Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457

Санаи амалкуни: 23.08.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 майи соли 2008 № 457

тасдиқ шудааст

Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Фармони Президенти ҶТ аз 27.09.2010 № 933, аз 14.01.2012 № 1220, аз 27.12.2017 № 972, аз 23.08.2022 № 436)

Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиб ва шароити адои хизматро дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони ин воҳидҳоро муайян мекунад.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

1. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе ба ҳисоб меравад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар хизмат ва ё ҳайати эҳтиётии кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор дорад ва бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Низомнома ба ӯ рутбаи махсус дода шудааст (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

2. хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

3. Агентӣ мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда, назорати давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишоти пешакӣ, инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

4. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ барои тасдиқи шахсият ва ваколаташон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад. Намунаи тасвири шаҳодатномаи хизматӣ аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

5. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия", "Дар бораи фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ", "Дар бораи яроқ", "Дар бораи муқовимат ба коррупсия", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст ва ҳамин Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972аз 23.08.2022 № 436).

6. Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар фаъолияти худ танҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда буда, вазифадоранд Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро зимни адои вазифаҳои худ риоя намоянд.

7. Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма, намояндагон ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои он манъ аст.

Кормандони Агентӣ уҳдадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоташонбуда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

Дастгир намудан, маҷбуран овардан, кофтукови шахсии корманди Агентӣ, азназаргузаронии молу мулк, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, танҳо дар вақти дастгир намудани ӯ ҳангоми содир кардани ҷиноят, дар дигар мавридҳо бошад, танҳо вобаста ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбати корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул намудани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

8. Фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:

- қонуният;

- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- яккасардорӣ ва идоракунии муттамарказонидашудаи мақомоти Агентӣ;

- истифодаи усулу воситаҳои ошкоро ва махфии фаъолият;

- алоқамандӣ бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар фаъолият;

- ғайриҳизбият.

9. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, суиистифода аз мансаб, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонунӣ, иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ҳангоми аз ҷониби корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ поймол кардани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, расонидани зарар ба корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, мақомоти Агентӣ уҳдадор аст барои барқарор намудани ин ҳуқуқҳо чора андешад ва бо талаби шаҳрванд ба таври расмӣ аз ӯ узр пурсад. Товони зиёни расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Боби 2. Ҳукуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ вобаста ба адои хизмат

10. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳамчун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои тамоми ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқҳо буда, инчунин ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972).

11. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зерин мебошад:

- бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯро аз рӯи вазифаҳои ишғолкарда муайян менамоянд, шароити пешравӣ дар вазифа ва дигар шартҳои барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарур шинос гардад;

- барои таъин шудан ба вазифаи ишғолнагардида бо хоҳиши худ дар озмун иштирок намояд. Бо назардошти натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва дараҷаи ихтисос ба вазифаи баландтар таъин шавад;

- бо тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шавад;

- аз ҷиҳати молиявӣ, моддӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти хизмат, собиқаи корӣ ва ҳолати саломатӣ таъмин гардад;

- гузаронидани санҷиши хизматиро барои рад намудани маълумотҳое, ки шаъну эътибори ӯро доғдор менамоянд, талаб кунад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- дар ҳолатҳои ошкорсозии далелҳои ба таври ғайриқонунӣ анҷом додани фаъолияти иқтисодӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, саркашӣ намудани онҳо аз ворид намудани андозу пардохтҳо ба буҷет, саркашӣ аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба суратҳисоби бонкии онҳо ҳабс гузорад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- шаҳрвандонро дар доираи ваколатҳои худ даъват намуда, баёнот гирад ва ё пурсиш намояд;

- бо мақсади иҷрои вазифаои хизматӣ аз воситаҳои алоқаи ташкилотҳо, сарфи назар аз тобеъият ва шакли моликияташон, дар ҳолатҳои таъҷилӣ бошад, аз воситаҳои алоқаи шаҳрвандон истифода барад;

- мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия" силоҳи табелӣ ва воситаҳои махсусро баъд аз гузаштани тайёрии дахлдор нигоҳ дорад, бо худ гирифта гардад ва истифода барад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972);

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакиро бо мақсади огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд, ҷустуҷӯи шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир намудаанд ва ҳамчунин барои таъмини амнияти фаъолияти кормандони Агентӣ гузаронад;

- сирри давлатӣ ва дигар маълумотеро, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба даст омадааст, ҳифз намояд;

- арзу шикоят, иттилооту маълумот, маводҳо оид ба тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ, санҷиши хизматӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ вобаста ба ҳуқуквайронкуниҳои коррупсиониро баррасӣ намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки аз талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.

Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ иҷро кардани вазифаи дигари музднок, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва ташкилотҳои сиёсӣ ва ба соҳибкорӣ машғул шудан манъ аст, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Боби 3. Тартиби қабул ба хизмат, таъин кардан ба вазифа ва ба дигар вазифа гузаронидани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ

12. Ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, синнаш то 35 бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шахсоне, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

13. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба Агентӣ барои хизмат қабул карда намешаванд:

- шахсони қаблан ҷиноят содир карда, барои содиркунии ҷиноят маҳкумшуда, сарфи назар аз боқӣ мондан ё намондани доғи судӣ (ба истиснои онҳое, ки баъдан аз тарафи суд сафед карда шудаанд ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо бо асосҳои сафедкунанда қатъ карда шудааст);

- вуҷуд доштани тасдиқи хулосаи тиббӣ оид ба беморие, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ монеъ шуда метавонанд;

- дар бораи худ ва хешовандон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои бараъло бардурӯғ;

- саркашӣ намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ".

14. Барои шахсоне, ки аз рӯи ихтисосашон таҷрибаи кофии амалӣ надоранд, то 6 моҳ мӯҳлати коромӯзӣ муқаррар карда мешавад. Тартиби гузаштани коромӯзиро Директори Агентӣ муайян мекунад. Ҳангоми ба анҷом расидани мӯҳлати коромӯзӣ, дар асоси хулосаи роҳбари бевосита корманд аз санҷиш гузашта, ба мансаби мустақил дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъин карда мешавад ва минбаъд сабукдӯш намудани ӯ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва Низомномаи мазкур ба амал бароварда мешавад. Рутбаи махсус ба корманд баъди гузаштани мӯҳлати коромӯзӣ дода мешавад. Мӯҳлати коромӯзӣ ба собиқаи хизматӣ дар воҳидҳои Агентӣ ҳамроҳ карда мешавад.

15. Ишғоли мансаби холӣ дар Агентӣ дар асоси озмун ва ё дар ҳолатҳои зарурӣ бо тариқи гузариш аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи дигар вазорату идораҳое, ки маҳорати баланди касбиро доро мебошанд, дар асоси қарори ҳайати мушовараи Агентӣ ва бо фармоиши директори Агентӣ амалӣ карда мешавад.

Директори Агентӣ сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанберо бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод менамояд.

Директори Агентӣ шахсони мансабдор ва дигар кормандони масъули дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавӣ, инчунин кормандони ҳайати хизматрасони дастгоҳи марказиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

16. Ҳангоми қабул шудан ба хизмат кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба мазмуни зайл савганд ёд мекунанд:

"Ман, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, тантанавор савганд ёд мекунам, ки ба Ватан, давлат ва мардуми Тоҷикистон бо дасту дили пок содиқона хизмат мекунам.

Савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро риоя намуда, вазифаҳои ба зиммаам гузошташударо софдилона ба ҷо меорам.

Ҳамеша корманди ростқавлу матин буда, манфиатҳои давлатро ҳимоя менамоям, сирри давлатӣ ва хизматиро ҳифз карда, қувваи худро дареғ намедорам ва агар зарур бошад, бо қимати ҷон қарзи хизматии худро ба ҷо меорам.

Агар ман ин Савгандро шиканам, бигузор мутобиқи қонун ҷазо бинам".

17. ӯҳдадорони ҳарбие, ки ба мансаб дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ таъин мешаванд, бо тартиби муайяншуда аз қайди ҳарбӣ баромада, дар қайди махсуси воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ гузошта мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

18. Кормандони дорои рутбаҳои ҳарбӣ, махсус ва дараҷавӣ, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба вазифа таъин шудаанд, рутбаҳои пешинаро нигоҳ медоранд, ки ба рутбаҳои махсуси кормандони Агентӣ баробар эътироф карда шуда, муҳлати хизмати пештараашон ба муҳлати хизмати онҳо дар Агентӣ дохил мешавад. Баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Чунин ҳуқуқҳоро кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуки Агентӣ низ ҳангоми ба кор гузаштан дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доранд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

19. Ба мансаб таъин намудан дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ бо риояи талаботи тахассусии зерин амалӣ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436):

- ба мансабҳои нозир, муфаттиш, ваколатдори оперативӣ ва навбатдорони оперативӣ мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқукшиносӣ ё иқтисодӣ;

- ба мансабҳои нозири калон, муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим, ваколатдори оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим ва навбатдорони калони оперативӣ мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 1 сол;

- ба мансабҳои сарнозир, муфаттишони калон оид ба корҳои махсусан муҳим ва ваколатдорони калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳим мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 2 сол;

- ба мансабҳои сардори бахш ва муовини сардори шуъба мувофиқан шахсони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 3-сола;

- ба мансабҳои сардори шуъба ва муовини сардори раёсат мувофиқан кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 4-сола;

- ба мансабҳои сардори раёсат мувофиқан кормандони дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5-сола;

- ба мансабҳои баробар - ҳангоми зарурати пур кардани дигар мансабҳо аз рӯйи нақшаи гузаронидани ҷойивазкунии кормандон.

20. Ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи талаботи Низомномаи мазкур ва Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ амалӣ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

21. Аз мансаби болоӣ ба мансаби поёнтар таъин намудани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегардад:

- дар ҳолати ихтисори бастҳои корӣ (штатҳо);

- вобаста ба вазъи саломатӣ мутобиқи хулосаи комиссияи ҳарбии тиббӣ;

- бо тариқи аттестатсия;

- тибқи Оинномаи интизомии Агентӣ бо тартиби ҷазои интизомӣ;

- бо хоҳиши бевоситаи худи корманд.

Дар фармоиши ҳайати шахсӣ оид ба гузариш ба мансаби поён, асосҳои гузариш нишон дода мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Шахси мансабдори Агентӣ, ки ба мансаби поён гузаронида шудааст, дар оянда метавонад бо тартиби гузаштан аз аттестатсия ба вазифаи болотар пешбарӣ шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Шахсони ҳайати олии роҳбарикунанда, ки бо сабаби ихтисори бастҳои корӣ ба вазифаҳои поён гузаронида шудаанд ва ба талаботи мансаби пештара ё баробар мувофиқ мебошанд, ҳуқуқи болоравии бештарро дар хизмат доранд.

22. Ба мансаби дигар гузаронидани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар чунин ҳолатҳо амалӣ мегардад:

ба мансаби болоӣ - бо тартиби болоравӣ дар хизмат, бо назардошти дараҷаи тайёрии касбӣ, бо розигии корманди Агентӣ ва бо тартиби гузаштан аз аттестатсия;

ба мансаби баробар ҳангоми зарурати иваз намудани мансаби дигар ё барои мақсаднок истифода бурдани корманди Агентӣ, бо назардошти хусусиятҳои шахсӣ, хизматӣ ва тайёрӣ аз рӯи ихтисоси нав ё вазъи саломатӣ ва синну сол - бо розигии корманди Агентӣ, инчунин бо ташаббуси худи корманд ё шароити оилавӣ ва бо тартиби гузаштан аз аттестатсия (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

ба мансаби поёнӣ - ҳангоми ихтисори ҷойҳои корӣ ё барҳам додани мақомоти Агентӣ, дар ҳолати набудани имконияти гузаронидан ба вазифаи баробар бо розигии корманди Агентӣ, мувофиқи хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, бо хоҳиши шахсӣ, номувофиқии хизматӣ ба мансаби ишғолкарда бо тариқи гузаштан аз аттестатсия ва бинобар татбиқи ҷазои интизомӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Дар ҳама ҳолатҳо таъиншавӣ ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаронидани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар хизмат ба истиснои муовини якум ва муовинони Директори Агентӣ бо фармоиши Директори Агентӣ бо нишон додани асоси таъинот ва гузариш ба расмият дароварда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

23. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми мавҷудияти алоқаи хешутабории наздик - зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак, тағо, хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода, хоҳарзода, фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, ки хизмати онҳо дар мақомоти Агентӣ бо тобеият ва таҳти назорати бевосита ё ҳисоботдиҳанда будани яке ба дигаре алоқаманд аст, ба мансаб таъин карда намешаванд ва ё ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин ҳолат яке аз онҳо аз мансаб озод карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

24. Таъин ба вазифа ва ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар хизмат бо пешниҳоди сардорони бевосита аз тарафи Директори Агентӣ амалӣ карда мешавад.

Бо вуҷуди он, шартҳои зерин бояд риоя карда шаванд:

- истифодаи кормандон бояд аз рӯи ихтисоси асосӣ ё ба он наздик ё мувофиқи таҷрибаи доштаашон амалӣ гардад;

- болоравии кормандон дар хизмат бо назардошти дараҷаи тахассусӣ, собиқаи хизматӣ, натиҷаҳои ба даст оварда, барои иҷрои вазифаҳои баланди мансабӣ маҳорат нишон додан, инчунин дар асоси хулосаҳои комиссияҳои аттетстатсионӣ амалӣ мегардад;

- гузаронидани корманди Агентӣ барои кор ба дигар минтақа бо ташаббуси сардори мақомоти Агентӣ бо розигии корманд амалӣ мегардад;

- бинобар зарурати хизматӣ директори Агентӣ кормандонро ба мансабҳои холӣ ба муҳлати то шаш моҳ барои иҷрои вазифаи муваққатии мушаххас таъин мекунад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию сохторӣ ва дигар ҳолатҳои махсуси бавуҷудомада кормандони Агентӣ ба муҳлати то шаш моҳ дар ихтиёри кадрҳои мақомоти Агентӣ мононда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- мӯҳлати пайвастаи иҷрои муваққатии вазифа аз рӯи вазифаи озод на бояд аз ду моҳ ва ғайри озод аз чор моҳ зиёд бошад;

- ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои ташкилию сохторӣ, кормандони Агентӣ ба мӯҳлати то ду моҳ дар ихтиёри кадрҳои мақомоти Агентӣ мононда мешаванд.

хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Пас аз гузаштани ин мӯҳлат кормандони дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарордошта ба вазифа таъин ё аз мақомоти Агентӣ озод карда мешаванд. Давраи рухсатии меҳнатӣ (ғайр аз рухсатии вобаста ба нигоҳубини кӯдак) ва ҳангоми табобат дар муассисаҳои тиббӣ ё ин ки мӯҳлати беморӣ мувофиқи Низомномаи мазкур ба мӯҳлати дар ихтиёри кадрҳои мақомоти Агентӣ қарор доштани ӯ ҳисоб карда намешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.09.2010 № 933, аз 27.12.2017 № 972).

25. Баҳои кордонӣ ва хусусиятхои шахсии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба вазифаи ишғолкардаашон, имконияти болоравиашон дар хизмат ва инчунин ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба гузариш дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба тарзи аттестатсионӣ амалӣ мегарданд.

26. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки дар мансаби ишғолкардаашон аз як сол камтар кор кардаанд, инчунин кормандонзанҳо, ки дар вақти ҳомиладорӣ ва нигоҳубини фарзандон дар рухсатии иҷтимоӣ қарор доштанд, аз аттестатсия гузаронида намешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Низомномаи дохилиидоравии тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентиро Директори Агентӣ тасдиқ мекунад.

Кормандоне, ки дар корҳои амалӣ худро аз ҷиҳати мусбӣ нишон додаанд ва сазовори пешравӣ дар хизмат мебошанд, ба рӯйхати захираи кадрҳо дохил карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Нисбати кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки бо сабаби вазъи саломатии худ ё аъзои оилаашон мутобиқи хулосаи комиссияи ҳарбии тиббӣ мӯҳтоҷи иваз намудани ҷои кор (истиқомат) мебошанд, масъалаи ҷойивазкунӣ бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи мазкур ва Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) ҳайати роҳбарикунандаи Агентӣ амалӣ карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

27. Маълумот оид ба хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар парвандаи шахсии корманд, ки аз тарафи Раёсати кадрҳои Агентӣ, бурда мешавад, инъикос меёбад. Ҳангоми гузаштани корманди мақомоти Агентӣ ба дигар сохторҳои қудратӣ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, парвандаи шахсии ӯ ба ҷои нави хизмат фиристода мешавад.

28. Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳуқуқ дорад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа барояд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972).

Боби 4. Шартҳои адои хизмат

29. Тартиботи дохилӣ дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои махсуси фаъолияти мақомоти Агентӣ муқаррар карда мешавад.

30. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ давомнокии умумии вақти корӣ на зиёдтар аз 40 соат дар як ҳафта муайян карда мешавад.

Ҳангоми зарурат, кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ метавонанд ба хизмат аз вақти муқарраршуда зиёд, инчунин вақти шабона, рӯзҳои истироҳат ва ид мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд. Дар ин ҳолатҳо мутаносибан ҷубронпулӣ ё рӯзҳои истироҳатии иловагӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Ҳангоми хизмати ивазшаванда (сменавӣ) давомнокии якхелаи кори рӯзона, бегоҳӣ ва шабона муайян карда мешавад. Кормандони Агентӣ дар ин ҳолатҳо вазифадоранд хизмати худро дар ҷое, ки ба манфиати хизмат зарур аст ва бо фармоиши сардорон муқаррар шудааст, гузаронанд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ҳаҷми умумии кори зиёда аз вақти муқарраршуда барои ҳар як корманд аз 120 соат дар давоми сол зиёд шуда наметавонад.

31. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳои меҳнатӣ дода мешаванд.

32. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бе ҳисоб намудани вақти рафтан ба ҷои истироҳат ва бозгашт бо пардохти арзиши роҳкиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рухсатии меҳнатии муздноки пардохтшавандаи ҳарсолаи иловагӣ ба мӯҳлати зерин дода мешавад:

- баъди 5 соли хизмат - 3 рӯзи тақвимӣ;

- баъди 10 соли хизмат - 6 рӯзи тақвимӣ;

- баъди 15 соли хизмат - 10 рӯзи тақвимӣ;

- баъди 20 соли хизмат - 15 рӯзи тақвимӣ.

Рухсатии меҳнатӣ ба муовини якум ва муовинони директор, сардорон ва муовинони сардорони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ аз тарафи директори Агентӣ дода мешавад. Рухсатии меҳнатии кормандони дастгоҳи марказӣ аз тарафи директор, муовини якум ва муовинони директори Агентӣ тибқи сарпарастӣ, инчунин кормандони раёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои минтақавии Агентӣ аз тарафи сардорони онҳо дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ба кормандоне, ки дар давоми рухсатии меҳнатӣ бемор шудаанд, баъди сиҳат шудан рухсатии онҳо ба андозаи рӯзҳои истифоданашуда бо иҷозати сардори рухсатидода дар асоси ҳуҷҷатҳои тиббии пешниҳоднамудаашон дароз карда мешавад.

Бозхондани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз рухсатии навбатии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зарурати хизматӣ танҳо бо фармоиши Директори Агентӣ амалӣ мегардад. Рӯзҳои боқимонда дар ҳолати бозхондан аз рухсатӣ дар давоми соли ҷорӣ истифода бурда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Агар боқимондаи мӯҳлати рухсатӣ аз 10 шабонарӯз ва зиёдтар бошад, дар ин ҳолат истифодабарии он бо пардохти маблағи арзиши рафту омад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ дода мешавад. Бо хоҳиши худ корманди Агентӣ рӯзҳои боқимондаи рухсатиашро метавонад ба рухсатии навбатии соли оянда илова намояд.

Ба кормандоне, ки бо сабабҳои гуногун дар давоми соли тақвимӣ рухсатии навбатӣ дода нашудааст, дар охири сол бо фармоиши сардори ваколатдор рухсатии навбатии онҳо ба соли оянда гузаронида мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

33. Ба кормандоне, ки аз воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо сабабҳои расидан ба синну соли ниҳоӣ, собиқаи корӣ, беморӣ ва ихтисори бастҳои корӣ озод мешаванд, ба ивази рухсатии меҳнатии истифоданакардаи онҳо ҷубронпулӣ дода мешавад.

34. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ барои ҳалли масъалаҳои ногузири иҷтимоию маишӣ, вазъи оилавӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок рухсатии бемузди меҳнат бо риояи талаботи моддаи 116 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

35. Рухсатии вобаста ба бемории корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар асоси қарори комиссияи тиббӣ дода мешавад.

Давомнокии рухсатӣ вобаста ба беморӣ аз хусусияти беморие, ки корманд ба он дучор гардидааст, муайян карда мешавад. Давомнокии умумии мӯҳлати рухсатӣ ва табобат дар муассисаҳои тиббӣ набояд аз чор моҳ зиёд бошад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки мутобиқи қонунгузорӣ барои табобати беморӣ алоҳида мӯҳлати табобат зиёдтар пешбинӣ шудааст. Дар чунин ҳолат мӯҳлати мазкурро сардоре, ки ҳуқуқи додани рухсатиро дорад, дароз менамояд.

Баъди гузаштани мӯҳлати муқарраршудаи мунтазами қарор доштан дар рухсатӣ бо сабаби беморӣ ва табобат, корманди Агентӣ аз муоинаи комиссияи ҳарбии тиббӣ барои ҳалли масъалаҳои коршоямии ӯ барои идомаи хизмат дар оянда мегузарад.

Давомнокӣ ва тартиби додани рухсатиҳои иҷтимоӣ ва пардохти он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Рухсатиҳои иҷтимоӣ ба замми рухсатии навбатии меҳнатӣ дода мешавад.

36. Ҳуқуқ ва имтиёзоти пешбининамудаи ҳамин Низомнома ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки пас аз адои хизмат ба нафақа баромадаанд, низ татбиқ мегарданд.

Боби 5. Таъминоти пулӣ ва моддӣ

37. Музди меҳнати кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз маоши вазифавӣ, иловапулиҳо барои рутбаҳои махсус ва собиқаи хизмат иборат аст. Ҳамчунин ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулиҳо барои шароити махсуси кор ва дигар иловапулиҳо пардохт карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

38. Маоши вазифавии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва инчунин андоза ва тартиби додани иловапулиҳо барои рутбаҳои махсус ва собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

39. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

40. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 20 сол ва аз он зиёдтар хизмат кардаанд ва боз хизматро давом медиҳанд, ҳар моҳ ба таъминоти пулиашон то 25 фоиз маоши иловагӣ мегиранд. Тартиб ва шарти пардохти иловапулии мазкур аз ҷониби Директори Агентӣ муайян карда мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

41. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бо суғуртаи ҳатмии шахсӣ фаро гирифта мешаванд.

Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо молу мулки шайъӣ вобаста ба шароити адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ мувофиқи меъёрҳо ва муҳлати муқаррарнамудан Низомномаи таъминоти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо молу мулки шайъӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таъмин карда мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бар ивази молу мулки шайъии муқарраршуда ба андозаи нархи сарулибоси номбурда ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.

Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва аъзои оилаи онҳо, ки ба маҳалли нави адои хизмат омадаанд, то гирифтани манзили истиқоматӣ, ба онҳо хонаи истиқоматӣ, ҳуҷраи хоб ё хобгоҳ, ки барои муваққатан истиқомат намудан қобили истифода бошанд, дода мешавад.

Дар ҳолати набудани чунин манзили истиқоматӣ воҳидҳои сохтории ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ барои таъмин намудани кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматкунанда манзили истиқоматиро ба иҷора мегирад ё тибқи хоҳиши чунин кормандон ба онҳо ҷубронпулии ҳармоҳа барои иҷораи манзили истиқоматӣ бо тартиб ва дар ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

42. Ҳангоми ҳалок гаштани корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Агентӣ бинобар иҷрои фаъолияти хизматӣ ва инчунин ба корманде, ки баъди адои хизмат бо сабабҳои ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дигар зиёни ба саломатиаш дар давраи хизмат расонидашуда вафот кардааст, ба оилаи ӯ ёрдампулии якдафъаина дар ҳаҷми таъминоти пулии 12 моҳаи халокгардида аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агентӣ пардохта мешавад, ки минбаъд ҷуброни ин маблағ аз шахсони гунаҳкор аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад.

Дар сурати ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Агентӣ расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба фаъолияти касбӣ машғул шуданро имконнопазир мегардонад, ба ӯ ёрдампулии якдафаъина дар ҳаҷми таъминоти пулии 6моҳа аз ҳисоби маблағҳои дахлдори Агенти пардохта мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.

Агар ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳ фарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин сабаб таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии шахсии давлатӣ гирифта шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.

Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон вафот кардаанд, ҳамчунин кормандони аз хизмат ҷавобшудаи Агентӣ, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблағе дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти Агентӣ ҷудо карда шудааст.

Дар сурати ҳалокати (вафоти) кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ вобаста ба фаъолияти хизматӣ, ҳамчунин кормандони пештар аз хизмат ҷавобшудаи Агентӣ, дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣ ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зиёни дигар расонидан, ба аъзои ғайри қобили меҳнати оилае, ки дар таъминоти онҳо мебошанд, фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди миёнаи меҳнати вафоткарда ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии давлатӣ гирифта шудааст, ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои муайян кардани ин қисми музди миёнаи меҳнати вафоткарда ба шумораи аъзои оилаи дар таъминоташ буда, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад.

43. Зараре, ки аз несту нобуд ё хароб кардани амволи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ё ин ки амволи аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расидааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҷуброн мегардад.

44. Бо ризоияти кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ба онҳо ба ҷои хонаи истиқоматӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 20 сол барои харидан ё сохтмони манзил қарзи бефоиз дода мешавад.

45. Барои намунавор иҷро намудани вазифаҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои баланд дар хизмат, барои кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ намудҳои зерини ҳавасмандкунӣ пешбинӣ мешавад:

- эълон намудан сипоснома (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436);

- сарфарозгардонӣ бо ифтихорнома;

- мукофотонидан бо туҳфаи қиматнок ё маблағи пулӣ;

- сарфароз гардонидан бо медалҳои ҷашнӣ;

- дохил намудан ба Лавҳаи фахрии Агентӣ;

- пеш аз муҳлат бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда;

- танҳо як маротиба пеш аз муҳлат додани рутбаи навбатӣ;

- нисбати рутбаи пешбининамудаи мансаби ишголкарда як зина боло додани рутбаи махсуси навбатӣ;

- сарфарозгардонӣ бо нишони сарисинагии "Аълочии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Барои мардонагӣ ва шуҷоат нишон доданашон ҳангоми иҷрои қарзи хизматӣ ва дигар хизматҳои шоён кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ метавонанд ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шаванд.

Тартиби татбики чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва муҷозоти интизомӣ тибқи талаботҳои "Оинномаи интизомии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

46. Дар хонаи истиқоматие, ки кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ зиндагӣ мекунанд, бенавбат телефон гузаронида мешавад. Аз рӯи ҳамин тартиб дар муассисаҳои томактабии бачагона, мактабинтернатҳо, муассисаҳои солимгардонии тобистона барои фарзандони кормандони мақомоти Агентӣ ҷой муҳайё карда мешавад.

47. Ба кормандони воҳидқои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки барои мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсии худро истифода мебаранд, бо андозаи муайяннамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ пардохта мешавад.

48. Ба кормандони дахлдори воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки 20 сол ва зиёда аз он хизмат кардаанд (бо назардошти хизмат дар дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) ва ё бо сабаби беморӣ, ки он бо адои хизмат дар мақомоти Агентӣ алоқаманд аст, сабукдӯш гардидаанд, имтиёзҳо оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва боғу полезкории коллективӣ муайян карда мешавад.

Боби 6. Тартиби додани рутбаҳои махсус ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ

49. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ надоранд рутбаҳои махсуси зерин дода мешавад, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муқаррар карда шудаанд:

- прапоршики хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- прапоршики калони хадамоти зидцикоррупсионӣ;

- лейтенанти хурди хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- лейтенанти хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- лейтенанти калони хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- капитани хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- майори хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- подполковники хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- генерал-майори хадамоти зиддикоррупсионӣ;

- генерал-лейтенанти хадамоти зиддикоррупсионӣ.

50. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ доранд, рутбаҳои махсуси зерин дода мешавад, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олӣ муқаррар карда шудаанд:

- прапоршики адлия;

- прапоршики калони адлия;

- лейтенанти хурди адлия;

- лейтенанти адлия;

- лейтенанти калони адлия;

- капитани адлия;

- майори адлия;

- подполковники адлия;

- полковники адлия;

- генерал-майори адлия;

- генерал-лейтенанти адлия.

