×

Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз 2 июли соли 2008, № 310

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013 № 210 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 июли соли 2008 № 310

тасдиқ шудаанд

Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Фасли 1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи моддаи 59 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Барои мақсадҳои Қоидаҳои мазкур истилоҳоти асосии зерин истифода мешаванд:

- мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (минбаъд МНХ) - таҷҳизоти электронӣ бо блоки хотираи фискалӣ ва (ё) силсилаи компютерҳои бонкӣ барои сабти ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо истеъмолкунандагон ҳангоми фӯруши мол ва хизматрасонӣ мебошанд, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамоянд;

- хисоббаробаркуниҳо бо пули нақд - ҳисоббаробаркуниҳое, ки бо истифодаи воситаҳои пули нақд (сомонӣ) ҳангоми хариди мол ва хизматрасонӣ анҷом дода мешаванд;

- хотираи фискалӣ - маҷмӯи воситаҳои барномавӣ-асбобӣ дар таркиби мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ, ки қайди тасҳеҳнашавандаи ҳарсменагӣ ва нигоҳдории дарозмуддати маълумотҳои ҷамъбастиро новобаста аз мавҷудияти қувваи барқ таъмин менамояд;

- низоми фискалӣ - низоми амали мошини назоратӣ - хазинавӣ, ки қайди маълумоти фискалиро дар хотираи фискалӣ таъмин менамояд;

- маълумоти фискалӣ - иттилоот оид ба ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд мебошад, ки дар лентаи назоратӣ ва дар хотираи фискалӣ қайд мешавад;

- маркази хизматрасонии техникӣ (минбаъд - МХТ) - шахси ҳуқуқие, ки мошинаҳои назоратӣ-хазинавиро барои истифода омода менамояд ва хизматрасонии техникӣ ва таъмири онҳоро дар асоси Низомномаи тартиби фурӯш, хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳои назоратӣ-кассавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 389 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯш, хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳои назоратӣ-кассавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешбурди Реестри давлатии мошинҳои назоратию кассавие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд" тасдиқ шудааст, ба анҷом мерасонад;

- Феҳристи давлатии МНХ - ин номгӯи МНХ, ки истифодаи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми фурӯши мол ва (ё) хизматрасонӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд иҷозат дода шудааст.

3. Мукаррароти Қоидаҳои мазкур нисбати андозсупорандагони зерин татбиқ намегарданд:

а) соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурӯшандагони молҳои зераксизӣ), ки:

- дар асоси патент фаъолият мекунанд;

- агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд) шаш моҳ нагузашта бошад;

б) андозсупорандагон дар қисми хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо додани квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, тамғаҳои маблағсупории почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботдиҳии қатъӣ дар шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) шахсони дорои касбҳои озод - ҳуқуқшиносҳо, адвокатҳо, духтурҳо, омӯзгорон (муаллимон), тарҷумонон, муҳосибон, аудиторҳо, барномасозон, меъморон, муҳандисон, рассомон, ҳунарпешагон (ҳунармандон), сарояндагон, раққосон, навозандагон (мусиқинавозон), нависандагон, бастакорон;

г) шахсони воқеие, ки маҳсулоти кишоварзии дар қитъаи замини наздиҳавлигии худ парвариш (истеҳсол) кардаашонро бе коркарди саноатии он дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои махсус ҷудошуда, берун аз биноҳои статсионарӣ, мефурӯшанд.

4. Дар мавриди корношоямии техникии МНХ дар давоми 1 моҳ ва (ё) мавҷуд набудани қувваи барқ то барҳам додани лимити мавсимӣ барои интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо истифода бурдан ва ба харидорон додани ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашуда мутобиқи зербанди б) банди 3 Қоидаҳои мазкур муваққатан иҷозат дода мешавад.

5. МНХ, ки аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ истифода бурда мешаванд, бояд:

- коршоям ва дар МХТ аз ҷониби корманди мутасаддии мақомоти андоз мӯҳргузорӣ карда шуда бошанд;

- дорои хотираи фискалӣ бошанд ва дар реҷаи фискалӣ истифода бурда шаванд;

- то оғози фаъолият, пас аз мӯҳргузорӣ дар МХТ, дар мақомоти андози ҷойи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шаванд.

6. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки МНХ-и дорои хотираи фискалиро истифода мебаранд, вазифадоранд:

- шартномаҳо доир ба хариду фурӯши МНХ-ро дошта бошанд, барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ бо МХТ шартнома банданд. Шартнома барои хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ бо МХТ, ки аз он МНХ харидорӣ шудааст ва ё бо МХТ- ё, ки бо фурӯшанд МНХ шартномаи мувофиқ дорад, баста мешавад;

- МНХ-ро танҳо баъди қабули он ба хизматрасонии техникӣ ва мӯҳргузорӣ дар МХТ ва бақайдгирии он дар мақомоти андози ҷойи фаъолият истифода баранд;

- бо мақсади хизматрасонии техники ва таъмири МНХ аз хизматрасонии техникии дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба истиснои МХТ, ки дар он МНХ мувофиқи шартнома дар хизматрасонии техникӣ қарор дорад, истифода набаранд;

- дар бакорандозӣ ва васлкунӣ, инчунин дар барасмиятдарории санади ба истифода додани МНХ иштирок намоянд;

- коргузорӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва аз эътибор соқит кардани ҳуҷҷатҳои вобаста ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири МНХ-ро тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намояд, шахсоне, ки барои нигоҳдорӣ ва истифодаи МНХ масъулияти шахсӣ доранд, таъин намояд;

- нишондодҳои кормандони мақомоти андоз ва мутахассисони МХТ-ро оид ба истифодабарии МНХ иҷро намуда, омӯзонидани кормандони дахлдорро барои кор бо МНХ таъмин намоянд;

- барои кормандони МХТ имконияти гузаронидани чорабиниҳои нақшавиро оид ба хизматрасонии техникии МНХ фароҳам оваранд;

- дар ҳолати вайрон шудани мӯҳр, ошкор намудани дигар нуқсонҳо дар МНХ, инчунин мавҷуд будани нишондоди хаттӣ аз тарафи мақомоти андоз ва (ё) МХТ оид ба истифоданабарии МНХ, истифодабарии МНХ-ро қатъ намоянд;

- дар ҳолати ошкор шудани ҳамагуна нуқсонҳо, аз ҷумла вайрон шудани мӯҳр, ҳангоми истифодабарии МНХ, МХТ-ро огоҳ намоянд;

- ба мақомоти андоз дар бораи дастрасшавии берухсатӣ ба воситаҳои ҳифзи хотираи фискалӣ ва корношоям будани МНХ, аз ҷумла вайрон шудани мӯҳр, рӯйпӯши МНХ хабар диҳанд;

- ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд МНХ дорои хотираи фискалии коршоями мӯҳрзадашуда ва дар мақомоти андоз ба қайд гирифташударо, ки баҳисобгирии воситаҳои пулиро ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо сабткунии амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ дар лентаи назоратӣ ва хотираи фискалӣ таъмин менамояд, татбиқ намоянд;

- ҳангоми кор дар ҳама намуди МНХ лентаҳои назоратиро истифода баранд. Лентаҳои назоратӣ, нусхаҳои чекҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки маблағҳои пули қабулшударо тасдиқ мекунанд, дар андозсупорандагон дар шакли борбандишуда нигоҳ доранд. Ҳисоботҳои молиявӣ, лентаҳои назоратӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъии ба онҳо замимашударо мутобиқи қисми 8 моддаи 38 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 3 сол нигоҳ доранд;

- ба харидорон ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар лаҳзаи пардохт чекҳои хазинавии МНХ-ро диҳанд;

- пешбурд ва нигоҳдории ҳуҷҷатгузории вобаста ба харид, бақайдгирӣ, ба кор даровардан ва истифодабарии МНХ, инчунин дастрас будани МНХ ба шахсони масъули мақомоти андоз таъмин намуда, ба онҳо ҳуҷҷатгузории зикргардидаро пешниҳод намоянд;

- баъди аз ҷониби кормандони масъули мақомоти андоз гирифтани маълумоти фискалӣ МНХ-ро барои таъмир ба МХТ пешниҳод намоянд;

- ҳангоми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии МНХ ба хотираи фискалии МНХ ворид намудани иттилоот ва иваз кардани захирагоҳи хотираи фискалиро бо иштироки намояндагони мақомоти андоз ва МХН амалӣ намоянд.

7. Мақомоти андоз ҳуқуқ дорад:

- аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ риоя гардидани талаботи Қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба истифодаи МНХ дар рафти фурӯшн мол ва ё хизматрасонӣ назорат намоянд;

- назорати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро дар мавриди аз ҷониби онҳо пурра ба ҳисоб гирифта шудани маблағи фурӯшро амалӣ намоянд;

- ҳуҷҷатҳои марбут ба истифодабарии МНХ-ро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиш намуда, доир ба саволҳои дар рафти чунин санҷиш бамиёномада маълумот ва баёнот гиранд;

- санҷишҳои марбут ба додани чекҳои хазинавиро аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ гузаронанд;

- мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки талаботи кодексҳои номбурда ва Қоидаҳои мазкурро вайрон мекунанд, андозбандӣ ва ҷаримабандӣ намоянд.

Фасли 2. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани МНХ дар мақомоти андоз

8. Бақайдгирии МНХ дар мақомоти андоз дар муддати ду рӯзи корӣ пас аз супоридани аризаи андозсупоранда тибқи замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад.

9. МНХ, ки тамғаҳои онҳо дар Феҳристи давлатии МНХ тасдиқ карда шудаанд, ба қайд гирифта мешаванд.

10. Ҳангоми бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда рақами қайди МНХ аз рӯи Феҳрист доир ба ҷойгиршавӣ ва истифодаи МНХ дар ҳудуди ноҳия (шаҳр) (минбаъд-Феҳристи ҷойгиршавии МНХ) мутобиқи замимаи 3 Қоидаҳои мазкур, ва Дафтарчаи бақайдгирии МНХ дорои хотираи фискалӣ (минбаъдДафтарчаи бақайдгирии МНХ) мутобиқи замимаи 2 ба Қоидаҳои мазкур дода мешавад. Рақами Дафтарчаи бақайдгирӣ ва рақами қайди МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ бояд як бошанд.

11. Барои қайди МНХ андозсупоранда ба мақомоти андоз пешниҳод мекунад:

а) МНХ;

б) китоби рақамгузошташуда ва саҳифабандишудаи бақайдгирии маблағҳои нақдии мутобиқи замимаи 4 ба Қоидаҳои мазкур (минбаъдкитоби бақайдгирии маблағҳои нақдӣ), ки бо мӯҳр ва имзои роҳбари аввали (муовини роҳбари аввали) мақомоти андоз тасдиқ карда шудааст;

в) китоби рақамгузошташуда, саҳифабандишуда ва бо мӯҳр ва имзои роҳбари аввали (муовини роҳбари аввали) мақомоти андоз тасдиқшудаи бақайдгирии квитансияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъии дар шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми хизматрасонӣ ба аҳолӣ истифода мешаванд (минбаъд - китоби бақайдгирии квитансияҳо), мутобиқи замимаи 5 ба Қоидаҳои мазкур;

г) шиносномаи техникии истеҳсолкунандаи МНХ.

12. Дар мақомоти андоз барои ҳар як шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ҷӯзъдони махсуси алоҳида кушода шуда, дар он аризаи бақайдгирӣ ва дигар маводҳои марбут ба андозсупоранда нигоҳ дошта мешаванд.

13. Ваколат ва вазифаҳои корманди мутасаддии мақомоти андоз дар мавриди бақайдгирии МНХ:

- санҷиши маълумотҳои дахлдор, ки дар ариза барои бақайдгирии МНХ нишон дода шудаанд, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии МНХ пешниҳод шудааст;

- муқоисаи рақами МНХ аз ҷониби корхонаи истеҳсолкунанда гузошташуда бо рақами МНХ, ки дар шиносномаи корхонаи истеҳсолкунанда нишон дода шудааст;

- санҷиши тарзи дуруст пур кардани китоби бақайдгирии маблағҳои нақдӣ ва китоби бақайдгирии квитансияҳо;

- якҷоя бо кормандони МХТ барқароркунии реҷаи фискалии кори МНХ;

- якҷоя бо кормандони МХТ мӯҳргузории МНХ;

- қайди маълумотҳо дар бораи андозсупоранда ва МНХ дар Феҳристи ҷойгиршавии МНХ;

- таҳияи Дафтарчаи бақайдгирии МНХ;

- таъмин намудани мӯҳрбандӣ, баимзорасонии китобҳои бақайдгирии маблағҳои нақдӣ ва китобҳои бақайдгирии квитансияҳо аз ҷониби роҳбари аввали (муовини роҳбари аввали) мақомоти андоз;

- ба андозсупоранда баргардонидани МНХ мӯҳрзадашуда бо реҷаи фискалии барқароршуда, китобҳои тасдиқшудаи бақайдгирии маблағҳои нақдӣ ва китобҳои бақайдгирии квитансияҳо ва инчунин шиносномаи техники истеҳсолкунандаи МНХ;

- супоридани дафтарчаҳои бақайдгирии МНХ ба андозсупоранда.

14. Азқайдбарории МНХ дар мақомоти андоз дар асоси аризаи андозсупоранда мутобиқи замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:

- тағйироти маълумоте, ки дар банди 11 ариза барои бақайдгирии МНХ нишон дода шудааст, агар чунин тағйирот дар дигар мақомоти андоз бақайдгирии МНХ-ро талаб кунанд, инчунин маълумоте, ки дар банди 2 ариза барои бақайдгирии МНХ нишон дода шудааст;

- ғайриимкон будани истифодаи МНХ бо сабабҳои техникӣ;

- қатъ шудани фаъолияти андозсупоранда;

- хориҷ намудани МНХ аз Феҳристи давлатӣ;

- иваз намудани МНХ.

15. Барои аз қайд баровардани МНХ андозсупоранда ба мақомоти андоз пешниҳод мекунад:

- МНХ бо мӯҳри дар вақти бақайдгирӣ аз ҷониби мақомоти андоз гузошташуда;

- китоби бақайдгирии маблағҳои нақдӣ;

- китоби бақайдгирии квитансияҳо;

- дафтарчаи бақайдгирии МНХ.

Корманди мутасаддии мақомоти андоз МНХ-ро дар муддати 2 рӯзи корӣ аз рӯзи супоридани аризаи андозсупоранда аз қайд мебарорад. Барои ин аз ҷониби корманди мутасаддии мақомоти андоз амалҳои зерин ба анҷом расонида мешаванд;

- гирифтани ҳисоботи фискалӣ дар давраи баъд аз супоридани ҳисоботи фискалии пешина то давраи аз қайд барории МНХ;

- муқоисаи камералии маълумоти китобҳои бақайдгирии маблағҳои нақдӣ бо маълумоти китоби бақайдгирии квитансияҳо ва нишондодҳои ҳисоботи фискалӣ;

- бастани китобҳои бақайдгирии маблағҳои нақдӣ, аз қайд баровардани МНХ дар ин китобҳо;

- ба андозсупоранда баргардонидани китобҳои бақайдгирии маблағҳои нақдӣ ва китобҳои бақайдгирии квитансияҳо;

- дар дафтарчаҳои бақайдгирии МНХ гузоштани қайдҳо оиди маҳкам намудани онҳо;

- ба андозсупоранда баргардонидани дафтарчаҳои бақайдгирии МНХ.

Фасли 3. Ташкили Феҳристи давлатии МНХ бо хотираи фискалӣ барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

16. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳристи давлатии МНХ дорои хотираи фискалиро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (минбаъд - Феҳристи давлатӣ), тасдиқ менамояд.

Ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тамғаҳои МНХ ба Феҳристи давлатӣ воридкардашуда истифода бурда мешаванд.

Дар ҳолати аз Феҳристи давлатӣ хориҷ намудани ин ё он тамғаҳои МНХ истифодабарии минбаъдаи онҳо то анҷом ёфтани мӯҳлатҳои дар Феҳристи давлатӣ нишондодашуда анҷом дода мешавад.

17. Ташкили Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид (хориҷ) намудани тамғаи МНХ дорои хотираи фискалӣ ба (аз) Феҳристи давлатӣ амалӣ мегардад.

18. Баррасии масъалаҳои ворид намудани тамғаи нави МНХ ба Феҳристи давлатӣ дар асоси аризаи шахсони ҳавасманд мутобиқи замимаи 6 ба Қоидаҳои мазкур амалӣ мешавад.

Қарор оид ба ворид намудани (рад намудани воридоти) тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати 1 моҳ аз рӯзи расидани ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ қабул карда мешавад. Дар ҳолати қаноатбахш нагардидани ариза оид ба ворид намудани тамғаи МНХ ба Феҳристи давлатӣ ба аризадиҳанда мактуби дахлдор бо нишондоди сабабҳои рад шудани дархости он ирсол мегардад.

19. Хориҷ намудани тамғаҳои МНХ аз Феҳристи давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ҷавобгӯ набудани тамғаҳои МНХ ба талаботи Қоидаҳои мазкур анҷом дода мешавад.

20. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагонро на дертар аз 2 моҳ то ба мавриди амал даромадани қарор оид ба хориҷ (ворид) намудани МНХ аз (ба) Феҳристи давлатӣ бо роҳи интишори ин қарор дар васоити ахбори омма огоҳ менамояд.

Замимаи 1

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

Ариза барои бақайдгирии мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ

     1. Ном ва насаб ё
     номгӯи андозсупоранда (аризадиҳанда)_____________________________
     2. РМА___________________________________________________________
     3. Маълумот оиди бақайдгирии давлатӣ:
     3.1. Силсила_______________________ 3.2. рақам___________________
     3.3. Рамзи нозироти андоз_________; 3.4. таърихи судур___________
     4. Шаҳодатномаи бақайдгирии андозсупоранда  дар  нозироти  андоз,
ҳамчун  супорандаи  андози  арзиши  иловашуда  (дар  мавриде пур карда
мешавад, ки агар маълумоти мазкур дар лентаи назоратӣ дарҷ шавад)
     4.1. Силсила_______ 4.2. рақам_____ 4.3. рамзи назироти андоз____
___________4.4. таърихи судур________________________________________;
     5. Сабаби пешниҳоди ариза (дар ячейкаи дахлдор нишон дода шавад):
     5.1. Қайди маълумот дар бораи  мошинаи  назоратӣ-хазинавии  дорои
хотираи фискалӣ дар ҳолати бақайдгирӣ \   \
     5.2. Тағйирёбии маълумоти дар аризаи пештара дарҷшуда \   \
     5.3. Аз қайд баровардани МНХ \   \
     6. Тамғаи мошинаи назоратӣ-хазинавӣ______________________________
     7. Рақами тартибии аз ҷониби истеҳсолкунанда ба МНХ гузошташуда__
_______________________________________
     8. Соли истеҳсол__________ 9. Рақами шиносномаи техникӣ__________
     10. Ширкат ва кишвари истеҳсолкунанда____________________________
     11. Маҳали ҷойгиршавии мошинаи назоратӣ-хазинавӣ:
     11.1. Вилоят____________________ 11.2. шаҳр____________________ .
     11.3. Ноҳия______________ 11.4. кӯча___________ 11.5. хона_______
     12. Намуди фаъолият______________________________________________
     13. Ба ариза замима карда мешаванд:
     13.1. Китоби бақайдгирии маблағҳои нақд __________миқдорӣ варақҳо
     13.2. Китоби бақайдгирии квитансияҳо _____________миқдори варақҳо
     13.3. Шиносномаи техникии мошинаи назоратӣ-хазинавӣ______________
     14. Масъулият.  Ба  ман ҳуқуқу вазифаҳоям фаҳмонда шудаанд ва ман
дар назди қонун оиди  дуруст  пешниҳод  кардани  маълумоти  дар  ариза
зикршуда ҷавобгӯ мебошам. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумоти дар ариза
овардашуда вазифадорам,  ки сари вақт нозироти андозро оиди онҳо  огоҳ
намоям.

     ___________________________                            ______
     (Ном ва насаби аризадиҳанда)                               (имзо)

     Санаи пешниҳоди ариза "___"______________ соли 200__

     __________________________________                     ______
     (Ном ва насаби қабулкунандаи ариза)                        (имзо)

     Санаи қабули ариза "___"_________________ соли 200__

Замимаи 2

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

Дафтарчаи бақайдгирии мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ №___

  1. Ном ва насаб
     номгӯи аризадиҳанда______________________________________________
     2. РМА____________________________________
     3. Тамғаи мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ_______
     4. Рақами тартибии аз ҷониби истеҳсолкунанда ба МНХ гузошташуда__
_________________________________
     5. № шиносномаи техникӣ______________________
     6. Истеҳсолкунанда ва кишвари истеҳсолкунанда____________________
     7. Соли барориш______________________________
     8. Маҳали ҷойгиршавии мошинаи назоратӣ-хазинавӣ:
     8.1. Вилоят________________________ 8.2. шаҳр____________________
     8.3. Ноҳия________________ 8.4. кӯча_________ 8.5. хона_________.
     9. Намуди фаъолият_______________________________________________
     10. Нишондоди ҳисобкунак дар мавриди танзими низоми фискалӣ______
     11. Санаи пешниҳоди ариза барои бақайдгирӣ_______________________

     ______________________________________________             ______
     (Ном ва насаби корманди масъули мақомоти андоз,            (имзо)
     ки бақайдгириро анҷом додааст)

     Санаи додани дафтарча "____"___________ соли 200___         Ҷ. М.

          Қайдҳо оид ба маҳкам кардани дафтарчаи бақайдгирӣ

  12. Сабаби маҳкам кардани дафтарчаи бақайдгирӣ:
     12.1. Тағйироти маълумот_______________________
     12.2. Аз қайд баровардан_______________________
     13. Ҳисоботи фискалӣ барои давраи аз "____" соли________ 200__ то
     "___"____________ соли 200__ гирифта шудааст.
     14. Нишондоди ҳисобкунак то ҳолати аз қайд баровардан
     _________________________________________________________________

     __________________________________________________         ______
     (Ном ва насаби корманди масьули мақомоти андоз, ки         (имзо)
     аз қайдбарориро анҷом додааст)

     санаи пешниҳоди ариза оиди
     маҳкам кардани дафтарча "____"__________ соли 200__         Ҷ. М.

Замимаи 3

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

Феҳрист доир ба ҷойгиршавӣ ва истифодаи мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ дар ҳудуди ноҳияи (шаҳри)______

   ________________________________________________________________

+---+---------+---------+-----+-------+-------+--------+-------------ҷ
|р/т|Номгӯи   | Суроғаи | РМА |Рақами |Номгӯи |Суроғаи |Кадом        |
|№  |шахси    | ғуқуқӣ  |     |истеҳ- |истеҳ- |ҷойгир- |МХТ          |
|   Жҳуқуқӣ   |         |     |солии  |солии  |шавии   |хизмат       |
|   |(соҳиб-  |         |     |МНХ    |МНХ    |МНХ     |мерасонад.   |
|   |кори     |         |     |       |       |        |№ ва санаи   |
|   |инфиродӣ)|         |     |       |       |        |Шартнома     |
|   |         |         |     |       |       |        |             |
+---+---------+---------+-----+-------+-------+--------+-------------+
|А  |  1      |  2      |3    |  4    |  5    |  6     |   7         |

|1  |         |         |     |       |       |        |             |

|2  |         |         |     |       |       |        |             |

|3  |         |         |     |       |       |        |             |

|3.1|         |         |     |       |       |        |             |

|3.2|         |         |     |       |       |        |             |

|3.3|         |         |     |       |       |        |             |

|4  |         |         |     |       |       |        |             |

|4.1|         |         |     |       |       |        |             |

|4.2|         |         |     |       |       |        |             |

|4.3|         |         |     |       |       |        |             |

|4.4|         |         |     |       |       |        |             |

|5  |         |         |     |       |       |        |             |

|6  |         |         |     |       |       |        |             |

     Тартиби пур кардани Феҳрист:
     Дар сутуни А рақами тартибии сабткунии МНХ  (вобаста  ба  миқдори
(адади)  МНХ-и)  шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ нишон дода мешавад.
     Дар сутуни 1 номгӯи  шахси  ҳуқуқӣ  дар  мутобиқат  бо  ҳуҷҷатҳои
таъсисӣ  ё  ному насаби соҳибкори инфиродӣ дар асоси шиноснома ё дигар
ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо нишони рақами ҳуҷҷат, санаи додан ва
ташкилоте, ки онро додааст.
     Дар сутуни 2 суроғаи ҳуқуқии (ҷойгиршавии) шахси  ҳуқуқӣ,  маҳали
зисти соҳибкори инфиродӣ нишон дода мешавад.
     Дар сутуни 3 рақами мушаххаси андозсупоранда  -  шахси  ҳуқуқӣ  ё
соҳибкори инфиродӣ нишон дода мешавад.
     Дар сутуни 4 рақами истеҳсолии МНХ нишон дода мешавад.
     Дар сутуни  5 тамғаи (номгӯи) савдоии (истеҳсолии) МНХ нишон дода
мешавад.
     Дар сутуни 6 маҳали (суроғаи) истифодабарии воқеии МНХ нишон дода
мешавад.
     Дар сутуни  7  номгӯй  ва  маҳали  (суроғаи) ҷойгиршавии МХТ,  ки
хизматрасонии техникии МНХ номбурдаро ба ӯҳда дорад,  инчунин рақам ва
санаи  шартномаи басташуда доири хизматрасонии техникии МНХ дарҷ карда
мешавад.

Замимаи 4

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

     1. Ном ва насаб ё
     номи андозсупоранда (аризадиҳанда)_______________________________
     2. РМА____________________________
     Дафтарчаи бақайдгирии мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи
     фискалӣ №____________ аз "____"_______________ соли 200___

Китоби бақайдгирии маблағҳои нақди тавассути мошинаи назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ аз харидорони мол ё хизматрасонӣ гирифташуда

+---+--------+----------+----------+----------+---------+------------ҷ
|Р/Т|        |Нишондоди | Даромади |Нишондоди |Бозгашти |Маблағҳо    |
| № |  Сана  |пулӣ дар  | умумӣ дар|пулӣ дар  |чекҳо    |барои       |
|   |        |оғози рӯз | як рӯз   |охири рӯз |         |ивазкардан  |
|   |        |          |          |          |         |(размен)    |
+---+--------+----------+----------+----------+---------+------------+
| А |   1    |    2     |    3     |    4     |   5     |    6       |

| 1 |        |          |          |          |         |            |

| 2 |        |          |          |          |         |            |

| 3 |        |          |          |          |         |            |

| 4 |        |          |          |          |         |            |

     Китоб барои ҳар як МНХ дар алоҳидагӣ кушода  мешавад.
     Дар Китоб маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
     - дар сутуни А рақами тартибии навиштаҷот;
     - дар сутуни 1 санаи бақайдгирии маблағҳои нақдӣ;
     - дар сутуни 2 нишондоди пулӣ дар оғози рӯз;
     - дар сутуни 3 даромади умумии дар як рӯз гирифташуда;
     - дар сутуни 4 нишондоди пулӣ дар анҷоми рӯз:
     - дар сутуни 5 нишондоди чекҳои бозгаштшуда (бозхондшуда):
     - дар сутуни 6 маблағҳои нақдӣ,  ки аз хазина барои баргардонидан
ба мизоҷон гирифта шудаанд.

Замимаи 5

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

Китоби бақайдгирии квитансияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъии ҳангоми хизматрасонӣ ба аҳолӣ истифодашаванда

+--+----+------+------+-----+---------+--------+-------+------+------ҷ
|р/|Сана|Номгӯи|Бақияи|Сарфи|Маблағҳои|Бозгашти|Маблаҳи|Бақияи|Бақияи|
|т |    Жҳуҷ-  Жҳуҷ-  Жҳуҷ- Жҳуҷ-     |(боз-   Жҳуҷҷат |маб-  Жҳуҷ-  |
|№ |    |ҷатҳо |ҷатҳо |ҷатҳо|ҷатҳои   |хонди)  Жҳои    |лағҳо |ҷат-  |
|  |    |      |дар   |дар  |дар      Жҳуҷҷат- |боз-   |      Жҳо дар|
|  |    |      |оғози |даво-|давоми   Жҳо      |гашт-  |      |охири |
|  |    |      |рӯз   |ми   |рӯз      |(чекҳо) |шуда   |      |рӯз   |
|  |    |      |      |рӯз  |сарф-    |дар     |(боз-  |      |      |
|  |    |      |      |     |шуда     |давоми  |хонд-  |      |      |
|  |    |      |      |     |         |рӯз     |шуда   |      |      |
|  |    |      |      |     |         |        |       |      |      |
+--+----+------+------+-----+---------+--------+-------+------+------+
|А | 1  |  2   |  3   |  4  |   5     |   6    |   7   |   8  |   9  |

|1 |    |      |      |     |         |        |       |      |      |

|2 |    |      |      |     |         |        |       |      |      |

|3 |    |      |      |     |         |        |       |      |      |

     -дар сутуни А рақами тартиби навиштаҷот;
     -дар сутуни 1 санаи навиштаҷот;
     -дар сутуни 2 номгӯи ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ;
     -дар сутуни 3 миқдори бақияи  ҳуҷҷатҳои  ҳисоботдиҳии  қатъӣ  дар
оғози  рӯз  бо  дарҷ  намудани  силсила ва рақамҳои онҳо (барои ҳар як
силсила аз рақами ибтидоӣ то рақами калонтарин):
     -дар сутуни  4  миқдори  сарфи  ҳуҷҷатҳои  ҳисоботдиҳии қатъӣ дар
давоми рӯз бо дарҷ намудани силсила ва рақамҳои ҳуҷҷатҳои сарфшуда;
     -дар сутуни 5 ҷамъи маблағҳои дар нусхаҳои ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии
қатъии дар давоми рӯз сарфшуда дарҷгардида;
     -дар сутуни  6  миқдори  ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъии дар давоми
рӯз бозгаштшуда (бозхондшуда) бо дарҷ  намудани  силсила  ва  рақамҳои
онҳо;
     -дар сутуни 7 ҷамъи маблағҳои дар ҳуҷҷатҳои  ҳисоботдиҳии  қатъии
дар давоми рӯз бозгаштшуда (бозхондшуда) дарҷгардида;
     -дар сутуни 8 бақияи маблағҳо) дар охири  рӯзи  ҳисоботӣ  аз  рӯи
истифодаи   ҳуҷҷатҳои  ҳисоботдиҳии  қатъӣ  (фарқият  байни  маълумоти
сутунҳои 5 ва 7);
     - дар  сутуни  9  миқдори бақияи ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ дар
охири рӯз бо дарҷ намудани силсила ва  рақамҳои  онҳо  (барои  ҳар  як
силсила аз рақами ибтидоӣ то рақами калонтарин).

Замимаи 6

ба Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои

назоратӣ-хазинавии дорои

хотираи фискалӣ

Ариза барои дохил намудани тамғаи нави (хориҷ сохтани тамғаи) мошинаи назоратӣ-хазинавӣ ба (аз) Феҳристи давлатӣ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Ному насаб, номи аризадиҳанда (шахси манфиатдор)______________
______________________________________________________________________
     РМА______________________________________________________________
     2. Тамғаи мошинаи назоратӣ-хазинавӣ
     3. Мошинаи  назоратӣ-хазинавӣ  имкон  медиҳад  амалиётҳои  хариду
фурӯши_______________________________________________анҷом дода шаванд
     4. Кишвари истеҳсолкунандаи МНХ__________________________________

     5. Суроғаи дархосткунанда________________________________________
     6. Телефон___________ факс_____________ суроғаи почтаи электронии
аризадиҳанда___________________
     7. Вазифа ва ному насаби роҳбари аввали аризадиҳанда_____________
     8. Ба ариза замима карда мешаванд:
     8.1. Шиносномаи мошинаи назорат хазинавӣ ___________миқдори варақ
     8.2. Намунаи чеки додашаванда ______________________миқдори варақ
     8.3. Нусхаи сертификати истеҳсолкунанда ____________миқдори варақ
     8.4.Дастурамал оиди истифодаи мошинаи назоратӣ-хазинавӣ__________
миқдори варақ
     8.5. Санадҳои техникии истеҳсолкунанда_____________ миқдори варақ
     8.6.Кафолатномаи истеҳсолкунанда дар бораи нигоҳдории техникӣ
________________миқдори варақ

     __________________________                             ______
     (Ному насаби аризадиҳанда)                                 (имзо)

     Санаи додани ариза "____"_______________соли 200_

  _______________________                  ____________________
    
(Ному насаби қабулкунандаи ариза)                 (имзо)

  санаи қабули ариза "___"____________ соли 200__