Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 402 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 фаврали соли 2004 "Дар бораи боҷи давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №2, моддаи 51; соли 2005, №12, моддаи 630; соли 2006, №12, моддаи 541) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "ҳадди ақали музди меҳнат" ба калимаҳои "нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми шашуми моддаи 4:

- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1) барои тасдиқ намудани шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) молу мулки ғайриманқул (ҳавлиҳои истиқоматӣ, хонаҳо, бӯстонсаройҳо, иншоот ва молу мулки дигари ғайриманқул ё қисми онҳо) барои 1 метри мураббаъи масоҳати умумӣ ба андозаи:

а) барои фарзандон, аз ҷумла писархонд (духтархонд), ҳамсар, падарумодар дар:

- шаҳри Душанбе - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 7 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯргонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 1 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

б) барои бародарон, хоҳарон, набераҳо, бобо, бибӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 15 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 2 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

в) барои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар:

- шаҳри Душанбе - 40 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳри Хуҷанд - 30 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ - 20 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- дигар шаҳрҳо ва шаҳракҳо - 10 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- деҳот - 5 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;";

- банди 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2) барои тасдиқи шартномаҳои аз соҳибӣ соқит кардани (хариду фурӯш, ҳадя, иваз ва ғайра) воситаҳои нақлиёт ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;";

- банди 4) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"4) барои тасдиқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) ба андозаи 50 % нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои тасдиқи шартномаҳои иҷора ва қарз ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июни соли 2008 № 402

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 23 апрели соли 2008 № 960

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе 5 июни соли 2008 № 498

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "О государственной пошлине" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 51; 2005 г., №12, ст. 630; 2006 г., №12, ст. 541) следующие изменения:

1. В тексте Закона слова " минимальной заработной платы" и "минимальных размеров заработной платы" соответственно заменить словами "показателя для расчетов" и " показателей для расчетов".

2. В части шестой статьи 4:

- пункт 1) изложить в следующей редакции:

"1) за удостоверение договоров отчуждения (купля-продажа, дарение, мена и др.) недвижимого имущества (жилых домов, квартир, дач, сооружений и иного недвижимого имущества либо их части) за 1 квадратный метр общей площади в размере:

а) детям, в том числе усыновленным (удочеренным), супругу, родителям в:

- городе Душанбе - 10 % показателя для расчетов;

- городе Худжанд - 7% показателя для расчетов;

- городах Курган-Тюбе, Куляб и Хорог - 5 % показателя для расчетов;

- других городах и поселках - 2 % показателя для расчетов;

- сельской местности -1 % показателя для расчетов;

б) братьям, сестрам, внукам, дедушке, бабушке в:

- городе Душанбе - 20 % показателя для расчетов;

- городе Худжанд-15 % показателя для расчетов;

- городах Курган-Тюбе, Куляб и Хорог - 10 % показателя для расчетов;

- других городах и поселках- 5 % показателя для расчетов;

- сельской местности - 2 % показателя для расчетов;

в) другим физическим и юридическим лицам в:

- городе Душанбе - 40 % показателя для расчетов;

- городе Худжанд - 30 % показателя для расчетов;

- городах Курган-Тюбе, Куляб и Хорог - 20 % показателя для расчетов;

- других городах и поселках - 10 % показателя для расчетов;

- сельской местности - 5 % показателя для расчетов;";

- пункт 2) изложить в следующей редакции:

"2) за удостоверение договоров отчуждения (купля-продажа, дарение, мена и др.) транспортных средств в размере двух показателей для расчетов;";

- пункт 4) изложить в следующей редакции:

"4) за удостоверение договоров финансовой аренды (лизинга) в размере 50 % показателя для расчетов;

за удостоверение договоров аренды и займа в размере одного показателя для расчетов;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 июля 2008 года.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе, 18 июня 2008 года № 402

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан С.Хайруллоев

г. Душанбе,23 апреля 2008 года № 960

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "О государственной пошлине".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г.Душанбе,5 июня 2008 года №498