51. Рутбахои махсус ба кормандони воҳидхои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ бо назардошти тахассуси касбӣ, таҳсилот, муносибат ба хизмат, собиқаи корӣ, вазифаи ишғолнамуда ва дигар талаботе, ки Низомномаи мазкур пешбинӣ намудааст, дода мешаванд.

52. Мӯҳлатҳои собиқаи хизмат дар рутбаҳои махсуси Агентӣ чунинанд: дар рутбаи лейтенанти хурд - 1 сол; дар рутбаи лейтенант - 2 сол; дар рутбаи лейтенанти калон - 2 солу 6 моҳ; дар рутбаи капитан - 3 сол; дар рутбаи майор - 4 сол; дар рутбаи подполковник - 5 сол (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Мӯҳлати собиқаи хизмат дар рутба барои прапоршик ва прапоршики калон муқаррар карда намешавад.

Мӯҳлати собиқаи хизмат дар рутбаи полковник ва ҳайати роҳбарикунандаи олӣ муқаррар карда намешавад.

53. Ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи мансаби ишғолнамуда бо дарназардошти риояи талаботи дар Низомнома пешбинишуда рутбаҳои махсуси зерин дода мешаванд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436):

 Ҷалвал

(Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436)";

54. Барои бомуваффақият иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, инчунин ба даст овардани натиҷаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ, додани рутбаҳои навбатии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ пеш аз мӯҳлати ё ин ки як зина боло аз рутбаи махсус мувофиқи вазифаи ишғолнамудаи сохторӣ на бештар аз як маротиба дар тамоми мӯҳлати хизмат дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат рутба дода мешавад:

- барои нишон додани ҷасорат ва фидокорӣ дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, новобаста аз мӯҳлати муқарраршуда дар рутба;

- барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои баланд дар фаъолияти хизматӣ бо гузашти на камтар аз нисфи мӯҳлати муқарраршуда дар рутба.

Рутбаи навбатии як зина болотар аз рутбае, ки дар мансаби ишғолнамудаи сохторӣ пешбинӣ шудааст, дода мешавад:

- бо гузашти мӯҳлати муқарраргардида дар рутбаи собиқа ба қайати роҳбарикунанда, ки дорои дараҷаи илмӣ мебошанд;

- бо гузашти на камтар аз якуним мӯҳлати хизмат дар рутбаи собиқа;

- ба кормандоне, ки дар Агентӣ зиёда аз 10 сол хизмат намудаанд, ба тариқи аттестатсионӣ ҳангоми гузаштани мӯҳлати муқарраргардидаи собиқа дар рутба.

55. Додани рутбаҳои махсус (инчунин пеш аз мӯҳлат ва як зина боло) то рутбаи полковник аз ҷониби Директори Агентӣ амалӣ мегардад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Рутбаи махсуси полковники адлия ва рутбаи полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ аз ҷониби директори Агентӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Рутбаҳои олии махсус бо пешниҳоди директори Агентӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

56. Дар ҳолатҳои саривақт дода нашудани рутбаи навбатӣ, мӯҳлати собиқа дар рутба аз лаҳзаи додани рутбаи навбатӣ ҳисоб карда мешавад.

Гузаштани мӯҳлат дар рутбаи пастшуда ба гузаштани мӯҳлати хизмат дар рутбаи барқароршуда дохил карда намешавад.

Боби 7. Қатъ намудани хизмат ва бо нафақа таъмин намудани кормандони Агентӣ

57. Хизмат дар мақомоти Агентӣ дар мавриди аз мансаб озод намудан, аз ҷумла бинобар ба истеъфо ва нафақа баромадан қатъ меёбад (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

Ғайр аз асосҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мансаб озод намудани корманд бо ташаббуси директори Агентӣ дар мавридҳои зерин сурат гирифта метавонад:

- расидан ба синни ниҳоии хизмат дар мақомоти Агентӣ:

- қатъ шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;

- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;

- ба охир расидани муҳлати адои хизмат тибқи қарордод;

- ба кори дигар гузаштани корманд;

- риоя накардани шартҳои қарордод аз ҷониби корманд;

- ихтисори басти корӣ;

- дар асоси хулосаи комиссияи тиббии дахлдор оид ба корношоямии корманд бинобар вазъи саломатиаш;

- аз рӯйи натиҷаи аттестатсия;

- дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизоми хизматӣ;

- содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди Агентӣ иснод меорад ё шикастани савганд;

- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;

- тасдиқ гардидани ҳолати аз тарафи корманд ифшо намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигаре, ки бо қонун ҳифз карда мешавад;

- вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим;

- вафоти корманд.

Дар ҳолати қатъ шудани хизмат, корманд аз қайди махсуси мақомоти Агентӣ бароварда шуда, дар қайди ҳарбӣ гузошта мешавад, агар ба синни ниҳоии қайди шахсони эҳтиётӣ барои гузаштани хизмати ҳарбӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, нарасида бошад.

