Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1998, № 10 "Дар бораи тадбирҳои таъмини рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 15.05.2003с. № 223 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои таъмини рушди минбаъдаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади рушди минбаъдаи пахтакорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои маблағгузорӣ ба ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи сармоягузории ширкати "Пауль Рейнхарт АГ"- и Швейцария ва Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон"-и Швейцария, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбанк) оид ба додани қарз барои рушди пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, дастгирӣ карда шавад.

2. Ба Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбанк) пешниҳод карда шавад, ки бо тартиби муқарраршуда бо Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон" дар асоси қарордодҳои байни Ширкати "Пауль Рейнхарт АГ" ва Иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"-и вилояти Хатлон, Корхонаи муштараки "Зафаробод", Корпорацияи "ХИМА", Фирмаи истеҳсолию тиҷоратии "Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон" ва Ассоциацияи "Ранҷбар" барои гирифтани кредити асъорӣ имзошудае, ки ба парвариши пахта, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта ва пурра кардани парки техникаи хоҷагии қишлоқ пешбинӣ мегардад, бо давра ба давра ҷудо намудани маблағ ба ин мақсад шартномаи кредитӣ бандад.

3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"’-н вилояти Хатлон, Корхонаи муштаракӣ "Зафаробод", Корпорацияи "ХИМА", Фирмаи истеҳсолию тиҷоратии "Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон", Ассоциацияи "Ранҷбар" дар бобати бастани шартномаҳои дарозмуддат бо тартиби афзалият бо истсҳсолкунандагони пахта барои истеҳсол ва фурӯши пахта, таҳвили захираҳои моддию техникии дахлдор, ҳамчунин ҷудо кардани маблағ кӯмаки аввалиндараҷа расонанд;

ба истеҳсолкунандагони пахта шарҳ диҳанд, ки захираҳои моддию техникӣ ва маблағҳои аз тарафи онҳо гирифташуда бояд танҳо барои парвариши пахта ва зиёд намудани истеҳсолн он истифода шаванд. Истифодаи маблағҳои ҷудогашта барои пардохти қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи тамоми намудҳои пардохт, ғайр аз пешпардохти музди меҳнати коркунони ин хоҷагиҳо, ки бо парвариши пахта машғуланд, манъ аст.

4. Муқаррар карда шавад, ки:

санаи гирифтани кредит барои хоҷагиҳои пахтакор, ки аз ҷониби Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон" сурат мегирад, рӯзи пардохти воқеии бонк ба шумор меравад. Ҳисоби фоизҳо барои истифодаи кредити бонк аз рӯзи зикршуда анҷом дода шавад;

хоҷагиҳое, ки тибқи ҳамин қарор қарордод бастаанд, бо дигар фирмаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи бастани чунин қарордодро надоранд;

тамоми ҳосили тибқи қарордодҳои мазкур рӯёнидашуда ва нахи пахта, линт, улюк (ғайр аз чигит), ки аз он он истехсол шудааст, пурра ба сармоягузор фурӯхта мешавад, тухмӣ бошад фақат дар заводҳои пахта нигоҳ дошта шуда, фурӯши (додани) он бо тартиби муқарраркардаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 ва аз 21 октябри соли 1997 № 460 анҷом дода мешавад. Дар айни замон ҳосили зиёда аз ҳаҷмҳои дар қарордод зикргашта рӯёнидашударо бо иҷозати сармоягузор ба дигар харидорон фурӯхтан мумкин аст;

дар ҳолати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қабул шудани қарорҳое, ки вазъи молиявию иқтисодии сармоягузорони тибқи ҳамин қарор дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта қарордодбастаро вазнин мегардонанд, шартҳое дорои эътибор дониста шаванд, ки дар лаҳзаи имзои ин қарордодҳо амал мекарданд.

5. Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбанк) барои ба ҳисоб гирифтани воридот ва харҷи маблағ тнбқи ҳар як истеҳсолкунандаи пахта, ки оид ба истеҳсоли якҷояи пахта қарордод имзо кардааст, ҳисобномаҳои махсус кушояд. Маблағҳои ҳисобномаҳои мазкур танҳо барои харидории нуриҳои минералӣ заҳрхимикатҳо, сӯзишворню равғанҳои молиданӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта, пурра кардани парки техникаи хоҷагии қишлоқ инчунин пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии соддии истеҳсолкунандагони пахта равона карда шаванд.

Муқаррар гардад, ки аз ин ҳисобномаҳо пардохтани маблағи андоз ва пулҷудокуниҳои ғайрибуҷетӣ манъ аст.

6. Иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"-и вилояти Хатлон. Корхонаи муштараки "Зафаробод", Корпорацияи "ХИМА". Фирмаи истеҳсолии тиҷоратии "Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон". Ассоциацияи "Ранфбар" якҷоя бо ширкати "Пауль Рейнхарт АГ’" (Швейцария), Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон"-и Швейцария ва Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиқионӣ (Агроинвестбанк) дар мӯҳлати як моҳ шартҳои ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагони пахтаро, ки аз ҳар гектар рӯёнидани на камтар аз 28 центнерӣ ҳосили пахта ва иҷрои барзиёди шартҳои қарордоди басташударо таъмин кардаанд, бо роҳи ба онҳо ҷудо кардани восиитаҳои молиявию молҳои зарурати аввалия, тахия ва тасдиқ намоянд.

7. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи дархостҳои Иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"-и вилояти Хатлон, Корхонаи муштараки "Зафаробод", Корпорацияи "ХИМА", Фирмаи истеҳсолию тиҷоратии "Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон", Ассоциацияи "Ранҷбар" овардани техникаи зарурии хоҷагии қишлоқро анҷом диҳад ва Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳо бо хоҷагиҳои пахтакор гузаронидани чорабиниҳоро оид ба обшоркунӣ ва азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта таъмин намояд.

8. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик", Корхонаи муштараки "Зафаробод" якҷоя муқоисаи байниҳамдигариро бо истеҳсолкунандагони пахта аз рӯи ҷамъбасти муомилоти фьючерӣ дар соли 1997 ташкил намуда, ҳангоми ошкор сохтани қарз истеҳсолкунандагони пахтаро барои адои қарзи мазкур бо рози таҳвили нахи пахтаи зосили соли 1998 вазифадор созанд.

9. Аз Бонки миллии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки:

якҷоя бо Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбанк), Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои истифодаи мақсадноки маблағҳои кредити асъорӣ назорати дахлдорро ба роҳ монад ва ба Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни ҷудо кардан ва истифодаи кредити мазкур мунтазам маълумот пешниҳод намояд;

имконияти қарздиҳиро ба Иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"-и вилояти Хатлон, Корхонаи муштараки "Зафаробод", Корпорацияи "’ХИМА", Фирмаи истеҳсолию тиҷоратии " Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон". Ассоциацияи "Ранҷбар" барои таъмини фиристодани бефосилан нахи пахта бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди карздиҳанда баррасӣ намояд.

10. Бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо дар назди Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон" оид ба пардохти кредити асъорӣ:

Ширкати давлатии саҳҳомию ҳолдингии "Барқи Тоҷик", Вазорати мелиорация ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба насосҳои обкашӣ мунтазам додани қувваи барқ ва кори муназзами насосҳои мазкурро бо мақсади харҷи пурратар қонеъ гардонидани талаботи хоҷагиҳои пахтакор ба обьёрӣ таъмнн намоянд ва истеҳсолкунандагони пахта пардохти саривақтии музди қувваи барқ ва хизмати обрасониро анҷом диҳанд;

раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Корпорацияи ҷумҳуриявии "Пахтаи Тоҷик" коркарди ҳосили пахта, бор кардан ва таҳвили нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахтаро, ки барои пардохти кредити асъорӣ мутобиқи ҳамин қарор пешбинӣ гардидааст, дар навбати аввал таъмин намоянд.

11. Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Биржаи ҷумҳуриявии пахта, Роҳи оҳани Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳодияи истеҳсолии "Хлопкопром"-и вилояти Хатлон, Корхонаи муштараки "Зафаробод", Корпорацияи "ХИМА", Фирмаи истеҳсолию тиҷоратии "Замин-текстиль", Корпорацияи "Хуросон" ва Ассоциацияи "Ранҷбар" дар мавриди сари вақт ва зуд анҷом додани содироти нахи пахта ва дигар маҳсулоти пахта бо истифодаи низоми оддикардашуда ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Додани хулосаҳо, бақайдгирии қарордодҳо ва барасмиятдарории гумрукии нахи пахта, линт, улюке, ки аз тарафи дигар сармоягузорон ва ширкаткунандагони муомилоти фӣючерии дар қарори мазкур зикрнагардида таҳвил дода мешавад, мутобиқи тартиби амалкунандаи фурӯши пахта ва бо мувофиқаи роӯҳарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

12. Сархати 8 фасли 2 Тартиби фурӯши пахта, нахи пахта (аз ҷумла линт ва улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда ба ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта шудааст ва бо қарори Ҳукуматн Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 №338 (дар таҳрири қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 58) тасдиқ шудааст;

қисми 4 ва 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997 № 59 "Дар бораи таъсиси Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ" беэътибор дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 28 январи соли 1998 № 10

ш. Душанбе