Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ҳамроҳ кардани Муассисаи давлатии "Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии энергетикии "ТаджНИОЭ" ва Муассисаи давлатии лоиҳакашӣ ва илмӣ-тадқиқотии "Гидроэнергопроект" ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар"
Мутобиқи моддаи 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили минбаъда ва марказонидани қарорҳои қабулшавандаи илмӣ-техникӣ ва лоиҳакашии иншооти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии энергетикии "ТаджНИОЭ" ва Муассисаи давлатии лоиҳакашӣ ва илмӣ-тадқиқотии "Гидроэнергопроект" ба Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар" ҳамроҳ карда шавад.
2. Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавташкилдиҳии Муассисаҳои давлатии мазкурро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ба иҷро расонад.
3. Аз Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 605 "Дар бораи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои зерин: "Муассисаи давлатии "Шӯъбаи илмӣ-тадқиқотии энергетикии "ТаджНИОЭ" ва "Муассисаи давлатии лоиҳакашӣ ва илмӣ-тадқиқотии "Гидроэнергопроект" хориҷ карда шуда, сархати нав бо мазмуни зерин дохил карда шавад: "Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "Нурофар".
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2008 № 277
ш. Душанбе