Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 469
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(Фармон Президенти ҶТ аз 4.03.2009 № 630, аз 6.07.2018 № 1067)
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд-Марказ) муассисаи давлатии пажӯҳишӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
1.2. Муассиси Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
1.3. Шакли ташкилию ҳуқуқии Марказ дар асоси талаботи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатӣ муайян карда шудааст.
1.4. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва штамп бо номи худ ба забони давлатӣ, молу мулк бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, тавозуни мустақил ва суратҳисоби махсус мебошад. Марказ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад (.
1.5. Дар фаъолияти худ Марказ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад .
1.5(1). Номи муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон": бо забони тоҷикӣ:
пурра: муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"; мухтасар: Маркази исломшиносӣ; бо забони русӣ:
пурра: государственное учреждение "Центр исламоведения при Президенте Республики Таджикистан";
мухтасар: Центр исламоведения .
1.6. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ
2.1. Мақсадҳои асосии Марказ:
-таъмини асосноккунии илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон ;
- таҳияи консепсияҳои давлатӣ ва барномаҳои илмӣтадқиқотӣ доир ба рушди ҳаёти динии ҷомеа ;
- муайян кардани алоқамандии мероси нсломӣ бо фарҳанги миллӣ ;
-муайян намудани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир;
-таъсиси хазинаи маълумот ҷиҳати таъмини иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи илмӣ-назариявӣ оид ба ислом ва иттиҳодияҳои динӣ;
-пешбинии дурнамои инкишофи равандҳои динии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-муайян намудани аҳамияти таърихӣ ва амалии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ҷомеаи исломӣ;
-таҳлили илмӣ-назариявии маросим ва урфу одатҳои миллӣ ва динӣ дар танзими ҳаёти ҷомеа ;
-арзёбии объективии нақши таърихӣ ва амалии рӯҳонияти динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
-таъмини фазои илмии инкишофи раванди муколамаи динҳо ва тамаддунҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон.
2.2. Вазифаҳои асосии Марказ:
-таҳқиқи илмии қонуниятҳои инкишофи ҳаёти динии ҷамъиятӣ дар кишвар;
-таҳлили моҳият ва хусусиятҳои омили динӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба дин;
-омӯзиши сарчашмаҳо ва осори хаттии исломӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ ;
-анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир;
-гирдоварии маводи илмии марбут ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани таҳлили иттилоотии он;
-таҳқиқи равияҳои динӣ, моҳият ва хусусиятҳои ҷараёнҳои динии сиёсӣ, падидаҳои терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷомеаи муосири мусулмонӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ ;
-омӯзиши хусусиятҳои таърихии инкишофи ҳуқуқи исломӣ ва мақоми он дар низоми ҳуқуқии миллӣ ва ҷаҳонӣ;
-таҳқиқи қонуниятҳои ташаккул ва инкишофи низоми динии маросимӣ ҳамчун омили муҳимми танзими ҳаёти ҷамъиятӣ;
-таҳлили илмии хусусиятҳои сохториву ибодатии дини ислом ва таҳаввулоти нақши идеологии он дар ҷомеаи исломӣ ;
-анҷом додани тадкиқоти диншиносии муқоисавии марбут ба омили динӣ ва таъсири мутақобили динҳо дар шароити таҳким ёфтани равандҳои глобализатсионӣ;
-пешниҳоди маводи таҳлилӣ ва маърӯзаҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-омӯзиши масъалаҳои марбут ба муколамаи байни динҳо, ноилшавӣ ба эҳтиром ва таҳаммулпазирии ҳамдигар дар муносибат байни намояндагони динҳои мухталиф ;
-таҳлили қонунгузории байналмилалӣ ва амалияи муносибатҳои байни давлатҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои динии онҳо, барқарор намудани алоқаи илмӣ бо сохторҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ;
-нашри маълумотномаҳо ва маводи иттилоотиву таҳлилӣ оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳиятҳои Марказ ва муаррифию ба фурӯш баровардани онҳо .
