Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 1997 № 38 "Масъалаҳои Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зайл ворид карда шаванд:
1. Сархати дуюми қисми 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад: "Шумораи кормандони дастгоҳи марказии вазорати мазкур ба теъдоди 86 воҳид, ки 51 воҳид аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети ҷумҳурӣ ва 35 воҳид аз ҳисоби маблағҷудокунии ташкилотҳои ҳисоби хоҷагии тобеи вазорати зикршуда таъмин мегарданд, муқарар карда шавад.
2. Қисми 2 ва 3 дар таҳрири зайл баён карда шаванд:
"2. Ба Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини вазир, аз ҷумла дуто муовини аввал ва коллегияи иборат аз 11 нафар дошта бошад.
3. Барои Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити мошинҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 6 воҳид муқаррар карда шавад."
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан бо зиёдшудани шумораи кормандон, зиёд намудани маблағгузории Вазорати мелиорация ва хоҷагии обро пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 маи соли 1998 № 139
ш. Душанбе