Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 августи соли 1998 № 300
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, лицейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо
1. Мутобиқ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1998 № 949 "Дар бораи таъсис додани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, лицейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо", ба мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани хонандагон аз 1 апрели соли 1998 100 (сад) стипендияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи маблағи 5-каратаи маоши ҳадди ақал, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, муқаррар карда шудаанд.
2. Довталабони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони мактабҳои давлатии таҳсилоти ҳамагонӣ, лицейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки мувофиқи ҷамъбасти солона бо баҳои аъло таҳсил карда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намудаанд, шуда метавонанд.
3. Таъини стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конкурс тавассути Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол аз 1-уми сентябрь барои 1 соли хониш муқаррар карда мешавад.
4. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи муайяни стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъин менамояд.
5. Ба мақсади ташкили кор барои интихоби номзадҳо ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳо шаҳри Дшанбе, комиссияҳои махсус таъсис дода мсшавад. Ба ин комиссияҳо намояндагони шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, маориф, меҳнат ва шуғли аҳолӣ дохил мешаванд.
Комиссияҳои махсус номзадҳоро бо тавсияи Шӯроҳои педагогию илмии муассисаҳои таълимӣ интихоб менамоянд.
6. Низомнома доир ба Комиссияи махсус аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
7. Комиссияхои махсус ҳар сол то 20-уми август доир ба натиҷаи кори худ асноду ҳуҷҷатҳои лозимиро барои тасдиқ ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол медоранд.
8. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси асноду ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Комиссияҳои махсус пешкаш мегарданд, инчунин мутобиқи қарори Ҳайати мушовараи Кумита ҳар сол то 1-уми сентябрь рӯйхати стипендиянтҳои стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои як соли хониш тасдиқ мекунад.
9. Пардохти стипендияҳо ҳар моҳ, тавассути сохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо Комиссияҳои махсус амал менамоянд, сурат хоҳад гирифт.
10. Аз стипендия маҳрум кардани стипендиянтҳои стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иҷро накардани талаботи банди 2-и Низомномаи мазкур мутобиқи пешниҳоди комиссияи махсус ва дар асоси қарори Ҳайати мушовараи Кумита сурат хоҳад гирифт.