3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
3.1. Марказ дар робита бо анҷом додани вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
-аснои таҳияи консепсияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои татбиқи сиёсати миллӣ нисбат ба ислом ҷиҳати пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти заруриро талаб ва дастрас намояд;
-дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳия шудаанд ва ба ягон ваҷҳ ба масъалаҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон оид ба озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дахл доранд, иштирок карда, хулосаҳо пешниҳод намояд;
-конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳо мувофиқи тартиби амалкунанда доир намояд, чорабиниҳои дигари ташкилӣ, илмӣ ва таълимиро, ки барои анҷом додани вазифаҳои дар назди Марказ гузошташуда равона шудаанд, созмон диҳад ва дар ин самт бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохилию хориҷӣ, бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд;
-Шӯрои ташхисӣ оид ба гузаронидани ташхиси диншиносиро тибқи тартиби мавҷуда таъсис диҳад, фаъолияти онро бо ҷалби коршиносон ба роҳ монад;
-ҳангоми ба қайди расмӣ гирифтани иттиҳодияхои динӣ оиннома ё низомномаи онҳоро мавриди ташхиси диншиносӣ қарор дода, ба мақомоти дахлдори давлатӣ хулоса пешниҳод намояд;
-нашрияҳои чопӣ таъсис диҳад ва тибқи тартиби муқарраршуда фаъолияти нашриявиро ба роҳ монад;
-адабиёти динӣ, аз ҷумла адабиёти динии воридотиро мавриди ташхиси илмӣ-диншиносӣ қарор дода, назорати ташхисии табъу нашри маводи мазмуни диниро анҷом диҳад;
-Шӯрои илмии махсусгардонидашударо дар сурати зарурат бо мақсади тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи диншиносӣ таъсис диҳад;
-ҳангоми анҷом додани пажӯҳиш ва пурсишҳои сотсиологӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи динӣ ва дараҷаи диндорӣ, ҳолати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии виҷдон аз ҷониби мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ аз захираҳои маъмурии мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифода бурда, дар ин маврид кормандон ва масъулин оид ба корҳои дин, аъзои комиссияҳои маҳаллии танзими анъана ва ҷашпу маросимҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд ;
-дар доираи ваколати худ бо муассисаҳо ва созмонҳои мушобеҳи хориҷӣ метавонад ҳамкории илмии байналмилалиро ба роҳ монад;
-барои баланд бардоштани сатҳи касбии масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба дин дар асоси қарордод курсҳои такмили ихтисосро таъсис диҳад;
-барои такмили савияи донишҳои тахассусии илмии кормандони худ аз грантҳои байналмилалӣ ва сарпарастии молиявии муассисаву созмонҳои дохиливу байналмилалӣ истифода бурда, бозомӯзии илмиро дар дигар кишварҳо ба роҳ монад;
-муассисаҳои илмӣ, марказҳои сотсиологӣ ва сиёсатшиносӣ, олимон ва мутахассисони алоҳидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб намояд;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом диҳад.
3.2. Марказ ӯҳдадор аст:
-фаъолияти худро тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, иҷрои талаботи ҳамин Оинномаро таъмин намояд;
-корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар соҳаи исломшиносӣ ва диншиносии муқоисавӣ дар сатҳи баланди касбӣ анҷом диҳад;
-ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти тадқиқотӣ, таҳлилӣ-иттилоотӣ ва ташхисии худ ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
-идоракунии оперативӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, воситаҳои молиявӣ, асосӣ ва гардони ба Марказ вобасташударо таъмин намояд.
4. Сохтор ва идоракунӣ
4.1. Сохтори Марказро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ҷиҳати таъмини фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагӣ воҳидҳои маъмурию идорӣ ва илмию ёрирасон ташкил карда мешаванд .
4.2. Марказро Директор роҳбарӣ мекунад.
Директори Марказ ва муовинони ӯ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд .
4.3. Директори Марказ:
-дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти муовинони Директор ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муқаррар месозад;
-Марказро дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ дар масъалаҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад;
-роҳбарони мавзӯъҳои илмӣ ва гурӯҳҳои тадқиқотиро таъин менамояд, ҳайати маъмурию идоракуниро ташкил намуда, тибқи тартиботи муқарраршуда функсия ва вазифаҳои онҳоро муайян месозад, аз рӯи натиҷаҳои кор аз ҳисоби фонди музди меҳнат ва дар доираи сарфаи он ба маоши вазифавӣ иловапулӣ муқаррар менамояд, масъалаҳои ба кор қабул ва аз кор озод намудан ва мукофотониданро ҳал мекунад, ҷазои интизомӣ медиҳад ;
-ҷадвали вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Марказро тасдиқ мекунад ;
-дар доираи ваколатҳои худ фармон ва супоришҳои барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмиро содир менамояд ;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои соҳаи меҳнат ва музди меҳнатро ҳал мекунад;
-дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо ҳангоми баррасии масъалаҳои сиёсати давлат оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бо тартиби муқарраргардида иштирок менамояд;
- маблағҳои суратҳисоби махсусро тибқи дастурамали истифодабарии маблағҳои махсуси Марказ, ки дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, истифода мебарад.
Дар давраи набудани директори Марказ вазифаҳояшро бо супориши ӯ яке аз муовинонаш иҷро менамояд (.
4.4. Дар Марказ дар асоси ҷамъиятӣ Шӯрои илмӣ созмон дода мешавад. Раиси Шӯрои илмӣ Директори Марказ мебошад. Ба ҳайати Шӯрои илмӣ муовинони Директор, котиби илмӣ, сардорони шуъбаҳо, олимони пешбари Марказ, инчунин олимон ва мутахассисони пешбари Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дохил мегарданд .
Шӯрои илмии Марказ самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро муайян месозад; нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Марказ, барномаҳои корҳои илмӣ, усулҳои тадқиқоти мавзӯъҳо ва проблемаҳои муҳимтаринро баррасӣ ва тасдиқ менамояд; натиҷаҳои корҳои илмиро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳо медиҳад, барои дар амал ҷорӣ кардан хулосаҳо пешниҳод менамояд; тавсияҳо ва пешниҳодҳо, номаҳои таҳлилии барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда, масъалаҳои тарбия ва бозомӯзонии кадрҳо, такмили ихтисоси онҳоро баррасӣ менамояд; олимони Марказро тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофот пешбарӣ менамояд.
4.5. Ҷиҳати ташкили тадқиқи самтҳои афзалиятноки проблемаҳои иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, гузаронидани семинарҳои илмию назариявӣ Шӯрои илмии методӣ созмон дода мешавад.
Шӯрои илмии методӣ лоиҳаҳои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро пешакӣ баррасӣ намуда, ба Шӯрои илмӣ тавсияҳо пешниҳод мекунад, мониторинги иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотиро мегузаронад, санҷишҳо анҷом медиҳад, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи маърӯзаҳо, брошюраҳо, рисолаҳоро барои чоп тавсия намуда, гузоришҳои иттилоотию таҳлилӣ, лоиҳаҳои анкетаҳои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ, саволномаҳои мусоҳибаҳо ва ғайраро мавриди ташхис қарор медиҳад. Раиси Шӯрои илмии методӣ муовини Директор оид ба илм мебошад. Шӯрои илмии методӣ мавзӯъҳо ва мӯҳлати гузаронидани семинарҳои назариявӣ, инчунин маърӯзачиёнро аз Марказ ва дигар ташкилоту муассисаҳо муайян менамояд.
5. Молу мулк
5.1. Молу мулки Марказ аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин аз дигар ашёи қиматбаҳо, ки арзиши онҳо дар тавозуни мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад .
5.2. Молу мулки Марказ моликияти давлатӣ буда, ба Марказ барои идораи оперативӣ вобаста карда шудааст
6. Баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолият
6.1. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пеш бурда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
6.2. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Марказ тибқи қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2008 № 469
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд-Марказ) муассисаи давлатии пажӯҳишӣ, иттилоотиву таҳлилӣ, ташхисӣ ва машваратӣ буда, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
1.2. Муассиси Марказ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
1.3. Шакли ташкилию ҳуқуқии Марказ дар асоси талаботи моддаи 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи давлатӣ муайян карда шудааст.
1.4. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва штамп бо номи худ ба забони давлатӣ, амвол бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, баланси мустақил ва суратҳисоби махсус мебошад. Марказ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
1.5. Дар фаъолияти худ Марказ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оинномаро ба роҳбарӣ мегирад.
1.6. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40.
2. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ
2.1. Мақсадҳои асосии Марказ:
- таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии эътиқод;
- таҳияи консепсияю барномаҳои рушди ҳаёти динии ҷомеа;
- муайян намудани робитаи мероси исломӣ бо фарҳанг ва тамаддуни миллӣ;
- муайян намудани мавқеъ ва нақши дини ислом дар фарҳанги миллӣ ва ҷаҳони муосир;
- таъсиси хазинаи маълумот ҷиҳати таъмини иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи илмӣ-назариявӣ оид ба ислом ва иттиҳодияҳои динӣ;
- пешбинии дурнамои инкишофи равандҳои динии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани аҳамияти таърихӣ ва амалии мазҳабҳои фиқҳӣ дар ҷомеаи исломӣ;
- муайян намудани мақом ва нақши маросимҳои исломӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар танзими иҷтимоии ҷомеа;
- арзёбии объективии нақши таърихӣ ва амалии рӯҳонияти динӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
- таъмини фазои илмии инкишофи раванди муколамаи динҳо ва тамаддунҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон.
2.2. Вазифаҳои асосии Марказ:
- таҳқиқи илмии қонуниятҳои инкишофи ҳаёти динии ҷамъиятӣ дар кишвар;
- таҳлили моҳият ва хусусиятҳои омили динӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба дин;
- омӯзиши сарчашмаҳо ва осори хаттии исломӣ ҳамчун қисми таркибии фарҳанг ва тамаддуни миллӣ;
- анҷом додани тадқиқоти илмӣ доир ба мақом ва нақши ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир;
- гирдоварии маводи илмии марбут ба ислом ва фаъолияти ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани таҳлили иттилоотии он;
- таҳқиқи равияҳои динӣ, моҳият ва хусусиятҳои ҷараёнҳои динии сиёсӣ, падидаҳои терроризм ва экстремизми динӣ дар ҷомеаи муосири исломӣ, таҳлили стратегии таъсири омили исломӣ ба муносибатҳои байналмилалӣ;
- омӯзиши хусусиятҳои таърихии инкишофи ҳуқуқи исломӣ ва мақоми он дар низоми ҳуқуқии миллӣ ва ҷаҳонӣ;
- таҳқиқи қонуниятҳои ташаккул ва инкишофи низоми динии маросимӣ ҳамчун омили муҳимми танзими ҳаёти ҷамъиятӣ;
- таҳлили илмии хусусиятҳои сохториву парастишии дини ислом ва таҳаввулоти нақши идеологии он дар ҷомеаи исломӣ;
- анҷом додани тадкиқоти диншиносии муқоисавии марбут ба омили динӣ ва таъсири мутақобили динҳо дар шароити таҳким ёфтани равандҳои глобализатсионӣ;
- пешниҳоди маводи таҳлилӣ ва маърӯзаҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи муносибати байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омӯзиши масъалаҳои марбут ба муколамаи байни динҳо, ноилшавӣ ба эҳтиром ва таҳаммулпазирии ҳамдигар дар муносибат байни намояндагони диёнатҳои мухталиф;
- таҳлили қонунгузории байналмилалӣ ва амалияи муносибатҳои байни давлатҳои хориҷӣ ва иттиҳодияҳои динии онҳо, барқарор намудани алоқаи илмӣ бо сохторҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ;
- нашри маълумотномаҳо ва маводи иттилоотиву таҳлилӣ оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳиятҳои Марказ.
