Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 311
тасдиқ шудааст
Низомномаи Шӯрои илмию таҳририи "Энсиклопедияи миллии тоҷик"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи Шӯрои илмию таҳририи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" (минбаъд - Шӯрои илмию таҳрирӣ) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2008 № 424 "Дар бораи нашри "Энсиклопедияи миллии тоҷик" таҳия гардидааст.
2. Шӯрои илмию таҳрирӣ сарпарастии илмию методӣ ва ташкилии омодасозӣ ва чопи "Энсиклопедияи миллии тоҷик"-ро ба ӯҳда дошта, дар ҳалли масъалаҳои илмӣ, илмию таҳрирӣ ва истеҳсолии Муассисаи давлатии Сарредаксияи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" мусоидат мекунад.
3. Мақоми олии Шӯрои илмию таҳрирӣ Маҷлиси умумии Шӯрои илмию таҳрирӣ мебошад.
4. Ба ҳайати Шӯрои илмию таҳрирӣ олимон ва мутахассисони пешбари соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг, маориф ва хоҷагии халқ, кормандони масъули Муассисаи давлатии Сарредаксияи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" шомил мешаванд.
5. Ҳайати Шӯрои илмию таҳририро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
6. Раиси Шӯрои илмию таҳрирӣ президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
7. Мақоми иҷроияи Шӯрои илмию таҳрирӣ Муассисаи давлатии Сарредаксияи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" мебошад.
2. Вазифаҳои Шӯрои илмию таҳрирӣ
8. Вазифаҳои Шӯрои илмию таҳрирӣ аз инҳо иборат аст:
- амалӣ намудани тадбирҳо доир ба нашри саривақтӣ ва босифати "Энсиклопедияи миллии тоҷик";
- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои илмӣ ҷиҳати таҳия ва чопи "Энсиклопедияи миллии тоҷик";
- баррасӣ намудан ва ба нашр иҷозат додани ҷилдҳои "Энсиклопедияи миллии тоҷик", ки Муассисаи давлатии Сарредаксияи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" омода месозад.
3. Сохтори Шӯрои илмию таҳрирӣ
9. Шӯрои илмию таҳририи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" аз се шӯъба иборат мебошад:
- шӯъбаи илмҳои дақиқ, техникӣ ва табиатшиносӣ;
- шӯъбаи илмҳои биология, хоҷагии кишлоқ ва тиб;
- шӯъбаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ.
10. Раёсати Шӯрои илмию таҳририи "Энсиклопедияи миллии тоҷик" аз Раиси Шӯро, муовинони ӯ, роҳбарони бахшҳо, Сармуҳаррири "Энсиклопедияи миллии тоҷик" иборат мебошад.
11. Ваколат ва ӯҳдадориҳои Раёсати Шӯрои илмию таҳрирӣ ба таври зайланд:
- роҳбарии умумии илмию методии нашри "Энсиклопедияи миллии тоҷик";
- таъмини сатҳи баланди ғоявӣ ва мундариҷаи илмии мақолаҳои энсиклопедӣ;
- назорати эътимодияти илмии мақолаҳои энсиклопедӣ, инъикоси дастовардҳои муосири илму техника ва дар амал татбиқ намудани онҳо;
- ташкил намудани баррасиии мақолаҳои калонҳаҷм бо ҷалби олимон ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи илму фан;
- дар ҳамкорӣ бо Шӯроҳои илмӣ ва редаксияҳои соҳавӣ омӯхтани тақризҳо ба маводи чопшаванда.
12. Барои чоп ва нашри ҷилдҳои "Энсиклопедияи миллии тоҷик" Раёсати Шӯрои илмию таҳрирӣ иҷозат медиҳад.
4. Маҷлиси умумии Шӯрои илмию таҳрирӣ
13. Маҷлиси умумии Шӯрои илмию таҳрирӣ:
- феҳристи бахшҳои Шӯрои илмию таҳририро тасдиқ намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бахшҳои навро таъсис медиҳад;
- ҳисоботи Раиси Шӯрои илмию таҳрирӣ, роҳбарони бахшҳои Шӯрои илмию таҳрирӣ, Сармуҳаррири "Энсиклопедияи миллии тоҷик"- ро мешунавад;
- масъалаҳои асосии илмию ташкилии ба нашр омодасозии ҷилдҳои "Энсиклопедияи миллии тоҷик"-ро баррасӣ мекунад;
- самтҳои асосии кори "Энсиклопедияи миллии тоҷик"-ро муайян менамояд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 311
тасдиқ шудааст
Ҳайати Шӯрои илмию таҳририи "Энсиклопедияи миллии тоҷик"
Илолов М.И. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис
Абдуллоев А. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломов И.А. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ақназаров О. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрорӣ М. - Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ахмедов Ҳ.М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аҳмадов Ҳ.М. - узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Бахтӣ М.М. - раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Бобозода Ғ. - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бобоҷонов П.Б. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ғаниев И.Н. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ғаниев Ҷ.С. - раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон
Диноршоев М.Д. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис
Ёқубова М.М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ибодинов Х.И. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имомов М.С. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имомов Ш. - доктори илмҳои таърих
Исломов С.И. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Каримов Х.Ҳ. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис
Катаев А.Ҳ. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комилзода Д.Қ. - узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Қаюмов Н.Қ. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбонов С.У. - раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон
Лутфуллоев М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон
Мансуров Ҳ.Ҳ. - узви пайвастаи Академияи илмҳоиҶумҳурии Тоҷикистон
Мардонӣ Т. - доктори илмҳои филология
Марупов Р.М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Масов Р.М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҳмудов М.А. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миров М.М. - раиси Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон
Мироҷов Ғ.Қ. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирсаидов ӯ.М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муллоаҳмадов М. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаммадалии М. - доктори илмҳои фалсафа
Муҳаммадхоҷаев А. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мӯминов Ҳ.Ҳ. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назарзода С. - доктори илмҳои филология
Назаров Т.Н. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Наҷмиддинов С.- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Неъматов Н.Н. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Неъматуллоев С.Ҳ. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Одинаев С. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Олимов К. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Отахонова Х.О. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пирумшоев Ҳ. - доктори илмҳои таърих
Почоҷонов Д.Н. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ратушенко Ғ.П. - раиси Иттифоқи суратгирони Тоҷикистон
Раҳмонов А.А. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сатторов А. - доктори илмҳои филология
Сатторов А.Қ. - раиси Итгифоқи журналистони Тоҷикистон
Сатторов И.Т. - узви пайвастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Тоҳиров Ф.Т. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Усмонов З.Ҷ. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Усмонов Н.У. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Файзиев А.Р. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Холиқов Ҷ.Х. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Худоёров Б. - Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳикматов Қ.Ҳ. - раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон
Хисориев Ҳ. - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шабозов М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакурӣ М. - узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон