Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 307
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 17.03.2017 № 137, аз 2.05.2019 № 232)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
2. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва масъулияти тарафайн баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои муҳими умумии иҷтимоӣ баста мешаванд.
II. Тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
3. Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад. Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии гузаронидани сиёсати мувофиқнамудаи иҷтимоию иқтисодиро муқаррар менамояд.
4. Хулосаҳо ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи генералӣ, ки маблағгузории буҷетиро талаб мекунад, тибқи қоидаҳои умумӣ аз ҷониби тарафҳо то омода гардидани лоиҳаи буҷети дахлдор барои соли молиявӣ, ки ба мӯҳлати амали созишнома дахл дорад, сурат мегиранд.
5. Ваколатҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани музокирот ва бастани Созишномаи генералӣ бояд дар Оинномаҳои Федератсия ва Иттиҳодия, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, муқаррар гардида бошанд.
6. Бо ташаббус доир ба бастани Созишномаи генералӣ ҳар як тарафи ваколатдор метавонад баромад кунад. Тарафи бо ташаббус баромадкарда ба дигар Тараф бо огоҳиномаи хаттӣ муроҷиат намуда, пешниҳоди худро оид ба лоиҳаи Созишномаи генералӣ ва ҳайати иштирокчиёне, ки Тарафҳои мазкурро дар музокирот муаррифӣ мекунанд, ирсол менамояд.
7. Тарафҳо баъд аз гирифтани огоҳиномаи хаттӣ дар муддати ҳафт рӯз музокиротро оғоз мекунанд.
8. Барои бурдани музокирот Тарафҳо дар асоси машварати сетарафа комиссияи сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд, ки ба ҳайати он бо теъдоди баробар намояндагони Тарафҳо шомил мегарданд, ки барои муҳокимаи пешниҳоди ҳар яке аз тарафҳо ваколатҳои заруриро доранд .
9. Матни лоиҳаи Созишномаи генералӣ ба воситаи муҳокимаи пешниҳодҳои ҳар як Тараф бо ҳамаи аъзои комиссияи сетарафа омода мегардад.
10. Созишиомаи генералиро аз номи тамоми корфармоён (Иттиҳодияи корфармоён) намояндаи ваколатдори Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.
11. Созишномаи генералиро аз номи иттифоқҳои касаба намояндаи ваколатдори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон имзо мекунад.
12. Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи генералиро шахси ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.
13. Шартҳои Созишномаи генералӣ, ки ҳадди ақали кафолатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро муқаррар мекунанд, ҳамаи субъектҳои хоҷагидориро дар доираи қонунгузории амалкунанда фаро мегиранд. Кафолатҳои мазкур метавонанд дар шартномаи коллективии ташкилот, муассиса ва корхона бо назардошти корҳои махсус ва имкониятҳои молиявӣ бештар ё илова гарданд.
14. Амали Созишномаи генералӣ вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳоро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидории онҳо, фаро мегирад.
15. Созишномаи соҳавӣ байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон баста мешавад. Созишномаи соҳавӣ равандҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғлнокӣ, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаро, ки масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамоянд, муқаррар месозад .
16. Созишномаҳои соҳавӣ бо соҳаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тибқи қоидаҳои умумӣ то пешниҳод гардидани лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ баста мешаванд.
17. Созишномаҳо бо ризоияти Тарафҳои дар музокирот иштирокдошта метавонанд дутарафа ё сетарафа баста шаванд.
18. Мӯҳлати таҳия ва бастан, мазмун ва сохтори созишномаҳои соҳавиро комиссияи дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқии намояндагии Тарафҳо таъсисёфта муқаррар мекунад.
19. Ҳар кадоме аз Тарафҳо ҳуқуқи як овоз дорад. Хулосаи комиссия дар асоси баробар (розигии пурраи Тарафҳо) қабул карда мешавад.
20. Созишномаҳои соҳавиро намояндагони ваколатдоре, ки ҳуқуқи имзо кардани ин санади ҳуқуқиро доранд, имзо мекунанд.
21. Дар сурате, ки нисбат ба кормандон дар як вақт якчанд созишномаҳо амал мекунанд, муқаррароти созишномаи барои кормандон мусоидтар мавриди амал қарор дода мешавад.
22. Амали созишномаи соҳавӣ муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи марбутаро, ки мақомоти мазкурро барои аз номи онҳо дар музокироти коллективӣ ширкат намудан ва созишномаро ба имзо расондан ваколатдор намудааст, фаро мегирад.
