Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 майи соли 2002 № 201
тасдиқ шудааст
Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015
Муқаддима
Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2015 (минбаъд Консепсия) асосҳои сиёсати давлатии демографиро бо назардошти манфиатҳои умумидавлатӣ ва манфиатҳои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси риояи ҳуқуқҳои умдаи инсон муайян мекунад.
Сиёсати давлатии демографӣ қисми таркибии сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо татбиқи он давлат масъалаи танзими равандҳои демографиро бо дарназардошти шароити тағйирёбандаи иқтисодию сиесӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ҳаллу фасл менамояд. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки яке аз бандҳои тавсияҳои конференсияи байналмилалӣ оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (Қоҳира. 1994) дар бобати дохил кардани омили демографӣ ба ҳамаи соҳаҳои рушди васеъи ҷомеа дар ҳаёт татбиқ карда шавад. Дар омода намудани Консепсия он чиз ба эътибор гирифта шудааст, ки равандҳои демографӣ дар дохили вақт суст тагйир меёбанд, аз ин рӯ вай барои ояндаи дур нигаронда шудааст.
Дар Консепсия таҷрибаи сиёсати демографии кишварҳои хориҷаи наздик ва дур ба инобат гирифта шудаанд.
Танзими равандҳои демографӣ дар Консепсияи мазкур маънии маҷмӯи тадбирҳои маъмурӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоиву иқтисодиро дошта,ба чандгардонӣ ё маҳдуд намудани суръати инкишофи аҳолӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷорӣ ва минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва татбиқи ҳуқуқи инсонро таъмин мекунад, равона шудаанд.
Объекти сиёсати давлатии демографӣ равандҳои демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Субъекти сиёсати давлатии демографӣ мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идора ва мақомоти худидории маҳаллӣ мебошанд.
Консепсияи сиёсати давлатии демографии Чумҳурии Тоҷикистон такя мекунад, ки истифодаи роҳҳои ҳалли маҷбурӣ наметавонад воситаи идораи равандҳои демографӣ бошад. Ин ғайри гуманистӣ буда, ба Консепсияҳои байналмиллалии СММ "Дар бораи ҳуқуқи кӯдак", "Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои маҳдудсозии ҳуқуқи занон" мухолифат дорад, ба принсипҳои демократии ҳуқуқи инсон мувофиқат намекунад.
Консепсияи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳо ва меъёрҳҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ асос меёбад.
I. Таҳлили вазъи демографӣ
Хусусиятҳои хоси тағйири авзои демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳаввулоти куллии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар қаламрави собиқ Шуравӣ вобаста аст.
Қисматҳои асосии ташаккули шароити демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
1.Хеле кам шудани миқдори мутлақи таваллуд ва коэффитсиенти умумии таваллуд. Агар то соли 1990 миқдори аҳолӣ ба ҳисоби миёна дар як сол се - чор фоиз зиёд мешуда бошад, пас дар солҳои 1990-2000 ба ҳисоби миёна 1.5-1.8 фоиз зиёд шудааст. Коэффитсиенти умумии таваллуд аз 38.8 дар соли 1990 то 27,0 дар соли 2000 кам шудааст, вале он ҳанӯз ҳам зиёд аст ва дар солҳои охир майл ба зиёдшавӣ дорад. Шаҳри Душанбе, ки то соли 2000-ум дар байни минтақаҳои ҷудогонаи Тоҷикистон бо нишондодҳои таваллуд аз ҳама паст меистод, дар соли 2000 дар ин бобат ба ҷои аввал баромад, ки яке аз сабабҳои ин сари вақт ба қайд гирифтани таваллуд мебошад.
Аммо дар маҷмӯъ дар мамлакат ин мушоҳида карда намешавад. Тибқи маълумотҳои мақомоти омор дар солҳои 1990-2000-ум камшавии куллии миқдори аҳолии фавтида ва пастшавии коэффитсиенти фавти аҳолӣ мушоҳида карда мешавад. Чунончӣ, соли 1990 коэффитсиенти умумии фавти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6.2 ва дар соли 2000-ум ба 4.7 баробар буд. Дар давоми солҳои 1990-1998 коэффитсиенти фавти кӯдакон аз 40.7 то 23.4 поён фаромад.
Вале ба воқеияти зиндагӣ нигоҳ кунем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки нишондодҳои таваллуд ва фавт аз будаш кам нишон дода шудаанд. Маҳз дар даҳ соли охир пастравии сатҳи зиндагӣ, дастнорас будани хизмати ҳифзи тандурустӣ барои аҳолӣ мушоҳида гардида, касалмандии аҳолӣ ба бемориҳои сирояткунанда ва паразитӣ афзоиш меёбанд. Ҳамаи ин метавонад ба зиёдшавии фавти аҳолӣ ва алалхусус, кӯдакон мусоидат намояд.
Инчунин қайд кардан зарур аст, ки камшавии фавти кӯдакон бояд дарозумрии муқаррарии аҳолиро зиёд мекард. Вале баракс, камшавии назарраси коэффитсиенти фавт идомаи камшавии нишондодҳои дарозумрии дар назардоштан аҳолӣ мебошад. Масалан, соли 1989 ин нишондод ба 69,4 сол, аз ҷумла мардҳо ба 66.8 ва занҳо ба 71,7 сол баробар буд. Дар соли 1997 ин рақамҳо мутаносибан то 68,4; 65,6 ва71,3 сол паст фаромаданд
Ин нишондодҳо миқдори таваллуд ва фавтро нопурра нишон медиҳанд ва аз ин рӯ, ҳолати воқеии афзоиши аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инъикос карда наметавонанд.
2. Афзоиши босуръати миқдори аҳолӣ ва суръати пасти рушди иқтисодӣ нишондодҳои шиддати демографиро афзунтар мегардонад. ю Чунончӣ соли 1989 ба 100 нафар одами синни қобили меҳнат 175 нафари синни ғайри қобили меҳнат, вале дар соли 1998 184 нафар рост меомад.
Дар ҳоли қашшоқӣ зиндагӣ кардани қисми асосии аҳолӣ имконият намедиҳад, ки онҳо хӯроку либос, пойафзол, манзил, маишати хуб дошта бошанд ва доруҳои заруриро дарёфт намуда, ба саломати худ назорат намоянд.
3.Омилҳои асосие, ки барои вазъи мавҷудаи демографӣ замина фароҳам оварданд, дар алоқамандӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ, бад шудани вазъи зиндагии мардум, барқароршавии муносибатҳои бозоргонӣ, қисман халалдор шудани таркиби ҷинсиву синнусолии аҳолӣ, суст гардидани ҳифзи иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, тағйир ёфтани таркиби миллии аҳолӣ, кам шудани он қисмати аҳолие, ки ба камфарзандӣ майл доранд фаъол гардидани аҳолӣ дар танзими оила ба вуҷуд омадаанд.
4.Дар деҳот ҳам дараҷаи таввалуд хеле кам шудааст, вале нисбат ба шаҳрҳо зиёдтар аст. Зиёд будани таваллуд дар деҳот ба нақши иқтисодии кӯдакон дар оила, пурзӯр шудани вазифаи истеҳсоливу хоҷагии оила, тарзи тафаккур, шароити меҳнат ва маишат дар он вобаста аст.
Сарфи назар аз баъзе камшавиҳои миқдори таваллуд ва дараҷаи таваллуди аҳолӣ дар шароити кунунӣ, масъалаи камшавии минбаъдаи таввалуди аҳолӣ хеле мураккаб мебошад.
5. Таваллуди зиёд ва хӯроки камғизо боиси харобшавии организми занон, бад шуданн саломатӣ ва афзоиши бемоиву фавт дар байни онҳо мегардад.
6.Серфарзандӣ дар шароити сатҳи пасти зиндагии оилаҳо ба тарбияи солими бачаҳо мусоидат намекунал. Кӯдакони зиёд бо мақсади ёрӣ расондан ба падару модарони худ, ба хизматрасонии мардум машғул гардида, ба мактаб намераванд Дар байни чунин кӯдакон гуруснагии бардавом мушоҳида мешавад, ки он боиси бадшавии саломатии онҳо мегардад, сафи ҷинояткорони ноболиғ меафзояд. Насли то андозае носолим, дорои маънавиёти хароб ва дониши суст, ихтисоси номукаммал ва барои кор дар истеҳсолоти технологияи баланд на он қадар сазовор ба вуҷуд оварда мешавад.
