Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603
Мувофиқи моддаи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 603 "Дар бораи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3);
Дар банди 2 қарор рақами "56" ба рақами "84" иваз карда шавад;
Дар Низомномаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар сархати шашуми банди 6 баъд аз калимаҳои "тиббию санитарӣ", "давлатии тиббӣ" калимаҳои "ва фармасевтӣ" илова карда шуда, дар сархати нӯҳум калимаи "таҷрибаҳои" ба калимаи "озмоиши" иваз карда шавад;
Дар банди 7:
- дар сархати нӯҳум калимаи "муқаррар" ба калимаи "муайян" иваз карда шуда, дар сархати ёздаҳум пеш аз калимаи "ҳамоҳангсозии" калимаи "назорат ва" ва баъд аз калимаҳои "тиббию санитарӣ", "давлатии тиббӣ" калимаҳои "ва фармасевтӣ" илова карда шаванд;
баъд аз сархати бисту ҳашт сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- муайян намудани тартиби рухсатдиҳӣ" ба мутахассисон барои фаъолият дар соҳаи тиб ва фарматсия;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили экспертиза, стандартонӣ, бақайдгирии давлатӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, кор ва хизматрасонии тиббиву санитарӣ ва фармасевтӣ;
- тасдиқ ва нашри Доруномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Феҳристи давлатии маводи дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили аккредитатсиякунонии муассиса, корхона ва ташкилотҳои системаи тандурустӣ;
- амалисозии аттестатсия ва сертификатсиякунонии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фарматсия;
- дар доираи салоҳияти худ ташкили сиёсати назорати давлатии санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи тандурустӣ ва фарматсия фаъолияткунанда, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо;
- расонидани ёрӣ ва роҳбарии маслиҳатӣ-методии муассисаву ташкилотҳои соҳаи тиб ва фарматсия;
- дар доираи салоҳияти худ назорати сифати корҳои илмӣ, таълимию табобатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмию клиникии Вазорати тандурустӣ";
- сархатхои бисту нӯҳ, сӣ, сию як, сиюу ду мутобиқан сархатҳои сию ҳафт, сиюу ҳашт, сиюу нӯҳ, чил ҳисобида шаванд;
- дар банди 11 баъд аз калимаҳои "дастгоҳи марказӣ" калимаҳои "инчунин дигар роҳбарони ташкилотҳои соҳаи тандурустӣ" илова карда шаванд.
2. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007 № 603 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
3. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои соҳавии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2008 № 282
ш. Душанбе
3амимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 282
тасдиқ шудааст
СОХТОРИ дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ташкили Хизматрасониҳои тиббӣ
Раёсати илм ва дастовардҳои илмӣ
Раёсти ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ
Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила
Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ
Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ
Раёсати санитарию эпидемилогӣ
Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ
Шӯъбаи ҳуқуқ
Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ
Шӯъбаи аудити дохилӣ
Шӯъбаи коргузорӣ ва назорат
Шӯъбаи кадрҳо
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 282
тасдиқ шудааст
НАҚШАИ идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ
Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 282
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маркази миллии тиббӣ
Маркази миллии тахшис
Маркази миллии солимии репродуктивӣ
Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон
Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон
Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон
Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷароҳии дилу раг ва қафаси сина
Маркази ҷумҳуриявии илмии хун
Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматологӣ
Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ
Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ
Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасон Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ
Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии психоневрологии шаҳри Турсунзода
Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил
Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул
Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов
Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм
Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил
Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ
Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра
Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ
Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедия ва осебшиносӣ
Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи "Қаратоғ"
Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии "Ҳушёрӣ"
Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоӣ "Тангаӣ"
Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор
Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ
Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди беморихри сил
Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ
Маркази ҷумҳуриявии кори хамширагӣ
Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ
Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ
Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД
Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ
Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим
Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ
Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ
Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона
Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ
Колеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа
Колеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб
Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода
Маркази илмию тадқиқотии дорусозӣ
Маркази ҷумҳуриявии оид ба масъалаҳои ғизо
Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво
Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ
Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ
Корхонаи воҳиди давлатии "Ронанда"
Базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ
Идораи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб
Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикфарминдустрия"
Корхонаи муштараки "Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед"
Идораи сохтмони асосӣ
Редаксияи маҷаллаи "Шифо"
Редаксияи маҷаллаи "Тандурустии Тоҷикистон"
Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ
Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии кӯдакона
Базаи ҷумҳуриявии таъминоти махсуси тиббӣ
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо