Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 309 "Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.04.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Банди 5. бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60, аз 2.04.2015 № 206)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 54 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Хадамоти махсус барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ба миқдори 15 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60,  аз 2.04.2015 № 206).

3. Ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директор, аз ҷумла 1 муовини аввал дошта бошад ва лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 3 адад муқаррар карда шавад.

4. Маблағгузории Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузориҳо, ки ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, амалӣ карда шавад.

5. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд.

6. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 2 рақами "1470" ба рақами "1515";

- дар банди 3 рақами "85" ба рақами "93" иваз карда шавад.

7. Низомномаи Хазинаи давлатии сарватҳои назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 1994 № 511 "Дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба қабул, нигоҳдорӣ, навъбандӣ ва додани (фурӯши) металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти онҳо" тасдиқ карда шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2008 № 309

ш. Душанбе

Банди 5. бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677, аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60)

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома ва сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).

2. Шумораи ниҳоии кормандони Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 78 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла кормандони Хадамоти махсус барои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" ба миқдори 39 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.08.2012 № 469, аз 16.01.2014 № 60).