Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, № 310 "Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.05.2013 № 210 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Қоидаҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ

Мутобиқи моддаи 59 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои замимагардидаи истифодаи мошинҳои назоратӣ- хазинавии дорои хотираи фискалӣ тасдиқ карда шаванд.

2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 1995 № 125 "Дар бораи Комиссияи давлатии байниидоравии экспертии мошинҳои назоратӣ-кассавӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 1996 № 204 "Дар бораи аниқ кардани мӯҳлатҳои истифодаи мошинҳои назоратӣ-кассавӣ ҳангоми ҳисобу китоби пулӣ бо аҳолӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1997 № 251 "Дар бораи тасдиқи Низомнома оиди татбиқи мошинҳои назоратӣ-кассавӣ ҳангоми иҷрои ҳисобу китоби пулӣ бо аҳолӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 1997 № 252 "Дар бораи тасдиқи номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки ҳисобу китоби пулро бо аҳолӣ бе истифодаи мошинҳои назоратию кассавӣ амалӣ менамоянд";

- Низомномаи тартиби пешбурди Феҳристи давлатии мошинҳои назоратию кассавие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 389 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯш, хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳои назоратӣ-кассавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва тартиби пешбурди Реестри давлатии мошинҳои назоратию кассавие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд" тасдиқ карда шудааст;

- бандҳои 1-9 Низомномаи тартиби фурӯш, хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳои назоратӣ-кассавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1996 № 389 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби фурӯш, хизматрасонии техникӣ ва таъмири мошинҳои назоратӣ-кассавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешбурди Реестри давлатии мошинҳои назоратию кассавие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд" тасдиқ карда шудааст.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 июли соли 2008 № 310

ш. Душанбе