7.Идомаи раванди аз урбанизатсия дур шудани ҷомеъа. Таваллуди зиёд дар деҳот, муҳоҷирати нисбатан ками аҳолии деҳот, дар баъзе маҳалҳо ривоҷ ёфтани муҳоҷирати акс (шаҳр - деҳа) сабаби дар деҳот ҷамъ шудани асосии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.Дар деҳот бекории чи ошкоро ва чи ниҳонӣ зиёд мешавад, оилаҳои мураккаб (чанднаслӣ) бештар мегарданд, вазъи зиндагӣ хароб мегардад. Сатҳи урбанизатсия щудани мамлакат нишондиҳандаи дараҷаи инкишофи он ва аҳолиаш мебошад, бинобар ин дар ин соҳа бояд тадбирҳои дахлдори давлатӣ андешида шаванд.
8. Идомаи мухоҷират ба кишварҳои хориҷии аз лиҳози этникӣ ё иқтисодӣ наздик. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани миқдори зиёди мутахассисону коргарони баландихтисос боиси суст шудани иқтидори илмиву иқтисодии мамлакат мегардад. Дар баланси мухоҷират мисли пештара салдои манфӣ боқӣ мондааст. Як қисми мухоҷирони стихиявии меҳнатӣ дар маҳалли омадаашон ҷои зист, сабт, ҳуқуқи истифода аз неъматҳои моддиро надоранд, корҳои вазнин, меҳнати камталаботро иҷро мекунанд.
9.Афзоиши босуръати шумораи аҳолӣ ба бад шудани шароити экологӣ мусоидат мекунад. Ба таври стихиявӣ аз як ҷо ба ҷои дигар рафтани аҳолӣ дар ноҳияҳои кӯҳсор ва доманакӯҳҳо, сохтмони зиёди манзил дар заминҳои корам, фишор ба олами набототу ҳайвонот, ифлосшавии ҳавзҳои об дар ниҳоят боиси вайрон шудани таносуби иҷтимоии аҳолӣ дар маҳалҳо, мувозинати табиӣ ва ҳодисаҳои дахшатноки экологӣ мегардад.
10. Сатҳи баланди афзоиши ҳарсолаи шумораи аҳолӣ ҳамасафари афзоиши сусти нишондодҳои иқтисодӣ мебошад, ки якҷоя бо захираҳои маҳдуди табиӣ имрӯз ва фардо метавонад дар ҳалли масъалаҳои инкишофи устувор монеаи ҷиддӣ гардад.
11. Шумораи аҳолӣ, агар ба меъёрҳои қабулшуда такя карда шавад, дар 15-20 соли наздик аз ҳисоби ду манбаъ зиёд мешавад: аз ҳисоби ҳифзи таваллуди зиёди кӯдакон бештар дар деҳот ва аз ҳисоби таркиби синну соли ҷавони аҳолӣ; ки ҳатто дар шароити афзоиши муқаррарии оилаҳо миқдори аҳолиро зиёд мекунад.
Аз рӯи ҳисобҳои тахминӣ дар солҳои наздик суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ 1,9-2,1 фоизро ташкил медиҳад.
12. Бо вуҷуди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани тадбирҳои ҷиддӣ дар соҳаи танзими оила, боз ҳам сатҳи баланди таваллуд дар оянда боқӣ мемонад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки тамоилҳои кори ба пастшавии таваллуд нигаронида шударо бояд тагйир дод.
Танҳо бо таблиғот ва корҳо дар соҳаи истифодаи аҳолӣ аз воситаҳо ва усулҳои пешгирӣ ба мақсад расидан душвор аст. Таҷрибаи даҳ соли охири кишвари мо ва таҷрибаи як қатор кишварҳои хориҷӣ аз ин шаҳодат медиҳанд. Қабл аз онҳо бояд маҷмӯи тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ андешида шавад, ки ба тарбияи арзишҳои нав роҷеъ ба танзими оила созгор бошанд.
Ҳамин тавр маълум мегардад, ки бе идораи фаъоли вазъи демографии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда пешорӯи масъалаҳои ҷиддии иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ қарор гирад.
II. Ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафи сиёсати давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳайё кардани шароит барои ҳалли босуботи масъалаҳои демографӣ, баланд бардоштани дараҷа ва сифати зиндагӣ мебошад.
