Қоидаҳо оид ба намуд, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, № 27

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2009с. № 122 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 январи соли 2008 № 27

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 январи соли 2008 № 27

тасдиқ шудааст

Қоидаҳо оид ба намуд, тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои мазкур тартиби додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи даъват ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд (минбаъд - шаҳрвандони хориҷӣ), тартиби тамдиди мӯҳлати раводид, барқарор намудан ва бекор кардани он, тартиби соддагардидаи додани раводид, инчунин амали шахсони мансабдори мақоми ваколатдорро дар мавриди баррасии дархост оид ба додани раводид муқаррар менамоянд.

1.2. Раводид иҷозатномаест, ки ҳуқуқи убури сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳузур доштан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми мӯҳлати дар раводид нишондодашуда, тибқи тартиби дар Қоидаҳои мазкур муқарраргардида, ба шаҳрванди хориҷӣ пешниҳод менамояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад ё нисбати шаҳрванди хориҷӣ қарор дар бораи номатлуб будани зисти ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст.

1.3. Раводид дар коғази бланкии намунаи муқарраргардида, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад.

1.4. Коғазҳои бланкии раводид ҳуҷҷатҳои ҳисоботии қатъӣ буда, дорои ҳимояи чандинкарата аз сохтакорӣ мебошанд. Тартиби ҳисоб ва нигоҳдории онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

1.5. Раводиде, ки бо вайронкунии талаботи Қоидаҳои мазкур ба расмият дароварда шудааст, беэътибор ҳисобида мешавад.

1.6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошанд, ки барои тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қолидаҳои мазкур барасмиятдарорӣ, додани раводид, тамдиди мӯҳлати амали раводид, барқараро намудан ё бекор кардани раводид ҳуқуқ доранд.

1.7. Агар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, дигар қоидаҳоро пешбинӣ намяонд, меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.

...

Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2009г. №122

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 26 января 2008 года № 27

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 26 января 2008 года № 27

Правила о типах, порядке оформления и выдачи виз Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ.

1.1. Настоящие Правила устанавливают порядок выдачи виз Республики Таджикистан и визовых поддержек иностранным гражданам и лицам без гражданства (далее иностранные граждане), порядок их продления, восстановления и аннулирования, упрощённый порядок выдачи виз, а также определяют действия должностных лиц уполномоченного органа при рассмотрении ходатайств о выдачи виз.

1.2. Виза является разрешением, предоставляющим иностранному гражданину право на пресечение государственной границы в целях въезда в Республику Таджикистан и/или выезда из Республики Таджикистан, пребывания в Республике Таджикистан и транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан в течение срока, указанного в выданной визе в порядке, установленном настоящими Правилами, за исключением случаев, когда иностранному гражданину в соответствии с законодательством Республики Таджикистан въезд в Республику Таджикистан не разрешается или в отношении иностранного гражданина принято решение о нежелательности его пребывания (проживания) в Республике Таджикистан.

1.3. Виза оформляется на бланке, установленного образца, утвержденного Министерством иностранных дел Республики Таджикистан в порядке, предусмотренном настоящими Правилами.

1.4. Визовые бланки являются документами строгой отчетности и имеют многоуровневую защиту от подделки. Порядок их учёта и хранения определяется уполномоченным государственным органом.

1.5. Виза, оформленная с нарушением требований, установленных настоящими Правилами, считается недействительной.

1.6. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, дипломатические представительства или консульские учреждения Республики Таджикистан являются уполномоченными государственными органами, имеющими право оформлять, выдавать, продлевать срок действия визы, восстанавливать либо аннулировать визы в порядке, предусмотренном настоящими Правилами.

1.7. Если международным договором, признанным Республикой Таджикистан, предусмотрены иные правила, чем те которые содержаться в настоящих Правилах применяются нормы международного договора.

...