳои қиматбаҳои холискорикардашудаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда (аз қаъри замин истихроҷ кардашуда, аз ашёи хом такроран гирифташуда, бардошташуда ва ёфташуда) инчунин сангҳои қиматбаҳо, минералҳои худрӯй, металлҳои қиматбаҳо, сарватҳо аз аҳолӣ, инчунин металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои дар истифодаи истеъмолкунандагон қарордошта ва қабули ганҷҳои мусодирашуда;
- ба навъҳо ҷудокунӣ, коркард, ташхис ва баҳодиҳии сангҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ, тармими маснуот аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳое, ки дар Фонди давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд ё барои пурра кардани Фонди мазкур харида мешаванд;
- сохтани маснуоти таҷрибавӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, суфта намудани сангҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишӣ, ки дар Фонди давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- барои Фонди давлатӣ харид намудани маснуоти аз сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо тайёркардашуда, инчунин маснуоте, ки дар таркибашон миқдори ками металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо доранд;
- ташкили ҳамлу нақли сарватҳои дар Фонди давлатӣ ва дар хазинаҳои (анборҳои) давлатӣ мавҷуда;
- баҳисобгирии муҳосибии сарватҳои Фонди давлатӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия намудани нархҳои ҳисоббаробаркунӣ, фурӯш ва дигар намуди нархҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- иштирок дар ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ ва гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ ва дигар корҳо, ки ба истифодаи самаранок ва сарфаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо равона карда мешаванд;
- омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи гурӯҳбандӣ, банавъҷудокунӣ, коркард ва нархгузории сангҳои қиматбаҳо;
- гузаронидани ҷудокунии пешакии металлҳои қиматбаҳо, ки бо шакли шикастапора, маснуоти техникӣ ва дигар маснуоту ҷузъҳои дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо дошта ворид мегарданд;
- аз рӯи шартномаҳо гузаронидани корҳои суфтакорӣ ва заргарӣ, инчунин иҷрои фармоишҳои давлатӣ бо пардохти музди иловагӣ ба иҷрокунандагон;
- омӯхтани вазъи бозорҳои берунӣ ва дохилии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарӣ ва муомилот бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ пешниҳод намудани он ба мақоми болоӣ;
- таъмини бехатарии Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик";
3. Хазинаи сарватҳои давлатӣ, инчунин дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории амалкунанда пешбинӣ менамояд, иҷро мекунад.
III. Ҳуқуқҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ
4. Хазинаи сарватҳои давлатӣ бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда, ҳуқуқ дорад:
- барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Низомномаи Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбахои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" (минбаъд Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз).
Кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз бехатарии Фонди давлатӣ ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик", ҳамлу нақли сарватҳоро дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он (дар сурати ба намоиш баровардан) таъмин менамоянд, дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи бурдани фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ, гузаронидани тафтишоти хизматӣ аз рӯи ҳолатҳои вайронкунии тартиботи хизматӣ аз ҷониби кормандони Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" дошта, аз натиҷаҳои он ба роҳбарияти Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор медиҳанд. Дар сурати ошкор намудани қонуншиканиҳое, ки тибқи онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, мавод бо тартиби муқарраргардида, ба мақомоти дахлдор барои чораҷӯӣ пешниҳод карда мешаванд.
- кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурамалҳо, дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои хизматӣ ҳуқуқи гирифта гаштан, нигоҳдорӣ ва истифодаи яроқи оташфишонро доранд;
- кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифз дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мегарданд. Кормандони сохтори ҳарбикунонидашудаи ҳифзи Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини директори Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифз ба кор қабул карда мешаванд. Ба кор қабул кардани онҳо тибқи талаботи Низомнома "Дар бораи Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" сурат мегирад.
- ба кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифта гаштан ва истифодаи яроқи оташфишон ва воситаҳои махсус иҷозат дода мешавад.
Музди меҳнати кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ баробар карда мешавад.
Кормандони Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва хифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ҳуқуқи пӯшидани сару либоси хизматиро доранд .
5. Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зеринро ба анҷом мерасонад:
- дастурамалҳо оиди кор бо сарватҳои Фонди давлатиро таҳия ва тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он намоишҳои сарватҳои Фонди давлатиро ташкил ва мегузаронад, дар шабакаи Интернет сайти Фонди давлатиро бо ҷойгиркунии расм ва буклетҳои рекламавӣ, ки барои фурӯш бароварда мешаванд, таъсис дода маводи чопӣ ва рекламавиро дар мавзӯъҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ барои нашр омода месозад;
- таъсис додани шӯроҳо ва комиссияҳои машваратӣ ва ташхисӣ барои ташхис ва баҳодиҳии сарватҳои аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба Фонди давлатӣ харидашуда, бо ҷалби олимон, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо тибқи тартиби муқарраргардида;
- таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низомномаҳо дар бораи комиссияҳои ташхисӣ;
- ба Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод намудани рӯйхати мутахассисоне, ки ба хориҷи кишвар ба сафарҳои хизматӣ ё такмили ихтисос фиристода мешаванд;
- дар асоси шартномаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасонидани оид ба нигоҳдории металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо истеҳсолшуда ва дигар сарватҳои ба онҳо тааллуқдошта;
- ба Хазинаи сарватҳои давлатӣ бурда расонидани металлҳои қиматбаҳои ҳолискардашуда, аз Фонди давлатӣ ба корхонаҳои коркард ва ҳолискунӣ бурда расонидани металлҳои қиматбаҳои носарра, бурда расонидани сарватҳо байни объектҳои Хазинаи сарватҳои давлатӣ ва бурда расонидани сарватҳое, ки аз рӯи фондҳо ҷудо карда шудаанд ба корхонаю ташкилотҳо;
- ташкили ҳамлу нақли сарватҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳо аз рӯи дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки барои кор бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома (литсензия) доранд;
- хизматрасонии маълумоту ахбордиҳӣ дар асоси шартнома ба шахсони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ, таъмини амният, нигоҳдорӣ,ташхис ва ғайра;
- аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ қабул намудани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, ки аз тарафи онҳо ба давлат ҳамнун тӯҳфа дода мешаванд;
- бастани шартномаҳо барои хариди таҷҳизот, мошинҳо ва дигар маводи қиматнок, ки барои амалӣ намудани фаъолият зарур мебошанд;
- то гузаронидани ҳолискорӣ ба таҳвилкунандагон баргардонидани маҳсулоти бесифати аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо тайёркардашуда ва маснуоти онҳо, инчунин сарватҳои дар асоси қарорҳои мақомоти судӣ ва тафтишотӣ ё саҳван қабулкардашуда (барои нигоҳдории муваққатӣ қабул кардашуда);
- барои пурра намудани Фонди давлатӣ аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ харидорӣ намудани сангҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои нодир, маснуоти заргарии баландсанъати аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда, аз ҷумла қимати таърихӣ дошта ва ё антиқа, металлҳои қиматбаҳои ҳолискардашуда, тиллои таҳшин, металлҳои қиматбаҳои худрӯй, шикастапораҳои маснуоти заргарӣ ва маишӣ, ҷузъиёти техникӣ, зарфҳои кимиёвӣ, ки дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо доранд;
- ташкили нуқтаҳои харид барои қабули металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ҳама намуд ва ҳолат;
- ба нуқтаҳои хариди металлҳои киматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо барои ташхиси пешакӣ ва нархгузорӣ сафарбар намудани ташхисгарон (геммолог ва суфтагар), инчунин ташхис ва нархгузории металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои аз нуқтаҳои харид ба Фонди давлатӣ воридшуда (мувофиқи нархномаҳои тасдиқшудаи амалкунанда);
- иштирок дар таҳия намудани нархномаҳои харид ва дигар нархҳои сангҳои қиматбаҳо ва металлҳои қиматбаҳо, стандартҳо, шартҳои техникии сангҳои қиматбаҳо, металлҳои қиматбаҳо, сангҳои ороишӣ ва маснуоти онҳо;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти аз онҳо истеҳсолшуда ва ҳангоми фурӯши онҳо дар бозори берунӣ;
IV. Ташкили фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатӣ
6. Хазинаи сарватҳои давлатиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;
7. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ, сармуҳосиб ва хазинадори масъули сарватҳо дар доираи вазифаҳои кории худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти пурраи моддӣ ва хизматӣ доранд.
8. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар доираи салоҳияти худ:
- фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатиро роҳбарӣ менамояд;
- барои иҷрои вазифаҳои дар назди Хазинаи сарватҳои давлатӣ гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад;
- дараҷаи масъулияти муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории Хазинаи сарватҳои давлатиро дар соҳаҳои кории ба зиммаашон гузошташуда муайян менамояд;
- кормандони Хазинаи сарватҳои давлатиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, ваколатҳояшонро байни онҳо тақсим менамояд;
- дар доираи шумораи муқарраргардида ва фонди музди меҳнати кормандон басти ваколатҳои муассиса, низомнома дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва пардохтҳои иҷтимоиро ба кормандони воҳидҳои сохторӣ тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Хазинаи сарватҳои давлатиро пешниҳод менамояд;
- аз номи Хазинаи сарватҳои давлатӣ бе ваколатнома амал намуда, онро дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ҳамкорӣ бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ намояндагӣ мекунад. Ваколатномаҳо дода, фармонҳо мебарорад ва супоришҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хазинаи сарватҳои давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;
- дар доираи салоҳияти худ аз ҳуқуқи идоракунии амвол ва маблағҳои (ба ғайр аз сарватҳо) Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо соҳибмулк истифода мебарад. Ҳуқуқи имзои ҳуҷҷатҳои молиявиро дорад;
- дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мувозинаи Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзҳои беэътимод ва мӯҳлаташон гузашта, камомад ва талафи молу маводи арзишнок, таҷҳизоти кӯҳнаву фарсуда ва корношоямро (ба ғайр аз сарватҳо) аз эътибор соқит менамояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша, барнома ва лоиҳаҳои ба фаъолияти асосии Хазинаи сарватҳои давлатӣ алоқамандро тасдиқ менамояд;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Хазинаи сарватҳои давлатӣ, қоида, тартиб ва дастурамалҳои комиссияҳои ташхисӣ ва комиссияҳои дигарро оид ба кор бо сарватҳо тасдиқ менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, тағйиру иловаҳоро ба Низомномаи Хазинаи сарватҳои давлатӣ пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба салоҳияташ вогузор кардааст, ҳал менамояд.
9. Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ як муовини аввал ва муовин оид ба бехатарӣ ва ҳифз дорад.
Муовини аввали директорро бо пешниҳоди директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
Муовини директор оид ба бехатарӣ ва ҳифзро дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
Директори Хазинаи сарватҳои давлатӣ ваколатҳоро байни муовинони директор тақсим менамояд.
10. Маблағгузории Хазинаи сарватҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузориҳо, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.
11. Хазинаи сарватҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳру штампҳо, бланкҳои дахлдор мебошад ва аз ҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
12. Суроғаи ҳуқуқии Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Академикҳо Раҷабовҳо, 5.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 309
тасдиқ шудааст
Сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати иқтисод ва муҳосибот
Раёсати кор бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва баҳисобгирии Фонди давлатӣ
Хадамоти махсуси таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик"