Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2008 № 391 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2005, № 3, м. 130; соли 2006, №3, мод. 150) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Қисми 5 моддаи 9 хориҷ карда шавад.

Қисмҳои 6, 7, 8, 9 ва 10 мутобиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.

2. Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 12 хориҷ карда шаванд.

Қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 мутобиқан қисмҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд.

3. Дар қисми 3 моддаи 13 калимаҳои "Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазорату идораҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст)" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

4. Банди охирини қисми 1 моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Ба хизматчиёни ҳарбӣ барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мӯҳлати 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".

5. Дар моддаи 16:

- дар сархати якуми қисми 2 рақами "120" ба рақами "80" иваз карда шавад;

- дар сархати дуюми қисми 2 рақами "120" ба рақами "80" иваз карда шавад.

-қисми 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани хизматчиёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи маъюбӣ (ярадорӣ, зарбхурӣ, контузия) ҳангоми иҷрои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамудаи онҳо кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин ба онҳо пардохта мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд - 40 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст;

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд - 40 маоши ҳадди ақал аз рӯи вазифаи харбии мувофиқи дараҷаи якуми барои хизматчнёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст.";

- қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат рухсат шудани хизматчнёни ҳарбӣ (шаҳрвандони ба ҷамъомадҳои харбӣ даъватшуда) аз хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) вобаста бо ношоям донистани онҳо барои хизмати ҳарбӣ дар натиҷаи беморӣ, ки дар рафти адои ӯҳдадории хизмати ҳарбӣ пайдонамуда, ба онҳо кӯмакпулии яквақта ба андозаи зерин пардохта мешавад:

- ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ адо мекунанд - 12 маоши таъминоти пулӣ, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст;

- ба хизматчиёнп ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо мекунанд, шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд - 12 маоши ҳадди ақал аз рӯи вазифаи ҳарбӣ мувофиқи дараҷаи якуми барои хизмачиёни ҳарбии хизмати ҳарбиро бо тартиби ихтиёрӣ дар вазифаҳои аскарон, сержантҳо ва старшинаҳо адокунанда пешбинишуда, ки дар рӯзи пардохти кумакпулӣ муқаррар шудааст.";

- қисмҳои 4, 5, 6, 7 мутобиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8 ҳисобида шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

18 июни соли 2008 № 391

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе

 04 июни соли 2008 № 999

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе

5 июни соли 2008 № 487