Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси Барномаи Миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 1999-2000
Ба мақсади амали намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон", фароҳам сохтани шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва кафолати худбаёнсозии шахсияти насли ҷавон барои пешрафти ҷомеа ва дастгирии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи Миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" барои солҳои 1999-2000 тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамоҳангсоз оид ба иҷрои ин Барнома муқаррар карда шавад.
3. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо барои амали намудани Барномаи Миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ ва мусоидат намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои 1999-2000 ба Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағро бо назардошти имконот барои маблағгузории Барномаи Миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 октябри соли 1998 № 400
ш. Душанбе