Дар сурати ғайриқонунӣ аз мансаб озод гаштан корманд метавонад ҳуқуқи худро ба воситаи суд ҳимоя намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

58.хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

59. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки рутбаи махсус доранд, вобаста ба рутбаи ба онҳо додашуда метавонанд дар мақомоти Агентӣ то расидан ба синни (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436):

- аз прапоршики хадамоти зиддикоррупсионӣ, прапоршики адлия то подполковники хадамоти зиддикоррупсионӣ, подполковники адлия - 53 солагӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972);

- полковники хадамоти зиддикоррупсионӣ, полковники адлия - 58 солагӣ (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972);

- генерал-майори хадамоти зиддикоррупсионӣ, генерал - майори адлия, генерал - лейтенати хадамоти зиддикоррупсионӣ, генераллейтенанти адлия - 63 солагӣ хизмат кунанд (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972).

Дар ҳолати зарурӣ бо пешниҳоди сардори бевоситаи корманд ва хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ мӯҳлати адои хизмат аз тарафи Директори Агентӣ ба мӯҳлати то 2 сол дароз карда мешавад. Дар ин ҳолат корманд метавонад фаъолияти хизматии худро дар асоси шартномаи меҳнатии мӯҳлатнок давом диҳад.

Занон дар воҳидҳои Агентӣ нисбат ба мардон 5 сол камтар хизмат мекунанд. Кормандони Агентӣ, ки дар хизмат ба синну соли ниҳоии муайянгардида расидаанд, аз хизмат озод карда мешаванд.

60. хориҷ карда шуд (Фармони Президенти ҶТ аз 23.08.2022 № 436).

 61. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми аз хизмат ҷавоб шудан ва ба нафақа баромадан барои то 25 соли собиқаи хизмат ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ ва барои зиёда аз 25 соли собиқаи хизмат 4 маоши таъминоти пулӣ ёрдампулии якдафъаина дода мешавад (Фармони Президенти ҶТ аз 27.12.2017 № 972).

62. Таъминоти нафақаи кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ тибқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" сурат мегирад.

63. Дар ҳолати ба мақомоти Агентӣ ба кор қабул намудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратие, ки барои онҳо рутбаҳои махсус пешбинӣ шудааст, ба онҳо рутбаҳои баробар бо назардошти рутбаҳои доштаашон дода мешавад. Ба собиқаи меҳнатии онҳо барои таъин намудани нафақа ва ҳисоб намудани маоши изофагӣ барои хизматӣ дарозмуддат, собиқаи умумии кориашон дар ин мақомот ба ҳисоб гирифта мешавад.

64. Барои шахсоне, ки баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ бо ихтисоси худ дар ташкилотҳои ғайринизомӣ кор карда дар воҳидҳои Агентӣ хизматро бо ихтисоси асосӣ давом додаанд, собиқаи меҳнатии онҳо ба мӯҳлати хизмати барои таъин намудани нафақа ва баровардани ҳисоби фоизӣ, барои хизмати дарозмуддат ба ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ ба як соли хизматӣ ҳисоб карда мешавад.

65. Мӯҳлати дар хизмати мақомоти Агентӣ будани кормандон ба собиқаи умумии онҳо, инчунин ба собиқаи меҳнатӣ аз рӯи ихтисос дар асоси имтиёзҳои зерин ҳисоб карда мешавад: як соли хизмат аз як соли собиқаи меҳнатӣ иборат буда, давраи хизмат дар ноҳияҳои шароити иқлимӣ ва экологиашон вазнин, мувофиқан як соли хизмат мувофиқи номгӯи ихтисосҳо ва маҳалҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, баробар ба якуним соли собиқаи корӣ ҳисобида мешавад.

Тартиби адои хизмат аз тарафи ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, дар ҳолатҳои ҷанг бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Ба корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки ҷароҳати истеҳсолӣ гирифта ё ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ маъюб шудааст, нафақа аз рӯи маҷрӯҳӣ сарфи назар аз собиқаи умумии кориаш таъин карда мешавад.

Боби 8. Хусусиятҳои алоҳидаи хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ

66. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ метавонанд ба мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои тобеи онҳо дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иҷрои вазифаҳои махсус бо боқӣ мондан дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ фиристода шаванд.

67. Кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ, ки ба ташкилотҳо равон карда мешаванд, адои хизматашонро бо тартиби муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур, агар ҳолати дигареро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накарда бошад, мегузаронанд. Чунин кормандон ва аъзои оилаи онҳо аз ҳуқуқу имтиёзҳои корманди Агентӣ истифода мебаранд.

Корманди воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ дар сурати интихоб шуданаш ба мақомоти олии қонунгузорӣ то ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ дар ҳайати эҳтиётии Раёсати кадрҳои Агентӣ мемонад.