Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июли соли 2002 № 278
тасдиқ шудааст
Низомномаи гурӯҳи баамалбарории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Гурӯҳи баамалбарории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез (минбаъд "Гурӯҳ" номида мешавад) сохтори ташкилӣ дар назди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки чорабиниҳои қисмҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарезро ҳамоҳанг сохта, идоракунии воситаҳоро, ки барои ташкили мониторинг ва хабардорсозии саривақтӣ аз ҷониби донорҳо ҷудо гардидаанд, иҷро намуда, ҷидду ҷаҳди худро барои дастгирии стратегияи Ҳукумат оид ба кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез, дар асоси интихоби мутахассисони дараҷаи тахассусашон баланд, харидории мол ва хизматрасонӣ, алоқа бо ташкилотҳои байналмилалӣ, таъсиси маркази маълумоти иттилоотӣ, ҷамъоварии маълумот доир ба натиҷагирии тадқиқотҳои гузашта, расонидани ёрии техникӣ ба ташкилотҳои баамалбарории қисмҳои А (системаи назорат ва хабардорсозии саривақтӣ), В (қисми иҷтимоӣ) ва С (омӯзиши роҳҳои ҳалли мушкилоти дурнамои дарозмуддат) ҷалб шудаанд, равона месозад.
2."Гурӯҳ" фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур эътироф гардидаанд, амалӣ месозад.
3."Гурӯҳ" мутобиқи қонунгузории амалкунанда шахси ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дорои моликият, баланси мустақил, мӯҳр, штамп бланкҳо бо номи худ бо забонҳои тоҷикию русӣ мебошад.
4. Мақсади асосии "Гурӯҳ" ҳамоҳангсозии татбиқи қисмҳои А, В ва С-и Лоиҳа буда ва дар асоси иҷрои онҳо кам намудани хавфи зисти аҳолӣ дар водиҳои дарёҳои Бартангу Панҷ мебошад.
5. Мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи "Гурӯҳ" вогузоргардида, корҳои зеринро анҷом медиҳад:
-якҷоя бо кумитаи интихоботӣ, интихоби номзад ба вазифаи мутахассис оид ба харид ва молия, эксперти маҳалии техникии Лоиҳа ва тарҷумон;
-таъмин намудани мушовирони хориҷии Лоиҳа бо ҳисобот, харита, адабиёти нашршуда ва дигар мавод доир ба натиҷаи тадқиқоти қаблии масъалаҳои кӯли Сарез;
-идоракунии ҷории Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез, мониторинг, ҳамоҳангсозии ҷанбаҳои баамалбарории Лоиҳа, ҳалли масъалаҳои маъмурӣ;
-бо раводид таъмин намудани мушовирони хориҷие, ки дар татбиқи қисматҳои Лоиҳа иштирок мекунанд;
-тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъмин ва маблағгузории доимии корҳои аз рӯи Лоиҳа пешбинишуда;
-таъсиси системаи иттилоотии маркази маълумоти "Сарез", нигоҳдошти тамоми иттилооти мавҷуда оид ба кӯли Сарез, пурракунии маркази маълумот бо иттилооте, ки бо ёрии системаи мониторинг дар доираи татбиқи муайяннамудаи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез қабул шудаанд;
-тартиб додани хулосаҳои экспертӣ оид ба ҳисоботи техникии қисматҳои гуногуни Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез;
-идораи захираҳои молиявӣ, таъмини мутобиқи ҳамаи амалиётҳо оид ба харидории таҷҳизот ва маводе, ки дар рафти татбиқи Лоиҳа амалӣ мешаванд;
-таҳияи эълонҳои таблиғотӣ ва ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани савдоҳои озмунӣ, тасдиқ ва имзо намудани қарордодҳо, бурдани ҳисоботи дақиқ ва саривақтии ҳамаи хариди анҷом дода шуда;
-дар сатҳи меъёрҳои бухгалтерии байналмиллалӣ таъмин намудани ҳисоббарии муносиби бухгалтерӣ ва аудити воридот ва харҷи маблағҳои пулии ҳиссаи Ҳукумат ва маблағҳое, ки аз кишвараҳои донор ворид мешаванд;
-таҳияи саривақтӣ ва ба Бонки Умумиҷаҳонӣ пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи рафти татбиқи Лоиҳа, ҳисобот доир ба интиқоли маблағҳо, харидорӣ ва натиҷаи тафтиши аудиторӣ,
-ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсати Усой, раёсати чорабиниҳо оид ба огоҳонидан аз ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, Идораи ҳалли мушкилоти кӯли Сарез, Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати обуҳавошиносӣ ва мушоҳидаҳои муҳити табиати Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳое, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мегузаронанд, барқарор ва истифодаи системаи мониторинг ва хабардорсозии саривактӣ;
6. "Гурӯҳ" ҳуқуқ дорад:
- соҳибият, истифодабарӣ, ихтиёрдории техникаи ташкили кор, нақлиёти автомобилӣ, фонди адабиёт ва дигар моликияти дар ихтиёри онҳо гузошта шударо, бо тартиби муайянкардаи Қонун амалӣ намояд;
-бо шахсони воқеӣ шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, ашёҳо, таҷҳизот барои системаи мониторинг ва хабардорсозии саривақтӣ, ҷиҳоз барои утоқҳои корӣ, техникаи компютерӣ барои амалисозии хизматрасонӣ аз руи Лоиҳа дастрас намуда, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад;
-мустақилона фаъолияти ҷорӣ ва дурнаморо ташкил намояд:
-маблағгузории қисмҳои Лоиҳа, мониторинги сейсмологӣ, деформатсионӣ ва обуҳавосанҷиро дар минтақаи кӯли Сарез таъмин намуда, рафти иҷрои қисмҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарезро зери назорат гирад;
-дар мувофиқа бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд сохтори штатиро муайян карда, андозаи музди меҳнати кормандони "Гурӯҳ"-ро муқаррар намояд;
-семинарҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез гузаронад;
-брошюраю мақолаҳо, маводи семинару симпозиумҳо ва конфронсҳоро оид ба Лоиҳа нашр намояд;
- олимон ва мутахассисони самтҳои гуногунро барои омӯзиши мушкилоти кӯли Сарез аз хориҷа даъват намояд;
-корҳои таблиғотию тавзеҳотиро оид ба ҳалли маблағҳои кӯли Сарез ба ҷо орад;
-иҷрои дигар амалиётҳоро, ки ба мақсади "Гурӯҳ" ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надошта бошад, анҷом диҳад.
7. "Гурӯҳ" утоқҳои корӣ, таҷҳизот, асбоб ва дигар моликиятҳои барои таъмини фаъолияти заруриро дорост.
8. Аз ҳисоби зерин воситаҳои "Гурӯҳ" ташкил меёбанд:
-кредитҳои Асотсиатсияи байналмилалии рушд, инчунин ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-пасандозҳои пулию молии кишварҳои донор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони ҳуқуқӣ;
-дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
9. Гурӯҳро Директор роҳбарӣ мекунад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифаи ишғолкардааш озод менамояд.
10. Директори "Гурӯҳ" барои иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи "Гурӯҳ" вогузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, дараҷаи масъулияти ҳар як корманди "Гурӯҳ"-ро муайян менамояд;
-дар доираи салоҳияти худ фармонҳо бароварда, вазифаҳои ҳар як корманди "Гурӯҳ"-ро муайян намуда, нақша ва ҳисоботи ҳармоҳаи иҷрокунандагонро муайян месозад;
-дар якҷоягӣ бо комиссияи интихобкунӣ интихоби озмунии машваратчиёнро барои "Гурӯҳ" анҷом дода, бо онҳо қарордодҳои меҳнатӣ мебандад;
-мутобиқи Нақшаи татбиқи Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез вазифаҳои техникиро барои машваратчиёни "Гурӯҳ" муайян менамояд;
-амалиёти молиявӣ ва харидории қисмҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарезро назорат менамояд;
-барои нигоҳдории амволе, ки ба "Гурӯҳ" тааллуқ дорад, масъул мебошад;
-роҳбарии умумии тамоми фаъолияти "Гурӯҳ"-ро мебарад;
-фаъолияти воҳидҳоеро, ки дар татбиқи қисмҳои Лоиҳаи кам кардани хавфи рахнашавии кӯли Сарез иштирок менамояд, ҳамоҳанг месозад;
-манфиатҳои "Гурӯҳ"-ро дар тамоми ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ баён менамояд.
11. Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботдиҳии "Гурӯҳ" мутобиқи талаботи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда мешавад.
Натиҷаи фаъолияти "Гурӯҳ" дар ҳисоботи солона ва нимсола, ки ба Бонки Умумиҷаҳонӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, инъикос меёбад.
Аудити молиявии "Гурӯҳ" ба воситаи аудитҳо амалӣ карда мешавад.