Таҷрибан солҳои охири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалияи татбиқи барномаи танзими оила дар кишварҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки иҷрои ин барномаҳо берун аз шароити умумии инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ самараи зиёд намедиҳад. Барои ноил шудан ба чунин самара дигаргуниҳои амиқи пешқадами иҷтимоиву иқтисодӣ заруранд. Танҳо дар асоси онҳо рафтори нави репродуктивӣ метавонад ба вуҷуд ояд.
Ин нуқтаҳо доираи вазифаҳои Консепсияи мазкурро муайян мекунанд:
- омода кардани маҷмӯи чораҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии танзими таваллуди аҳолӣ;
- фароҳам овардани шароити зарурӣ ба занҳо барои расидан ба мақсадҳои репродуктивии худ бо дарназардошти манфиати давлат ва оила:
- баланд шудани масъулияти давлат ва оила оид ба саломатии аҳолӣ дар сатҳи ҷомеа ва фард;
- омода кардани тадбирҳо оид ба беҳтар намуданн вазъияти ҳифзи модар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кам шудани фавт ва дар натиҷаи он зиёд шудани дарозумрӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маълумоти демографии занон, мардон ва ҷавонон бо назардошти анъанаву одатҳои миллӣ;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аҳолӣ дар соҳаи амалӣ кардани ҳадафҳои репродуктивии худ;
- коркарди тадбирҳо бобати дастгирии оилаҳо дар соҳаи кам кардани нақши иқтисодии наврасон дар оила ва баланд бардоштани сатҳи саломатӣ, тарбия, маъмулот ва тайёрии касбии онҳо;
- роҳ надодан ба зӯроварӣ дар соҳаи кам кардани таваллуди аҳолӣ;
- ҷалб кардани созмонҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ба вуҷуд овардани афкори ҷамъиятӣ дар танзими оила:
- таъмини иттилоърасонии воқеи ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хусусияти инкишофи равандҳои демографӣ.
III. Принсипҳои сиёсати давлатии демографӣ
Сиёсати давлатии демографӣ бояд ба принсипҳои зерин асос ёбад:
- эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии он;
- роҳ надодан ба поймолкунии ҳуқуқ аз рӯи аломатҳои нажод, миллат, забон, табааи шаҳрвандӣ, эътиқоди диниву сиёсӣ дар амалӣ гардондани ҳадафҳои демографии онҳо;
- аз ҷиҳати илмӣ асоснок намудани сиёсати демографӣ;
- ҷомеъ будани сиёсати демографӣ;
- башардӯстӣ дар сиёсати демографӣ;
- ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои умумидавлатӣ ва коллективӣ, инчунин манфиатҳои оила бо назардошти хусусиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таърихӣ ва маънавӣ;
- самаранокии сиёсати демографӣ;
- ба ҳисоб гирифтани амнияти иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии давлат, ҷомеа ва оила.
IV. Самтҳои афзалиятнок ва асосии татбиқи сиёсати демографӣ
Ба сифати самтҳои афзалиятноки сиёсати демографӣ қабул шудаанд:
- инкишофи умумии иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, тамоилҳои таъмини рушди мутаносиби иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо;
- дигаргунсозиҳои куллӣ дар сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ, ки ба минбаъд кам кардани нобаробарӣ дар сатҳи даромад ва неъматҳои иҷтимоӣ, камбизоатӣ ва бекорӣ равона шудааст;
- баланд бардоштани сатҳи маълумоти умумӣ ва махсуси аҳолӣ;
- баланд бардоштани сатҳи шуғли занон;
- баланд бардоштани сатҳи саломатии занон;
- замонавӣ кардани кишоварзӣ ва индустрикунонии деҳот;
- беҳбуди таъмини иҷтимоии ҳар оила;
- беҳбуди вазъи иҷтимоиву фарҳангии оилаҳо, пеш аз ҳама дар деҳот;
- беҳтар намудани омори давлатӣ оид ба никоҳ, талок, таваллуд ва фавт.
Барои татбиқи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии демографӣ ташкили корҳо дар соҳаҳои муҳими зерин зарур аст:
- дастгирии идеали навъи оптималии бозтавлиди аҳолӣ, то ки ба оғози депопулятсияи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода нашавад;
- баланд бардоштани сатҳи маълумоти демографии аҳолӣ, тарбияи дарки дурусти моҳияти танзими оила;
- беҳтар намудани имконияти истифодаи занони ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳрҳо аз хизмати танзими оила;
- шинос кардани ҷавонон бо асосҳои сиёсати демографӣ, танзими оила бо дарназардошти одату анъанаҳои мардум;
- ёрӣ расонидан ба занони танҳо, модароне ки фарзандони маъюб доранд дар тарбияи аъзоёни солими ҷомеа;
- беҳтар кардани вазъи занон дар ҷои кор, оила ва рӯзгор;
- қабули системаи тадбирҳо бобати қифзи кӯдакон аз таъсири манфии муносибатҳои нави бозорӣ дар рушди умумӣ, тарбия ва маълумоти онҳо;
- инкишофи муҳоҷирати чи дохилӣ ва чи хоричӣ, инчунин омода кардани тадбирҳои дарозмуддат бобати баланд бардоштани сатҳи урбанизатсияи мамлакат;
- идома додани кор бобати беҳтар намудани ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани фавти аҳолӣ дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ аз ҳисоби беҳтар кардани тадбирҳои ҳифзи саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи саломатии репродуктивӣ ва рафтори нигаҳдории аҳолӣ, кам кардани фавти кӯдакон;
- дастгирӣ ва тайёрии ҳарчонибаи ҷавонон барои ташаккули оилаи хушбахт;
- истифодаи захираҳои мавҷудаи кам кардани фавти аҳоли бо роҳи хоҳиши пеш аз ҳама сабабҳои экзогении фавт (ҳодисаи нохуш, осебу заҳрнокшавӣ, бемориҳои сирояткунадаву уфунӣ, бемориҳои шадиди узвҳои нафаскашӣ ва лозима);
- бурдани кор бобати ташаккули боварии занон дар бораи зарурати риояи фосилаи интергенетикии байни таваллуд 2,5 ғ 3 сол;
- расидан ба фарогирии пурраи ҳисоби миқдори таваллудшудагон ва фавтидагон;
- муолиҷаи бенаслии занон, шинос намудани аҳолӣ ба асосҳои контрасепсия ҳамчун воситаи пешгирии исқоти ҳамл ва бартараф намудани оқибатҳои он;
- дастгирӣ ва таъмин намудани татбиқи тадбирҳо дар сатҳи давлатӣ барои мусоидат ба мухоҷирати хориҷии захираҳои меҳнатӣ бо бозгашти минбаъдаи онҳо ба Ватан чун яке аз роҳҳои баланд бардоштани шуғл ва сифати захираҳои меҳнатӣ;
- бурдани корҳои мақсадноку доимии тарбиявӣ ва таблиғотиву тарғиботӣ дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ бобати шиносо кардани онҳо бо ҳадафҳо, вазифаҳо, василаҳо ва усулҳои сиесати демографӣ;
- устувории вазъи иҷтимоиву экологӣ, ҳисоби ғунҷоиши демографии сарзамин ва инкишофи тафаккури экологии аҳолӣ;
- гузарондани мониторинги доимии татбиқи барномаҳои демографӣ дар ҳамаи сатҳҳо;
- таҳияи нақшаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва дохил кардани он ба нақшаҳои соҳавии инкишофи иқтисодии ҳамаи сатҳҳо. Омода кардани нақшаҳои инкишофи иҷтимоии коллективҳои меҳнатӣ дар асоси сифатан нав;
- гузаронидани тадқиқотҳои илмии васеъи тамоилҳои инкишофи демографии аҳолӣ ва бо дарназардошти он таҳрир кардани нақшаҳои мушаххаси амалиёт.
Тадбирҳои ҷузъии сиёсати демографӣ бояд дар барномаҳои мушаххаси амалӣ инъикос ёбанд.
V. Усулҳо ва шаклҳои татбиқи сиёсати демографӣ
Усулҳои умумии татбиқи сиёсати демографӣ аз инҳо иборатанд:
- иҷтимоиву иқтисодӣ;
- маъмуриву ҳуқуқӣ;
- тарбиявӣ.
Усули мушаххаси татбиқи сиёсати давлатии демографӣ тарзи барномавию ҳадафмандӣ мебошад.
Шакли татбиқи барномавию ҳадафманд ин таҳия ва татбиқи барномаҳои комплексию мақсадноки инкишофи демографии мамлакат, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, корхонаҳову созмонҳои ҷудогона новобаста аз шакли моликият за дохил кардани онҳо ба қисматҳои дахлдори барномаи инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад.
VI. Механизми татбиқи сиёсати давлатии демографӣ
Механизмҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии демографӣ инҳо мебошанд:
- такмили пояи ҳуқуқӣ дар соҳаи равандҳои демографӣ;
- таҳия ва имзои мувофиқатномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои умумидавлатӣ ва минтақавии рушди демографӣ ва инчунин коркарди нақшаҳои тараққиёти иҷтимоии коллектив дар корхонаҳо ва ташкилотҳо;
- татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва инвеститсионӣ;
- танзими таваллуди аҳолӣ ва муайян кардани ҳадди оқилонаи он;
- инкишофи сохтори институтсионии низоми мақомоти идорӣ, татбиқ ва мониторинги барномаҳои демографӣ аз сатиӣ умумидавлатӣ то сатҳи ибтидоии бахши иқтисодӣ ва оилаҳои ҷудогона;
- ба вуҷуд овардани низоми тайёрии касбии кадрҳои демограф;
- ташкили институти илмиву тадқиқотии масъалаҳои демография ва рушд;
- омода кардани низоми индикаторҳои муайян кардани сиёсати демографӣ ва гузарондани мониторинги ҳарсолаи тадбирҳои гузарондашавандаи сиёсати демографӣ, муайян кардани дараҷаи мувофиқати ҳадаф ва сиёсати демографӣ ва дар ҳолати зарурӣ дохил кардани тағйирот дар барномаҳои амал.
Мафҳумҳои асосии Консепсияи давлатии демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Демография - илм дар бораи қонуниятҳои бозтавлиди аҳолӣ.
2. Сиёсати демографӣ - маҷмӯи тадбирҳои давлатӣ барои расидан ба навъи дилхоҳи бозтавлиди аҳолӣ дар давраи оянда.
3. Таваллуд - ин нишондиҳандаи дараҷаи татбиқи имкониятҳои занон дар таваллуди фарзанд буда, бо ёрии низоми коэффитсиентҳо ва ҷадвалҳои таваллуд чен карда мешавад.
4. Фавт - ин нишондиҳандаест, ки сатҳи марги аҳолиро муайян мекунад, бо ёрии низоми нишондиҳандаҳо ва ҷадвалҳои фавт арзёбӣ мешавад.
5. Бозтавлиди аҳолӣ - раванди навшавии муттасили наслҳои одамон дар натиҷаи амали мутақобилаи таваллуд ва фавт.
6. Навъи бозтавлиди аҳолӣ - ин категорияи инъикоскунандаи умумияти хусусиятҳои муҳимтарини сифатии такрористеҳсолкунии аҳолӣ мебошад. Навъҳои архетип, анъанавӣ, ҳозираи бозтавлиди аҳоли мавҷуданд, ки бар ҳар кадоме аз онҳо сатҳи муайяни инкишофи ҷомеа мувофиқат мекунад.
7. Коэффитсиенти умумии таваллуди аҳолӣ - ин нишондиҳандаест, ки шумораи зинда таваллудшудагонро нисбати ҳазор нафар аҳолӣ муайян мекунад.
8. Коэффитсиенти умумии фавт - ин нишондиҳандаест, ки шумораи умумии фавтидагонро ба ҳисоби миёнаи аҳолӣ ба ҳазор нафар муайян мекунад.
9. Фавти кӯдакон - фавти кӯдакон дар соли аввали ҳаёт.
10. Муҳоҷирати аҳолӣ - гузаштани одамон аз сарҳадҳои маъмурӣ ва давлатии ин ё он сарзамин бо мақсади тағйири доимӣ ё муваққатии маҳалли зист.
11. Эмигратсия - ба хориҷи давлати тобеияти шаҳрвандии худ рафтани шаҳрвандон барои зисти доимӣ ё муваққатӣ. рафтани шахрвандон оарои зисти доимӣ ё муваккатй.
12. Урбанизатсия- инкишофи шаҳрҳо, зиёд шудани ҳиссаи аҳолии шаҳрҳо дар мамлакат.
13. Сабабҳои экзогении фавт - гурӯҳи шартан ҷудокардашудаи сабабҳои вафот, ки ба таъсири муҳити берунӣ алоқаманданд.