Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2008, № 273 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2009 № 656 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд

Мутобиқи моддаҳои 137 ва 307 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, Номгӯи намудҳои гурӯҳбандишудаи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки аз рӯи он пардохти андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана дар асоси Патент анҷом дода мешавад, инчунин андозаҳои пардохт барои Патент, Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохт барои Патентро танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои №№ 1,2,3).

2. Патентҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки оид ба онҳо бо ҳамин қарор шакли андозбандии патентӣ пешбинӣ нашудааст ва арзиши онҳо то қабули ҳамин қарор пардохт гардидааст, то гузаштани мӯҳлати он амал менамоянд.

3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродиро тасдиқ намояд;

- тартиби пур намудани варақаҳо ва китобҳои бақайдгирии Патентҳо ва Шаҳодатномаҳои дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ додашударо тасдиқ намояд;

- тибқи тартиби амалкунанда мақомоти маҳаллии андозро бо варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ таъмин намояд.

Муқаррар карда шавад, ки то қабули шаклҳои нави варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ки мутобиқи ҳамин қарор пешбинӣ шудаанд, мақомоти андоз шаклҳои амалкунандаи варақаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашударо истифода мебаранд.

4. Ҳамин қарор аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.

5. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 140 "Дар бораи тасдиқи Тартиби додани патент ва Шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкории худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд ва Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки оид ба онҳо пардохти андоз аз даромад дар асоси патент анҷом дода мешавад ва коэффисентҳои минтақавии танзимкунандаи маблағи пардохти патент";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 250 "Дар бораи чорабиниҳо оид ба такмил додани тартиби пардохти андози иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шаҳси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2008 № 273

ш. Душанбе