ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 23-24, мод. 450) тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 15 хориҷ карда шавад.
2. Сархати сенздаҳуми моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"ба истифода ва ҳифзи замини қаламрави шаҳраку деҳа назорат мебарад;".
3. Моддаи 19(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 19(1). Баррасии эътирози прокурор
Қарорҳои Ҷамоат ва раиси Ҷамоат, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, мутаносибан аз тарафи Ҷамоат ва раиси Ҷамоат баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътироз, прокурор ҳуқуқ дорад ба мақомоти болоӣ ё суд муроҷиат намояд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июни соли 2008 № 410
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе
16 апрели соли № 933
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 506
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 декабря 1994 года "Об органах самоуправления в поселке и селе" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994 г., № 23-24, ст. 450) следующие изменения и дополения:
1. Статью 15 исключить.
2. Абзац тринадцатый статьи 19 изложить в следующей редакции:
"осуществляет контроль за использованием и охраной земель территорий поселка и села;"
3. Дополнить статьей 19(1) следующего содержания:
"Статья 19(1). Рассмотрение протеста прокурора
Решения Джамоата и председателя Джамоата, опротестованные прокурором, рассматриваются соответственно Джамоатом и председателем Джамоата. В случае неудовлетворения протеста, прокурор вправе обращаться в вышестоящие органы или в суд.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
18 июня 2008 года № 410
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 16 апреля 2008 года
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе,5 июня 2008 года №506