23. Созишномаи минтақавӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон) ва намояндагони кормандон баста мешавад. Созишномаи минтақавӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро дар минтақаи воҳиди маъмурии ҳудудии дахлдор танзим менамояд, ки ҳангоми бастаии шартнома ба ҳисоб гирифта мешавад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
24. Созишномаҳои минтақавӣ тибқи қоидаҳои умумӣ то пешниҳод намудани лоиҳаи буҷети дахлдор барои соли молиявӣ, мувофиқи мӯҳлати амали созишнома бояд баста шаванд.
25. Тартиб, мӯҳлати таҳия ва бастани созишномаҳоро комиссия муайян менамояд.
26. Созишномаи минтақавӣ нисбат ба:
- тамоми корфармоёне, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён ба шумор рафта, созишномаро имзо кардаанд;
- иттифоқҳои касабаи дахлдори минтақавӣ (дигар мақомоти намояндагии кормандон);
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон амал мекунад.
III. Мӯҳтавои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
27. Созишнома бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:
- мӯҳлати амал;
- тартиби назорат;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишнома;
- ҷавобгарии Тарафҳо дар мавриди иҷро накардани ӯҳдадориҳои базиммагирифтаашон.
28. Мазмуни Созишномаи генералиро комиссияи ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо дарназардошти вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои Созишномаи генералӣ, ки аз ҷониби ҳамаи Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ ё яке аз онҳо пешниҳод шудаанд, муайян менамояд.
29. Мазмуни созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро комиссияҳои соҳавӣ ва минтақавии доимоамалкунандаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси лоиҳаҳои созишномаҳое, ки аз ҷониби ҳамаи Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ ё яке аз онҳо пешниҳод шудаанд, муайян мекунад.
IV. Амали созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
30. Созишнома аз рӯзи ба имзо расидан ё аз рӯзе, ки созишнома муайян кардааст, эътибор пайдо мекунад.
31. Мӯҳлати амали созишномаро Тарафҳо муайян менамоянд, лекин он набояд аз се сол зиёд бошад. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки як маротиба амали созишномаро бо роҳи тартиб додани протокол ба расмият дароранд. Дар ин сурат мӯҳлати дароз намудани амали созишнома аз се сол зиёд буда наметавонад.
V. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
32. Тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо бо тартибе, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба бастани созишномаҳо муқаррар кардааст, ё тартибе, ки созишномаҳо пешбинӣ кардаанд, ворид карда мешававд.
33. Дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавии басташуда, пайдо шудани баҳсҳои меҳнатӣ, (ихтилофҳо) доир ба татбиқи созишномаҳо корфармо (иттиҳодияи корфармоён) ё Тарафҳо дар ин бора дар давоми ҳафт рӯз ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат хабар медиҳанд.
VI. Тартиби бақайдгирии огоҳонии созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
34. Созишномаи генералӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
35. Созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро дар давоми даҳ рӯзи баъди ба имзо расиданашон корфармо, намояндагони корфармо (иттиҳодияи корфармоён) дар се нусха барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат ирсол мекунанд .
36. Мақоми дахлдор оид ба меҳнат созишномаҳоро дар мӯҳлати 10 рӯз ба қайд мегирад ва дар ин бора Тарафҳоро хаттӣ огоҳ менамояд .
37. Созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ танҳо баъди бақайдгирии огоҳонӣ дар мақоми дахлдор оид ба меҳнат мавриди амал қарор дода мешаванд .
38. Ҳангоми бақайдгирии огоҳонии созишномаҳо мақоми дахлдор оид ба меҳнат ҳолатҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба шароити тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраргардида бадтар мегардонанд, ошкор мекунад ва дар ин бора намояндагони Тарафҳо, ки созишномаро имзо кардаанд, инчунин хадамоти дахлдори давлатии назорат дар соҳаи меҳнатро огоҳ менамояд. Шартҳои созишномаҳое, ки вазъи кормандонро бадтар мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд .
39. Дастурамали тартиби бақайдгирии огоҳонии созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои коллективиро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамоянд .
VII. Назорати иҷрои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
40. Назорати ҷараёни иҷрои созишномаҳо дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, намояндагии онҳо ва мақомоти дахлдор оид ба меҳнат ба амал бароварда мешавад .
41. Ҳангоми гузаронидани назорати мазкур намояндагони тарафҳо вазифадоранд, ки ба ҳамдигар, инчунин ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат на дертар аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ аз рӯзи гирифтани дархости марбута иттилои заруриро манзур кунанд.
42. Натиҷаи иҷрои талаботи созишномаҳо на камтар аз ду маротиба дар як сол ё дар мӯҳлатҳое, ки дар созишномаҳо муқаррар карда шудаанд, бо иштироки Тарафҳо дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июли соли 2008 № 307
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ" таҳия гардида, тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва масъулияти тарафайн баҳри ноил гардидан ба мақсадҳои муҳими умумии иҷтимоӣ баста мешаванд.
II. Тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
3. Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад. Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии гузаронидани сиёсати мувофиқнамудаи иҷтимоию иқтисодиро муқаррар менамояд.
4. Хулосаҳо ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи генералӣ, ки маблағгузории буҷетиро талаб мекунад, тибқи қоидаҳои умумӣ аз ҷониби тарафҳо то омода гардидани лоиҳаи буҷети дахлдор барои соли молиявӣ, ки ба мӯҳлати амали созишнома дахл дорад, сурат мегиранд.
5. Ваколатҳои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои доир намудани музокирот ва бастани Созишномаи генералӣ бояд дар Оинномаҳои Федератсия ва Иттиҳодия, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудаанд, муқаррар гардида бошанд.
6. Бо ташаббус доир ба бастани Созишномаи генералӣ ҳар як тарафи ваколатдор метавонад баромад кунад. Тарафи бо ташаббус баромадкарда ба дигар Тараф бо огоҳиномаи хаттӣ муроҷиат намуда, пешниҳоди худро оид ба лоиҳаи Созишномаи генералӣ ва ҳайати иштирокчиёне, ки Тарафҳои мазкурро дар музокирот муаррифӣ мекунанд, ирсол менамояд.
7. Тарафҳо баъд аз гирифтани огоҳиномаи хаттӣ дар муддати ҳафт рӯз музокиротро оғоз мекунанд.
8. Барои бурдани музокирот Тарафҳо дар асоси машварати сетарафа комиссия ташкил мекунанд, ки ба ҳайати он бо теъдоди баробар намояндагони Тарафҳо шомил мегарданд, ки барои муҳокимаи пешниҳоди ҳар яке аз тарафҳо ваколатҳои заруриро доранд.
9. Матни лоиҳаи Созишномаи генералӣ ба воситаи муҳокимаи пешниҳодҳои ҳар як Тараф бо ҳамаи аъзои комиссияи сетарафа омода мегардад.
10. Созишиомаи генералиро аз номи тамоми корфармоён (Иттиҳодияи корфармоён) намояндаи ваколатдори Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.
11. Созишномаи генералиро аз номи иттифоқҳои касаба намояндаи ваколатдори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон имзо мекунад.
12. Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи генералиро шахси ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.
13. Шартҳои Созишномаи генералӣ, ки ҳадди ақали кафолатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро муқаррар мекунанд, ҳамаи субъектҳои хоҷагидориро дар доираи қонунгузории амалкунанда фаро мегиранд. Кафолатҳои мазкур метавонанд дар шартномаи коллективии ташкилот, муассиса ва корхона бо назардошти корҳои махсус ва имкониятҳои молиявӣ бештар ё илова гарданд.
14. Амали Созишномаи генералӣ вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳоро, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидории онҳо, фаро мегирад.
15. Созишномаҳои соҳавӣ байни иттифоқи касабаи дахлдор (дигар мақомоти намояндагии кормандон) ва корфармоён (намояндаи корфармоён) баста мешаванд. Созишномаҳои соҳавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии соҳа, шароити меҳнат ва пардохти музди он, кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаро (гурӯҳҳои касбиро) муайян менамояд.
16. Созишномаҳои соҳавӣ бо соҳаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, тибқи қоидаҳои умумӣ то пешниҳод гардидани лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли молиявии навбатӣ баста мешаванд.
17. Созишномаҳо бо ризоияти Тарафҳои дар музокирот иштирокдошта метавонанд дутарафа ё сетарафа баста шаванд.
18. Мӯҳлати таҳия ва бастан, мазмун ва сохтори созишномаҳои соҳавиро комиссияи дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқии намояндагии Тарафҳо таъсисёфта муқаррар мекунад.
19. Ҳар кадоме аз Тарафҳо ҳуқуқи як овоз дорад. Хулосаи комиссия дар асоси баробар (розигии пурраи Тарафҳо) қабул карда мешавад.
20. Созишномаҳои соҳавиро намояндагони ваколатдоре, ки ҳуқуқи имзо кардани ин санади ҳуқуқиро доранд, имзо мекунанд.
21. Дар сурате, ки нисбат ба кормандон дар як вақт якчанд созишномаҳо амал мекунанд, муқаррароти созишномаи барои кормандон мусоидтар мавриди амал қарор дода мешавад.
22. Амали созишномаи соҳавӣ муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи марбутаро, ки мақомоти мазкурро барои аз номи онҳо дар музокироти коллективӣ ширкат намудан ва созишномаро ба имзо расондан ваколатдор намудааст, фаро мегирад.
23. Созишномаҳои минтақавӣ байни иттифоқи касабаи дахлдор (дигар мақомоти намояндагии кормандон), корфармоён (иттиҳодияи корфармоён) ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баста мешаванд. Созишномаҳои минтақавӣ қоидаҳои ҳаллу фасли проблемаҳои муайяни иҷтимоию иқтисодӣ ва принсипҳои умумии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатии минтақаи дахлдорро, ки бо махсусияти минтақавӣ алоқаманданд муайян менамоянд.
24. Созишномаҳои минтақавӣ тибқи қоидаҳои умумӣ то пешниҳод намудани лоиҳаи буҷети дахлдор барои соли молиявӣ, мувофиқи мӯҳлати амали созишнома бояд баста шаванд.
25. Тартиб, мӯҳлати таҳия ва бастани созишномаҳоро комиссия муайян менамояд.
26. Созишномаи минтақавӣ нисбат ба:
- тамоми корфармоёне, ки аъзои иттиҳодияи корфармоён ба шумор рафта, созишномаро имзо кардаанд;
- иттифоқҳои касабаи дахлдори минтақавӣ (дигар мақомоти намояндагии кормандон);
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар доираи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон амал мекунад.
III. Мӯҳтавои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
27. Созишнома бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:
- мӯҳлати амал;
- тартиби назорат;
- тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишнома;
- ҷавобгарии Тарафҳо дар мавриди иҷро накардани ӯҳдадориҳои базиммагирифтаашон.
28. Мазмуни Созишномаи генералиро комиссияи ҷумҳуриявии доимоамалкунандаи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ бо дарназардошти вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва лоиҳаҳои Созишномаи генералӣ, ки аз ҷониби ҳамаи Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ ё яке аз онҳо пешниҳод шудаанд, муайян менамояд.
29. Мазмуни созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро комиссияҳои соҳавӣ ва минтақавии доимоамалкунандаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси лоиҳаҳои созишномаҳое, ки аз ҷониби ҳамаи Тарафҳои шарикии иҷтимоӣ ё яке аз онҳо пешниҳод шудаанд, муайян мекунад.
IV. Амали созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
30. Созишнома аз рӯзи ба имзо расидан ё аз рӯзе, ки созишнома муайян кардааст, эътибор пайдо мекунад.
31. Мӯҳлати амали созишномаро Тарафҳо муайян менамоянд, лекин он набояд аз се сол зиёд бошад. Тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки як маротиба амали созишномаро бо роҳи тартиб додани протокол ба расмият дароранд. Дар ин сурат мӯҳлати дароз намудани амали созишнома аз се сол зиёд буда наметавонад.
V. Тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
32. Тағйиру иловаҳо ба созишномаҳо бо тартибе, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба бастани созишномаҳо муқаррар кардааст, ё тартибе, ки созишномаҳо пешбинӣ кардаанд, ворид карда мешававд.
33. Дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавии басташуда, пайдо шудани баҳсҳои меҳнатӣ, (ихтилофҳо) доир ба татбиқи созишномаҳо корфармо (иттиҳодияи корфармоён) ё Тарафҳо дар ин бора дар давоми ҳафт рӯз ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат хабар медиҳанд.
VI. Тартиби сабтиномкунии созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
34. Созишномаи генералӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
35. Созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро дар давоми даҳ рӯзи баъди ба имзо расиданашон корфармо, намояндагони корфармо (иттиҳодияи корфармоён) дар се нусха барои сабтиномкунӣ ба мақоми дахлдор оид ба меҳнат ирсол мекунанд.
36. Мақоми дахлдор оид ба меҳнат созишномаҳоро дар мӯҳлати 10 рӯз сабти ном мекунад ва дар ин бора Тарафҳоро хаттӣ огоҳ менамояд.
37. Созишномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ танҳо баъди сабтиномкунӣ дар мақоми дахлдор оид ба меҳнат мавриди амал қарор дода мешаванд.
38. Ҳангоми сабтиномкунии созишномаҳо мақоми дахлдор оид ба меҳнат ҳолатҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба шароити тибқи қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраргардида бадтар мегардонанд, ошкор мекунад ва дар ин бора намояндагони Тарафҳо, ки созишномаро имзо кардаанд, инчунин хадамоти дахлдори давлатии назорат дар соҳаи меҳнатро огоҳ менамояд. Шартҳои созишномаҳое, ки вазъи кормандонро бадтар мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд.
39. Дастуруламали сабтиномкунии маълумотии созишномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ ва шартномаҳои коллективиро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамоянд.
VII. Назорати иҷрои созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ
40. Назорати ҷараёни иҷрои созишномаҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ" ва Низомномаи комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, намояндагии онҳо ва мақомоти дахлдор оид ба меҳнат ба амал бароварда мешавад.