3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
3.1. Марказ дар робита бо анҷом додани вазифаҳои худ ҳуқуқ дорад:
- аснои таҳияи консепсияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои татбиқи сиёсати миллӣ нисбат ба ислом ҷиҳати пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти заруриро талаб ва дастрас намояд;
- дар муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳия шудаанд ва ба ягон ваҷҳ ба масъалаҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон оид ба озодии виҷдон ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дахл доранд, иштирок карда, хулосаҳо пешниҳод намояд;
- конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва машваратҳо мувофиқи тартиби амалкунанда доир намояд, чорабиниҳои дигари ташкилӣ, илмӣ ва таълимиро, ки барои анҷом додани вазифаҳои дар назди Марказ гузошташуда равона шудаанд, созмон диҳад ва дар ин самт бо муассисаҳои илмӣ ва таълимии дохилию хориҷӣ, бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намояд;
- Шӯрои ташхисӣ оид ба гузаронидани ташхиси диншиносиро тибқи тартиби мавҷуда таъсис диҳад, фаъолияти онро бо ҷалби коршиносон ба роҳ монад;
- ҳангоми ба қайди расмӣ гирифтани иттиҳодияхои динӣ оиннома ё низомномаи онҳоро мавриди ташхиси диншиносӣ қарор дода, ба мақомоти дахлдори давлатӣ хулоса пешниҳод намояд;
- нашрияҳои чопӣ таъсис диҳад ва тибқи тартиби муқарраршуда фаъолияти нашриявиро ба роҳ монад;
- адабиёти динӣ, аз ҷумла адабиёти динии воридотиро мавриди ташхиси илмӣ-диншиносӣ қарор дода, назорати ташхисии табъу нашри маводи мазмуни диниро анҷом диҳад;
- Шӯрои илмии махсусгардонидашударо дар сурати зарурат бо мақсади тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи диншиносӣ таъсис диҳад;
- ҳангоми анҷом додани пажӯҳиш ва пурсишҳои сотсиологӣ ҷиҳати омӯзиши вазъи динӣ ва дараҷаи диндорӣ, ҳолати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озодии эътиқод аз ҷониби мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои динӣ аз захираҳои маъмурии мақомоти дахлдори марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ истифода бурда, дар ин маврид кормандон ва масъулин оид ба корҳои дин, аъзои комиссияҳои маҳаллии танзими анъана ва ҷашпу маросимҳоро ба ҳамкорӣ ҷалб намояд;
- дар доираи ваколати худ бо муассисаҳо ва созмонҳои мушобеҳи хориҷӣ метавонад ҳамкории илмии байналмилалиро ба роҳ монад;
- барои баланд бардоштани сатҳи касбии масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба дин дар асоси қарордод курсҳои такмили ихтисосро таъсис диҳад;
- барои такмили савияи донишҳои тахассусии илмии кормандони худ аз грантҳои байналмилалӣ ва сарпарастии молиявии муассисаву созмонҳои дохиливу байналмилалӣ истифода бурда, бозомӯзии илмиро дар дигар кишварҳо ба роҳ монад;
- муассисаҳои илмӣ, марказҳои сотсиологӣ ва сиёсатшиносӣ, олимон ва мутахассисони алоҳидаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор ҷалб намояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро анҷом диҳад.
3.2. Марказ ӯҳдадор аст:
- фаъолияти худро тибқи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, иҷрои талаботи ҳамин Оинномаро таъмин намояд;
- корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар соҳаи исломшиносӣ ва диншиносии муқоисавӣ дар сатҳи баланди касбӣ анҷом диҳад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти тадқиқотӣ, таҳлилӣ-иттилоотӣ ва ташхисии худ ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- идоракунии оперативӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, воситаҳои молиявӣ, асосӣ ва гардони ба Марказ вобасташударо таъмин намояд.
4. Сохтор ва идоракунӣ
4.1. Сохтор ва ҷадвали вазифаҳои Марказро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Ҷиҳати таъмини фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва хоҷагӣ воҳидҳои маъмурию идорӣ ва илмию ёрирасон ташкил карда мешаванд.
4.2. Марказро Директор роҳбарӣ мекунад.
Директори Марказ ва муовинони Директори Марказ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
4.3. Директори Марказ:
- дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти муовинони Директор ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Марказро муқаррар месозад;
- Марказро дар тамоми мақомот ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ дар масъалаҳои марбут ба салоҳияти он намояндагӣ мекунад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои соҳаи меҳнат ва музди меҳнатро ҳал мекунад;
- дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва идораҳо ҳангоми баррасии масъалаҳои сиёсати давлат оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ бо тартиби муқарраргардида иштирок менамояд;
4.4. Дар Марказ дар асоси ҷамъиятӣ Шӯрои илмӣ созмон дода мешавад. Раиси Шӯрои илмӣ Директори Марказ мебошад. Ба ҳайати Шӯрои илмӣ муовинони Директор, котиби илмӣ, олимони пешбари Марказ, инчунин олимон ва мутахассисони пешбари Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дохил мегарданд.
Шӯрои илмии Марказ самтҳои асосии фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро муайян месозад; нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии Марказ, барномаҳои корҳои илмӣ, усулҳои тадқиқоти мавзӯъҳо ва проблемаҳои муҳимтаринро баррасӣ ва тасдиқ менамояд; натиҷаҳои корҳои илмиро баррасӣ намуда, ба онҳо баҳо медиҳад, барои дар амал ҷорӣ кардан хулосаҳо пешниҳод менамояд; тавсияҳо ва пешниҳодҳо, номаҳои таҳлилии барои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодашуда, масъалаҳои тарбия ва бозомӯзонии кадрҳо, такмили ихтисоси онҳоро баррасӣ менамояд; олимони Марказро тибқи тартиби муқарраргардида барои гирифтани унвонҳои фахрӣ ва мукофот пешбарӣ менамояд.
4.5. Ҷиҳати ташкили тадқиқи самтҳои афзалиятноки проблемаҳои иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, гузаронидани семинарҳои илмию назариявӣ Шӯрои илмии методӣ созмон дода мешавад.
Шӯрои илмии методӣ лоиҳаҳои нақшаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро пешакӣ баррасӣ намуда, ба Шӯрои илмӣ тавсияҳо пешниҳод мекунад, мониторинги иҷрои нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотиро мегузаронад, санҷишҳо анҷом медиҳад, мақолаҳои илмӣ, фишурдаи маърӯзаҳо, брошюраҳо, рисолаҳоро барои чоп тавсия намуда, гузоришҳои иттилоотию таҳлилӣ, лоиҳаҳои анкетаҳои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ, саволномаҳои мусоҳибаҳо ва ғайраро мавриди ташхис қарор медиҳад. Раиси Шӯрои илмии методӣ муовини Директор оид ба илм мебошад. Шӯрои илмии методӣ мавзӯъҳо ва мӯҳлати гузаронидани семинарҳои назариявӣ, инчунин маърӯзачиёнро аз Марказ ва дигар ташкилоту муассисаҳо муайян менамояд.
5. Амвол
5.1. Амволи Марказ аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин аз дигар ашёи қиматбаҳо, ки арзиши онҳо дар баланси мустақили он сабт гардидааст, иборат мебошад.
6. Баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва қатъи фаъолият
6.1. Марказ баҳисобгирии муҳосибавӣ ва омориро пеш бурда, мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
6.2. Барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии Марказ тибқи қонунузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.